Ru  | Tj
Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ
Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ
Аксҳо аз саҳифаи фейсбуки Ҷамшеди Маъруф гирифта шудаанд

Роҳҳои шинохти хабарҳои фейкӣ

Нашр шуд

Дар замони имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма хабарҳои зиёди гуногуне паҳн мегарданд, ки на ҳамаи онҳо асоси воқеӣ доранд. Имрӯзҳо фазои иттилоотии ҷаҳони муосир дар зери анбӯҳи хабарҳои фейкӣ қарор доранд. Фазои иттилоотиву маҷозии Тоҷикистон ҳам аз ин истисно нест. Хабарҳои фейкие, ки дар чанд ҳафтаи ахир паҳн шудаанд, далели ин гуфтаҳост. Оид ба фаҳмиш, шинохт ва паҳлӯҳои хатарноки ин гуна хабарҳо бо ҳаммуаллифи нахустин плафтформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон, сармуҳаррири сомонаи Factcheck.tj, журналист-далелсанҷ Ҷамшед Маъруф сӯҳбат оростем, ки фишурдаи онро манзури Шумо мегардонем.


- Салом устод!

- Салом!

- Устод, сараввал мегуфтед, ки сомонаи Factcheck.tj кай таъсис ëфтааст ва самти фаъолияти он кадом аст?

- Нахуст, 30-уми августи соли 2018 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи худро боз кардем. Сипас, моҳи сентябри ҳамин сол нахустин плафтформаи далелсанҷӣ дар Тоҷикистон бо номи Factcheck.tj ба фаъолият оғоз намуд, ки яке аз ҳаммуаллифони он Рустам Гулов низ ҳаст.

Самти асосии фаъолияти сомона ба хотири мусоидат намудан баҳри муқовимат ба паҳни хабарҳои бофта дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути роҳандозӣ ва рушди институти далелсанҷӣ равона гаштааст. Кунун, соли сеюм аст, ахборе, ки дар фазои иттилоотиву маҷозии Тоҷикистон нашру паҳн мешавад, мавриди санҷиш қарор медиҳем. То имрӯз тақрибан беш 300 иттилоъро санҷида, дурӯғ ë ҳақиқат будани онро муайян намудаем.

- Далелсанҷӣ зуҳуроти нав аст, ë он қаблан низ вуҷуд дошт?

- Аслан, далелсанҷӣ чандон майлони наве нест ва пештар ҳам вуҷуд дошт. Ҳанӯз дар донишгоҳ таҳсил мекардем ва ё дар хабаргузориҳо фаъолият мебурдем, устодону муаҳаррирони мо таъкид мекарданд, ки хабарро бояд на кам аз се манбаъ мавриди санҷиш қарор дод. Вале мутаассифона, таҷрибаи далелсанҷӣ нишон дод, ки на ҳамеша бархе аз журналистон ва ё ВАО ё умуман, он нафароне, ки бо иттилоот сари кор мегиранд, аз ин усул пурра истифода мебаранд. Ҳатто дар баъзе маврид риоя ва ё санҷиши ин ё он мавод анқариб ба назар намерасад. Имрӯз танҳо он журналистон ва ВАО-е, ки ба фаъолияти худ арҷ мегузорад ва мухотабони худро эҳтиром мекунад, ҳар чӣ бештару пештар иттилооти саҳеҳро пешкаш менамояд.


- Вазифаи далелсанҷ аз чӣ иборат аст?

- Сабаби пайдоиши далелсанҷиро коршиносон ба рушди техникаву технология ва паҳни зиёди хабарҳои бардурӯғ низ рабт медиҳанд. Вале ҳадафи асосии кори далелсанҷ на ҷустуҷӯйи дурӯғ, балки муайян кардани ҳақиқати далелҳо ва муқоисаи маълумотест, ки аз сӯйи ин ё он ниҳод ва афроди шинохта паҳн ва ё эълон шудаанд. Далелсанҷ барои санҷиши дурустии изҳорот танҳо аз маълумоти манбаъҳои боз, яъне расмӣ васеъ истифода бурда метавонад. Мавзӯи омӯзиши далелсанҷӣ асосан изҳороти оммавии шахсони мансабдор ва маводи расонаҳо буда метавонад. Аммо танҳо он мавзӯъ ё объектҳое метавонанд барои далелсанҷӣ интихоб шаванд, ки ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

- далелу арқом доранд;

- ба таври оммавӣ паҳн шудаанд;

- аҳамияти иҷтимоӣ дошта бошанд ва ба таври густурда дар расонаҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн гаштаанд.

Иттилоъ ва ё маълумоти аз манбаъҳои боз дарёфтшуда метавонад, ҳамчун далел эътироф шавад, аммо истифодаи манбаъҳои пӯшида ё беном дар далелсанҷӣ қобили қабул нест.

Инчунин, далелсанҷӣ изҳороти шахсони расмиро мавриди таҳлил қарор намедиҳад, агар он андешаи субъективӣ, фарзия ва ҳисобу китоби тахминӣ ва далелҳои умумӣ дошта бошад.


- Воситаҳои асосии шинохти хабарҳои фейкӣ кадомҳоянд?

- Барои муайян кардани хабаре, ки он дурӯғ аст ё рост, ба чанд нуктаи муҳим аҳамият дод:

- Хабарро ҳамеша пурра мутолиа намуд;

- Тафаккури интиқодиро ба кор даровад. Яъне, ба ҳар маводе, ки нашру паҳн мешавад, бо шубҳа назар кард;

- Ҳамеша манбаи аввалини хабарро ҷустуҷӯ намуд;

- Истинод ё пайвандҳои дар хабар овардашуда, манбаи он ва мақсади асосии сомонаро омӯхт;

- Ҳеч гоҳ маводро аз рӯйи сарлавҳаи он баҳо надод, балки таваҷҷуҳ кард, ки сарлавҳаи мавод ба муҳтавои он то куҷо мувофиқат мекунад;

- Ба ному насаби муаллиф аҳамият дод ва ӯро санҷид, ки ӯ шахси «зинда» аст?;

- Ягон вақт ба манбаъҳои номаълум ё анонимӣ бовар накард;

- Ҳатман ба санаи нашри хабар диққат дод ва онро санҷид… Вале бояд донист, ки далели саҳеҳ муҳимтар аз ҳангома аст!

- Хабарҳои фейкӣ аксаран дар кадом вақт зиëдтар паҳн мешаванд?

- Паҳн шудани хабарҳои фейкӣ ё ҷаълӣ гунонун ва мавсимӣ аст. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки хабарҳои фейкӣ дар бештари маврид, ҳангоми сар задани муноқишаҳои марзӣ, давраи пандемия, хуруҷи бемориҳо, офатҳои табиӣ паҳн мешаванд ва ё ҳар сол дар моҳи Рамазон бархе аз хабарҳои кӯҳна дубора зинда мегарданду дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд, ки инро мо «зомби-фейкҳо» мегӯем.

Масалан, муноқишаҳои охире, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шуда гузашт, хабарҳои зиëди фейкӣ ё ҷаълиро ба миëн овард, ки хушбахтона аз тарафи далелсанҷони мо ин гуна матлабҳо мавриди санҷиш қарор гирифта, исботи худро дарёфтанд. Вале новобаста ба ин, ҳанӯз ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо хабарҳое чарх мезананд, ки ҷаълӣ будани он аз эҳтимол дур нест. Азбаски имрӯз дар фазои мо анбӯҳи иттилоот хеле зиëд аст, мо имкон надорем, ки барои дақиқ кардани ҳамаи он даст ëбем.

Аз ин рӯ, тавре дар боло зикр кардам, бояд мардум низ аз тафаккури интиқодии худ васеъ истифода баранд, ба ҳар маводе, ки нашру паҳн мешавад, бо шубҳа назар намоянд ва пеш аз нашру паҳни он – «ҳафт бор санҷида, баъд паҳн кунанд».


- Хабарҳои дурӯғро киҳо паҳн мекунанд ва аз он кӣ манфиат меëбад?

- Он нафароне, ки даст ба паҳни хабарҳои фейкӣ мезананд, бештарашон номҳои фейкӣ доранд. Бархе аз онҳо ба хотири зиëд ба даст овардани лайк, маблағ, эҷоди фазои тарсу ваҳм ва ба ин монанд ин корро анҷом медиҳанд. Агар муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистонро гирем, аз ҳар ду ҷониб ҳам хабарҳое нашру паҳн мешуданд, ки он бештар хусусияти барангехтани адоватҳои миллиро дошт, ки боиси зиёд шудани комментҳо, яъне суханони нафратангез гардид.

Дар ин росто, паҳни хабарҳои фейкӣ ва ё бардурӯғ низ кам набуданд. Мисол, аксҳои рӯи сӯхтаи кӯдак ва зани дар бистари беморӣ хобида, ки ҳамчун оқибати даҳшатбори муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон нишон дода шудааст, аслан заррае ба ин ҳодиса иртибот надошт. Қаллобон ба хотири ба даст овардани даромади муфт ва барангехтани адовату иғво байни ду миллат ин аксҳоро истифода кардаанд, ки санҷиши мо ҳукмномаи «фейк»-ро гирифт. Ва ё дар бораи «ҳушдори Эрдуғон ба Тоҷикистон барои такрор нашудани таҷовузи низомӣ», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Дар натиҷаи далелсанҷӣ дақиқ гардид, ки ҳушдори раисҷумҳури Туркия нисбат ба Тоҷикистон дар ягон манобеи расмӣ гуфта нашудааст ва ин маълумотро танҳо Ассол Молдокматова, як фаъоли ҷамъиятӣ аз Қирғизистон дар саҳифаи фейсбукии худ нашру паҳн кардааст. Ҳатто изҳороти худи ӯро хабаргузориҳои қирғизӣ низ рад кардаанд. Чун сарчашмаи маълумоте, ки ӯ ба он ишора кардааст, тасдиқи худро наёфтанд.

- Иттилои бардурӯғ дар ҷомеа чӣ хатар дорад ва барои наафтодан ба доми онҳо чӣ бояд кард?

- Нашру паҳни ин гуна хабарҳо байни мардум боиси тарсу ваҳм ва ҳангомаҳои зиëде мегардад ва барои пеши роҳи ин гуна хабарҳоро гирифтан, аз тафаккури интиқодӣ кор гирифт. Ба хабарҳое, ки шубҳаноканд ва дар ягон манбаи расмӣ тасдиқи худро наёфтаанд, бояд бовар накард. Ба ҳар иттилое, ки пахш мешавад, бояд шубҳа кард ва то замоне, ки ба суолҳои худ ҷавоби дақиқ ва рӯшан пайдо накард, набояд онро паҳн намуд.

Инчунин, ба ҳар гуна овозаҳои беасосу ҳангомабарангез набояд дода шуд. Ҳадафи паҳнкунандаи ин гуна хабарҳоро омӯхт, як иттилоъро аз чанд зовия таҳлил кард, ба он дуруст суолгузорӣ намуд ва сипас дақиқ кард, ки ин хабар то куҷо асоси воқеӣ дорад.

Мисол, имрӯз барои дақиқ кардани дурустии ин ё он хабар, санҷиши матн, акс, навор ва ё ба ин монанд ҳар нафар метавонад аз бахши «Роҳнамо»-и сомонаи Factcheck.tj, ки дар он абзорҳои далелсанҷӣ қадам ба қадам нишон дода шудааст, истифода барад. Бо истифода аз даҳ навори дарсии мо ҳар нафар имконият пайдо мекунад, ки чӣ тавр маводро дуруст мавриди санҷиш қарор бидиҳад.

- Ташаккур барои сӯҳбат!

- Саломат бошед!



Чор саҳифаи умр: аз "Беғараз панд" то Facebook ва YouTube-и Нурулло Абдуллоев


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(188) "Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11198"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(119) "/tj/articles/talk/musharrafa_raeva_shakhse_ki_afkoru_raftori_nek_dorad_argiz_sukhani_sardu_durushtro_ba_zabon_nameorad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3600"
  ["CODE"]=>
  string(100) "musharrafa_raeva_shakhse_ki_afkoru_raftori_nek_dorad_argiz_sukhani_sardu_durushtro_ba_zabon_nameorad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3600"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Мушаррафа Ҷӯраева: “Шахсе, ки афкору рафтори нек дорад, ҳаргиз сухани сарду дуруштро ба забон намеорад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(148) "Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8993"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(100) "/tj/articles/talk/to_ir_saidov_mo_tayi_chand_sol_az_chashm_dur_monda_boshem_am_ba_dil_nazdik_budem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2845"
  ["CODE"]=>
  string(81) "to_ir_saidov_mo_tayi_chand_sol_az_chashm_dur_monda_boshem_am_ba_dil_nazdik_budem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2845"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҳир Саидов: «Мо тайи чанд сол аз чашм дур монда бошем ҳам, ба дил наздик будем…»

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(86) "Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(4) "8444"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "5165"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(64) "/tj/articles/talk/sharifzoda_ironsho_dar_suro_i_bukhoroi_sharif/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "2653"
  ["CODE"]=>
  string(45) "sharifzoda_ironsho_dar_suro_i_bukhoroi_sharif"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "2653"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Шарифзода Қироншоҳ: дар суроғи "Бухорои Шариф”

Другие новости