Ru  | Tj
Бахтиёр Эргашев: "Ӯзбекистон аз вазъи Украина хулосаи зарурӣ баровард"
Бахтиёр Эргашев: "Ӯзбекистон аз вазъи Украина хулосаи зарурӣ баровард"
Акс: Halva.tj

Бахтиёр Эргашев: "Ӯзбекистон аз вазъи Украина хулосаи зарурӣ баровард"

Нашр шуд

Директори Маркази ӯзбекии ташаббусҳои тадқиқотии «Маъно» вазъи эҳтимолии нигоҳ доштани мақоми ғайриблокии Ӯзбекистонро таҳлил кард.

Бахтиёр Эргашев зимни суханронӣ дар мубоҳисаи намунавии “НАТО, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари воқеияти нави геополитикӣ”, ки аз ҷониби “Институти тадқиқотҳои Осиёи Марказӣ” баргузор карда шуд, иброз намуд, ки вазъи имрӯзаи Украина барои хулосабарории зарурӣ ва ҷиддии кишварҳои минтақа сабаб гардид. 

«Ва ин дигар наметавонад ба он чизе, ки дар ҷаҳон дар сатҳи умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ рух медиҳад, бетаъсир монад. Маълум аст, ки ҳоло як масъалаи муҳим ҳал шуда истодааст. Яъне агар Русия дар ҷараёни ин ҳодисаҳо ақибнишинӣ кунад ё мағлуб шавад, он гоҳ ҳама умедҳо дар бораи ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ бояд ба муддати хеле тӯлонӣ мавқуф ё як тараф гузошта шаванд. Агар Русия ва он кишварҳое, ки ба таври махфӣ ё ошкоро аз он пуштибонӣ мекунанд, истодагарӣ кунанд, дар ин ҳолат мо аниқ поёни ҷаҳони якқутбиро мушоҳида хоҳем кард ва имконияти хеле ҷиддӣ барои ба вуқӯъ омадани ҷаҳони бисёрқутбӣ пайдо хоҳем кард. Ин равандҳо ва рӯйдодҳои хеле ҷиддӣ ҳастанд, ки бешубҳа ба Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд. Умуман бояд иқрор шуд, ҳодисаҳои Украина нишон медиҳанд, ки сатҳи муқовимат миёни марказҳои ҷаҳонии қудрат, ҳам қудратҳои мавҷуда ва ҳам дар ҳоло ташаккулёбӣ ба зинаҳои баланди муқовимат мерасад”, - гуфтааст ин коршинос.

Осиёи Марказӣ ба машқгоҳи муқовимат табдил меёбад

Бешубҳа, фазои Осиёи Марказӣ, ки бевосита бо се маркази ҷаҳонии қудрат – Русия, Чин, Ҳиндустон ҳамсарҳад аст ва дар зери таъсири маркази чаҳорум дар масири ИМА ва мамалакатҳои Ғарб қарор дорад, ба фазои муқовимати сахт табдил меёбад.

 «Минтақа ба яке аз машқгоҳҳои асосӣ табдил хоҳад ёфт, ки дар он муқовимати рӯзафзун дар сатҳи бархӯрд байни марказҳои ҷаҳонии қудрат ба таври рӯшан ба назар хоҳад расид. Вазъият боз аз он сабаб душвортар хоҳад шуд, ки як қатор кишварҳои минтақа манфиат, имконот ва иқтидори худро барои таъсиррасонӣ ба Осиёи Марказӣ истифода мебаранд. Ман Туркия, Эрон ва Покистонро дар назар дорам. Ҳамин тавр, мо минтақае дорем, ки дар он муқовимат байни марказҳои ҷаҳонии қудрат тақвият хоҳад ёфт”, - гуфтааст Эргашев.

СҲШ ва СПАД - кафили амният 

Ба андешаи коршинос ду ниҳоде вуҷуд доранд, ки пас аз берун шудани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон метавонанд ба вазъи таъмини амният ва ташаккули низомӣ ва амнияти кишварҳои минтақа таъсир расонанд, ки яке Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигаре Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД).

«Дар солҳои охир Туркия низ мехоҳад ба як қудрати фаъол ва муассир дар бахши таъмини амният дар минтақа табдил ёбад, аз ин рӯ, ин кишвар равобити худро бо тамоми кишварҳои минтақа бар асоси дӯстии дуҷониба тақвият медиҳад. Ба назарам, иқтидори Туркия имкон намедиҳад, ки дар бахши таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ нақши ҷиддӣ бозад», — иброз намудааст директори Маркази ташаббусҳои тадқиқотии «Маъно».

«Бозингари ҷиддитаре вуҷуд дорад – яъне Чин. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки иқтидори Чин барои ҳузури низомӣ ва таъмини амнияти минтақа ҳанӯз ба қадри кофӣ пурзӯр нест ва назар ба иқтидори СААД ва Русия заиф аст».

Воқеияти СҲШ

Дар мавриди Созмони ҳамкории Шанхай Бахтиёр Эргашев чунин ибрози назар намуд:

«То соли 2016, то шомил шудани Ҳиндустону Покистон, яъне ду давлати бо ҳам мухолиф, СҲШ як сохтори фаъол буда, ки имкониятҳои бештар дошт. Ҳоло ҷонибдорон ва ҳомиёни созмони мазкур мегӯянд, ки нисфи аҳолии ҷаҳон дар кишварҳои СҲШ зиндагӣ мекунанд, аммо бо ин ҳама, ба назари ман, бакороии созмон хеле коҳиш ёфтааст. Ва агар ба он боз аъзоҳои нав шомил шаванд, бахусус, дар марҳилаи ниҳоӣ ворид шудани Эрон, пас короии он тамоман паст хоҳад шуд. Ба назари ман, тавсеаи (васеъшавии) СҲШ ба самаранокии фаъолияти он таъсири манфӣ мерасонад. Имкониятҳои СҲШ кам шуда истодаанд. Ва инро дар мисоли Афғонистон хеле хуб мушоҳида карем. Бо вуҷуди чунин иқтидор, СҲШ натавонист, ки як бозигари фаъол дар масъалаҳои таъмини сулҳи Афғонистон гардад».

Пайвастан ба СААД?

Пас СААД-е, ки ба он се кишвари минтақа шомиланд: Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ва дар ин росто коршинос ба мавқеи Ӯзбекистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст. Ба гуфтаи ӯ, як гурӯҳи коршиносон мегӯянд, ки авҷ гирифтани тақвияти байналмиллалӣ ва тақобули марказҳои ҷаҳонии қудрат бояд ба фаъолгардонии ҷараёнҳои барқароркунии узвияти Ӯзбекистон дар СААД мусоидат кунад. Ба андешаи онҳо, ин кафолати амниятӣ медиҳад. Гурӯҳи дигари нисбатан камтари коршиносон мегӯянд, ки ин барои Ӯзбекистон на он қадар хуб аст.

«Аз нуқтаи назари банда, қудрати Ӯзбекистон дар он аст, ки ин кишвар расман мақоми ғайриблокии худро мустаҳкам кардааст. Ин кишвар дар блокҳои ҳарбию сиёсӣ иштирок намекунад, ягон базаи ҳарбии хориҷиро дар хоки худ ҷойгир накардааст ва дар амалиётҳои ҷангии хориҷ аз кишвар низ иштирок надорад. Ин се рукн ҳам дар консепсияи сиёсати берунӣ ва ҳам дар назарияи мудофиавӣ ҷой гирифтаанд. Онҳо заминаеро бавуҷуд меоранд, ки ҳоло метавонад амнияти Ӯзбекистонро дар баробари нигоҳдорӣ ва таҳкими робитаҳои иттифоқӣ бо Русия бар асоси шартномаи соли 2005 таъмин кунад», - бо боварӣ иброз медорад Эргашев.  

«Ӯзбекистон воқеан ҳам бо Русия дар масоили амниятӣ ҳамкорӣ мекунад ва барои он равобити дуҷониба аз ширкати зоҳирӣ дар СААД муҳимтар аст. Ба гумон аст, ки Ӯзбекистон аз принсипи нигоҳ доштани мақоми «ғайриблокӣ» дур шавад. Ва ин мавқеи Ӯзбекистон комилан устувору мустаҳкам аст, яъне Ӯзбекистон барои барқарории узвияташ дар СААД ҳеҷ амал ё ҳаракате намекунад ва гумон аст, ки дар ояндаи наздик ё дур чунин корро анҷом диҳад».

Мақоми ғайриблокӣ ва робитаҳои дуҷониба

Ба андешаи коршинос, мушкилоти Украина дар он аст, ки вай мақоми ғайриблокии худро нақз кардааст. Аз 15 кишвари пасошӯравӣ Украина эҳтимолан беҳтарин шароитҳоро барои рушд ва ҷаҳиши босуръати модернизатсионӣ доштааст. Бахтиёр Эргашев ба ин назар аст, нухбагони Украина ва як қисми мардум аз мақоми ғайриблокӣ даст кашида, аз паси Ғарб рафтаанд, ки сабаби ҳодисаҳои рухдодаи баъд аз 24-уми феврал гардидааст.

«Ба назарам, барои Украина мақоми ғайриблокӣ байни Ғарб ва Русия беҳтарин роҳ буд ва он ба чунин вазъият намеовард. Ӯзбекистон аз вазъ дар Украина барои худ хулосаҳои зарурӣ баровард ва минбаъд барои нигоҳ доштани мақоми ғайриблокӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаи иттифоқӣ бо Русия дар масоили таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ талош хоҳад кард», - хулоса кард директори Маркази ӯзбекии ташаббусҳои тадқиқотии «Маъно».


“Бисёр мехоҳам, ки дар чорабиниҳои давлатӣ иштирок кунам”. DJ кист?




halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед