Ru  | Tj
Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад
Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад

Нашр шуд

Аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ки тайи чанд соли охир одоби муҳовара миёни мардум костааст. Ба забон овардани алфози қабеҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хосатан бозору нақлиётҳои мусофиркашонӣ ба як одати маъмулӣ табдил ёфтааст. Албатта ин чиз ҳусни забонро коҳонда аксари калимаҳоеро, ки гуфтанашон ба забон зебоӣ мебахшад, аз байн мебарад. Оид ба ин ва дигар масъалаҳои забон ва одоби муошират бо устоди ДМТ, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика Мушаррафа Ҷӯраева сӯҳбат намудем.

- Имрӯзҳо ба забон овардани алфози қабеҳ дар байни ҷомеа як кори маъмулӣ гардидааст. Ҳеҷ кас ба ин ҳолати бад аҳамият намедиҳад. Назари Шумо дар ин маврид чист?

- Мутаассифона, ба забон овардани алфози қабеҳ як воқеияти номатлуби замони мо гаштааст. Аз ҳама аҷибаш ин ки алфози қабеҳ барои бисёриҳо як чизи муқаррарӣ шудааст. Таассуфовараш он аст, ки ин падидаи номатлуб одамони сину соли гуногунро ҳам фаро гирифтааст. Агар одамони калонсол ба алфози қабеҳ мисли чизи муқаррарӣ муносибат намоянд, дар ин ҳолат тарбияи насли ҷавон чӣ мешавад? Гуфтори дағалу қабеҳ, на танҳо табъи атрофиёнро хира карда, онҳоро ранҷуру дилсарду рӯҳафтода мегардонад, балки барои худи он шахсе ҳам, ки дағалу қабеҳгуфтор аст, натиҷаҳои нохуб медиҳад. Ба зиндагию рӯзгори ӯ таъсири ногувор расонида, ҳатто ба оқибатҳои нохуш оварда метавонад. Алфози қабеҳ баракати худи одам ва рӯзгорашро аз байн мебарад, обрӯяшро коста мегардонад ва атрофиён оҳиста-оҳиста аз ӯ дур шуда, аз сӯҳбаташ канораҷӯйӣ мекардагӣ мешаванд. Ба ин падидаи ногувор ҷомеашиносон ва махсусан, психологҳо баҳои дурусти илмӣ дода, таъкид менамоянд, ки қабеҳгуфторӣ дар баробари баракати ҳаёти одамро аз байн бурдан, боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна бемориҳои табобатнашаванда низ мегардад.


- Аксарият сухани дурушту дағалро 50% - и муваффақияти кор меҳисобанд. Ин ақида то кадом андоза дуруст аст?

- Ин ақида комилан нодуруст аст. Гуфтори дурушту дағал ҳаргиз ҷойи сухани нарму накӯро гирифта наметавонад ва гузашта аз он, ҳаргиз таъсиргузор нест. Агар таъсир ҳам кунад, танҳо таъсири манфӣ бахшида, дар дили шунаванда, ҳатман ҷароҳате мегузорад.

Ба некӣ чу гардан ниҳад рӯзгор,

Дуруштию гармӣ наояд ба кор,

Ба некӣ барорад басе чиз мард,

Ки он барнаояд ба ҷангу набард, - мефармояд Абушакури Балхӣ, яъне ба рӯзгоре, ки хушмуомилагӣ, нармгуфторӣ одат шудааст, он ҷо ба дағалгуфторию дилозорӣ роҳ нест.

Андешаи ҳакимонаи Носири Хусравро бояд ҳаргиз фаромӯш накунем:

Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,

Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.

- Сабаб чист, ки то ҳол муоширати мардум дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо забони адабии гуфтугӯйӣ сурат намегирад?

- То ҳол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба забони адабии гуфтугӯйӣ сурат нагирифтани муоширати мардум якчанд сабабҳои иҷтимоию ҷамъиятӣ дорад. Барои он ки забони адабии гуфтугӯйиро мардум ба асос гиранд, пеша аз ҳама бояд аз он бохабар бошанд. Барои аксарияти мардуми мо забони адабӣ танҳо забони адабии китобӣ аст. Вақте ки забони гуфтугӯйӣ мегӯем, ҳатман забони лаҳҷаву шеваҳо пеши назар меояд. Ин ақида ҳатто дар миёни олимону донишмандон низ мавҷуд аст, зеро онҳо ҳамчун олиму муҳаққиқ ҳатман нишонаи грамматикиро ҷустанӣ мешаванд. Аммо забони муошират ба грамматика сари кор надорад. Дар услуби забони муошират ифодаҳои муайяне, ки дар ҳолатҳои муайяни нутқ аз ҷониби гӯянда ба шунаванда ба кор бурда мешаванд, мавқеи муҳим доранд. Ба ибораи дигар, дар забони тоҷикӣ ҳам, мисли тамоми забонҳои олам воҳидҳои махсуси одоби гуфтугӯ мавҷуданд, ки асоси одоби муоширатро ташкил медиҳанд.

Омили дигари нигаронкунанда дар муассисаҳои таълимӣ набудани дарси одоби муҳовара аст. Дар тамоми дунё ҳанӯз аз миёнаҳои асри гузашта аз муассисаҳои томактабӣ сар карда тадриси фанни одоби гуфтугӯ ба роҳ монда шудааст ва дар навбати худ олимони ин давлатҳо таҳқиқоти зиёдеро анҷом додаанд. Ба ибораи дигар, таълими бевоситаи ин фан барои бо забони адабӣ муошират кардан, мусоидат хоҳад кард.


- Асоси ҳусни рафтору гуфтори инсон чист?

- Асоси ҳусни рафтору гуфтори инсонро назокату одоб ташкил менамояд. Шартҳои одоб - ҳисси меъёр, самимияти муносибат, маҳорати ба иззати нафси дигарон нарасидан, қобилияти худидоракунӣ ва мулоҳизакорӣ дар муомила бо дигаронанд. Яке аз зуҳуроти оддитарини маърифати инсонӣ ҳалимӣ ва хушмуомилагии ӯст.

- Гуфтори бештари ҷавонон имрӯз бо калимаҳои тоҷикиву русӣ омехта мегардад. Ба назари Шумо ин ҳолат чӣ оқибатеро дар худ дорад?

- Омезиш додани унсурҳои забони модарӣ ва забони русӣ танҳо хоси ҷавонон нест. Дар миёни насли калонсол ҳам шахсоне ҳастанд, ки ҳангоми сӯҳбат ба ин гуна омехтагиҳо роҳ медиҳанд. Як сабаби ин падида заиф будани захираи луғавӣ бошад, сабаби дигар, беэътиноӣ ба забони модарӣ аст. Ман ҳамеша фарзандону шогирдонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ тарғиб мекунам, чунки ин талаботи замон аст. Ба ҷавонони имрӯза донистани камаш як ё ду забони хориҷӣ ва махсусан, забони русӣ ниҳоят муҳим мебошад. Аммо дар баробари ин таъкид мекунам, ки барои забони хориҷиро аз худ кардан, заминаи боэътимод доштан лозим ва ана ҳамин заминаи боэътимод забони модарӣ аст. Вақте ки шумо бо забони модарӣ сӯҳбат мекунед, кӯшиш намоед, ки комилан ба забони тоҷикӣ сӯҳбат кунед ва агар ба забони русӣ, пас, пурра бо ин забон сухан ронед. Доманаи имконоти забони тоҷикӣ он қадар фарох аст, ки барои ифодаи тамоми мафҳумҳо мерасад.

Масъалаи дигар, истилоҳот аст ва дар ин масъала ман тарафдори он ҳастам, ки агар дар забони тоҷикӣ муодили мувофиқ, - калимаи аслии тоҷикӣ набошад, як истилоҳи байналмилалиро бо ягон калимаи иқтибосии арабӣ иваз кардан чандон ба мақсад мувофиқ нест. Ҳар шахси сухангӯй бояд сухансанҷ бошад. Расидан ба ин мақом саъю кӯшиш ва мутолиаи муттасилро талаб мекунад ва дар сурате шахс аз ин шуғл самараи дилхоҳ ба даст меорад, ки забонро дӯст дорад ва ба забономӯзӣ шавқи беандоза дошта бошад. Махсусан, забони модариашро дӯст дошта бошад. Ҳар касе, ки забони модариашро дӯст дорад, ба дигар забонҳо низ эҳтиром мегузорад.

- Инсон чӣ кор бояд кунад, ки нармгуфтор шавад?

- Дар ин бобат консепсияи безаволи Зардушт роҳнамо аст: пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек. Шахсе, ки афкори ӯ нек аст, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон гирифта наметавонад ва ҳамчунин ҳаргиз ба кирдори зишт даст намезанад:

Сухан нарм гӯй, эй ҷаҳондида мард,

Маолой лабро ба гуфтори сард. - фармудааст Абулқосим Фирдавсӣ.


- Аксарият "ту" ва "Шумо" - ро ба маҳал рабт медиҳанд. Ҳол он ки инҳо дурдонаҳои фарҳанги миллӣ ҳастанд. Ба ин гуфтаҳо Шумо чӣ назар доред?

- Воқеан, ин гуна ақида вуҷуд дорад, ки нисбат ба шахси дуюми танҳо бо “Шумо” муроҷиат кардан танҳо ба аҳолии минтақаи шимоли Тоҷикистон хос бошад. Муҳаққиқи ҷонишинҳои забони тоҷикӣ Б. Сиёев тахмин мекунад, ки истеъмоли ҷонишини "Шумо" нисбат ба шахси танҳо дар ибтидо фақат дар асоси муносибатҳои расмӣ ба вуҷуд омада, тадриҷан ба он маънои ҳурмату эҳтиром илова шудааст. Ба ибораи дигар, эҳтиромро расмият ба чорчӯбаи муошират даровардааст. Воқеан, ин нуктаи назар беасос нест. Аз рӯи ақидаи муҳаққиқи лаҳҷаҳои тоҷикӣ В.С. Расторгуева дар маънои ҳурмату эҳтиром васеъ истифода шудани "Шумо" дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон сабаби наздик будани мавзеи мазкур ба хонадону маъмурияти аморат аст. Барои исботи ин гуфтаҳо истеъмол нашудани ҷонишини "Шумо"-ро нисбат ба шахси танҳо дар шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ ва танҳо солҳои охир дар маънои эҳтиром ҷорӣ шудани онро дар ин мавзеъ далел меоранд. Ҳоло ки забони тоҷикӣ дар мақоми давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт рушд мекунад ва Тоҷикистони азизи мо бо аксари мамолики олам робитаҳои дипломатиро ба роҳ мондааст, мо - соҳибзабонон вазифадорем, ки ба ин мақом сазовор бошему дар муносибатҳои расмию ғайрирасмӣ муоширати сазоворро ба роҳ андозем ва бинобар ин, сарфи назар аз мансубияти минтақавӣ ба ҳамдигар "Шумо" гуфтанро ёд гирем.

- Вайрон шудани одоби муҳовара бештар дар байни ҷомеа, хусусан дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва бозору кӯчаҳо ба назар мерасад. Шумо чӣ пешниҳод доред, то ки шарти одоб дар ҳамаҷо риоя шавад?

- Нақлиёти ҷамъиятӣ як соҳаи муҳимми ҷамъиятист, ки дар он муоширати ғайриихтиёри одамон сурат мегирад. Мутаассифона, дар ин соҳаи ҳаётан муҳим ҳусни муносибату муошират беҳбудии ҷиддӣ металабад. Дар хотир нигоҳ доштан лозим аст, ки ҳам дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳам дар роҳҳои мошингард ҳуқуқи ҳама баробар аст, яъне ҳам ронандагон, ҳам мусофирон, ҳам пиёдагардон ва махсусан, пулчинҳо (кондукторҳо) ҳуқуқу вазифаҳои муайян доранд, Аз нуқтаи назари одоби муошират ҳамаи ин касони номбаршуда, на танҳо бояд ҳуқуқҳояшонро донанд, балки вазифаҳои бевоситаеро, ки ҷамъият ҳамчун оини шаҳрнишинӣ талқин мекунад, фаромӯш накунанд. Нисбат ба ҳамдигар таҳаммулпазир будан ва ҳамдигарро эҳтиром кардан шарт ва зарур аст.

Ба лутфу марҳамат дилҳо нигаҳ дор,

Кас аз дасту забони худ маёзор!

                       Фаридаддини Атто




19 соли қаҳрамонии Қаҳрамон. Аввалин мусоҳибаи васеъ бо чеҳраи шинохтаи “Хандинкамон”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(205) "Каримҷон Ғафуров: «‎Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад»‎"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14015"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(124) "/tj/articles/analytics/karim_on_afurov_a_v_dar_barobari_bolidar_sokhtani_mardum_boyad_anbai_akhlo_iyu_tarbiyav_niz_doshta_b/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4522"
  ["CODE"]=>
  string(100) "karim_on_afurov_a_v_dar_barobari_bolidar_sokhtani_mardum_boyad_anbai_akhlo_iyu_tarbiyav_niz_doshta_b"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4522"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Каримҷон Ғафуров: «‎Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад»‎

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(166) "Мирзоева Моҳира: “Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, зуд характери оммавӣ пайдо мекунад”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13132"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(105) "/tj/articles/talk/mirzoeva_mo_ira_yak_alate_ki_dar_vao_paydo_meshavad_zud_kharakteri_ommav_paydo_mekunad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4237"
  ["CODE"]=>
  string(86) "mirzoeva_mo_ira_yak_alate_ki_dar_vao_paydo_meshavad_zud_kharakteri_ommav_paydo_mekunad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4237"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Мирзоева Моҳира: “Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, зуд характери оммавӣ пайдо мекунад”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(148) "Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8993"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(100) "/tj/articles/talk/to_ir_saidov_mo_tayi_chand_sol_az_chashm_dur_monda_boshem_am_ba_dil_nazdik_budem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2845"
  ["CODE"]=>
  string(81) "to_ir_saidov_mo_tayi_chand_sol_az_chashm_dur_monda_boshem_am_ba_dil_nazdik_budem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2845"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(55) "Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8935"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(49) "/tj/articles/talk/ro_oi_shinokhti_khabar_oi_feyk/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2779"
  ["CODE"]=>
  string(30) "ro_oi_shinokhti_khabar_oi_feyk"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2779"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ

Другие новости