Ru  | Tj
Сиявуш Қосим: “Моро ба маҳфилҳо даъват намекунанд”
Сиявуш Қосим: “Моро ба маҳфилҳо даъват намекунанд”
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардид

Сиявуш Қосим: “Моро ба маҳфилҳо даъват намекунанд”

Нашр шуд

“Писарбачае аз шаҳри Роғун саҳначаи ҳаҷвӣ гузошт. Ҳамаи дастаҳои ҳаҷвнигории ҷумҳурӣ омада, аз ҳамин кӯдак ёд гиранд”, - гуфта буд раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Сиявуш Қосим, ки дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Лабханди зиндагӣ – 2011" ширкат варзида буд.

Сиявуш ҳамагӣ 22 сол дошта, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки роҳбарии гурӯҳи ҳаҷвнигорони ҷавон “Лабханди ҷавонӣ”-ро ба уҳда дорад.

Ин ҷавони зариф, ки имрӯз мухлисони худро пайдо кардааст, дар суҳбати ҷиддию ошкоро бо расонаи Halva.tj ногуфтаҳои худро ошкор кард. 

- Сиявуш як рӯзи худро чӣ гуна мегузаронад?

- Рӯзи ман бо таҳсил дар зинаи магистратураи ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатӣ, фаъолият дар шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони назди академия, машғулиятҳои омодагӣ барои пурзӯр намудани репертуари нави гурӯҳи “Лабханди ҷавонӣ", ки моҳи декабри соли равон панҷсолагиии худро ҷашн мегирад, сипарӣ мешавад.


- Ҳангоме ки 11 сол доштед, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Сапеда - 2011” шиму костюми сафед ва тоқии чустиро ба бар намуда, бо пешниҳоди монологи ҳаҷвӣ ширкат кардед, ки ин таваҷҷуҳи раисҷумҳурро ба худ кашид. Баъд аз ин эътироф ба чӣ пешравиҳо ноил гардидед?

- Агар гӯям, ки тамоми муваффақиятҳоям баъд аз ҳунарнамоӣ дар назди президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд, хато намекунам. Пас аз оне ки баҳои баландтаринро дар байни тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастаи мо, яъне гурӯҳи ҳаҷнигорони шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун гирифт, масъулияти мо дучанд афзуд. Бале, баҳои баланди президент на танҳо ифтихор буд, балки масъулияти бузургро ба зиммаи мани кӯчак гузошт. Фардои рӯзи фестивал бо дастгирии роҳбарияти шуъбаи фарҳанг гурӯҳи ҳаҷвнигорони навраси “Хандаи Сиявуш”-ро бо фарогирии 4 нафар таъсис додем. Баъдтар соли 2014 ин гурӯҳ бо мақсади васеътар кардани фаъолияти худ ба театр-студияи “Хандазор” табдили ном кард. Ба “Хандазор” чандин ҷавонон омаданд, як муддат фаъолият карданду ҳар ҷо пароканда шуданд. Боз ҳамон 4 нафар дар гурӯҳ мондем...

- Пас, тақдири “Хандазор” ё худ собиқ “Хандаи Сиявуш” чӣ шуд?

- “Хандазор” ба “Лабханди ҷавонӣ” табдил ёфт. Дар доираи “Соли ҷавонон”, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ба раиси пешини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода мактуб ирсол намудам. Дар ин мактуб хоҳиш карда будам, ки барои таъсиси гурӯҳи ҳаҷвнигорони ҷавони ҷумҳурӣ дар доираи “Соли ҷавонон” дастгирӣ намоянд, зеро дар кишвари мо гурӯҳи касбии ҳаҷвнигорони ҷавон мавҷуд нест. Баъд аз ду рӯз ба мактубам посух омад.


Моҳи ноябри ҳамон сол бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар байни иштирокчиёни озмуни “Маҳфили зарифон”, ки кумита яке аз саҳмгузорони ин озмун буд ва 58 ҷавони дигари ҳозирҷавобро, ки аз сатҳи ҷумҳурӣ чида-чида даъват карда будем, кастинг гузаронидем. Аз миёни онҳо 8 нафари базлагӯй интихоб гардида, ҳамчун резидентҳои доимӣ ба гурӯҳ шомил карда шуданд. Онҳоро бо меҳмонхона низ таъмин намудем. Баъд аз омодагии якмоҳа 14 декабри ҳамон сол аввалин ҳунарнамоии “Лабханди ҷавонӣ” дар саҳнаи калон таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва коргардонии арбоби ҳунар Ҳалим Сангин дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов баргузор гардид. Ин консерт ҳунарнамоии санҷишӣ буд, вале хушбахтона аз тарафи тамошобинон хуш пазируфта шуд.

- Шумо чӣ тавр ба гурӯҳи “Ғарибшо компания” роҳ ёфтед? Шояд бо Бахтиёр Раҳимов ё Ташриф Халилов риштаи хешутаборӣ доред?

- На, ин тавр нест. Шиносоии ман бо гурӯҳи “Ғарибшо компания” соли 2011 баъд аз иштирокам дар кастинги телевизиони “Баҳористон”, ки барои дарёфти чеҳраҳои нав дар барномаҳои ҳаҷвии телевизион эълон шуда буд, шурӯъ гардид. Бахтиёр Раҳимов ҳамчун узви ҳайати ҳакамон ширкат дошт. Вақте ки он кас ҳунарнамоиямро диданд, ба ҷойи тавсия додан ба телевизион маро ба гурӯҳи “Ғарибшо компания” даъват намуданд. Шодиям ҳадду канор надошт.


Рӯзи 1 апрели ҳамон сол дар барномаи консертии ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорони кишвар ҳамчун узви гурӯҳи “Ғарибшо компания” аввалин бор дар саҳнаи калон иштирок кардам. Шафтолуи гап ҳамин ки ман бо ягон узви гурӯҳи “Ғарибшо компания” робитаи ақрабоӣ надорам.

- Оё дар оилаи Шумо ҳастанд нафароне, ки бо санъати ҳаҷвнигорӣ пайвастагӣ дошта бошанд?

- Бовар кунед, аз ҳафт пушти аҷдодам ҳаҷвнигор баромадагӣ нест.

- Бахтиёр Раҳимов дар консерти охирини Шумо, ки дар толори “Кохи Суруш” баргузор гардид, ба ҳайси меҳмон ширкат дошт. Ӯ зимни суханронӣ қайд кард, ки “имрӯз ҳамаи ҳунармандони Тоҷикистон “Сиявуш шогирди мо” гуфта, ҷанг мешаванд”. Шумо худро шогирди кадом ҳаҷвнигор меҳисобед?

- Ман пеш аз ҳама шогирди халқам. Маро халқ бо ин рӯҳия тарбия кард.

Ногуфта намонад, ки ба ғайри “Ғарибшо компания” бо гурӯҳҳои “Маҳфилоро” ва “Шакарханд” низ ҳамкорӣ доштам. Инчунин устодон Убайдуллоҳ Раҷаб ва Қиёмиддин Чақалзода дар ин ҷода роҳнамоям буданд. Бо устод Муқимҷон Абдуфаттоев низ ҳамкориҳои зич дорем. Эшон сенирияҳои худро бидуни миннату ҳаққи қалам ба гурӯҳи "Лабханди ҷавонӣ" медиҳанд. Аммо бояд бигӯям, ки устоди аввалинам, ки маро ба самти ҳаҷвнигорӣ омода карданд, шодравон Муҳаммадназари Аминиён аз шаҳри Роғун ҳастанд. Дар сатҳи ҷумҳурӣ бошад Бахтиёр Раҳимовро устоди худ медонам.


- Имсол ба таъсисёби гурӯҳи “Лабханди ҷавонӣ” 5 сол пур гардид ва пӯшида нест, ки тӯли ин солҳо чанде аз резидентҳои намоён гурӯҳро тарк карданд. Махсусан, Насиба Абдуллоеваро, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияти гурӯҳи “Хандазор” то ба солҳои наздик дар “Лабханди ҷавонӣ” аз чеҳраҳои шинохта маҳсуб меёфт, намебинем. Чаро?

- Насиба ҳунарманди хушсалиқа ва дӯсти беҳтарини ман аст. Бале, ҳамкории гурӯҳ бо вай аз шуъбаи фарҳанги шаҳри Роғун шурӯъ мешавад. Соли 2019 вақте сабти видеоии саҳнаҳои ҳаҷвиро шурӯъ кардем, ӯ якбора гуфт, ки ҳунармандиро бас мекунад. Сабаби аслиро ифшо накард. Танҳо гуфт, ки бо дарсҳои донишгоҳ машғул мешавад. Вале боз пофишорӣ карда, Насибаро ба гурӯҳ даъват намудам, наомад. Бо ҳамин оҳиста-оҳиста аз мо дур шуд. Рақамҳои мобилияш низ кор намекард. Мо ҳам дигар Насибаро ҷустуҷӯ накардем. Шиори зиндагиам “ҳар кӣ аз мо рафт, роҳаш сафед” аст. Чанде қабл шунидам, ки ӯ ба хориҷи кишвар сафар кардааст, лек намедонам барои таҳсил ё кор. Ҳар ҷое бошад ҳам, ба Насиба муваффақият мехоҳам.


- Гурӯҳи Шумо маҳз ба хотири аз ҷониби ҷавонон ташкил гардиданаш “Лабханди ҷавонӣ” ном гирифтааст. Иқрор бояд шуд, ки рӯзе ҳамаи моро ҷавонӣ тарк мекунад. Вақте ки синну соли Шумо ва дигар иштирокчиёни даста бузургтар мешавад, гурӯҳ чӣ унвон мегирад?

- Агар ба саҳначаҳои мо таваҷҷуҳ карда бошед, одатан дар мавриди мавзӯоти зиндагӣ, оила, мушкилоти иҷтимоии мурдум ва дигар ҳодисаҳои гуногун омода гардидааст, на танҳо дар мавзӯи ҷавонон. “Лабханди ҷавонӣ” маъниеро ифода мекунад, ки вақте калонсолон ҳунарнамоии гурӯҳи моро тамошо мекунанд, чун ҷавонон беғам механданд. Ҷавонон бошанд саҳнаҳои моро дида ба ҳоли худ механданд ва ислоҳ мешаванд. Яъне манзур аз номи гурӯҳ монанди ҷавонон лабханд задан аст, на ин ки мувофиқатоварӣ ба синну соли мо. Агар калонсолтар ҳам шудем, бисёр мехостам, ки гурӯҳамон бо номи “Лабхандӣ ҷавонем” бимонад.

- Дар боло ишора кардед, ки соли 2019 саҳначаҳои ҳаҷвии гурӯҳро ба навор гирифтед. Якчанд намунаи наворҳоро дар саҳифаи YouTube-и “Лабханди ҷавонӣ” дидан мумкин аст. Зимни тамошо таҳлил кардан мумкин аст, ки ин сабтҳо бо таҷҳизотҳои ҳирфаӣ ва диди хоси коргардони касбӣ ба навор гирифта шудааст. Оё барои сабти наворҳо сарпараст доштед ё маоши кормандон аз ҳисоби гурӯҳ пардохт гардид? Лутфан ба ин масъала рӯшноӣ меандохтед.

- Соли 2019 бо таклиф ва дастгирии телевизиони “Синамо” қариб 60 саҳначаи ҳаҷвиро сабт кардем. Саркоргардони саҳнаҳо коргардони ҳирфаӣ устод Муҳаммадрабӣ Исмоил буданд. Сенария ва ҳар як кадри саҳнаҳо аз назари устод мегузашт. Дуруст гуфтед, воқеан ҳар як таҷҳизоту корҳои техникии наворҳо ба кормандони ҳирфаӣ тааллуқ дорад. Мутаассифона, барномаҳои мо ҳамагӣ ду маротиба ба эфир рафт. Баъд аз он дигар саҳнача сабт накардем. Боқӣ,намедонам тақдири ин саҳначаҳо чӣ шуд.


- Шумо хатмкардаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед. Ояндаи худро чӣ гуна дидан мехоҳед? Ҳамчун корманди давлатӣ ё ҳаҷвнигор?

- Ҳаҷвнигорӣ дар аввал барои ман ҳаёти орзуҳо буд. Вақте нахустин бор, дар синни 6 солагӣ ба саҳна қадам гузоштам, пурра ба ин чиз дода шуда будам. Вақте ба синни ҷавонӣ расидам, завқи саҳна аз ман гум шуд. Ҳаҷвнигорӣ, ки нахуст ҳаёти ман буд, ба ҳоббӣ, ба шуғли дуюмдараҷа мубаддал гардид. Муҳаббати халқ буд, ки дар рӯйи саҳна мондам.

Дар оянда мақсад дорам, ки ҳамчун корманди давлатӣ фаъолият намоям ва самти ҳаҷвнигориро дастгирӣ кунам.

- Боре қасд кардаед, ки саҳнаи ҳаҷвро тарк намоед?

- Як бор тарк кардам, бигзор маҳз барои чӣ буданаш махфӣ монад. Аммо дар ин бобат суханҳои гуфтанӣ бисёр дорам. Гурӯҳи “Лабханди ҷавонӣ” бо ташаббуси худи ҷавонон ба вуҷуд омадааст. Мо на воҳиди корӣ дорем ва на маош. Муаллиф, коргардон, продюсер, танзимгар, ҳатто тарроҳу ороишгар худамон ҳастем. Ҳар чизе, ки мо ба саҳнаи ҳунар гузоштем, бо ибтикори худамон буд, ба ҷуз консертҳои мустақилонае, ки бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин ректори Академияи идоракунии давлатӣ баргузор гардид.


Вақте бори аввал бо гурӯҳи худ рӯйи саҳнаи калон баромадем, умедҳои зиёд доштем. Бале, ин гурӯҳ то андозае номдор шуд, мардуми тоҷик заррае ҳам бошад мешиносанд, ҳадди ақал номамонро медонанд. Ба як чиз ҳайронам, ки барои чӣ моро ба ҳамоишҳои майдонӣ (театркунонида)-и сатҳи ҷумҳуриявӣ ё консерту чорабиниҳои пойтахт даъват намекунанд. Ё барои иштирок дар ин гуна чорабиниҳо ягон қоидаҳои хос мавҷуданд, ки ман бехабарам. Шояд моро хуб қабул карда натавонистаанд, ростӣ намедонам...

- Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Instagram-у TikTok ҳамсолони шуморо, ки бо нашри наворҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ машғуланд, зиёд вохӯрдан мумкин аст. Дар мавриди онҳо чӣ назар доред?

- Якумаш ин ки саҳифаи онҳоро пайгирӣ намекунам. TikTok-ро ҳатто намефаҳмам ва надорам. Дар Instagram саҳифа дорам, вале танҳо барои дӯстон аст. Рафиқоне ҳастанд, ки ин видеоҳоро баъзан ба ман мефиристанд, ба онҳо фақат як ҷавоб менависам “рӯт дар гӯр қати блогерит”. Ҳаҷв бояд пеш аз ҳама ҳадаф дошта, ҷиҳати тарбиявиро дарбар гирад. Мақсади бештари блогерону вайнерон ҳаҷву тарбия нест, балки ба даст овардани пули муфт аст. Ман на ҳамчун ҳаҷвнигор, балки бо забони як тамошобин мегӯям, ки ин гуна “ҳаҷв” -ро қабул надорам.


- Танқид ба Сиявуш чӣ гуна таъсир мекунад?

- Хурд будам, қаҳрам мекард.

- Ҳоло чӣ?

- Бовар кунед, баъзеҳо мақсади ғайр доранд. Баъзе шахсиятҳое, ки имрӯз худро мунаққиди ҳаҷв меҳисобанд, тавре интиқод мекунанд, ки гӯё мақсадашон “ангур хӯрдан нест, балки соҳиби боғро латукӯб кардан аст”.

Танқидро, агар қобили қабул бошад, мепазирам ва ислоҳ мекунам. Яъне ман аввал ҳамаро гӯш мекунам, баъд дар охир қарори худро мебарорам. Ин тавр не, ки онҳо чизе гуфтанд ҳамон шавад.

- Аз саҳифаи “Лабханди ҷавонӣ”, ки дар Facebook саҳифа дорад, якчанд аксҳои шуморо бо либоси рақси самоъ дар ҳолати чархзанӣ дидан мумкин аст. Чаро бо ин либос чарх мезадед?

- Соли 2020 дар Академияи идоракунии давлатӣ бо ширкати сафири Туркия дар Тоҷикистон “Шоми дӯстии халқҳои тоҷик ва турк” баргузор гардид. Бояд гуфт, ки тӯли чанд соли охир коргардонии чорабиниҳои фарҳангии академия, инчунин шаҳри Роғунро ба зимма дорам. Ҳамчун коргардон тасмим гирифтам, ки бо ду тан аз донишҷӯёни академия дар навои шеъри “Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад...” бо забонҳои тоҷикию туркӣ чарх занем. Тарзи иҷрои самоъро аз бародарам, ки дар ихтисоси мавлоношиносии шаҳри Қунияи Туркия таҳсил мекунад, омӯхтем. Либосҳо бошад аз ҷониби роҳбарияти академия ба иҷора гирифта шуд.


- Шумо хеле ҷавонед ва то имрӯз рӯзноманигорони зиёд бо шумо мусоҳиба оростаанд. Яъне яке аз маъруфтарин ҳаҷвнигорони ҷавони кишвар ба шумор меравед. Маъруфият ба як ҷавони 22-сола чӣ гуна таъсир мегузорад?

- Вақте ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан ба беморхона меравам, бо чеҳраи кушода пешвозам мегиранд. Ҳангоме одамон маро дида механданд, хурсанд мешавам. Як қарсаку хандаи тамошобин барои ҳунарманд аз ҳазорон молу сарват болотар аст.

Ба ман аз овони кӯдакӣ мегуфтанд, ки рӯзе машҳур мешавӣ. Вале инак душвории маъруфиятро дарк мекунам. Бузургворе гуфта буд, ки истеъдод хавфнок аст. Ин эҳтироме, ки халқ нисбатам дорад, ба бисёриҳо намефорад. Лекин ман таслим намешавам. Аз ҳамаи ин сангҳое, ки ба ман мезананд, як агрегати бузург месозам ва ин агрегат ба бунёдкораш нерӯ мебахшад.


- Сиявуш, ташаккур, ки ҳамсуҳбати мо шудед. Шояд дар анҷом чизе гуфтан мехоҳед?

- Имрӯз масъалаи ҳаҷв, ки ин қадар баҳсбарангез шудаасту таҳлилгарони зиёд ба миён омадаанд, пешниҳод доштам, ки ба ҷойи таҳлилҳои беҳуда ҳалли масъаларо ёбем. Шурӯъ аз ҳаҷвнигору драматург то коргари техникии телевизион писханд мезананд, ки ҷавонон ҳаҷвро кӯчагӣ карданд, ҷавонон аз латифаҳои куҳнаи коғазпеч истифода мебаранд, ҷавонон ин тавр, ҷавонон он тавр... Хуб, чӣ кор кунем? Мо дар ҳамкорӣ пеш меравем, на ин ки бо пастзанӣ. Ман ба драматургон, ҷавонони базлагӯй ва шахсоне, ки ба ҳаҷву ханда шавқ доранд, муроҷиат карда мегӯям, ки гурӯҳи “Лабханди ҷавонӣ” барои ҳамкорӣ бо шумо омода аст. Аз як каф қарс намебарояд. Биёед, истеъдодро насӯзонем, балки дар ҳамбастагӣ бисозем!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед