Ru  | Tj
Аз овозхонию гӯштингирӣ то шореҳӣ: Алӣ Шариф аз гардишҳои ҳаёт, варзиш ва рӯзноманигорӣ гуфт
Аз овозхонию гӯштингирӣ то шореҳӣ: Алӣ Шариф аз гардишҳои ҳаёт, варзиш ва рӯзноманигорӣ гуфт
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз овозхонию гӯштингирӣ то шореҳӣ: Алӣ Шариф аз гардишҳои ҳаёт, варзиш ва рӯзноманигорӣ гуфт

Нашр шуд

Ҳамасола, 2-юми июл дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии журналистони соҳаи варзиш таҷлил мешавад. Ин рӯз аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиятсияи байналмилалии рӯзноманигорони варзишӣ қайд карда мешавад. Санаи мазкур ба он хотир интихоб гардидааст, ки маҳз дар ҳамин рӯз соли 1924 дар шаҳри Париж Ассотсиятсияи мазкур таъсис ёфта буд. Дар ҳамин замина бо яке аз рӯзноманигори варзида ва шореҳи варзиши тоҷик, Алӣ Шариф доир ба кору фаъолият ва бурду бохти варзиши тоҷик суҳбате анҷом додем.


Фаъолияти кории шумо дар соҳаи журналистикаи варзиш кай ва чӣ гуна оғоз гардид?

-     Фаъолияти кории ман дар соҳаи журналистика аз соли 2002-ум оғоз гардид. Пас аз хатми факултети журналистикаи ДМТ тариқи озмун ба Телевизиони Тоҷикистон роҳ ёфтам ва корро дар “Идораи афкори умум” ба ҳайси муҳаррир шуруъ кардам. Кори ман аз бахши варзиш ибтидо гирифт ва ҳар чизе ки то ба ҳол маҳсули эҷоди  ман аст, самти варзишро дар бар мегирад.


Интихоби касб чӣ гуна сурат гирифт, оё аз оғоз журналист шудан мехостед ва ё тақдир шуморо ба ин роҳ бурд?

-     Аз даврони мактабхонӣ мехостам журналист шавам. Вале пас аз хатми мактаб роҳи тақдири ман каме дигар шуд. Соли 1987 мактаби миёнаи № 46-и собиқ ноҳияи Ленинро хатм кардам ва бо амри тақдир ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон супоридам ва бо нарасидани ду хол комёб нашудам. Соли 1988 ба сафи Қувваҳои  муссалаҳи собиқ Иттиҳоди ҷамоҳири шуравӣ шомил гардида, хизмати ҳарбиро дар минтақаи Приморск адо кардам. Соли 1990 пас аз хизмати ҳарбӣ ба Тоҷикистон баргаштам ва соли 1991 ба омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи собиқ Ленин (ҳоло ноҳияи Рудакӣ) дохил шудам ва ин махзани ҳунарро бо дипломи сурх хатм кардам. Ҳамин тавр, дар ноҳияи кунунии Шамсиддини Шоҳин ба ҳайси методисти шуъбаи фарҳанг фаъолият намудам. Баъдан боз ба Душанбе баргашта, давоми солҳои 1995 ва ибтидои 1998 дар радиои Тоҷикистон ба таври ғайриштатӣ фаъолият намудам, ки ин ибтидои кори ман дар самти журналистика буд.

Дар ҷодаи интихобнамудаатон идеали худ киро меҳисобед ва таҳрикдиҳандаи завқу шавқи шумо кӣ ва ё чӣ буд?

-     Дар интихоби касб ман пеш аз ҳама идеали худ Назрулло Латиповро медонам. Дар деҳае, ки мо зиндагӣ мекардем аз маркази ноҳия 12 километр дур буд. Он замон дастрасӣ ба мавҷи телевизион хеле душвор буд. Аммо, ман кӯшиш мекардам, ки ба маркази ноҳия рафта, дар хонаи хешу табор футболро тамошо кунам. Дастаи Помири овозадоро, ки дар лигаи 1 бозӣ мекард, тамошо намуда, тарзи шореҳии Назрулло Латиповро тақлид мекaрдам. Дигар ин ки аз тамошои мусобиқаҳои варзишӣ махсусан гӯштини миллие, ки дар деҳот баргузор мегардиду ҷавонписарон бо ҳам сабқат мекарданд лаззат мебурдам ва тарзи гӯштингирии онҳоро зери лаб муҳокима мекардам. Ман қариб дар ҳамаи мусобиқаҳои гӯштингирӣ, ки дар деҳот, ҷамоат ва ноҳия баргузор мегардид, рафта иштирок мекардам. Ҳатто, барои тамошои мусобиқаҳои варзишӣ ба шаҳру ноҳияҳои дигар ҳам мерафтам. Тақдими туҳфа ва ҷоизасупорӣ ба қаҳрамонон як ҳиссиёти аҷибе дошт. Он замон тақдими туҳфаҳои арзанда ва гаронбаҳо хеле кам буд. Туҳфаи арзишмандтарин барои ғолиб чорвои калони шохдор ва гилем буд, лекин муҳаббату самимият хеле зиёд буд. Ҳамин шавқу завқи зиёд нисбат ба варзиш таҳрикдиҳандаи ман дар интихоби риштаи рӯзноманигории варзишӣ гардид.


Шумо худатон варзишгар будед?

-     Ман гӯштингир будам. Он замон майдончаҳои футбол ниҳоят кам буданд, аз ин хотир аз дунболи тӯб дар кӯчаҳо даву този бештар доштем. Аммо шавқу завқи ман нисбати футболбозӣ чандон зиёд набуд. Дар гӯштингирӣ натиҷаҳои бештар доштам. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки аввлин бор соли 1987 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар вазни 74 кило ба ноҳияи Восеъ сафарбар гардидем. Ман дар ду даври аввал ғолиб омадам. Дар даври сеюм рақибам як рафиқи хеле қарин ва шогирди мураббиям Мирзохушват Шамсиддинов буд. Аз ин хотир бидуни мубориза ғолибиятро ба ӯ тақдим кардам, ки ин барои пешрафти минбаъдаи ман дар самти варзиш воқеан як таъсири манфӣ расонид. Барои чунин рафторам волидонам маро хеле сарзаниш карданд. Қабл аз ин дар чандин мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ дастболо гардида будам.

Дар яке аз барномаҳои телевизионӣ, 13 сол қабл шумо ба Ҷумахон Сафаров тақлид намуда будед. Оё овозхонӣ ҳам мекунед?

- Не, аслан сарояндагӣ намекунам. Вале дар давраи мактабхонӣ завқи зиёд доштам. Дар ҳамаи маҳфилҳову чорабиниҳои фарҳангии мактаб ҳам барандагӣ мекардам ва ҳам сурудхонӣ. Узви маҳфили “ҳаваскорон”-и мактаб будам. Ба Донишкадаи санъат ҳам рафтани ман бесабаб набуд. Азбаски садои хуб доштам, устодонам маро барои сурудхонӣ ҷалб мекарданд. Дар он замон дар деҳи мо сурудхонӣ дар жанри фалак бисёр маъмулу машҳур буд. Мо бо устод марҳум Давлатманд Холов ҳамсоядеҳа будем. Робитаи мо ҳам хеле қавӣ ва зич буд. Дар чорабиниҳои мактабӣ низ ман сурудҳои Давлатманд Холовро месароидам. Бояд гӯям, ки соли 2013 дар барномаи телевизионӣ сурудхонии Ҷумахон Сафаровро тақлид кардам ва ҷуз аз ин як маротибаи дигар ба Чилахон Холов тақлид намудам.

Ба андешаи шумо, рисолати аслии журналисти соҳаи варзиш чист?

Пеш аз ҳама рисолати рӯзноманигор дарки амиқи воқеоти рӯз ва инъикосу бозтоби ҳодисоту воқеот мебошад. Бузургтарин неъмат барои инсоният ин саломатӣ аст ва варзишро низ гарави саломатӣ гуфтаанд. Таблиғ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим тавассути варзиш яке аз рисолатҳои асосии журналистони соҳаи варзиш аст. Дар маҷмуъ, масъулияту садоқати холисонаи рӯзноманигорони риштаи варзиш бояд барои солимии омма ва барои тарбияи дурусти насли наврас равона гардида бошад.  


Мушкилоти аслии шореҳони варзишро дар чӣ мебинед?

Ростӣ, ҳоло ман дар фаъолияти журналистони соҳаи варзиш мушкилот намебинам. Фаъолияти имрӯзаи шореҳони варзиш нисбати даҳсолаҳои пешин қиёснопазир аст. Имрӯз тамоми имконоту шароит барои фаъолияти шореҳони варзиш муҳайё гардидааст. Шумо тасаввур кунед, ки солҳои пеш мо барои таблиғи варзиш дар давоми як ҳафта, аз 15 то 20 дақиқа вақти алоҳида ва мушаххас доштем, ин хеле вақти маҳдуд буд. Яъне пахши барномаҳо шабонарузӣ набуд ва расонаи хабарии алоҳидаи варзишӣ низ надоштем. Танҳо тавассути телевизиони Тоҷикистон бахшҳои варзишӣ намоиш дода мешуд. Аммо, ҳоло муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ва телевизиони “Футбол” фаъолият доранд, ки фазои иттилоотии кишварро бо матолиби варзишӣ таъмин мекунанд. Имрӯз тамоми мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалии варзишӣ тавассути телевизиони “Варзиш” намоиш дода мешаванд. Ба таври шабонарӯзӣ ҳарду телевизион дар таблиғу ташвиқи сиёсати имрӯзаи меҳан саҳмгузорӣ мекунанд. Ғайр аз ин дигар расонаҳои хабарӣ аз ҷумла радио ва матбуот низ дар самти инъикоси ваpзиш хеле фаъол ҳастанд. Радио бо барномаҳои алоҳидаи худ ва матбуот бо рубрикаву гӯшаҳои худ варзишро тарғибу ташвиқ мекунанд. Фикр мекунам, ки имрӯз, ҳар қадар, ки шореҳон саломатӣ ва оммавияти варзишро хуб дарк ва эҳсос кунанд, барномаҳояшон низ ҳамон қадар пурмазмуну маънодор мегардад.


Журналистикаи варзишӣ то куҷо ба ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур кумак мерасонад?

Нақши шореҳи варзиш дар самти ҳали мушкилии соҳаи варзиш хеле бузург аст.  Журналисти соҳаи варзиш тавассути як лавҳа, як сухан, як мусоҳиба, як тавзеҳ, як шарҳи кӯтоҳ ва дар маҷмуъ тавассути матолиби худ метавонад, ҳам ҷавононро аз корҳои ношоиста баргардонад ва ҷомеаро ба тарзи ҳаёти солим даъват кунад. Имрӯз, бемории фарбеҳӣ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтааст ва мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои пешгирии он машғул гардидан ба варзиш мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар нақши шореҳи варзиш ҳамчун таблиғкунандаи солимии ҷомеа хеле бузург аст.


Журналистикаи варзиширо дар оянда чӣ гуна дидан мехоҳед?

Ояндаи журналистикаи варзишӣ дурахшон аст. Алакай заминаҳояш мавҷуд аст. Ҳоло журналистикаи варзишӣ ба як мактаби хеле қавӣ ва устувор табдил ёфтааст. Агар Академияи соҳаи журналистикаи варзиширо телевизиони “Варзиш” муаррифӣ кунем, иштибоҳ намекунем. Дар қиёс ба даҳсолаҳои пеш ҳоло теъдоди рӯзноманигорону шореҳони риштаи варзиш хеле зиёд шудааст ва оянда низ боз ҳам зиёд хоҳад шуд. Танҳо як чизро мехоҳам қайд намоям, ки барои боз ҳам тараққӣ додани журналистикаи соҳаи варзиш ва омода намудани журналистони касбӣ бояд дар Донишгоҳу донишкадаҳои кишвар равияҳои журналистӣ ба соҳаҳо тақсим карда шавад. Яъне ихтисоси алоҳидаи “Шореҳи варзиш” бошад. Ҳоло дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ин ихтисос мавҷуд аст, ки ин басанда нест. Бояд ба онҳое, ки мехоҳанд дар оянда журналисти соҳаи варзиш шаванд, устодони ботаҷриба ва ихтисосманд таълим диҳанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед