Ru  | Tj
“Шукр мегӯям, ки ба дарди нафаре шифо бахшидем”. Тавсияҳои урологи ҷавон барои солимии мардон
“Шукр мегӯям, ки ба дарди нафаре шифо бахшидем”. Тавсияҳои урологи ҷавон барои солимии мардон
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Шукр мегӯям, ки ба дарди нафаре шифо бахшидем”. Тавсияҳои урологи ҷавон барои солимии мардон

Нашр шуд

Фарзанд меваи умри инсон аст, мутаассифона ин самари ҳастӣ на ба ҳар кас насиб мешавад. Аксарияти навхонадорон баъди оиладор шудан зудтар соҳиби фарзанд шудан мехоҳанд. Вале ҳолатҳое мешавад, ки зан ё шавҳар пас аз ташхис “безуриёт” мебароянд ва ин боиси пошхӯрии оилаи ҷавон мегардад. Қаҳрамони мо нафаре аст, ки “безуриётон”-ро табобат мекунад ва ба оилаашон хушбахтӣ меорад. Мо бо Ҷамшед Ризоев-уролог-андрологи шинохта доир ба таҳсил, кору фаъолият, намуду сабабҳои безуриётӣ ва солимии мард суҳбат анҷом додем. 

- Аз солҳои хониш дар мактаб мегуфтед?

- Аз хурдӣ ба хондан шавқу рағбат доштам, сардори синф ва аълохон будам. Кам-кам бетартибӣ низ мекардам, вале хондан саҳифаи дигар буд. То синфи ҳафт ман дар муассисаҳои таълимии №33, №54 ва литсейи туркӣ хондам. Баъдан дар гимназияи №8-и ба номи Е.Н. Павловский таҳсилро бо забони русӣ идома додам ва ин бароям хеле мушкил буд, чунки дар се муассисаи пешин бо забони тоҷикӣ мехондам ва ҳатто бо забони русӣ ҳарф зада наметавонистам. 

-Сабаби иваз кардани муассисаҳо дар чӣ буд?

-Ин набудани омӯзгорон ва камфаъолиятии онҳо буд. Аз ин рӯ, падару модарам маро ба дигар мактаб мегузарониданд.

-Баъд дар мактаби русӣ муваффақ шудед?

-Албатта, якум дар пеши худ мақсад гузоштам, ки забони русиро ба пуррагӣ меомӯзам. Дар омӯхтани ин забон ба ман муаллими фанни забони русӣ ва адабиёт Александр Абдулович кӯмак кард. Дар аввал ба диктанти навиштаам баҳои “1” мемонд. Ҳар рӯз баъд аз дарс модарамро илтиҷо мекардам, ки аз ман диктант гиранд. Дар охир аълохони забони русӣ шудам ва ин дар муваффақ шудан дар касби ояндаам кӯмак кард. 

- Ба кадом донишгоҳ дохил шудед ва чаро маҳз риштаи урологиро интихоб намудед?

-Соли 2002 ба факултети умумӣ-тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудам. Чун дар гурӯҳи русӣ мехондам, донистани замони русӣ роҳи омӯзишро бароям боз кард. Дар соли охири таҳсил дар донишгоҳ мо бояд касби худро интихоб мекардем: уролог, ҷарроҳ, акушер-гинеколог... Дар гурӯҳи урология ҷой кам буд, ман бо балҳои ҷамъбастӣ ба он гузаштам ва касби урологро гирифтам. 

Барои он ин соҳаро интихоб кардам, ки падару модарам низ духтур мебошанд. Модарам Ҳалима Ризоева - гинеколог ва падарам Туман Ризоев - уролог-андролог мебошанд. 

Дар хонаамон адабиётҳои тиббӣ бисёр буд ва аз кӯдакӣ ба онҳо мароқ зоҳир карда, варақ мегардонидам. Фанни дӯстдоштаам анатомия буд ва аз мактабхонӣ мехостам донам, ки дар бадани инсон чӣ узвҳо ҳаст. Ҳамчунин, пайваста ба ҷойи кори падару модарам мерафтам. 

- Дигаргуние, ки дар соли таҳсилатон рӯй дод...

- Дар донишгоҳ ман ҳамсари ояндаамро вохӯрдам, курсҳоямон як буд, вале гурӯҳҳоямон дигар. Аввал ба якдигар мувофиқ наомадем ва байнамон ягон муносибат набуд. Рӯзе як ҳодиса рух дод ва модари ҳамсари ояндаам ҷарроҳӣ шуданд ва кӯмакам ҳамин буд, ки он касро бо мошин аз беморхона ба хонаашон бурдам. Ҳамин тавр, муносибати мо қавӣ гардид, бо ҳам дӯст шудем ва дар охир ошиқ, аммо медонистем, ки волидонамон ба пайванди розӣ намешаванд.

- Чаро?

- Бояд бигӯям, ки ҳамсарам тоҷик нест, ӯ озарист. Аз сабаби он ки модараш арманӣ ва падараш озарӣ ва бар замми ин муносибати Арманистону Озарбойҷон солҳои 2000-ум нотинҷ буд, ӯ натавонист, ки ба ягон донишгоҳ дохил шавад. Тасмим гирифт, ки ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил шуда, баъди як соли таҳсил ба ягон муассисаи олии Озарбойҷон интиқол ёбад, аммо...

Баъди он, ки мо ба ҳам ошиқ шудем, ба волидонамон гуфтем, онҳо зид баромаданд. Модари ҳамсарам бо сабаби дурии роҳ розӣ набуд. 

Боре модарам ва апаамро барои хостгорӣ бурдам, келин аз мулки бегона дар мо намешавад гуфтанду розӣ нашуданд. Дар охир худам тасмим гирифтам, ҳуҷҷатҳоямро омода кардаму ба Озарбойҷон рафтам ва бо дӯстдоштаам оила барпо намудам. Баъди ин волидонам дигар ягон муқобилият нишон надоданд ва Худоро шукр, ки соҳиби ду фарзанд ҳастаму зиндагии хушбахт дорам. 

-Ҳозира хатмкунандагони донишгоҳҳо орзуи гирифтани дипломи сурхро доранд, шумо низ чунин орзу доштед? 

-Дар гӯшаи хаёлам чунин орзу набуд ва орзу ҳам накардаам. Оилаам донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кард, ман бошам бо дипломи кабуд, ҳатто муаллиме пешниҳод кард, ки якто баҳои чор дорӣ, дубора имтиҳон супору панҷ кун, вале ман розӣ нашудам, ба ман муҳим духтури хуб шудан буд. Диплом чизе нест, ки дар ҳуҷраи корӣ овезон карда монӣ, то беморон бубинад, ки ту диплом дорӣ. Онҳо кор ва натиҷаи онро мехоҳанд. Нафаронеро мешиносам, ки донишгоҳро бо дипломи сурх тамом карданд, вале ба касби духтурӣ машғул нестанд. Онҳо танҳо китобро азёд карданду баҳо гирифтанд, баъзеашон ҳатто намедонанд, ки кадом организм дар куҷо аст.

-Чуноне ки медонем шумо айни замон уролог-андролог ҳастед. Пешаи андрологро дар куҷо касб кардед?

-Баъди хатми донишгоҳ мехостам ба ғайр аз касби уролог боз андролог низ бошам. Аз ин рӯ, ба шаҳри Санкт-Петербург рафта, курси такмили ихтисосро гузаштам ва касби андрологро гирифтам. Баъд аз ин, дар маркази ҷумҳуриявии клиникавии урология ба кор даромадам ва дар зинаи интернатура таҳсиламро давом додам. 

- Боре ҳам нияти дар донишгоҳ кор карданро доштед?

- Вақте интернатура мехондам, пешниҳод карданд, ки дар кафедраи урология ассистенти кафедра шуда ба донишҷӯён дарс гӯям, ман розӣ нашудам. Боре ба дарси яке аз устодон даромадам, донишҷӯёни курси чор, дарси урология буд ва аз онҳо хостам, ки дар плакати овезон простатаро нишон диҳанд, вале ягон кас нишон дода натавонист. Бори аввал ман чунин донишҷӯёни бесаводро дида будам ва аз дарсдиҳӣ дар донишгоҳ дасту дил шустам. 

-Уролог-андролог кист ва чӣ корро бояд анҷом диҳад?

-Уролог духтуре аст, ки ба гурдаву роҳи пешобрав (чи зану чи мард) сари кор дорад. Дар ҷомеаи мо фикр мекунанд, ки уролог танҳо мардҳоро табобат мекунад, вале хато мекунанд, зан низ гурда дорад ва барои ташхис ва табобат ба уролог муроҷиат менамояд. Адролог бошад, танҳо бо узвҳои ҷинсии мардона сари кор дорад. 

-Таҷрибаи кориро аз кӣ гирифтаед?

- Таҷрибаи зиёдро дар ин касб аз падар гирифтам, вақте дуюм курс будам, баъд аз дарс ба коргоҳи падарам мерафтам ва ҳар он коре, ки он кас анҷом медоданд, назорат карда, кӯшиш мекардам, ки дар қабул кардани бемор ба падарам ёрӣ расонам. 

- Дар маркази табобатӣ ба чӣ кор машғул ҳастед?

- Айни ҳол ҳамроҳи оилаам оид ба табобати бемороне, ки дучори безурётӣ ҳастанд, сари кор дорем, инчунин беморони дорои простатит, сустии мардонагӣ... Маркази мо хусусӣ буда, дар он худам сардухтур ва директор ҳастам, дигар кормандон аъзоёни оилаамонанд. 

-Нафароне, ки бо сабаби безуриётӣ муроҷиат мекунанд, дорои чӣ гуна иллатанд?

-Бемороне, ки асосан ба мо муроҷиат мекунанд, оила мебошанд. Аз мушоҳидаҳоямон мегӯям, ки қисми зиёди занҳое, ки соли таваллудашон аз 1990-ум боло аст, дар тухмдонҳояшон мушкилот доранд. Эҳтимол сабаби ин дар хӯроки истеъмолашон аст, чунки имрӯзҳо таркиби хӯрока пур аз химикат шудааст. Ногуфта намонад, баъзе бемороне ҳастанд, ки мушкилоти асабӣ доранд ва ин асосан дар занҳо дида мешавад. Дар хонаводаи шавҳар онҳо азоб мекашанд, азоб медиҳанд ва асабашон вайрон мешавад. Бисёртари чунин беморонро барои дамгирӣ ба хориҷи кишвар равон мекардам, 20 рӯз пас бармегаштанд, зан ҳомиладор, бе ягон табобат. Безуриётӣ аз ҳисоби асаб низ шуда метавонад ва аз ҳама зиёд ин гузаштани микроб аз шавҳар ба зан ҳангоми алоқаи ҷинсӣ аст. 

Мардҳо бошанд, теъдоди зиёди микробро доранд ва сабаби асосии ин муҳоҷират мебошад, чунки дар шаҳри бегона онҳо бо занҳои дигар алоқа мекунанд ва ин оқибат ба безурётӣ оварда мерасонад. 

- Гуфта метавонед, ки безурётӣ чанд намуд мешавад ва намудҳои он аз якдигар чӣ фарқият дорад?

-Безуриётӣ намудҳои гуногун дорад ва аз якдигар ба куллӣ фарқ мекунад:

1. Безуриётии мард ва зан;

2. Безуриётии ибтидоӣ (агар зан ҳеҷ гоҳ ҳомиладор набуд);

3. Безуриётии дуюмдараҷа (агар зан қаблан, ҳадди ақал як бор ҳомиладор буд);

4. Безуриётии эндокринологӣ (норасогии ҳормонҳо ва кори тухмдонҳо); 

5. Безуриётии идиопатикӣ, номуайян (ҳар ду шарики зиндагӣ солиманд, аммо ҳомиладорӣ рух намедиҳад);

6. Безуриётии иммунологӣ, номувофиқӣ (ҳолатест, ки ҷуфти ҳамсар дар муддати тӯлонӣ ба ҳомиладорӣ ноил шуда наметавонанд, аммо пас аз талоқ ҳар як ҳамсари собиқ зуд дар оилаҳои нав соҳиби фарзанд мешаванд);

7. Безуриётии якҷоя ва омехта. Безуриётии омехтаро аз безуриётии «якҷоя» бояд фарқ кард, ки дар он ҳам мардон ва ҳам занон мушкилоти солимии репродуктивӣ доранд;

- 5 тавсияи шумо барои солимии мардон...

1. Ба варзиш машғул шудан; 

2. Бехатарӣ ва сари вақт алоқаи ҷинсӣ кардан, яъне мард бояд дар як ҳафта камаш ду ё се маротиба бо оилааш ҳамхоба бигардад;

3. Нагирифтани вазни зиёдатӣ. Вақте шиками мард калон мешавад ва дар таги пусти шикам равған зиёд мегардад, гормони занона дар мард зиёд шудан мегирад ва ба мард сустӣ медиҳад; 

4. Истеъмоли зиёда аз 2 ё 2,5 литр об. Ин ба гурда ва роҳи пешоброн муфид аст; 

5. Аз ташхис гузаштани мард на кам аз ду маротиба дар як сол, хоҳ вай бемор аст ё солим. 

-Лаҳзае, ки худро дар ҷамъият даркорӣ меҳисобед?

-Вақте бемори табобаткардаамон бо фарзандаш меояд ва ба мо миннатдорӣ намуда, мегӯяд, ки ин набераи шумо аст, ман фахр мекунам. Шукр мегӯям, ки ба дарди нафаре шифо бахшидем. 

-Хислате, ки онро бад мебинед?

- Аз ҳама чизи бадмедидаам ин аст, ки вақте бемор аз назди дигар духтур меояд ва ӯро дар назди ман танқиду ғайбат мекунад. Ҳеҷ гоҳ ба ягон бемор имкон намедиҳам, ки ҳамкасбамро дар наздам бад кунад. Мо ҳама Донишгоҳи тиббиро хатм кардаем ва фарқият ин аст, ки равиши табобати ман дигару аз ӯ дигар. 

-Такягоҳ дар ҳама ҳолат...

-Ҳамсарам бароям мисли дӯсти ҷонӣ аст, чи фикру гуфторе дорам, бо ӯ тақсим мекунам, ба ӯ такя мекунам ва дар оянда такягоҳам оилаам аст. 

-Вақтҳои холигӣ...

-Ба хониши адабиёти тиббӣ машғул мешавам ва мехоҳам аз навгониҳо дар соҳаи худ огоҳӣ ёбам.

-Давомдиҳандагони касби волидон...

-Фарзандонам ҳам мисли мо духтур шудан мехоҳанд, ҳамавақт таъкидашон мекунам, ки ба худ эътиқод дошта бошед ва аз пайи илмомӯзӣ шавед. Аз ҷиҳати моддӣ ҳамаашрро таъмин мекунам, дигарашро аз онҳо пурсон мешавам. Вақте ки фарзанд ба падару модар эътиқод мекунад ва мепиндорад, ки дар оянда ӯро дастгирӣ мекунанд, хато мекунад, аз омӯхтан бозмемонад ва танбал мешавад. Аз ҳозир ин фикрро аз майнаи сарашон пок кардаам. 

-Мутаассифона имрӯзҳо баъзе аз духтурон ва ё омӯзгорон тарки пеша мекунанду давлати дигар мераванд, то ба зиндагии шоистае ноил гарданд. Шумо маротибае дар ин фикр будед ва нияте кардед?

-Охирҳои сол дар фикр аст, аммо нияти рафтан ба хориҷаро надорам, чунки дар оила фарзанди хурдӣ ҳастам ва нигоҳубини падару модар бар дӯши ман аст. Ба он нигоҳ накарда, ки маро то ҳол барои кор дар шаҳрҳои Русия ва дигар давлатҳо даъват доранд, вале дил намехоҳад. Тарки Ватан кардан намехоҳам, онҷо ҷойи ман нест, барои он ки дар он ҷойҳо такмили ихтисосро гузаштаам ва ҷойи корашро медонам. Дар ҳамаи давлатҳо миллатгароиву нажодпарастӣ ҳаст, намехоҳам ҳамроҳи ин тоифа одамон вохӯрам ва кор кунам. Дар Тоҷикистон кор кардан каме мушкил, вале Худоро шукр, ки зиндагиро бурда истодаем. 

-Нақшаҳои ояндаатон...

-Агар мамлакати дигар наравам, мехоҳам маркази табобатиро васеъ кунам, мутахассисони ботаҷрибаи самтҳои дигарро ҷалб намоям ва дар хизмати халқи худ бошам. 


“Офтоби Ватанро ёд мекунам”. Роҳи муваффақият ва таҳсилу кори Меҳроҷ дар Лондон



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед