Ru  | Tj
Адаш Истад: “Миллат набояд оқибнигар, балки имрӯзбин ва ояндасоз бошад”
Адаш Истад: “Миллат набояд оқибнигар, балки имрӯзбин ва ояндасоз бошад”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Адаш Истад: “Миллат набояд оқибнигар, балки имрӯзбин ва ояндасоз бошад”

Нашр шуд

Суҳбати махсусе аз Самарқанд бо рӯзноманигор ва адиби маъруфи тоҷик Адаш Истад перомуни рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ, гуфтумони алифбои ниёгон, мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва масоиле дигар ба ифтихори 75-умин солгарди умри мусоҳиб.

Фантаст: сиёсӣ ва хатарзо

- Нависандаи фантаст, шоир, драмматург ва рӯзноманигор: дар шарҳи худатон Адаш Истад кист?

- Камина дар солҳои донишҷӯйӣ ба навиштани ҳикоёти илмӣ-хаёлӣ шурӯъ кардам. Фикр мекардам, ки ин жанр ба васеъ кардани биниши халқ, бавижа насли нав мусоидат мекунад. Дар замони Шӯравӣ дар матбуот ё адабиёти реалистӣ-сотсиолистӣ оид ба нуқсонҳои ҷомеа чизе навиштан мамнӯъ буд ва он барои ҷони нависандаву гӯяндааш хатарзо ҳисоб меёфт. Аммо агар бигӯед, ки ин ҳодиса дар Шӯравӣ, Тоҷикистон ва ё Душанбе неву дар фалон сайёра рух додааст, проблема баён мешуд, ба гӯши масъулин мерасид, то ҷойе ҳал мегардид ва ҳам “ГЛАВЛИТ” (Сарраёсати кор бо адабиёт ва интишорот) эроде гирифта наметавонист.

Боре дар семинари фантастиканависони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав ҳикояи «Дарахти пахтачормағз»-и камина баҳои баланд гирифт. Дар он перомуни зарарҳои пахта сухан мерафт ва то ин ҳодиса мудири шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» – Шамсӣ Собир, ки як тарҷумони миёнаҳол буд, ба чопи асарҳои банда мамониат эҷод карда буд. Дар Маскав ҳикояро гуфтанд, ки хеле сиёсист ва чопаш хатарзост. Вале онон фантастикадонон буданд ва ин пардапӯшгӯиҳо ба эшон рӯшан буд. «Дарахти пахтачормағз»-ро бо ибрози проблемаи номбаршуда на дар Тоҷикистон, на дар СССР ва ҳатто на дар рӯйи замин, балки дар як сайёраи дур рух дода, дар Тоҷикистон ба табъ расонидем ва “ГЛАВЛИТ” ҳам ба чопаш монеа карда натавонист. Ҳамин тавр, акси муаммоҳои барҷастаи Шӯравиро дар ҳикоёт ҷой додаву тасвир мекардем.

- Воқеан, Шумо ба адабиёт бо ҳикояву қиссаҳои фантастикӣ ворид шудаед, вале ҳоло мебинем, ки минбаъд ба фантастика рӯ наовардаед. Сабаб чӣ бошад?

- Мақсад аз фантастика гуфтану иброз доштани муаммоҳои сахти зиндагӣ буд. Баъди ошкорбаёнӣ зарурати бо киноя баён кардан намонд. Аммо агар диққат кунед, унсурҳое аз ин жанр дар эҷодиёти камина идома доранд...

Шарти аҷиб

- Сабаби ногаҳон ба мавзӯи таърихӣ рӯй оварданатон чист?

- Ман донишманди таърих нестам, балки тарғибгар ҳастам. Яъне, публистист. Солҳои пеш аз пошхӯрии Шӯравӣ бо мусиқишинос Аскаралӣ Раҷабов гуфтугӯ намуда, нақша гирифтем, ки ҷашни 1400-солагии Борбадро ташкил намоем. Он ба афзоиши ҷаҳонбинии фарҳангии мардум ва ифтихороти миллӣ мусоидат мекард. Инҷониб бо Акбар Ҷӯраев як корманди КМ мулоқот кардам ва масъаларо бар миён гузоштем. Вале аз Комитети Марказӣ шарти аҷиб гузоштанд. Онҳо гуфтанд, мо ҳамон вақт қарори ҷашнро хоҳем баровард, ки шумо дар матбуот 100 мақола ё асари бадеие оид ба Борбад ба табъ расонед. Мо онро пазируфтем ва шахсан камина 14 ҳикояи таърихӣ перомуни ҳаёту рӯзгори Борбад ба чоп расонидам, ки баъдан ба забони русӣ низ дар шакли китоб ба табъ расид. Ва ҳамин тавр пайванди мо ба таърих бархӯрд.

- Шеър ва драма ҳам дар феҳрасти эҷодиёти Шумо вомехӯранд...

- Бале, камина худро дар назм ва драмматургия низ озмудам. Ҳарчанд пйесаи «Хӯса» дар Самарқанд бо коргардонии Бурҳон Раҷабов рӯи саҳна омад ва радиопйесаи «Таркиш»-ро, ки оид ба фалокат дар кони зеризаминӣ буд, дар ин самт аввалин ҳисоб мекунанд, аммо худ инҳоро ҷиддӣ ва муҳим ҳисоб намекунам.

Даргоҳи эҷодӣ

- Шумо фориғуттаҳсили факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳастед. Пайвандиатон ба рӯзноманигорӣ ва сафар ба Душанбе аз куҷост?

- Ҳангоме Донишгоҳи Самарқандро хатм кардам, он ҷо барои муаллими адабиёти тоҷик ҷой набуд. Ҳамон вақт Абдуқодир Маниёзов барои кор дар Сарредаксияи энсиклопедияи тоҷик ба Тоҷикистон даъватам карда, аммо «то ба қайд намонед, намегирем», гуфтанд. Барои корҷуйӣ ба Институти забон ва адабиёт рафтам. Дар долон бо Валӣ Самад рӯ ба рӯ шудем. Валӣ Самад гуфтанд: «Шумо барин фантаст ба миллат хеле зарур аст». Ҳамон ҳин ба идораи «Комсомоли Тоҷикистон» занг зада гуфтанд: «Агар ҳоло Адаш Истадро ба кор нагиред, хиёнат ба миллат мекунед! Зеро ба Самарқанд баргашта равад, намесабзад, он ҷо ин хел муҳити адабӣ нест».

Ҳамин тавр, пайванди ман ба Душанбе хӯрд ва камина рӯзноманигор шудам.

- Вале фаъолияти назаррабои Шумо дар «Адабиёт ва санъат» аст. Чи гуна ба ин идора пайвастед?

- Замоне рӯзномаи маъруфи «Маориф ва маданият»-ро ду тақсим карданд: «Омӯзгор» ва «Маданияти Тоҷикистон». Кормандони он ба ду редаксия ҷудо шуданд. Бандаро рафиқон даъват намуданд ва он ҷо ба симати мудири шӯъба корро оғоз кардам. Сипас ин рӯзнома «Адабиёт ва санъат» ном гирифт ва то охирин рӯзҳои дар Тоҷикистон буданам, дар баробари идораи радиои «Тоҷикистон» ва дар шӯъбаҳои гуногун дар ин даргоҳ адои вазифа кардам.

- Ибрози пӯшидаву ошкори масоили миллӣ - суннатҳои миллӣ, пайдоиши ғояи забони давлатӣ, ҳимояи фарҳанги тоҷик ва хештаншиносӣ боре аз ГЛАВЛИТ, Кумитаи Марказӣ ва ё ниҳоде дигар «дарди сар» эҷодатон карда буд?

- «Интернатсионализм аз чӣ сар мешавад?» («Адабиёт ва санъат») чоп шуд. Барои ин мақола бо иштироки муовини раиси ИН Борис Пшеничний маҷлис даъват карда, маро ҷазо доданӣ шуданд, зеро шахси дуввум дар роҳбарияти Кумитаи Марказӣ Лучинский буд, дар ҳар маҷлис мегуфтааст: «Адаш Истад ещё там работает?».

Аскар Ҳаким сардабир буданд, зуд хатои худро ба гардан гирифтанд. Як коммунист зиддам сухани сахт гуфта, маро ба лаби ҷар наздик бурд. Муаззама, Баҳманёр ва Муҳаммадзамон тарафи камина шуданд. Ҳамин вақт раиси Иттифоқи нависандагон Мӯъмин Қаноат, ки дар Маскав буданд, ногоҳ даромаданд ва гуфтанд: “Ман мақоларо хондам, он ҷо масъалаҳои муҳим ба муҳокима гузошта шудааст ва муаллифро мебояд, ки доир ба ҳалли он мақолаи алоҳида нависад”.

Яъне, баъди ин суханони Мӯъмин Қаноат гӯё ғайрати камина ба ҷӯш омад ва мақолаву ҳикояҳои зиёд навишта, чоп кардам. Аз он вақт 33 сол гузашт. Насли нав ба вуҷуд омадааст, ки аз муборизаҳои он солҳо шояд тасаввуроте надорад.

Гуфтумони хати форсӣ

- Воқеан, талоши Шумо барои бозгардонидани алифбои форсӣ хеле беш аст. Чаро?

- Камина ва Муҳаммадраҳими Сайдар дар замони мубориза барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ мақолае таҳти унвони «Расмулхати бобоӣ – нури басари моӣ!» навишта будем. Ин мақоларо барои чоп ба сардабири онвақтаи «Адабиёт ва санъат» Аскар Ҳаким супоридем. Мақола баҳсбарангез буд ва мо ҳам мехостем масъалаи бозгашт ба хати форсӣ дар баҳс бо иштироки васеи донишмандон ва адибон муҳокима шавад. Аскар Ҳаким мақоларо ба узви шӯрои ҳафтанома, директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт Абдуқодир Маниёзов барои маслиҳат супорид. Он кас мақоларо дар дасти худ 5-6 моҳ нигоҳ доштанд. Дар ин муддат баҳсҳо оид ба мақоми давлатии забони тоҷикӣ ҳал гардида, барои муҳокимаи бозгашт ба хати форсӣ вақт намонд.

Ҳамин тавр, мақолаи мо дар «Адабиёт ва санъат» 2-уми ноябри соли 1989 чоп шуд.

- Ҷумъабой Азизқулов, адабиётшинос ва энсиклопедист дар суҳбат ба камина гуфта буданд: «Агар мо ба хати ниёгонамон баргардем, сад соли дигар аз дунё ақиб мемонем!». Шумо ба ин чӣ мегӯед?

- Пешвои ҷадидон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои мардуми мо донистани чор забонро зарур дониста аст. Донистани хати ниёгон дигар асту гузаштани забони тоҷикӣ ба хати пешин дигар. Фарҳанги тоҷикӣ форсии мусулмонӣ ном дорад, на форсии кириллӣ!

Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хати кириллиро медонед чист? Мардуми тоҷик аз мероси адабиёти ҳазорсолаи худ, ки бо ин хат эҷод шуда буданд, ҷудо шуд. Дар 70-соли Шӯравӣ танҳо қисме аз он мероси бузург ба кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп гардид. Ҳамчунин, аз дастовардҳои фарҳангие, ки минбаъд дар кишварҳои дигари форсизабон - Эрону Афғонистон ба вуҷуд меомаданд, ҷудо шудем. Бавижа, Эрон ҳар навоварии илмиву техникие, ки дар Ғарб пайдо мешуд, зуд тарҷимаву нашр мекард ва хонандаи тоҷик аз ҳамаи ин маҳрум гардид. Тоҷикон ба умеди он монданд, ки кай русҳо аз забонҳои аврупоӣ баргардон мекунанд ва русҳо бошанд, аксар дер ба чунин кор иқдом менамуданд, чун монеъаҳои идеологӣ доранд.

Бубинед, дар Ҷопону Чину Куриё мушкилтарин хат – иероглифҳост. Теъдоди онҳо 85 ҳазору 868-то будааст. Мо бошем, дар омӯхтани 32 ҳарфи форсӣ мелангем. Ин танҳо нишонаи танбалист. Инглисиро бо шавқ меомӯзем, зеро забони бузурги илму адаб аст, мақоми ҷаҳонӣ дораду барои ҷои кори серпул ёфтан лозим меояд.

Дар хати форсӣ на ҳама овозҳои кӯтоҳ навишта мешаванд, онҳоро фикр карда, байни ҳарфҳо гузошта, маъно баровардан лозим. Яъне, вақти хондани матни форсӣ мағзи инсон гӯё доим дар тамрин аст ва ин фикррониро ривоҷ медиҳад. Муҳимтар аз ҳама ба хати форсӣ ягон нодону ахмақ саводнок шуда наметавонад.

Ситоди махфӣ ва ситодҳои ошкор

- Барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан низ саҳми Шуморо кам намедонанд...

- Барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан мубориза хавфнок буд. Банда бо кормандони «Адабиёт ва санъат» ва «Садои Шарқ» замоне дар Душанбе як ситоди махфӣ ташкил додем ва вақте ки дар шаҳру ноҳияҳо ба муроҷиати мо - журналистон ҳазорҳо имзо ҷамъ карда, ба Шӯрои Олӣ фиристоданд, дар идораи «Ҷумҳурият» ва «Комсомоли Тоҷикистон» ситодҳои ошкор ташкил шуд.

Ҳиҷрати Самарқанд

- Дарвоқеъ, меоваранд, ки бо сабаби «хор гардидани қимати сухан ва суханвар» тарки Тоҷикистон кардед. Ин то куҷо ҳақиқат дорад ва омилҳои асосии аз Тоҷикистон рафтанатон чӣ буд?

- Соли 1993 вақте вазифаи муовини сармуҳаррири «Адабиёт ва санъат»-ро вогузошта, ба Самарқанд омадам, аз пасам овоза шуда, ки «аз ҷанги шаҳрвандӣ фирор кард». Вале ин маҳаки асосӣ набуд! Ман аз муносибати сарди самарқандиён ранҷида, ба Самарқанд накӯчидам.

Воқеан, замоне Ҳайрат Шанбезода ва Арбоб Вадуд «ба Самарқанд дафъ шавед» гуён ҳуҷумам карданд. Вале камина аз ин ҳодиса наранҷидам, зеро Давлат Худоназаров, Гулрухсор ва Лоиқ барин намояндагони бузурги фарҳангро намояндаи халқи тоҷик меҳисобам.

Лекин баъди он ки самарқандиҳо маро «дафъ шавед» гуфтанд, баъзе занҳо низ дар мағоза ба ҳамсарам ҳуҷуми даҳонӣ кардаанд. Ӯ ранҷур шуда, ба Самарқанд баргашт ва ба парастории падару модари бемораш моҳҳои дароз андармон шуд. Ман бо писарбачаи маъюбам дар Душанбе дар азоб мондам. Ҳамчунин, вақте духтарам дар Институти тиббӣ таҳсили илм мекард, он ҷо донишҷӯёни боевик зиёд шуданд. Маҷбур шудам, то ӯро ба Институти Самарқанд гузаронам. Ӯ ин ҷо ба шавҳар баромад. Ҳамсарам ҳамин ҷо монд. Рӯзномаҳои тоҷикии “Самарқанд” ба кор таклифам карданд ва воқеан ба кадр ниёз доштанд. Барои тарбияи кадрҳо ин ҷо мондани камина лозим омад. Инҳо ва боз сабабҳои дигар маро дар Самарқанд пойбанд кард.

- Аз ҷониби ягон ниҳоде аз Тоҷикистон боре даъвати баргаштатонро карданд? Ё шуда ки худ азми омадан карда бошед: тамоман дилсард - ку нестед?

- Хонаи дар Душанбе бударо 8 сол пеш фурӯхтам. То ин вақт умеди баргаштан буд. Аммо дар як сафар фаҳмидам, он муҳите, ки замоне эҷод шуда буд, дигар нест. Инро дар сӯҳбатҳо Баҳманёр ва дигар рафиқон таъкид мекарданд, ҳатто дар як суҳбати телефонӣ худобиёмурз Сафарбеки Солеҳ ҳам гуфт.

Маро ба Тоҷикистон касе ё идорае даъват накард. Замоне маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии камина ва матни тоҷикӣ ва русии қиссаи «Нахӯдак» дар нашриёти «Адиб» буд. Чанд сол гузашт, ба ин нашриёт даромадам, гуфтанд, ки дастхатҳоятон гум шудааст. Гуфтам: - касе дуздидааст, душмани кӯдакони тоҷик аст, то ки онҳо китоб нахонанд. Танҳо баъди чанд сол як китобчаи банда бо номи «Оҳангҳои Самарқанд» дар Тоҷикистон бо маблағи Президент чоп шуд. Аммо акнун ҳавсалаям пир шуду худам низ. Душманӣ накунанд, хурсандам. Ҳеҷ хел вазифа, унвон, мукофотро интизор нестам. Ҳар чизе ки навиштам, ин қарзи фарзандии ман ба мардуми азизам буд.

Ҳама моли таъриханд

- Пас аз ба нармӣ гароидани муомилоти Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳли зиё ва оммаи тоҷикони ду сӯи сарҳад шодком гардиданд ва натоиҷе ҳам ба бор овард, ки якеаш моҳе қабл Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд боз шуд. Вале ба пиндори Шумо ин ҳама то куҷо ва чӣ андоза пайвандгари ду кишвар ва ду халқ буда метавонад?

- Самарқанду Бухоро ва дигар марзи тоҷикнишини Ӯзбекистон имрӯз моли давлати Ӯзбекистон аст ва ҳама гуна даъвоҳои марзӣ дӯстии байни ин ҳамсояҳоро аз байн мебарад. Мо бояд ба таърих муносибати худро дигар кунем. Ифтихори миллӣ набояд бар асоси дастовардҳои пешиниён бошад. Рӯдакӣ, Ибни Сино ё Берунӣ – ҳама дигар моли таъриханд. Миллат набояд оқибнигар, балки имрӯзбин ва ояндасоз бошад.

Ягон итолиёвӣ магар фахр мекунад, ки порлумон ё ҳуқуқи Римӣ эҷоди онҳо буд? Оё бо он қадар файласуфонаш, назири Суқроту Афлотун фахр мекунад?

Халқро асосан адабиёти муосири пешқадам тарбия мекунад, на чизе дигар. Мо - адибони касбӣ ҳамон вақт асарҳои ҳақиқӣ нависем, ки аз пайи таъмини рӯзгори хонавода 90-дарсади вақтро сарф накунем. Мо бояд дигар шавем. Ҳар кас имрӯз ба ҳоли худ аст. Мо низ бояд бо дастовардҳои имрӯз фахр кунем, на дирӯзу на антиқа. Дар ҳама мамлакатҳои пешрафтаи дунё ҳамин аст. Дигар тарбияи фарзандони аз худи мо беҳтар мақсади асосии ҳаётамон бояд бошад, на ин ки Самарқанду Бухоро тоҷикзамин буд гуфтани хушку холӣ. Дар мисоли хонаводаи худам мегӯям, ки каме бошад ҳам, ҷунбиш ҳаст: як набераам ба колеҷи Амрико дохил шуд, дигараш ба Донишгоҳи Маскав.

Таъсири манфӣ

- Тоҷикони Ӯзбекистон ба «фирори мағзҳо» то чӣ ҳад мувоҷеҳ ҳастанд?

- Бисёр масоил, аз ҷумла вазъи маорифи миллӣ ва фарҳанг ба иқтисод вобастагӣ дорад. Иқтисод, ки паст бошад, мардум барои ҳалли мушкил ба кишварҳои дур мераванд. 30 соли охир вазъи иқтисодии аксарияти аҳолӣ беҳ шуд гуфта наметавонам, зеро ки худатон медонед, тоҷикон чӣ қадар дар кишварҳои дигар кору зиндагӣ мекунанд. Албатта, ин вазъ муваққатӣ аст. Аз ҳоло маълум, онҳо дар Ватани худ хона мехаранд, агар фарзандро хонадор кардан хоҳанд, арӯсро аз байни духтарони зодгоҳи худ меҷӯянд. Тахмин, баъди чанд сол бозгашташон ба Ватан оғоз мешавад. Суст шудани қишри донои тоҷикони Ӯзбекистон ба сабаби кӯчидан ба кишварҳои ғарбӣ аст, ки ба ҳастии фарҳанги тоҷик дар ин марз таъсири манфӣ дошту дорад.

Вале дар Ӯзбекистон ва берун аз он сиёсатмадороне ҳастанд, ки тоҷикони Ӯзбекистонро миллати таҳҷоӣ не, диаспора, яъне омада меҳисобанд. Ин мафкураи вайронаро дар як конфронси байналмилалӣ дар Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ дар Самарқанд шунида будам, ки муовини вазири хориҷаи Англия изҳор ва талаб намуд, «тоҷикони Ӯзбекистон ба забони ӯзбекӣ гузаранд».

- Барои шиносонидани тоҷик бар тоҷик чӣ бояд кард?

- Мо бояд ҳуввияти миллиамонро боло барем. Касе аз хомабадастон байни мардум, қавм ва миллат фарқе намегузошт. Солҳои 1995-2000 аз рӯи тақозои вазифаи рӯзноманигориам дар маҷлисҳои ҳукуматҳои шаҳру вилоят иштирок мекардам, ки ҳафтае як бор баргузор мешуд. Ягон бор мушоҳида накардаам, ки соҳиби ягон корхона бо ихтиёри худ ба ягон муассисаи фарҳангӣ ё таълимӣ кӯмак карда бошад. Доимо ҳоким онҳоро маҷбур мекард, ки ин амали хайрро кунанд. Ҳоло чанд нафаре ҳастанд, ки ин амалро ихтиёрӣ мекунанд, аммо ин кори онҳо ба ҳисси миллиашон алоқае надорад.

Медонед, дар байни рӯшанфикрон ақидаи дурусте мавҷуд аст, ки миллат танҳо қисми бофарҳанги ҳар як қавм ё мардум аст. Бофарҳанг будан, яъне соҳиби маданияти баланди инсонӣ будан аст, ки ахлоқи ҳамида асоси онро ташкил мекунад. Фоҳиша, дузд ва дигар унсури ҷинояткору бадахлоқ бо шумо ҳамқавм буда метавонад, аммо ҳаммиллат нест. Аносири ҷиноӣ, бадахлоқи қавми тоҷик ҳақ надорад, то худро бо устод Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳаммиллат ҳисоб кунад. Эталони миллии тоҷикро чунин бузургмардон таъин намудаанд.

Пешрафти ҳар як кишвар ба он вобаста аст, ки қишри миллатшудаи мардум бар миллатнашуда афзалияту бартарии зиёде дошта бошад. Миллатсозӣ кори муҳимми ҳар як давлати миллист, чун ин кор маънавияту ахлоқи ҷомеаро ба дараҷаи сифатан нав боло бардошта, барои рушди иқтисодиву фарҳангии мардум шароити беҳтаре ба вуҷуд меорад. Давлат бояд дар ин боб барномаҳои аниқ дошта бошад.

Дилам месӯзад...

- Солҳои охир ба чӣ коре эҷодӣ машғулед?

- Қаламкашии худро идома медиҳам ва он ҳамаро дар блоги шахсиам ҷойгир мекунам. Ба ман мустақилона навиштани афкори шахсиямро Анастасий Ивановна омӯзонида буданд. Аз осори адибони рус низ бисёр омӯхтаам. Миллатгаро нестам, аммо дилам ба миллатам месӯзад, ки бо ин қадар таърихи бой ва классикону бузургони илму адаб мо – тоҷикон пешрафти назаррас накардаем.




Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон: “Ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нафъи минтақа аст”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед