Ru  | Tj
Фатҳиддин Замон: “Мо бояд барои наҷоти худу миллати хеш талош кунем”
Фатҳиддин Замон: “Мо бояд барои наҷоти худу миллати хеш талош кунем”
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Фатҳиддин Замон: “Мо бояд барои наҷоти худу миллати хеш талош кунем”

Нашр шуд

Фатҳиддин Замон, журналисти муваффақест, ки бештар ба бозтоби авзои сиёсии ҷаҳон дар “Телевизиони Тоҷикистон” машғул аст. Ӯ 10 сол қабл дар пардаи телевизион барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-ро таҳияву пахш кард. Ин барнома тӯли даҳ сол (670 нашр) бидуни танаффус пахш шуд. Ҳамзамон, барнома дар кишварҳои мухталифи сайёра низ таҳия ва пахш гаштааст. Роҷеъ ба сабту таҳияи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, масоили журнализми муосир, авзои сиёсии минтақаву ҷаҳон ва ғайра ба муносибати 10-солагии барномаи мазкур бо муаллифи он Фатҳиддин Замон сӯҳбате анҷом додем.

Оғози роҳ

- Идеяи ташкили барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” чӣ гуна пайдо шуд?

- Идеяи ташкил ва таъсиси барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” 7-уми феврали соли 2012 бо он раванд ва рушди журнализми байналмилалӣ, ки дар расонаҳои ҷаҳон ин гуна барномаҳо дида мешавад, мисли “Ҷопон ва ҷаҳон”, “Ӯзбекистон ва ҷаҳон”, “Қазоқистон ва ҷаҳон”, “Русия ва ҷаҳон” ва ғайра падид омад. Бо назардошти он, ки фазои Тоҷикистон холӣ буд, барномае бо ҳамин шаклу сурат, ки муаррифгари Тоҷикистон ва қиёскунандаи масоили ҷаҳонӣ бошад, “Тоҷикистон ва ҷаҳон”-ро ташкил кардем. Баромади барнома аз зеҳн ва замири худи муаллиф аст, ки банда тавонистам дар кӯтоҳтарин муддат онро ба Кумитаи телевизион ва радио пешниҳод кунам. Роҳбарият онро қабул ва дастгирӣ намуданд. Дар давоми ин 10 сол, 670 нашри барнома ба тариқи Телевизиони Тоҷикистон пахш шуд.

- Фатҳиддин Замон таҳсилдидаи факултети шарқшиносӣ аст. Чӣ омил ӯро ба ҷодаи журналистика бурд?

- Факултети журналистика, шарқшиносӣ, филология инҳо бо ҳам тавъаманд. Байни ин риштаҳо ҷудоӣ қариб вуҷуд надорад. Як иқтисочӣ ҳам метавонад журналист бошад ва ҳам баръакс. Мо низ ҳоло метавонем корҳои тарҷумонӣ, журналистӣ, сиёсатшиносӣ, таҳлилгарии масоили сиёсиро ба сомон расонем.

- Миёни ин ҳама касбҳо Фатҳиддин Замон пеш аз ҳама кист?

- Барои  ҷомеа кадоме писанд аст: журналист, тарҷумон, сиёсатшинос ва ё таҳлилгар метавонад хитоб кунад. Ҳамзамон мо рисолаи номзадӣ дар риштаи сиёсатшиносиро дар масоили сиёсӣ, бо назардошти он, ки журналистикаву сиёсатшиносӣ ба гуфте дар як “хонаанд” ҳимоя карда истодаем. Мо мехоҳем дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон ба сифати як журналист, сиёсатшинос, тарҷумон ва таҳлилгар хизмат кунем.

Подош кор

- Барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ба муаллифи он чӣ дод?

- Ин барномаест, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бидуни танаффус, ҳар ҳафта пайдарҳам пахш мешавад ва сертамошобин аст. Ҳамчунин, мавзӯъҳои гуногунро дар бар мегирад. Ҳамаи нашрҳои барнома ба ободиву пешрафти Тоҷикистон марбут мебошад. Ин барнома барои мо пеш аз ҳама дари дунёи иттилоот,  журнализм, омӯзиши идеалогия ва мафкураи ҷомеаи тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонро кушодааст. Ба ҷаҳонбинии мо дидгоҳҳои нав ва ҳаллу фасли навро бунёд ва асос гузоштааст. Ин барнома тавонистааст моро ба ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷомеаро ба мо хеле наздик намояд. Ҳатто журналистони кишварҳои ҷаҳон бо мо ҳамкорӣ доранд ва тариқи барнома моро шинохтанд. Ин барнома тавонист, то ҷое барои муаррифии Тоҷикистон саҳми  худро гузорад. Ба ин хотир, то имрӯз яке аз барномаҳои калидии Тоҷикистон, бахусус дар самти сиёсат мебошад.

- Дар кадом телевизионҳои кишварҳои ҷаҳон нашрҳои алоҳидаи барномаи шумо пахш шудаанд?

- Дар телевизионҳои “Тулӯъниюс”-и Афғонистон, “Ал-Ахбор”-и Арабистони Саудӣ, “СинхуаТВ”-и Чин, “Ал-Ҷазира”-и Қатар қисм ва бахшҳои алоҳидаи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар самти масоили об ва бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун пахш гардидаанд.

- Таҳияи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” аз муаллифи он пеш аз ҳама чиро талаб мекунад?

- Таҳияи барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” пеш аз ҳама аз муаллифи он масъулиятшиносӣ, донистони забонҳои хориҷӣ, шинохти маорифи дунявӣ, дарки шинохти таърихи гузаштаи тоҷик ва ҷаҳон, шинохти созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва шинохти набзи сайёраи замин, ки моро иҳота намудааст, талаб менамояд. Дар асоси дарк ва маърифати олами ҳастӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ ин барномаро бояд таҳия созем. Ҳарчанд ин дар асоси меъёрҳои ахлоқиву озодии баён дар телевизиони давлатӣ пахш мегардад ва дар сурати фаротар аз ин меъёрҳо мо метавонем, таҳаввулоти ҷиддиро ба миён биорем.  Дар ин барнома масоили нақди журналистика, масоили шинохти вазъияти байналмилал, бозгӯ кардани вазъияти матлубу номатлуби ҷаҳон ва ғайра таҳияву пешкаш мешавад.

Майдони кор

- Барои таҳия, сабт, пайдо кардани меҳмони барнома, навиштани матни гузоришҳо бо чанд нафар вориди кор ҳастед?

- Ҳарчанд дар “Телевизиони Тоҷикистон” коргардону наворбардорҳо ҳастанд, банда ба ҳайси коргардон,  ровӣ, тарҷумон танзимгар ва баъзан минҳайси наворбардор ҳам ба кор мепардозам. Чунки дар сафарҳои хориҷӣ худам наворбардор ҳастам. Ҳангоми танзим ҳам нақши коргардониву дизайнро ба ӯҳда дорам. Ин ба он сабаб аст, он чизеро, ки мехоҳам коргардону танзимгарони ғайр анҷом дода наметавонанд. 

- Дар кадом кишварҳои ҷаҳон барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” сабту пахш шудааст?

- Яке аз муҳимтарин бахшҳои барнома дар кишвари Ҷопон, шаҳрҳои Хиросима, Нагасака, Токио, шаҳри Куала-Лумпури Малайзия, шаҳрҳои Дейҷон ва Сеули Кореяи Ҷанубӣ, сарҳадҳои Кореяи Шимолӣ – Пиёнянг, шаҳри Доҳаи Қатар, шаҳрҳои Истанбулу Бодрум ва Анқараи Туркия, давлатҳои Қувайт, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Салтанати Уммон ва дигар мамлакатҳое ҳастанд, ки барнома он ҷо пахш шуда, ба самъи тамошобинон расонида шудааст. Ҳамчунин, бахши умдаи ин барнома дар шаклҳои “CD” ба он кишварҳо фиристода шудаанд. Дар оянда ҳадаф дорем, ки барномаро дар кишварҳои дигари сайёра низ сабт намоем.

- Муносибати сокинони кишварҳои дигар ба як гузоришгари тоҷик ҳангоми сабти барнома чӣ гуна буд?

- Мо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба ягон монеа дучор нашудаем. Ман ҳатто дар майдони ҳавоии кишварҳо бе монеа барномаро сабт менамоям. Сокинони он кишварҳо ҳатто барои сабти барнома кӯмак мекунанд. Инчунин, дар дохили ҳавопаймоҳои ширкатҳои бонуфузи ҳавонавардӣ нашрҳои алоҳидаи барнома сабту пахш шудааст.

- Дар робита ба сабти барнома муаллифи он баъзан ба истиқболи бинанда баромада, бо донишҷӯён ва кормандони идораҳои давлатӣ  сӯҳбату вохӯриҳо мегузаронад. Мегуфтед, ки дониши сиёсии сокинон ва бархӯрди онҳо ба ҳаводиси тағйирпазири ҷаҳон чӣ гуна аст?

- Мақсади таҳияи барнома дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама огоҳӣ аз тафаккуру андешаи сокинон аст. Мо бисёр мехоҳем, ки сокинон дар ин вохӯриҳо бо мо вориди баҳс шаванд, вале саволҳо хеле кам мешаванд, чунки онҳо аз иттилооти ҷаҳонӣ хуб огоҳ нестанд. Мо низ мехоҳем, тавассути ин барнома мардумро аз авзои сиёсии ҷаҳон огоҳ созем.

Гирдоби муборизаҳои ҷаҳонӣ

- Чун масоили сиёсии ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказиро дар барномаҳоятон бозтоб мекунед, ба андешаатон ҷаҳонро кадом зуҳуроти номатлуб дар оянда интизор аст?

- Ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар дучори мушкили байналмилалӣ аст. Зуҳури терроризми байналмилалӣ, ҷудоиандозӣ, иғвоангезӣ, таъсири иқлим ба зеҳну шуури башарӣ, боло рафтани об дар кишварҳои соҳилӣ, тағйирпазириҳо дар афкори башарӣ, ситезаҳо дар пайкори башарият, ҳасудият дар зеҳни кӯдакон, қатлу куштори афроди бегуноҳ, беҳурматии падару модар, бенавоии кӯдакон, муҳоҷирату паноҳҷӯйӣ, саргардонии башарӣ, беватан шудани инсонҳои донишманду бохирад тамоми таъсирҳои табииву фаротабие ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба гирдоби бесуботӣ бурдаанд. Ин масоилро дар барнома кӯшиш мекунем, ки баррасӣ кунем. То дар қиёс ба авзои ҷаҳонӣ, ки кишвари мо ободу осӯда аст, боз ҳам  суботаш побарҷо бошад.

Гила аз кадрҳои ҷавони журналистӣ ва ёфтани саодати журналистика 

- Шогирдону муҳассилини зиёде аз риштаҳои журналистӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба назди Шумо меоянд. Чунин ба назар мерасад, ки аксар журналистоне, ки дар телевизион кор кардан мехоҳанд, ба телевизион барои “ситора” шудан меоянд.

- Бахши умдаи таҳсилдидаи риштаҳои журналистика, ки барои таҷрибаомӯзӣ ба телевизион муроҷиат мекунанд, тамоман омода нестанд, ҳарчанд чор - панҷ сол дар донишгоҳ хондаанд. Ҳатто баъзеашон қодир нестанд,  як иншо нависанд. Имрӯз ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ будан, хеле душвор аст. Муҳассилини мо, ки дар риштаҳои журналистӣ таҳсил мекунанд, ҷавобгӯи журнализми байналмилалӣ  нестанд. Барои ҳамин, мо аз журналистшавандаҳо даъват мекунем, ки пеш аз ҳама забондон бошанд. Надонистани забонҳои хориҷӣ онҳоро ҳеҷ вақт ба саодати журналистӣ намерасонад.

- Барои муваффақ шудан журналисте, ки нав ба майдони эҷод ворид шудааст, пеш аз ҳама бояд чӣ корҳоеро ба сомон расонад?

- Аввалан, забондон бошад, бо вожаҳои алоҳида сари кор гирад, таҳриргари хуб бошад ва худ эҷод кунаду матни барномаҳояшро аз интернет нусхабардорӣ накунад. Худ бояд ҳокими каломи андеша, зеҳн ва замири хеш бошад.

- Дар олами маҷозӣ ва саҳфаҳои иҷтимоӣ шуморо бо ибораҳои “Шаҳри Инсоният”, “Маҳтоби беватан”, “Китоби Нокуҷообод” ва “Оятҳои хокистарӣ” мешиносанд. Бо ин ибораҳо ба мухотабонатон чӣ гуфтан мехоҳед?

- Инҳо китобҳое ҳастанд, ки навиштаам ва омодаи чопанд. Ин китобҳо бо забонҳои арабӣ, англисӣ ва русӣ нашр мешаванд. “Моҳи беватан” асари илмӣ-тахайюлӣ аст. “Китоби Нокуҷообод” асари сирф фалсафӣ-сиёсӣ аст. “Шаҳри инсоният” бошад тарғибгари ахлоқ аст. Инсоният на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли ҷаҳон беарзиш шудааст. Инсон беҳуқуқ, бенаво, бепаноҳ, беватан ва хонавайрон гаштааст. Аз ин лиҳоз, мехоҳем арзиши инсон ҳамеша ҳифз шавад.

- Минбаъд кадом мавзуъҳое, ки ҳамчун проблемаи глобалӣ шинохта шудааст, дар барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” ба таҳлил кашидан мехоҳед?

- Масоили амнияти Осиёи Марказӣ, тағйирёбии иқлим, демография, муносибати Тоҷикистон бо мамлакатҳои сайёра, афкори ҷавонон, эҳёи тафаккури ҷомеа, рушди журналистика ва ҳифзи якпорчагии Ватанро дар барнома инъикос менамоем.

Олами ботинӣ

- То имрӯз киро аз даст додаед, ки ҳанӯз дилатон барояш гум мезанад?

- Дар ҳаёти ман падарам муаллими нахустин ва роҳнамо буданд. Тамоми китобҳои сиёсиву фалсафӣ, адён ва тасаввуф, омӯзишҳои байналмилалиро бо даъват ва ҳидояти падарам мутолиа кардаам. Даргузашти падар бароям як шикасти бузург аст, зеро муаллими ҳаёти худро аз даст додам. Муаллиме, ки тамоми қаламфарсоиву журналистикаро аз он кас омӯхтам. Падарам ҳидоятгар ва рӯшани ҳаёт дар шабҳои тираву зулмати дунё бароям чун ситораву моҳи беватан рӯшангари роҳи рост буданд. Падарам дар тамоми умри ман дар оғозгаҳи тафаккури ман қарор доштанду доранд. 

- Се одате, ки буданаш барои худу атрофиёнатон бад аст?

- Бешарафӣ, дурӯғгӯӣ, носипосиву беҳурматӣ.

- Се амали хубе, ки дар зиндагӣ анҷом додаед?

- Ташкили барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, бунёди мактаб дар деҳкадаи дурафтодаи Вота, доштани дӯстони хуб, ки моро иззат мекунанд.

- Се расонаи ҷаҳоние, ки иттилооти онро пайгирӣ мекунед?

“Ал-Ҷазира”-и Қатар, “ССTV”-и Хитой, “Ню-Йорк Таймс”-и ИМА.

- Се китобе, ки хондани онро зарур мешуморед?

- “Кимиёи саодат”-и Муҳаммади Ғаззолӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, “Бутопияи ормоншаҳри”-и Томас Морни.

- Суоле буд, ки ҷавоб гуфтан мехостеду ман напурсидам?

- Бояд, ки мо дар сарнавишти миллатамон бетараф набошем. Дунё аз ин пас бесуботтар ва дунёи манфиатҷӯҳо мешавад. Мо дар ин варта барои наҷоти худу миллати хеш бояд талош кунем.

- Ташаккур барои суҳбат.


C. ONE чӣ гуна дар рэп ҷойгоҳи худро касб кард?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед