Ru  | Tj
Ораш Алоӣ: "Каронавирус аз байн намеравад..."
Ораш Алоӣ: "Каронавирус аз байн намеравад..."
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Ораш Алоӣ: "Каронавирус аз байн намеравад..."

Нашр шуд

Пандемияи каронавирус айни замон яке аз мушкилоти мураккаби ҷомеаи ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки то имрӯз зиёда аз 179 млн. аҳолии дунё ба он сироят ёфтаанд. Дар робита ба бемории COVID-19 бо табиби машҳури эронитабори муқими Амрико, сарвари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии Ню‑Йорк Ораш Алоӣ сӯҳбат анҷом додем. Доктор Ораш Алоӣ яке аз мутахассисони варзидае мебошанд, ки дар давраи пандемияи каронавирус ҳамеша дар канори ҷомеа буда ва тавсияҳои хуби худро пешниҳоди мардум менамуданд.


Ораш Алоӣ барои хизматҳои назаррас, соли 2021 аз ҷониби Тоҷикистон сазовори ҷоизаи "Коршиноси сол" гардиданд.

‑ Дар мавриди пайдоиши коронавирус фарзияҳои зиёде мавҷуд аст. Пеш аз ҳама мегуфтед, ки назари Шумо роҷеъ ба пайдоиши вируси COVID‑19 чӣ гуна аст?

- То имрӯз ягон далели илмӣ мавҷуд нест, ки ба дасти башар эҷод шудани ин вирусро исбот бикунад. Як гурӯҳи мутахассисон мегӯянд, ки сабаби пайдоиши каронавирус дар он аст, ки вируси мазкур солҳои сол дар бадани кӯршапарак будааст ва аз он ба мурчахоре, ки пулак дорад, сироят ёфтааст. Дар шаҳри Ухан ин навъи мурчахорро истеъмол мекунанд. Бо ин роҳ вирус ба вуҷуди инсон роҳ ёфтааст. Гурӯҳи дигаре бар ин назаранд, ҳангоми кор дар озмоишгоҳи Ухан, ки мутахассисон кӯршапаракҳо ва ин навъи вирусҳо меомӯхтанд, аз беэҳтиётӣ вирус аз озмоишгоҳ ба берун роҳ ёфтааст.

‑ Аввалҳои пайдоиши коронавирус мардуми ҷаҳон дар таҳлука афтода буданд. Тавре мушоҳида мекунем, бо гузашти чанд муддат тарси ҷомеа қариб, ки аз байн рафтааст. Тарс аз ин вирусро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Агар мо аз душман битарсем, душман ғалаба мекунад. Пас, мо ки душманро мешиносем, роҳҳои муқобилият бо онро медонем ва набояд аз он битарсем. Аммо агар онро содда бидонем, бар муқобили он мубориза набарем ва худро ҳимоя накунем, душман бар мо ғолаба хоҳад кард. Пас, бар муқобили каронавирус бояд ба таҳлука наафтида ва ҳушёриро низ аз даст надиҳем. Бояд аз хотир набарорем, ки вируси COVID‑19 ҳиллагар, фиребкор ва хеле зирак аст.

‑Вируси мазкур ҳудудан чанд муддат дар ҳаво зинда мемонад?

- Ба ҳавои он минтақа вобаста аст. Дар фазои баста зиёдтар зинда мемонад. Ба ҳамин хотир, ҳамеша таъкид мекунам, ки бояд тирезаҳои хона, утоқи кор, ва нақлиётҳои ҷамъиятиро боз намоем, то ҳавои тоза вориди ин маконҳо бишавад. Дар ҳавои озод вирус зиёд зинда намемонад, бинобар ин, мо ҳамеша тавсия медиҳем, ки агар дар дохили маконҳои баста ҳастед, тирезаҳоро боз намоед, то вирус ба берун барояд. Дар ҳавои озод вирус зудтар мемирад.

‑ Мутахассисон мегуфтанд, ки хуруҷи вирус ба гармиву сардӣ вобаста аст. Гӯё дар сардӣ зинда мегардиду дар гармӣ аз байн мерафт. Вобаста ба вазъияти имрӯза ин гуфта аз воқеият дур аст?...

- Ин як гумон буд. Дар муддати зиёда аз як сол мо мушоҳида намудем, ки вируси мазкур дар минтақаҳои гарм низ мавҷуд буда метавонад. Пас, гармиву сардии ҳаво барои аз байн бурдани вирус нақше надоранд. Чаро? Чун вируси ҳиллагар дар ҳаво зиёд намемонад ва он ҳамеша мунтазир аст, ки вориди вуҷуди инсон гардад. Вақте мо онро вориди бинӣ, галӯ ва ё шуш мекунем, ӯ амон меёбад.


‑ Каронавирус ба вуҷуди инсон бо кадом роҳҳо ворид мешавад?

- Тариқи бинӣ, даҳон ва чашм ба бадан ворид мешавад. Ба ин сабаб, ҳамеша таъкид мекунем, ки ниқоб пӯшед, то роҳи даҳону бинии худро бубандед ва дастҳоро ҳамеша бишӯед, то ки ба воситаи даст тариқи чашму даҳон ва бинӣ вориди шуш нашавад. Агар ин никтаҳоро риоя намоем вирус вориди бадан намешавад. Вақте вирус вориди даҳону бинӣ шуд ба гулӯ меравад ва ба ҳуҷайраҳое, ки дар бинӣ ва гулӯ ҳастанд, мечаспад. Вирусҳо барои зинда мондан ниёз доранд, ки ба ҳуҷайраҳои зиндаи бадан бичаспанд. Ин ҳуҷайраҳо дар бинӣ, гулӯ ва шуш ҳастанд. Пас, вирус вақте вориди бадан мешавад, ба ҳуҷайраҳои бинӣ, гулӯ ва шуш часпида, он ҳуҷайраҳоро аз байн мебарад ва худро рушд медиҳад. Вақте ки дар бадани инсон теъдоди вирус зиёд гардид, вуҷуди бемор табиатан ба муқобилият шурӯъ мекунад.

‑ Нишонаҳои каронавируси дар шакли нав хуруҷнамуда кадомҳоянд?

- Нуктаи муҳим ин аст, ки нишонаҳои намуди нави вирус аз намуди қаблӣ фарқ доранд. COVID- 19 метавонад дар инсон бо доштани ҳолатҳои сурфа ва баландшавии ҳарорат, аз байн рафтани ҳиси маззаву бӯй, дарунравӣ, беҳолӣ, дарди бадан ва нафастангӣ худро нишон диҳад. Нишонаҳои намуди нав обрезиши бинӣ, гулӯдард ва сардард мебошад. Шахсе, ки обрезиши бинӣ ва галӯдард дорад агар тавонад аз ташхис гузарад ва дар хона бимонад.

‑ Тавсияҳои Шумо ба мардум...

- Пеш аз ҳама тамоми қишри ҷомеа бояд ниқоб бубанданд, фосиларо на кам аз якуним метр риоя намоянд, дастҳои худро мунтазам бо обу собун бишӯянд, ҳамеша ҳавои дохили хонаро тоза нигоҳ доранд ва тирезаҳоро боз намоянд. Шахсоне, ки сироят ёфтаанд ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: нишонаҳои вазнин дошта ва нишонаҳои сабук дошта. Аз 80 то 85 фоизи одамони сироятёфта ниёзе ба табобати ихтисосӣ надоранд. Онҳо бояд дар хона бимонанд ва алоқаи худро бо хонавода қатъ намоянд. Ҳамчунин дар ҳуҷраи алоҳидае худро карантин кунанд, тирезаро боз намоянд ва табиби оилавиашонро дар ҷараён қарор бидиҳанд.

Шахсоне, ки зуд‑зуд нафас мекашанд, яъне ҳолатҳои нафастангӣ доранд, бояд ҳатман ба беморхона бираванд ва таҳти назорати духтурон бошанд.

‑ Лайло Аҳмадӣ - мутахассисе, ки дар Чин фаъолият мекунад, гуфта буд, ки истеъмоли лимӯ дар замони пандемия бар манфиат аст. Шумо кадом намудҳои маҳсулоти ғизоиро тавсия медиҳед?

- Ягон маҳсулоти ғизоӣ вирусро ба пуррагӣ нобуд карда наметавонад. Маҳсулоти ғизоӣ барои баланд бардоштани масунияти бадан нақши муҳим мебозанд. Бисёр хуб аст, агар мардум барои тақвияти иммунитет аз сабзавоту меваҷоти табиӣ истифода намоянд. Аммо ин, маънои онро надорад, ки сабзавоту меваҷот метавонад роҳи сироят ёфтан ба вирусро бигирад. Танҳо тавсия мекунам, ки аҳолӣ аз меваҷоту сабзавоти табиӣ, ки аз витаминҳо ғанӣ ҳастанд, истеъмол намоянд ва бо ин роҳ худро қавӣ нигаҳ доранд, то бар зидди вирус бадани онҳо муқобилият карда тавонад.

‑ То имрӯз якчанд навъи ваксинаҳо аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъйид гардида ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст? Гирифтани ваксина чӣ манфиат дорад?

- Ваксинаҳо барои пешгирии фавт ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле манфиатовар аст. Касоне ки ваксина мегиранд, аз омилҳои фавт ва шадид шудани беморӣ дар канор мемонанд. Аз ҳар сад нафаре, ки сироят меёбанд ду‑се ҳолати фавт ба қайд гирифта мешавад, аммо вақте ки ваксина мегиранд, ҳолати фавт аз байн меравад, ки ин хеле муҳим аст.

‑ Пас аз гирифтани ваксина дар бадани инсон кадом оризаҳо ба вуҷуд меояд?

- Дар баъзе шахсон дар ҷойе, ки ваксина мегузаронанд чанд рӯз дард пайдо шуда, беҳолӣ ва ҳароратбаландӣ ба вуҷуд меояд, ки ин нишонаҳо нигаронкунанда нестанд. Ин танҳо посухи бадан ба воксина асту халос.

‑ Мардум ба воксинаҳое, ки пешниҳод шудаанд, на он қадар эътимод доранд. Ба назари Шумо сабаби ин беэътимодӣ дар чист?

- Мардум бояд ба илм таваҷҷӯҳ намояд. Имрӯз интернет ва расонаҳои иҷтимоӣ имконияте ба вуҷуд овардаанд, ки маълумот бо суръат паҳн мешавад. Дар баробари маълумотҳои дуруст инчунин маводҳои ғайриилмӣ ва фиребкорона низ пахш мешаванд. Мардум бояд ба илм, ба ҳарфи олимон, ба ҳарфи созмонҳои тандурустӣ, вазоратҳои беҳдошту тандурустӣ ва донишмандону олимони соҳа гӯш бидиҳанд.

Ваксинаҳо самаранок ҳастанд. Кишварҳои зиёди дунё ваксинаҳоро истифода карданд ва агар он зарар дошт, мардум онро тазриқ намекарданд. Миллионҳо мардуми сайёра ваксина гирифтан. Аҳолӣ бояд ба Вазорати тандурустӣ бовар намоянд ва ҳатман ваксинаро бигиранд, то худро аз хатароти манфӣ эмин нигоҳ дошта тавонанд.

‑ Оё занони ҳомила низ бояд ваксина гиранд?

- Занони ҳомила низ метавонанд, ки ваксина гиранд. Шахсоне, ки бемориҳои дил, қанд, гурда доранд ва нафароне, ки синнашон аз 60 сол боло аст, бояд ваксина бигиранд.

‑ Зани ҳомилае, ки сироятёфтааст, таъсироти вирусро ба кӯдаки дар батнбудааш низ интиқол медиҳад?

- Ба кӯдаки дар батнбуда таъсир намерасонад, танҳо замони таваллуд ҳавои дохили утоқ бояд тоза бошад. Инчунин, тариқи шир низ ба кӯдак вирус сироят намешавад.


‑ Ба назари Шумо бо кадом омилҳо дар Тоҷикистон коронавирус дубора пайдо шуд?

- Мо бо як беморие рӯ ба рӯ ҳастем, ки дунёро фаро гирифтааст. Вирус ягон сарҳадотро намешиносад. Шумо кишваре ҳастед, ки дар минтақаи ҷанубӣ бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳастед ва медонем, ки вируси нав аз Ҳиндустон ба Афғонистон рафтааст ва бо ин роҳ вориди Тоҷикистон низ шудааст. Ҳоло, ки дар рӯзҳои аввал қарор дорем, хеле муҳим аст, то дар ин марҳала бо вирус муқобилият нишон диҳем ва онро маҳв намоем. Тоҷикистон дар соли гузашта таҷрибаи хубе дошт. Вақте ки дар фаслҳои тобистону тирамоҳ беморӣ авҷ гирифт, мардуми тоҷик бо роҳбарии Ҳукумат, Вазорати тандурустӣ, журналистон ва созмонҳои ҷаҳонӣ даст ба дасти ҳам доданд ва вирусро маҳв карданд. Чанд муддат кишвар бидуни вирус буд. Ҳоло, ки беморӣ дубора хуруҷ намудааст, бояд аз таҷрибаи гузашта истифода кунед. Мардум бояд ба воҳима дода нашаванд ва аз кӯмакҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ низ бебаҳра набошанд.

‑Баъзе мутахассисон бар он назаранд, ки каронавирус ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад ва мардум онро ҳамчун як навъи зуком қабул хоҳанд кард. Назари Шумо роҷеъ ба ин андеша чӣ гуна аст?

- Коронавирус аз байн намеравад. Мардум чӣ гуна бо ин вирус ҳамроҳ зиндагӣ карданро бояд биомӯзанд. Ин вирус аз қабл бо башарият будааст. Садҳо намуди вируси корона мавҷуд аст, ки онҳо нест намешаванд. Муҳим ин аст, ки аҳолӣ онро бишиносанд ва ҳамеша гигиенаро риоя намоянд. Агар 85 фоизи аҳолии сайёра ваксина бигиранд он вақт вирусҳо кам мешаванд, вале аз байн намераванд.

Агар тамоми нуктаҳои дар боло зикргардида аз ҷониби аҳолӣ риоя бишавад, метавонем, ки ба ҳаёти қабл аз вирусӣ, баргардем.

‑ Ташаккури зиёд!

- Саломат бошед!



Сӯҳбат дар атрофи китоби “Худоё, худро бишносам”-и Расул Ҳодизода

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(97) "“Ҷилои нигин”: Чӣ тавр маъюби гурӯҳи якум тарроҳ шуд"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "9296"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "6129"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(73) "/tj/articles/education/_iloi_nigin_ch_tavr_mayubi_gur_i_yakum_tarro_shud/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2976"
  ["CODE"]=>
  string(49) "_iloi_nigin_ch_tavr_mayubi_gur_i_yakum_tarro_shud"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2976"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

“Ҷилои нигин”: Чӣ тавр маъюби гурӯҳи якум тарроҳ шуд

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(106) "Иштирокчии ҶБВ: “Ҷанг ин сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8492"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5877"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(79) "/tj/articles/our_people/ishtirokchii_bv_ang_in_sarchashmai_amai_badbakhti_ost_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2670"
  ["CODE"]=>
  string(54) "ishtirokchii_bv_ang_in_sarchashmai_amai_badbakhti_ost_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2670"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Иштирокчии ҶБВ: “Ҷанг ин сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳост...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(105) "Чӣ тавр навраси 14 сола “трактори ҳамакора” ихтироъ кард?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8238"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5025"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(78) "/tj/articles/our_people/ch_tavr_navrasi_14_sola_traktori_amakora_ikhtiro_kard/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2577"
  ["CODE"]=>
  string(53) "ch_tavr_navrasi_14_sola_traktori_amakora_ikhtiro_kard"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2577"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Чӣ тавр навраси 14 сола “трактори ҳамакора” ихтироъ кард?

Другие новости