Ru  | Tj
Хуршед Иброҳимзода: “Шашмақом камбудӣ надорад, камбудӣ дар мо - ҳунармандон аст”
Хуршед Иброҳимзода: “Шашмақом камбудӣ надорад, камбудӣ дар мо - ҳунармандон аст”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Хуршед Иброҳимзода: “Шашмақом камбудӣ надорад, камбудӣ дар мо - ҳунармандон аст”

Нашр шуд

Шашмақом мусиқии классикии халқи тоҷик аст, ки зиёда аз 10 аср таърих дорад. Ин жанри мусиқии миллӣ дар кишварҳои мухталифи Осиёи Миёна ва Эрон густариш ёфтааст. Шашмақом дар гузашта «фалсафаи оҳангдор» номида мешуд. ЮНЕСКО дар соли 2000 мелодӣ, шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин, сармояҳои ғайримодӣ сабт намуд. Шашмақом ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми май таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба ин рӯз бо ситораи санъати тоҷик, дорандаи ҷоизаи байналмиллалии "Гремми", устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон, муаллифи китоби "Ҳамнавои дил" Хуршед Иброҳимзода суҳбат намудем. Хуршед Иброҳимзодаро дар толори калони Консерваторияи миллӣ дарёфтем. Ӯ иҷроишу навозиши қариб 20 нафар   шогирдро, ки нимдавра нишаста, ҳам менавохтанду ҳам месароиданд, гӯш карда, як-як онҳоро “истед” – гӯён чизеро мефаҳмонд. Мо “ба машқ халал нароснем” – гуфта дар қатори охирони нишастгоҳи толор нишастем. Хониши зиндаву иҷроиши ҳушрабои донишҷӯён моро ба дунёи дигаре бурд. Нафаҳмида мондем, ки соат аз 15: 00, ки вақти суҳбат муқаррар шуда буд, гузашта рафтааст. Лаҳзае онҳо дар   машқ таваққуф карданд. Мо фурсатро   ғанимат дониста, дарҳол пеши устод Хуршед Иброҳимзода омадем.


- Солҳои 50 – уми асри гузашта китоби “Шашмақом” чоп шуда буд. Аз он замон то имрӯз ин санъати мусиқии миллии мо бо чӣ таҳавуллот рӯ ба рӯ шуд?

- Хуб, бори аввал аз ҷониби устодони бузурги Шашмақоми тоҷик, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев китоби “Шашмақом” дар Маскав ба чоп расида буд. Он китоб аз 5 ҷилд иборат буд, ки мақомҳои Шашмақомро бо нотаҳояш дар бар мегирифт. Он бо забони тоҷикӣ ва ҳам ба русӣ тарҷума шуда буд. Ин асар барои фаъолияти минбаъдаи устодону ҳунармандони мусиқии суннатии ниёгон то имрӯз заминаи хубе маҳсуб меёбад. Мо ҳунармандон ва устодон то имрӯз ба ин китоб такя мекунем. Ҳунармандон ва алоқамандони Шашмақом, ки берун аз Тоҷикистон фаъолият доранд, аз ин китоб фаровон истифода мебаранд. Дар рӯзҳои мо бахшида ба 25 – умин солгарди истиқлоли давлатӣ бо пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Шашмақом” аз нав нашр шуд. Ин китоб аз 6 ҷилд иборат буда, тамоми мақомҳоро: “Рост”, “Наво”, “Бузург”, “Дугоҳ”, “Сегоҳ” ва “Ироқ” - ро дар алоҳидагӣ фаро гирифта, он ҳам бахши мушкилот ва ҳам бахши насрии овозӣ ва бахши савтро дар бар мегирад. Дар баробари ин, дар пардаҳои гуногуни Шашмақом якчанд силсилаасарҳои нав коркард ва эҷод шуданд. Ин асарҳои навэҷод низ дар китоби нав ворид карда шудаанд.

- Чанд сол пеш дар Тоҷикистон Академияи мақом фаъол буд. Рисолату кори он аз чӣ иборат буд?

- Академияи мақом аспирантонро тайёр мекард. Соли 2006 –ум буд. Зимнан, дар доираи Академияи мақом якумин корамон бахши насрии Шашмақомро аз Сарахбор, то Уфар ба таври силсила якҷоя иҷро карданамон буд. Дар давоми 6 рӯз бахшида ба рӯзи Шашмақом дар театри давлатии Опера ва балети ба номи устод С. Айнӣ консерти зинда монда будем. Он рӯзҳо толор пур аз тамошобин буд. Ин таҷрибаи аввалин силсиласароӣ дар даврони истиқлол буд. Минбаъд кори академия аз ҳамин чизҳо иборат буд, яъне эҳё кардани анъанаи гузаштагони мо, устоду шогирдро ба роҳ мондан, ҳамчунин, бо коркарду эҷоди силсилаасарҳои нав машғул шудан. Хатмкардагони Академияи мақом дар гурӯҳҳои касбӣ ансамблҳои ҷумҳурӣ фаъолият бурда истодаанд.


- Чанде пеш китоби “Ҳамнавои дил” – и Шумо чоп шуд. Он чӣ чизҳои навро дар бар гирифтааст?

- Устодони бузурги мо Боймуҳаммад Ниёзов, Карим Қосимов, Нӯъмонҷон Тоштемиров, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев ва Мастона Эргашева дар такя ба пардаҳои Шашмақом аз рӯйи сабку услуби худ сурудҳои ҷовидонаву олиҷанобе эҷод кардаанд, ки дар Фонди тиллоии радио маҳфуз аст. Офаридаҳои эшон дар китоби Шашмақом низ ворид карда шудааст. Мо ҳам дар пайравии эшон 25 суруду оҳангҳои нави худро дар китоби тозанашр ворид кардем. Дар баробари ин, 5 суруду оҳанге, ки аз ҷониби дигар ҳамкорон эҷод шудааст, дар бар гирифтааст. Нияти мо ин аст, ки маҷмӯи ин суруду оҳангҳои навро иҷро карда, сабт кунем. То ҳол 10-15 тои онҳо пурра сабт карда шудааст. Албатта, ин кори осон нест ва як вақти зиёдеро талаб мекунад. Зеро иҷрои якҷояву сабти сурудҳо сарҷамъии навозандагону сарояндагон ва машқҳои ҷиддии якҷояро талаб мекунад.

-   Медонем, ки Шумо дорандаи ҷоизаи байналмиллалии “Гремми” ҳастед. Ин чӣ гуна ҷоиза аст ва ба кадом хотир дода мешавад?

- Дар соҳаи синамо беҳтарин ҷоизаи ҷаҳонӣ “Оскар” аст. Дар соҳаи мусиқӣ беҳтарин ҷоизаи ҷаҳонӣ “Гремми” аст, ки соли 2007 – ум барои иҷрои силсилаи насри мақоми Ростро бо ҳунармандони Академияи мақом сабт кардем ва он ба феҳрести озмуни байналмиллалӣ ворид гашт ва ин ҷоизаро мо сазовор гаштем.          


- Ҳамкориҳои муштарки мақомхонҳои тоҷик бо ҳамтоёни ӯзбек чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? “Суруди дӯстӣ”- ном суруди Шумо бо Фазилат Ахмедова машҳур шуд. Таърихи эҷоди он чӣ гуна аст?

-   Ба воситаи чорабиниҳои сатҳи баланд ва рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар кишварҳои дигар мо ёру рафиқони хуб пайдо мекунем. Мисол, баъди барномаи якҷояи консертии мо дар Ӯзбекистон бо устодону ҳунармандони ӯзбек аз наздик шиносоӣ пайдо кардем. Масалан, дар Форуми байналмиллалии мақом дар шаҳри Шаҳрисабзи Ӯзбекистон иштирок карда, аз ҳунару фаъолияти ҳампешагон огоҳӣ ёфтем. Дар он форум соҳиби шоҳҷоиза низ шудем. Дар он ҷо аз ҷониби ҳунарманди ансамбли Шашмақоми ба номи Юнус Раҷабӣ – и Ӯзбекситон, Фазилат Ахмедова пешниҳод шуд, ки дар якҷоягӣ суруд иҷро кунем. Ин меҳрубониро мо хуш пазируфтем. Соли 2019 вақте дар Хуҷанд консерт намоиш додем, Фазилат Ахмедоваро даъват кардем. Он кас даъвати моро қабул карда омаданд. Якчанд суруд иҷро карданд. Дар ана ҳамон ҷо аввалин бор “Суруди дӯстӣ”- ро аз рӯйи ғазали Ниҳонӣ бо номи “Дӯстии бардавом” - ро иҷро кардем. Ин суруд низ дар китоби “Ҳамнавои дил” ҷо карда шудааст. Мо дар оянда боз нақшаҳои зиёди якҷоя бо ҳунармандони ӯзбек ва дигар ҳунармандони хориҷӣ дорем.

- Мактабҳои Шашмақом дар баъзе шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ амал мекунад. Нақши онҳо дар рушди Шашмақом чӣ гуна аст?

- Ана, барои ҷалб кардани ҷавонон ба Шашмақом нақши ин мактабҳои махсуси мусиқӣ хеле зиёд аст. Масалан, имрӯзҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Бохтар ва дар ноҳияи Файзобод ансамблҳо фаъолият доранд ва наврасону ҷавононро тарбия карда истодаанд.    Ду сол аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” якчанд чеҳраҳои навро кашф кардем.


- Шумо ҳамчун устоди Консерваторияи миллӣ нигоҳи ҷавононро ба санъатии миллии Шашмақом чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Медонед, Шашмақом мусиқии суннатӣ аст, ки ба таври маҷбурӣ ягон касро наметавонем ба ин жанр ҷалб созем. Ҳар кас вобаста ба завқу хоҳиши худаш интихоб мекунад. Касро маҷбурӣ ба Шашмақом ҷалб кардан кори ношуданист. Фикр мекунам, албатта, устодони гузаштаи мо, Ҳоҷиабдулазиз Расулов, Содирхонҳофизи Хуҷандӣ, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Нерӯё Аминов, Барно Исҳоқова бисёр оҳангҳои дилошӯбе дар такя ба пардаҳои Шашмақом сурудҳои олие эҷод намудаанд, ки мавриди истифодаи васеъ қарор дорад. Дар чорабиниҳою маъракаҳо аз онҳо пурсон мешаванд. Акнун вазифаи мо чӣ аст? Мо ҳам бояд дар сатҳи олӣ ба шунаванда расонем, то дилҳои эшон тасхир шаваду онҳоро ҷалб карда тавонем. Мо шогирдони хуб дорем ва боварӣ дорем, ки дар оянда онҳо бори Шашмақомро ба дӯш гирифта метавонанд. Яъне, идомадиҳандагони мусиқии ниёгон дар ҳама вақт пайдо мешаванд.

- Айни ҳол, ба фикри Шумо, дар соҳаи Шашмақом чӣ камбудӣ вуҷуд дорад?

- Шашмақом камбудӣ надорад. Камбудӣ дар мо ҳунармандон мешавад. Масалан, ҳар як ҳунарманд вобаста ба ҳунару истеъдоди худ, вобаста ба зарринии иҷроии худ нигоҳ карда, асарҳоро интихоб бояд кунад. Мисол, агар ман аз ӯҳдаи иҷрои асари калонҳаҷм намебароям, хуб аст, ки ба он даст назанам. Мо агар асарҳоро дар сатҳи устодон иҷро карда натавонем ҳам, ақаллан дар пайравии эшон бояд заҳмат кашида, як чизи арзишмандеро боқӣ гузорем, ки шунаванда хуш пазирад.


Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед