Ru  | Tj
Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”
Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”
Акс: Интернет

Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”

Нашр шуд

Густариш ëфтани робитаҳо миëни ду кишвари ҳамҷавор, Тоҷикистону Ӯзбекистон, на танҳо барои рушди иқтисодии ҳар ду мамлакат, инчунин барои ҳамкориҳои илмӣ низ заминаи хубе фароҳам овард. Маҳз барқарор гардидани робитаҳои илмӣ боис шуд, ки муҳаққиқони тоҷик ба бойгониву маъхазҳои дастнависҳои дар китобхонаҳои шаҳри Тошканд маҳфузбуда дастрасӣ пайдо намоянд. Дар ин росто дастрасии пажӯҳишгарон ба осори публитсистӣ ва нашрияҳои чопии оғози асри XXI қобили таваҷҷӯҳ аст.

Бо муҳаққиқи соҳаи журналистика Қироншоҳ Шарифзода, ки солҳои охир ба гирдоварӣ ва таҳқиқи нусхаҳои парешони нахустин рӯзномаи тоҷикии "Бухорои Шариф" машғул аст, дар бобати ҷустуҷӯи охирашон аз ин рӯзномаи таърихии миллати тоҷик, ки дар як сафарашон ба Ӯзбекистон қарор афтод, сӯҳбат оростем.

Шарифзода Қироншоҳ устоди фарҳехтаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои зиёд инҷониб ба таҳқиқи таърихи матбуоти тоҷик машғул буда, яке аз хотираҳои зиндаи матбуоти тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯро на фақат дар Тоҷикистон, балки берун аз он чун журналист-олими пухтакор мешиносанду қадр мекунанд.

- Шумо ҳамчун муҳаққиқи соҳаи журналистика густариш ëфтани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро чӣ гуна арзëбӣ мекунед?

- Муносибатҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони истиқлол таҳаввулотеро аз сар гузаронд. Яъне, то дараҷае ҳаводиси зидду нақиз дар робитаҳои ин ду кишвар дида мешуд. Агар дар оғози истиқлол муносибатҳо хуб буду роҳҳо кушодаву рафту омади мардум озод, вале ҳудуди 17 сол дар ин миëн, муносибатҳо то ҷое тираву хира гашт ва ин тирагӣ пеш аз ҳама ба мардум зарар расонд.

Чун тоҷику ӯзбек, ки садсолаҳо дар як минтақа зиндагӣ доштанд ва ҳатто як аср пеш давлатҳои ҷудогона ҳам набуданд, муносибатҳои хешу таборӣ байни ин ду халқ дида мешуд. Беҳуда ҳам намегуфтаанд, ки тоҷике нест забони ӯзбекиро надонад ва ё ӯзбеке нест, ки забони тоҷикиро нафаҳмад. Ҳарчанд дар расмият ин чиз камтар ба назар мерасид, вале муносибатҳо байни мардум хеле қавӣ буд. Лекин мутаассифона, тӯли 17 сол даврае пеш омад, ки байни ду ҷумҳурӣ раводид ҷорӣ шуд. Ин чиз албатта ба сокинони наздисарҳадӣ зарари сахт расонд. Инчунин ба муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ осори бад гузошт.

Хушбахтона, пас аз ба сари қудрат омадани президенти нави Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳо ранги дигар гирифт. Дар гарм шудани робитаҳо нақши Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон низ хеле калон аст. Аввалан, муносибатҳо ҳамчун ду ҳамсояи ҳамдигарфаҳм оғоз шуданд ва баъдан сафарҳои мутақобила миëни сарони кишварҳо анҷом ëфт, ки ин муносибатҳои фарҳангиву иқтисодиро боз ҳам қавитар гардонд. Албатта, ин нишонаи он аст, ки ду давлати ҳамсояву ҳамтақдир, аллакай ба ҷараëни муносибатҳои стратегӣ ворид шудаанд, ки ин на ба ҳамаи кишварҳои ҳамсоя даст медиҳад.

- Оё марзҳо барои пажӯҳишгарон, яъне олимон низ баста буд?

- Бале, табиист, ки марзҳо барои ҳама баста буд. Барои онҳо фарқе надошт, ки ту олим ҳастӣ ё муҳақиқ ва ё чизи дигар. Аз ҳамин сабаб дастрасӣ пайдо кардан ба маъхазҳои илмиву таърихӣ хеле душвориҳо дошт. Новобаста ба он ки, робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ кам-кам ба назар мерасид, аммо барои олимону пажӯҳишгарон қариб, ки чунин имконият даст намедод.

- Пеш аз кушодашавии сарҳадҳо ва гарм шудани равобит миëни ду кишвар, оë аз ҷониби ягон мақомоти Тоҷикистон барои дастрасӣ пайдо кардан ба дӯхтаи нашрияи "Бухорои Шариф" муроҷиат шудааст?

- Муроҷиати расмиро намедонам, вале дар навиштаҳои муҳаққиқону пажӯҳишгарони тоҷик дар мавриди дастрасӣ ва нусхабардории нашрияҳои аввалини мо, ки бештар дар бойгониҳои кишварҳои дигар, ба хусус дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон боқӣ мондаанд, тавассути ВАО муроҷиатҳо зиëд буд.

- Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон мавҷуд будани бастаҳои нашрияи "Бухорои Шариф" бароятон аз куҷо маълум буд?

- Дар ин бора муҳаққиқони тоҷик аз ҷумла Иброҳим Усмонов, Абдухолиқ Набавӣ, Пайванд Гулмуродзода, Усмонҷон Ғаффоров борҳо навишта буданд ва банда низ аз ҳамкасбони Бухороию Тошкандиамон шунида будам.

Моҳи августи соли 2018 ба шаҳри Тошканд ҳамчун раҳгузар рафта будам ва барои фаҳмидани вазъ ба Китобхонаи миллии Ӯзбекистон сар задам. Дар китобхона чун меҳмон будани маро донистанд, дар асоси шиноснома бароям як гузарномае навиштанд. Ман аз ин фурсат истифода бурда, тамоми толорҳои он ҷоро давр задам. Ба ман як роҳбаладе ҳамроҳӣ мекард ва хеле муомилаи хуш дошт. Ӯ маро ба шӯъбаи дастхатҳои китобхона бурд ва аз он ҷо дӯхтаи бастаҳои "Бухорои Шариф" - ро дарëфтем. Аммо он дӯхтаи нопурраи нашрия буд. Ман, ки аз таҷрибаи кор дар китобхонаҳо медонам, шакли пурраи дӯхтаи матбуоти даврӣ дар ду нусха нигаҳдорӣ мешаванд, яке барои хонандагон ва дигаре барои пажӯҳишгарон дар толори дигар. Барои ман чун муҳаққиқ, дидану варақ задани дӯхтаи пурраи нашрияи миллии аввалинамон "Бухорои Шариф" муҳим буд, бинобар ин, ба мудири шӯъбаи дастхатҳо ниятамро гуфтам. Онҳо фаҳмониданд, ки аз рӯйи низоми китобдорӣ бояд аз ҷои кору фаъолият бо мактуби расмие муроҷиат шавад. Пас бо ин ният бо ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ ҳоло вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода муроҷиат кардам ва эшон дархости маро хуб пазируфта, мактуби расмие ба унвони директори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон навиштанд ва маро ба муддати 5 рӯз ба шаҳри Тошканд ба сафари хизматӣ фиристоданд. Ин сафари ман охирҳои соли 2018 иттифоқ афтод ва ман 3 рӯз дар китобхона машғули мутолиа ва нусхабардорӣ шудам. Сараввал, тибқи нақшаи тартибдодаам "дӯхтаи тиллоии" "Бухорои Шариф" -ро варақгардону шуморабандӣ кардам ва дидам, ки дар ин ҷо ғайр аз як шумораи дигар ҳамаи нусхаҳо мавҷуданд. Баъдан 53 нусхаи дигари нашрияро дар шакли PDF - и тоза нусхабардорӣ кардем. Ин нусхаҳоро дар як ҳамоиши илмӣ, ки бахшида ба Рӯзи матбуот, дар факултет доир гардид, дар назди иштирокчиëни зиëд муаррифӣ намуда, ба Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супоридам.

- Устод Шумо дар бобати чӣ гуна дастрасӣ пайдо кардан ба 53 нусхаи боқимондаи "Бухорои Шариф" гуфтед. Он 100 шумораи пешинро чӣ хел дарëфт кардед?

- Соли 2012 дар арафаи 100 - солагии нашрияи "Бухорои Шариф" мо аз ҳамкасбонамон Салим Аюбзод ва Наҷмиддин Ковиëнӣ, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, аз мавҷудияти нусхаҳои электронии 80 шумораи "Бухорои Шариф" дар китобхонаи Донишкадаи байналмиллалии Амстердами кишвари Ҳолланд огоҳ шудем ва бо мадади корманди донишкада - доктор Тураҷи Атобакӣ ва дастгирию ҳимматбаландии раиси собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон академик Носирҷон Салимӣ ва собиқ муовини вазири корҳои хориҷӣ доктор Низомиддин Зоҳидӣ нусхаҳои электронии он 80 шумораро ба КМТ дастрас намудем.

- Оë аз ҷониби муҳаққиқони ӯзбек нашрияи "Бухорои Шариф" таҳқиқ шудааст?

- Ба таври мушаххас таҳқиқ нашудааст. Лекин дар навиштаҳои энсиклопедӣ, дар таърихномаҳои ВАО-и Ӯзбекистон аз "Бухорои Шариф" ном гирифтаанд. Дар мақолаҳои илмии муҳаққиқон бошад, номи "Бухорои Шариф" зикр шудаасту вале аксаран бе зикри нашрияи тоҷикӣ будани он.

- Миëни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ӯзбекистон оë тафовутеро мушоҳида кардед?

- Ба наздикӣ аз як сомонаи Ӯзбекистон хабаре хондам ба маъное ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супориш додааст, то китобхонаи калону нави замонавӣ бино кунанд. Фикр мекунам ин таассуроти президент Шавкат Мирзиëев аз дидани Китобхонаи миллии мо бошад. Аслан китобхонаи имрӯзаашон ҳам хуб ва кору хизматрасонии тамоми шӯъбаҳои он тибқи талаботи имрӯза ба роҳ монда шудааст ва ҳам имкониятҳои хеле хуб барои муроҷеъ фароҳам овардаанд. Фақат, шояд муносибати онҳо каме тафовут дошта бошад, ë бинобар меҳмон буданам он қадар бо илтифот сухан мекарданд ва хизматрасониаш низ ба таври аъло буд.

- Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон чи чизҳое мавҷуд аст, ки ба илми тоҷик дахл доранду то ҳол таҳқиқ нашудаанд?

- Агар илмҳои ҷомеашиносӣ ë филологӣ дар назар бошад, бо тамоми ҷузъиëташ шинос нашудаам. Лекин аз рӯйи назари иҷмолӣ метавон гуфт, ки дастхатҳои ба таърихи адабиëти мо тааллуқ дошта хеле зиёданд. Дар мавриди нашрияҳои даврӣ ҳаминро қайд кардан ба маврид аст, ки аксари нашрияҳои туркизабон, ки бештарашон газетаҳои ҷадидон буданду дар солҳои 1908 - 1913 аз 15-20 то 100-150 шумора ба табъ расидаанд нигаҳдорӣ шудаанд.

- Дар раванди сафар Шумо аз куҷоҳои шаҳри Тошканд дидан кардед?

- Мутаассифона, вақт бисëр танг буд ва имконият нашуд дигар китобхонаҳо ва марказҳои илмию таҳсилотии Тошкандро тамошо кунам. Ман бисëр мехостам, факултети журналистикаи он ҷоро бинам. Аслан, дар худи шаҳри Тошканд ду факултети журналистика мавҷуд аст, якум факултети журналистикаи анъанавии Донишгоҳи давлатии Тошканд ва дуввум бо номи Донишгоҳи журналистика ва иртиботи оммавии Ӯзбекистон вуҷуд дорад.

Бояд донишгоҳи мо робитаашро бо ихтисосҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои Ӯзбекистон ҳамаҷониба қувват бахшад.

- Сипос барои сӯҳбати самимӣ!

- Саломат бошед!

Тоҷикистон, Узбекистон, кишвар

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед