Ru  | Tj
“Офтоби Ватанро ёд мекунам”. Роҳи муваффақият ва таҳсилу кори Меҳроҷ дар Лондон
“Офтоби Ватанро ёд мекунам”. Роҳи муваффақият ва таҳсилу кори Меҳроҷ дар Лондон
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

“Офтоби Ватанро ёд мекунам”. Роҳи муваффақият ва таҳсилу кори Меҳроҷ дар Лондон

Нашр шуд

Меҳроҷ Муҳиддинов ҷавони тоҷикест, ки дар макотиби олии се давлати бузурги дунё - Амрико, Белгия ва Бритониё ройгон таҳсил кардаасту мекунад. Ӯ дар суҳбат бо Halva.tj гуфт, чӣ гуна тавониста, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаву кор кунад ва дар оянда ба халқу ватани худ чӣ хизматҳоро анҷом медиҳад?

“Барои гирифтани баҳои хуб шодӣ мекунам”


- Шумо дар чандин ташкилотҳои хориҷӣ фаъолият кардаед, худатонро ҳоло чӣ гуна муаррифӣ мекунед?

- Дуруст, ман дар чандин ташкилотҳои хориҷӣ аз ризокорӣ шурӯъ карда, то мудириятро бар зимма доштам ва аз овони наврасӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият кардаам, вале ҳоло донишҷӯ ҳастам ва унвони донишҷӯиро то ҳол барои худ муносиб медонам.

- Бештари нафароне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, аз оилаҳои ба қавле сарватманд ҳастанд, Шумо чӣ?

- Ман дар ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) дар як оилаи оддӣ таваллуд шудаам. Падарам аз аввал дар бозори марказӣ савдогар буданд ва модарам хонашин. Ман ҳам дар таътилҳо ба падарам барои савдо ёрӣ мерасонидам. Бо вуҷуди он ки онҳо ҳамеша пойбанди зиндагӣ буданд ва зиндагии мо душвор буд, ҳамеша маро ташвиқ мекарданд, ки нисбат ба дарсҳоям ҷиддӣ муносибат намоям ва барои худ хонам.

- Дар мактаби оддӣ таҳсил кардаед?

- Ман дар як мактаби миёнае, ки аз хонаи мо тақрибан ним соатина роҳ дошт, таҳсил кардаам. То синфи 5-ум хуб намехондам ва пас аз он, вақте ки муаллимаи азиз Латофат Алимардонова роҳбари синфи мо шуданд, назарам нисбат ба таҳсил, махсусан фанҳои забон ва адабиёти тоҷик тамоман иваз шуд. Ҳамон вақт кӯшиш кардам, ки китобҳои китобхонаи мактабро муолиа намоям ва дар озмунҳои гуногуни фаннӣ иштирок варзам. Ҳамчунин, пас аз мактаб ба китобхонаи марказӣ мерафтам ва дар он ҷо то бегоҳ мемондам. Шеър ҳам менавиштам ва то ҳол бовар намекунам, ки се маротиба ҳамчун беҳтарин нависандаи ҷавон дар ҷумҳурӣ интихоб гардида будам ва аввалин намунаи ашъорамро дар синни 16-солагӣ нашр намудам.


- Мутаассифона, ҳоло дар кишвар яке аз мушкилиҳои калон ин надонистани тарзи дурусти касби оянда аст, бигӯед, ки Шумо чӣ гуна касбатонро интихоб кардед?

- Вақте дар Амрико тавассути як барномае як соли академӣ таҳсил кардам, дар донишгоҳ масъулин кӯшиш мекарданд, барои интихоби дурусти касби оянда ба ҳар донишҷӯи хоҳишманд тавсияҳои зиёди муфид пешниҳод кунанд. Барои ман ин чиз тамоман аҷиб буд. Вақте ки аз ин хизматрасонӣ истифода бурдам, баъд аз як моҳ як ташкилоте бо номи “Адвокатони ҳуқуқи инсон” дар тамос шуд ва пешниҳод кард, ки метавонам таҷрибаомӯзии худро он ҷо гузаронам. Дар тӯли чор моҳе, ки бо адвокатон фаъолият доштам, бисёр чизҳоро азхуд намудам. Онҳо маро ки 19 - сола будам ҳамчун корманди худ меҳисобиданд ва ҳатто баъзан маслиҳат мепурсиданд. Ҳарчанд дар соҳаи ҳуқуқи инсон намехостам фаъолият дошта бошам, лекин мушовири касбӣ (career counselling) ба ман бисёр кӯмак расонд, то дар соҳае, ки имрӯз таҳсил мекунам - “мутолеоти амниятӣ ва рушд” заминагузор бошад.

- Таҳсил дар донишгоҳ чӣ гуна буд?

- Агар кушоду равшан гӯям, дар донишгоҳ чӣ тавре ки мехостам ва дар нақша доштам таҳсил накардам. Чунки тарзи омӯзиши донишгоҳ аз мактаби миёнаам қариб, ки фарқ намекард. Ихтисоси ман забони арабӣ-англисӣ буд ва дар курси дуюм дарк кардам, бо сабке, ки мо забонро аз худ мекардем, ба кор намеомад.

- Дар бораи дарсҳо, муаллимон ва умуман фазову муҳити таҳсил дар Лондон бигӯед.

- Ҳамаи дарсҳо қариб интихобианд. Соати якум лексия ва соати дигар семинарро дар бар мегирад, ки одатан бо баҳсу мунозираҳо мегузарад ва ё дигар мутахассисони номдори соҳа даъват мешаванд, то бо мо суҳбат намоянд. Дар як дарс, ҳафтаи пешин ҳисоб кардам, аз 27 давлати гуногун донишҷӯён қарор доштанд ва ҳар кадоми онҳо назар ва таҷрибаи худро оид ба мавзӯъ мушшахас менамоянд. Гуногунфикрӣ дар донишгоҳ пазируфта мешавад ва ба ҳеҷ кас имкон дода намешавад, ки касеро барои фикри дигараш танбеҳ ва таҳқир намояд. Ҳамчунин, аксари идҳои маъруфи ҷаҳон қариб дар донишгоҳ ҷашн гирифта мешаванд ва донишҷӯён дар маҳфилҳои мухталиф, аз ҷумла маҳфилҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аъзо мебошанд.


- Таҳсил дар Лондон кадом паҳлӯҳои мусбату манфиро доро мебошад?

- Паҳлӯи манфӣ ин аст, ки дар ин ҷо аз аксарият ягон чизеро умедвор шудан лозим нест. Дар ин ҷо зиндагӣ карда, боз иқрор шудам, ки халқи ман як халқи меҳмоннавозу дилкушод ва бисёр сабуру хоксор аст.

Тарафи мусбати таҳсил бошад, мо ҳамаи шароитҳоро дорем ва инчунин гӯшаи китобхонаи тоҷикӣ ҳам вуҷуд дорад. Ростӣ китобҳоеро дидам, ки дар Тоҷикистон надида будам. Дарсҳо бисёр дар як фазои озод ва равшан сурат мегиранд ва муомилаи устоду донишҷӯ ба муомилаи ҳамкорон ё дӯстони наздик хеле монанд аст. Озодии академӣ ҳам бисёр дар як сатҳи баланд аст.

- Ҳоло як рӯзи Шумо чӣ гуна мегузарад?

- Ба монанди дигар донишҷӯён мегузарад: хона, донишгоҳ ва баъзан ба шӯъбаи иртиботи донишгоҳ (communications section) ёрӣ мерасонам ва бо ҳамкурсону дӯстонам дар ягон қаҳвахона нишаста, соатҳо атрофи мавзӯҳои мухталиф баҳс мекунем. Баъзан устодон ҳам бо мо ҳамроҳ мешаванд во мо то нисфи шаб суҳбат мекунем. Ғайр аз ин, вазифаҳои хонагӣ бисёр зиёданд ва то ҳол хандаовар аст, ки барои гирифтани баҳои хуб ҳамчун талабаи мактаб шодӣ мекунам.

Дар бораи тоҷику Тоҷикистон


- Бори охир кай Тоҷикистон омада будед?

- Моҳи январи имсол. Ҳарчанд имкон доштам, ки ба дигар мамлакатҳои Аврупо сафар кунам ва нисбатан осонтар ҳам буд, лек бисёр хостам ба Ватан равам ва ба дидори волидону дӯстон бирасам.

- Дар Лондон аз ҳама зиёд чӣ ё киро ёд мекунед?

- Офтоби Ватанро ёд мекунам. Ва албатта аҳли оила ва дӯстон ҳамеша дар хотирам ҳастанд.

- Хориҷиҳое, ки дар атрофи Шумо ҳастанд, дар бораи давлату миллати мо чӣ назар доранд?

- Чун ман дар пажӯшгоҳи Шарқ ва Африқошиносии Донишгоҳи Лондон таҳсил мекунам, бисёриҳо дар бораи кишвари мо хуб медонанд ва ҳатто маърузаҳои илмии худро дар бораи Тоҷикистон менависанд. Ман бо якчанд ҷавонони хориҷӣ дар донишгоҳ шинос шудам, ки онҳо бо забони тоҷикӣ бемамоният суҳбат мекунанд ва Тоҷикистонро бисёр дӯст медоранд. Ҳатто мо бо онҳо Наврӯзро дар маркази Лондон, ки бо як шукӯҳи хосса барпо шуд, ҷашн гирифтем.


- Дар оянда дар куҷо кор кардан мехоҳед?

- Бо амри Худову тақдир мехоҳам, ки омӯзгори донишгоҳе шавам ва дар бораи амният ва рушди Осиёи Марказиву ҷаҳон дарс гӯям ва ё ба ҳайси як мушовири байналмилалӣ дар ягон ташкилоти бонуфуз фаъолият намоям.

- Шумо яке аз ояндаҳои миллат ҳастед, бигӯед, ки барои Ватани худ чӣ хизмат карданиед?

- Омӯхтани бехатарӣ, амният ва рушд барои ман ҳамеша ҷолиб буд ва дар оянда мехоҳам, бо истифода аз донише, ки тӯли ин солҳои таҳсил аз худ кардам, ба халқу Ватан ва инчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошам.

Ҷавонӣ, мотиватсия ва дунё


- Ба фикри худатон ҳоло ҷавониятонро чӣ гуна гузаронида истодаед?

- Ман яке аз ҷавонони бисёр хушбахт ҳастам, ки то ҳол тавонистам дар се кишвари пуриқтидор ва донишгоҳҳои бонуфузи дунё - Амрико, Белгия ва Бритониё ройгон таҳсил кунам. Қитъаҳои гуногуни оламро бубинам ва бо шахсиятҳои бисёр мухталиф суҳбат дошта бошам.

- Ҷавонии Шумо аз ҷавонии як нафаре, ки дар Тоҷикистон таҳсил карда истодааст, чӣ тафовут ва умумиятҳо дорад?

- Ман намехоҳам ҳаёти дигареро бо ҳаёти худ қиёс кунам, беҳтараш ҷавонии худро дар Тоҷикистон ва дар ин ҷо муқоиса мекунам. Ростӣ, ҳоло ман ҷавониро эҳсос намекунам, зеро ҳамеша дар фикри дарсҳо ва маърузаҳо ҳастам. Агарчӣ устодон муносибати дӯстона доранд, вале дар масъалаи таҳсил ниҳоят ҷиддӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон бошад, хеле роҳат будам.

- Кадом вақт Шумо аз худатон розӣ нестед?

- Вақте ки ҳама корро ба таъхир гузошта ва дар охири рӯз ҳис мекунам, ки ҳич кореро ба анҷом нарасонидаам.


- Калонсолон аз ҷавонон ва ҷавонон аз калонсолон чӣ қарздоранд?

- Ман ҷонибдори ақидае шуда наметавонам, ки касе аз каси дигар қарздор бошад. Аммо, бар он назарам, ки риояи ҳуқуқҳо ва дарки масъулиятнокӣ беҳтарин хислати ҳар як инсон аст. Дастгирӣ ва ҳимояи як нафар бо синну сол бояд маҳдуд набошад.

- Шумо чӣ шуғл доред?

- Ман шеърро бисёр дӯст медорам ва аз шоирони гуногуни форсу тоҷик, инчунин англисзабон ба монанди Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, Лоиқ Шералӣ, Аҳмад Шомлу, Румӣ, Бозор Собир, Фарзона, Силвия Плат ва дигарон бисёр ҳаловат мебарам. Ҳамчунин, ду сол мешавад, кӣ ба дизайни графикӣ машғул ҳастам ва ҳар гуна маводро барои шабакаҳои интернетӣ таҳрезӣ менамоям. Шиноварӣ ва тирпарониро низ бисёр дӯст медорам.

- Ба фикри Шумо як ҷавони идеалӣ чӣ гуна аст?

- Шахсе, ки худ бошад ва ҳеч гоҳ кӯшиш накунад, ки монанди дигаре шавад.


- Ба ҳамсолони худ чӣ тавсия медиҳед?

- Ҳамеша кӯшиш намоянд, аз пайи амалии мақсаду нақшаҳои худ бошанд ва он соҳаро интихоб кунанд, ки нисбати он завқу шавқ дошта бошанду бидонанд, ки чӣ гуна онро истифода хоҳанд кард.


«Дар ҷустуҷӯи хушбахтӣ». Академияи бонувон дар Душанбе роҳро барои ҳамоҳангӣ боз мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед