Ru  | Tj
C. ONE чӣ гуна дар рэп ҷойгоҳи худро касб кард?
C. ONE чӣ гуна дар рэп ҷойгоҳи худро касб кард?
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

C. ONE чӣ гуна дар рэп ҷойгоҳи худро касб кард?

Нашр шуд

Дар рэп мо замоне М. ONE мегуфтему Баха 84, замоне Абада мегуфтему Alone, замоне Шон МС мегуфтему Ryder-у Styopa ва ҳоло C. ONE мегӯем.

Дар рэп чӣ гуна метавон зуд маъруф шуд? Имрӯз рэп ба ҷомеа чӣ фоида меорад? Дар Тоҷикистон рэпер зиндагии шоиста дошта метавонад? Рэп чисту рэпер кист? Ба ин ва дигар саволҳои Halva.tj рэпер Сиёвуш Қурбонов (C. ONE) ҷавоб гуфт.

Аз устои мошин то муваффақият дар рэп


- Падару модаратон Шуморо Сиёвуш ном мондаанд, вале Шумо худро “C. ONE” муаррифӣ кардед. Дигар кардани ном миёни Шумо ва волидонатон нофаҳмӣ наовард?

- Аз даврони мактабӣ, тақрибан аз 10-солагиам шеър менавиштам ва ҳамон вақт дар шабакаи иҷтимоии “Однокнассники” номамро C.ONE монда будам. Баъдтар, дар синни 14-солагӣ вақте ки аввалин рэпамро навишта, сабт намудам, волидонам бо кадом тахаллус рэп хонданамро пурсидан ва ман яку якбора “C.ONE” гуфтам. Ҳамин тавр, 10 сол аст, ки маро ба ин “никнейм” мешиносанд. Аммо ногуфта намонад, аҳли оила ва хешу табор маро Сиёвуш мегӯянд ва танҳо нафароне, ки маро аз рӯи рэпериям шинохтаанду муносибат доранд, “C.ONE” гуфта муроҷиат мекунанд.

- Ҳоло Шумо дар соҳаатон то андозаи даркорӣ маъруфу муваффақ ҳастед. Бигӯед, ки 5 сол пеш ба ин гуна муваффақият расидан бовар доштед ва оё дар 5 соли оянда худро чӣ гуна мебинед?

- Боварӣ доштам, вале то ин андоза не. Ман мақсади муайян доштам ва барои ба он расидан кӯшиш менамудам ва шукр, ки аз вақти ҷудонамудаам дида, зудтар ба хостаҳоям расидам. Аммо бояд бигӯям, ки ин натиҷаи ниҳоӣ нест ва дар солҳои оянда боз ҳам зиёдтар кӯшишу ҳаракат мекунам.


- Дар соли 2021 яку якбора маъруфу сермухлис шудед, ба назари Шумо чаро чунин шуд?

- Дар ин ҷо бояд бигӯям, ки шинохта шудану чанд шунаванда пайдо карданам чанде пеш буд. Масалан, соли 2019 “баттл” мекардам ва ҳаводорони ин навъи рэп онро хуб қабул менамуданд. Соли 2020 рэпи “Зебо”, ки бо намоҳангаш нашр шуда буд, миёни рэперон ҳамчун “Рэпи сол” шинохта шуд ва ҳамон сол худам аз ҷониби портали Rap.tj “Кашфи сол” эътироф шудам. Ва албатта, соли 2021 барои ман бисёр соли бобарор буд, зеро дар ин сол рэпҳои “Қаландар-2”, “Селяви”, “Ламбо” ва “Инстакаралева” нашр шуданд, ки ҳаводоронамро ба маротиб зиёд карданд. Сабаби аввал агар кӯшишу заҳмати худам бошад, пас ҳатман роҳнамоӣ ва дастгирии Беҳрӯз Набиев (Барон) ҳам нақши калидӣ дорад. Зеро аввал намоҳангҳои ман дар ютубканали ӯ миллионҳо бинанда пайдо карданд ва пасон ман дар канали худам гузоштанро оғоз намудам.


- Охири соли гузашта ва аввали имсол дар Русия барномаҳои консертии худро барпо намудед, бигӯед, ки онҳоро чӣ гуна қабул карданд?

- Бисёр хуб гузаштанд, зеро дар ғарибӣ мухлисон рэпу суруди тоҷикиро ҳамеша ёд мекунанд. Аз худ розӣ ҳастам, ки дар ду шаҳри калони Русия – Маскав ва Санкт-Петербург корсерт ташкил кардам.

- Нақша надоред, ки дар кишвари худамон низ барномаҳои консертӣ барпо кунед?

- Ман пеш аз Русия дар Тоҷикистон низ консерт монда будам ва дар оянда ҳам ният дорам, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои консертии хуб доир намоям.


- Ба ҷуз рэп боз кадом ҳунарҳоро доред?

- Соли 2017 бо мақсади кор ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия рафта будам. Он ҷо аввал ба ҳайси пешхизмат кор кардам ва бо сабабҳои зиёд маро аз кор пеш карданд. Баъдан тӯли 3-4 моҳ дар назди устои мошине шогирд истода ва он касбро омӯхтам. Ҳамин тавр, чанд муддат кор кардам ва ҳоло ҳам гуфта метавонам, ки ба ғайр аз рэперӣ ҳунари дигарам устои мошин аст.

Рэп: Фоидаҳои моддӣ ва маънавӣ


- Рэперӣ барои Шумо касб аст ё шуғл?

- Тавре гуфтам аз шеърнависӣ ба рэпнависӣ гузаштам ва то чанд сол рэп бароям шуғл буд, вале рафта-рафта ин пеша воситаи рӯзгузаронӣ шуд ва ҳоло бароям касб аст.

- Ба мо омадани рэп хуб шуд ё бад?

- Омаданаш хуб аст ва аз ин минбар истифода карда ба ҳамаи рэперони ҷавон гуфтаниям, ки дар рэпҳояшон калимаҳои қабеҳ истифода набаранд, зеро дар аввал мо ҳам рэп озодӣ аст гуфта, дар матнҳоямон каму беш калимаҳои нохубро ҷой медодем ва ҳоло пушаймонем. Агар рэпро дар роҳи дуруст истифода барем, аз мушкилоти ҷомеа бигӯем ва ё барои истироҳат кардани аудиторияамон бихонем, ҳатман ба гурӯҳе аз одамон фоидааш мерасад.


- Рэпер кист?

- Рэпер як нафари озод ва дорои мавқеи муайян аст. Ӯ ба ҷустуҷӯ ва муаррифии худ машғул буда ва то қадри имкон худро месозад. Аз дардҳои мардум мегӯяд ва таскиндиҳандаи шунавандаи худ аст.


- Рэпер бояд кадом хусусиятҳоро дошта бошад?

- Дар ҷойи аввал навиштан. Ҳар нафаре, ки навишта наметавонад хубтараш ба ин соҳа наояд, зеро ин пеш аз ҳама кори эҷодист ва иҷрокунанда бояд худаш эҷод кунад. Дуюм, дард доштан. Эҷодкор бедард намешавад ва осори хубу боарзиш аз дарди зиёд пайдо мегардад. Сеюм, тахайюл доштан. Рэпер бояд тахайюли бой дошта бошад, то аз як мисраъ, ки инъикоскунандаи дарди ҷомеа аст, як рэп навишта тавонад.

- Ҳоло аз миёни рэперони мо киҳоро гӯш мекунед?

- Ман ҳама рэперонеро, ки ҳамроҳашон рафту омад дорам гӯш мекунам. Масалан, Абада, Барон, Айзик...

- Таҳсил барои рэпер чӣ фоида дорад?

- Хондан ягон вақт бар зарар нест ва бояд ҳар нафар маълумоти олӣ дошта бошад. Дар хусуси рэперӣ бошад, гуфтан мехоҳам, ки ягон нафари камсавод рэпер шуда наметавонад ва агар шавад ҳам дар ин соҳа зиёд намеистад, зеро ин коре нест, ки ҳар гуна одам иҷро карда тавонад.


- Чаро Шумо дар рэпҳоятон калимаҳои русӣ ва англисиро истифода мебаред?

- Ман мактаби русӣ хондаам ва иқрор мешавам, ки забони адабии тоҷикиро хуб намедонам. Аз ҷониби дигар, фикр мекунам мардум маро бо ҳамин услуб шинохта, қабул кардаанд.

- Оё боре фикр кардаед, ки матнҳоятон пурра бо забони тоҷикӣ бошанд?

- Албатта, фикр дорам, рэпе нависаму иҷро кунам, ки пурра бо забони адабии тоҷикӣ бошад ва мавзӯъ доираи калони одамонро фаро гирад, вале тамоми матнҳоямро не.

- Рэпе, ки Шумо ҳоло мехонед ба ҷомеа чӣ фоида меорад?

- Фикр мекунам, ҳоло бо рэпҳоям ягон фоида наовардаам, вале агар тавонам, ки албоми рэпҳоямро бо забони русӣ интишор кунам ва рэпҳоям ба гӯши тамоми ИДМ бирасад, он замон даъво мекунам, ки барои ватану миллати худ фоидае овардам, зеро онро дар назди дигарон муаррифӣ намудам.


- Агар Шумо рэп нахонед чӣ тағйирот ба амал меояд?

- Намедонам чӣ тағйирот ба амал меояд, лекин бояд бигӯям, ки ҳоло бе рэп наметавонам.

- Дар рэп киро рақиб мешуморед?

- Ростӣ касеро ба ҷуз худам рақиб намешуморам. Ман худам рақиби худ ҳастам.

- Аз ҳисоби рэп зиндагиро пеш бурда мешавад?

- Албатта, мешавад ва айни замон ман пурра аз ҳисоби рэп зиндагиямро пеш бурда истодаам.


Меҳроҷиддин Сайриддинзода: “На ҳар ҳунарманд ба нақшаш овоз дода метавонад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед