Ru  | Tj
Мирзоева Моҳира: “Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, зуд характери оммавӣ пайдо мекунад”
Мирзоева Моҳира: “Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, зуд характери оммавӣ пайдо мекунад”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Мирзоева Моҳира: “Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, зуд характери оммавӣ пайдо мекунад”

Нашр шуд

Мусоҳиба роҷеъ ба мақом ва ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар замони Истиқлол бо забоншинос ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзоева Моҳира.

- Аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ то имрӯз ин забон кадом марҳилаҳоро тай намуд?

- Аз як марҳила то марҳилаи дигар ҳар як забон таҳаввулоти муайянеро аз сар мегузаронад. Аз ин забони тоҷикӣ низ истисно нест. Дар баробари ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳо дар ҷамъият дар таркиби луғавии забон ҳам тағйирот ба вуҷуд меояд: калимаҳои нав ба истеъмол медароянд, вожаҳои дигар аз истеъмол мебароянд. Ҳамин гуна тағйирот дар забони тоҷикӣ ҳам ба миён омад. Азбаски он мақоми давлатӣ гирифт, тамоми саъю кӯшишҳо ба он равона гардид, ки забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ амал намояд: ҳуҷҷатнигорӣ, ки қаблан бо забони русӣ сурат мегирифт, бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуд, намунаи ҳуҷҷатҳо бо забони тоҷикӣ таҳия гардид, тарҷумаи як қисм истилоҳоти байналмилалӣ ҷараён гирифт, шӯроҳои дифои рисолаҳои номзадиву докторӣ ба фаъолият шурӯъ карданд, миқдори рӯзномаву маҷаллаҳо, шабакаҳои телевизиониву радиоӣ афзуданд ва дар натиҷа дастрасӣ ба шабакаи умумиҷаҳонии Интернет бо забони тоҷикӣ имконпазир гардид.     

- Оё имрӯз соҳибзабонон аз имконоти забони тоҷикӣ дуруст истифода бурда истодаанд?

- Албатта, соҳибзабонон аз имконоти забони тоҷикӣ вобаста ба дараҷаи забондониашон истифода мебаранд, аммо дар ин раванд махсусан нақши ВАО-ро дар тавсеаи забони давлатӣ зикр кардан бамаврид аст. Ба ибораи дигар, ВАО яке аз барандагони забони адабии тоҷикӣ дар марҳилаи муосири инкишофи забон мебошад. Соҳибзабонон забонро ғайр аз китобҳои дарсӣ аз медиаматнҳо меомӯзанд. Бинобар ин, забони матнҳои ВАО бояд беолоиш бошанд, зеро намунаҳои онро мардум ҳамчун гунаи дуруст қабул мекунад ва дар гуфтору навиштораш истифода мебарад. Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, он зуд характери оммавӣ пайдо мекунад ва ислоҳи он мушкил, ҳатто номумкин шуда мемонад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар забони ВАО чандин ғалатҳои «сахтҷон» мушоҳида мешавад, ки дар забони мардум ҳазм шудааст. Дар ин раванд худи соҳибзабонон низ бояд ҳушёриро аз даст надиҳанд ва дар мавридҳои баҳснок ба сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла фарҳангҳои тафсирӣ ва китобҳои дарсӣ муроҷиат намоянд.

- Имрӯзҳо кадом равандҳо ва зуҳурот мавҷуданд, ки боиси нуқс пайдо кардани забон гардидаанд?

- Дар марҳилаи муосир як қатор омилҳое мавҷуданд, ки боиси пайдо гардидани ғалатҳо дар гуфтору навиштори мардум гардидааст. Якум, сатҳи пасти забондонӣ, дуюм, таъсири мутақобилаи забонҳои ғайр ва сеюм, тарҷумаи таҳтуллафзӣ. Айни замон ин омилҳо боиси он шудааст, ки дар медиаматнҳо калимаҳо нодуруст ва бемавқеъ истифода шуда, воҳидҳои забон дар мавриди истеъмоли худ кор бурда намешаванд. Интихоби нодурусти воситаҳои грамматикӣ ба он оварда расонид, ки қолаби сунъии таркибҳои феълӣ ва ибораҳо пайдо шаванд, ки ба забони мо хос нест. Мисоли маъмулӣ: истифодаи бемавқеи пешоянди “аз” (ба ҷойи пасоянди “ро”) боиси пайдо шудани таркиби феълии дидан кардан - чашидан кардан шудааст (аз… дидан кардан // ба ҷойи: чизеро дидан, барои дидани чизе ё касе рафтан; аз хӯрок… чашидан кардан // ба ҷойи: хӯрокро чашидан).         

Ҳамчунин, зери таъсири матбуоти форс калимаву ибораҳое дар забон пайдо шуданд, ки ба табиати забони тоҷикӣ хос нестанд. Ҳанӯз устод Айнӣ гуфта буданд, ки «забони форсӣ дар луғат ва ҷумлабандӣ аз забони тоҷикӣ фарқ мекунад». Таваҷҷӯҳ намоед: барои аввалин бор (ифодаи форсӣ) // ба ҷойи: бори аввал, нахустин бор; бошад (форсӣ) ба ҷойи: хуб, ба чашм.

Тарҷумаи таҳтуллафзӣ ҳеҷ гоҳ натиҷаи хуб намедиҳад. Азбаски қисме аз медиаматнҳо аз манбаъҳои хориҷӣ дастрас карда мешаванд, журналистон онро оҷилан бармегардонанд. Бинобар сабаби надонистани табиати забони тарҷумашаванда дар матнҳои тарҷумакардаи онҳо ғалатҳо ба миён меоянд, ки ин боиси нигаронист.

Албатта, омилҳои дигар ҳам ҳаст. Масалан, эҳё кардани қолаби калимаҳое, ки хоси забони адабиёти классикӣ аст, аммо имрӯз истифода намешавад, аз қабили гуфтандӣ, рафтандӣ, навиштандӣ; ҳамвора ва ғ. Агар ин қолабҳо созгор мебуданд, онҳо имрӯз низ мавриди короӣ қарор мегирифтанд.

Омили дигар зуд-зуд тағйир ёфтани имлои забони тоҷикӣ мебошад. Мардум акнун ба як тарзи навишт ва истифодаи воҳидҳои забон мутобиқ мешаванд, ки ба имло тағйирот ворид мекунанд. Ин ҳам кори мутахассисон ва ҳам кори соҳибзабононро мушкил мегардонад. Чи қадаре ки қоидаҳои имло ба тағйирот дучор шавад, бунёди он ноустувор мегардад. Вақте ки қоидаҳои имло тағйир меёбад, он бояд дар ҳама ҷо – китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, луғатномаҳо, ҳуҷҷатҳо ва амсоли инҳо мавриди амалкард қарор гирад. Аммо мо инро мушоҳида намекунем. Гунаи имрӯзаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ низ як андоза баҳснок аст. Хуб мешуд, ки аъзоёни комиссияи татбиқи имлои забони тоҷикӣ паҳлӯҳои норавшани онро ба соҳибзабонон эзоҳ медоданд.

- Аксарият бар он назаранд, ки доираи истеъмоли забони тоҷикӣ маҳдуд буда, барои фарзандонашон омӯхтани забони хориҷиро авлотар медонанд. Ба ин чӣ назар доред?

- Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунад. Онҳое, ки фарзандонашонро дар макотиби олии хориҷа хононданӣ ҳастанд, бигзор дар паҳлӯи забони модарӣ забони хориҷиро ҳам омӯзонанд, зеро дар ҳар куҷое набошем, ҳеҷ гоҳ номи «тоҷик»-ро аз мо намерабоянд. Дар радифи забони модарӣ донистани забонҳои дигар низ аз манфиат холӣ нест.

- Барои гиромӣ доштани забон кадом воситаҳо мусоидат мекунанд?

- Мо – тоҷикон, барои пос доштани забони тоҷикии худ масъул ҳастем, зеро забон як рукни давлату миллат аст ва эҳтироми он аз эътироф кардани он сарчашма мегирад. Соҳибзабонон бояд забони модарии худро ба як василаи созанда табдил диҳанд. Ин забони дашному суханҳои қабеҳ нест, ин забони назм аст, ки табиати нарм дорад, рӯҳнавозу гӯшнавоз аст. Барои пос доштани асолати он мо бояд аз манбаъҳои муътамад – китобҳои бадеӣ, илмӣ, луғатномаҳо босамар истифода барем, воҳидҳои забонро бошуурона ва беғалат кор фармоем, онро бо луғати бегона, калимаву ифодаҳои кӯчагӣ олуда накунем. Коре кунем, ки ин забон фардо аз мо домангир нашавад ва моро дӯст дорад.         

- Ташакури зиёд барои суҳбат




«Оянда аз дунёи криптоӣ аст». Парвизҷон Розиқов дар бораи чӣ гуна мутахассиси IT-технология шудан қисса кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(188) "Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11198"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(119) "/tj/articles/talk/musharrafa_raeva_shakhse_ki_afkoru_raftori_nek_dorad_argiz_sukhani_sardu_durushtro_ba_zabon_nameorad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3600"
  ["CODE"]=>
  string(100) "musharrafa_raeva_shakhse_ki_afkoru_raftori_nek_dorad_argiz_sukhani_sardu_durushtro_ba_zabon_nameorad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3600"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(148) "Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8993"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(100) "/tj/articles/talk/to_ir_saidov_mo_tayi_chand_sol_az_chashm_dur_monda_boshem_am_ba_dil_nazdik_budem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2845"
  ["CODE"]=>
  string(81) "to_ir_saidov_mo_tayi_chand_sol_az_chashm_dur_monda_boshem_am_ba_dil_nazdik_budem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2845"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(55) "Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8935"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(49) "/tj/articles/talk/ro_oi_shinokhti_khabar_oi_feyk/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2779"
  ["CODE"]=>
  string(30) "ro_oi_shinokhti_khabar_oi_feyk"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2779"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(86) "Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8444"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5165"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(64) "/tj/articles/talk/sharifzoda_ironsho_dar_suro_i_bukhoroi_sharif/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2653"
  ["CODE"]=>
  string(45) "sharifzoda_ironsho_dar_suro_i_bukhoroi_sharif"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2653"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”

Другие новости