Ru  | Tj
Нодирҷон Сафаров: “Роҳи алтернативӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад”
Нодирҷон Сафаров: “Роҳи алтернативӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад”
Аксҳо: Аз Интернет

Нодирҷон Сафаров: “Роҳи алтернативӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад”

Нашр шуд

Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бо мақсади рушди устувор ва такмили инфрасохтори роҳ дар Тоҷикистон механизми толлингиро ҷорӣ намудааст. Перомуни ширкати мазкур чанд соли охир дар кишвар гуфтумонҳои зиёде ба вуҷуд омад, ки ҳар яке хусусиятҳои гуногун дошт ва аз ин рӯ, хостем бо Директори филиали Ширкати саҳҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нодирҷон Сафаров сӯҳбате дошта бошем.

- Зурурияти фаъолияти филиали Ширкати саҳҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар чӣ зоҳир мегардад?

- Бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд аст ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Ҳукумати мамлакат, бо назардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он, ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе — Чаноқ мавриди амал қарор диҳад ва шурӯъ аз соли 2010 тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Чаноқ ба зиммаи филиали Ширкати саҳҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд. Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.


- Шумо самари фаъолияти филиали ширкатро асосан дар чӣ мебинед?

- Таъмин будани рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол дастоварди асосӣ маҳсуб шуда, ба масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурмаҳсули роҳбарият ва кормандони филиали ширкати саҳҳомии "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад. Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд.


- Ҳоло фаъолияти кормандони "IRS" бештар ба кадом самтҳо равона шудааст?

- Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба, устоҳои роҳ бо кӯмаки техникаи махсусгардонида ба тозакунӣ ва таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали "IRS" мақоми меҳварӣ дошта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст.

- Ҳоло омодагӣ ба мавсими сармо чӣ гуна аст?

- Бо сармашқи кор қарор додани иҷрои қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳо дар ин самт қобили таваҷҷуҳ буда, дар ҳолати хуб қарор доштани техникаву механизм ва захираи маводи зиддилағжишу сӯзишворӣ авлавият дорад. Илова бар ин, кормандон бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар ҳаҷми зарурӣ ангишт ва ҳезум дастрас шудааст. Масъулин хуб дарк кардаанд, ки айёми қаҳратуни сол марҳилаи ҳассос аст.


- Баъзеҳо аз мавҷуд набудани роҳи алтернативӣ дар баробари роҳи пулакӣ нигаронӣ менамоянд, Шумо ба ин чӣ назар доред?

- Будани роҳи алетернативӣ яке аз талаботи классикии ҷоринамоии истифодаи пулакии роҳ аст, вале ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳатмӣ бошад. Зеро ҳар як кишвар махсусиятҳои худро дорад. Бояд эътироф кунем, дар минтақае, ки роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ ҷойгир аст, бунёди роҳи алтернативӣ ба ақл рост намегирад. Онҳое, ки чунин иддао доранд, шояд аз махсусиятҳои ин минтақа бехабаранд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз лиҳози кӯҳсор ва релефи ҷойгиршавӣ нозукиҳои худро дорад, ки мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на бо роҳи пешинаи ағбаи Анзоб. Хулоса, дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр эъмор намудани роҳи ба истилоҳ "алтернативӣ " мантиқан ва моҳиятан зери суол аст. Дар он сурат барои мавҷудияти роҳи пулакӣ чӣ зарурат мемонад? Муҳимтар аз ҳама, нигоҳдории роҳи "алтернативӣ" низ хароҷоти қобили мулоҳиза дошта, сарбории масрафи маблағҳои буҷавиро зиёдтар менамояд. Шумо хуб медонед, ки нигоҳдории роҳ осон нест ва хароҷоти бениҳоят зиёд дорад. Мантиқан пулакӣ шудани роҳ низ ба хотири сарфа намудани маблағҳои буҷети давлат ва минбаъд равона намудани он ба самтҳои дигар, аз ҷумла, пардохти қарз, амалӣ шудааст. Ба ибораи дигар, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ин вазифа (нигоҳдории роҳ) ба зиммаи дувумӣ вогузор гардид.

- Тавсеаи пардохти ғайринақдӣ, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти филиали ширкат ба он хоса аст, чӣ манфиат дорад?

- Ҳадафи иқдоми мазкур боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва фароҳам намудани шароити бароҳати гузариш аз плазаҳои толлингӣ мебошад. Бо мақсади сарфа кардани вақт хатҳои иловагии гузариш сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар муддати кӯтоҳ бо таҷҳизоти зарурии электронӣ ва таъминоти барномавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Бо ин мақсад механизми пардохти маблағи гузариш бо ёрии кортҳои толлингии электронӣ ва таҷҳизоте, ки дар оинаи пеши автомобилҳои сабукрав насб мешавад, ба роҳ монда шуд.


- Минтақаи ҷойгиршавии роҳ хеле осебпазир аст ва аз ин рӯ, барои бартараф намудани зарарҳои табиӣ ва ё минтақаҳои осебпазир кадом иқдомҳо аз ҷониби ширкат роҳандозӣ карда мешавад?

- Кормандони филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолиятро тавсеа бахшидаанд. Вале табиат қонунҳои нонавишта дорад, ки пешгирии ҳамаи он берун аз имкон аст. Новобаста аз ин, дар лаҳзаҳои аввали рух додани тармафароӣ, омадани сел, фурӯ рафтани роҳ, лағжиши сангпора ва ғайра роҳбарияти намояндагиҳои филиали ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои заруриро сафарбар менамоянд.

Роҳи зикршуда махсусиятҳо дорад, ки дар канори он ҷорӣ будани дарё ва дарёчаҳои тезоб яке аз онҳост. Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, роҳбарияти филиали ширкат мунтазам тоза намудани онҳоро аз вазифаи аввалиндараҷа медонанд.


И. Усмонов: «Миллат будан онро ҳам ифода мекунад, ки ту дар фикри ҳамзабон будан не, балки ҳамтақдир ва ҳамзамин будани худ ҳастӣ»


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(102) "Раънои Зоирдухт: “Бояд посдори фарҳанги ниёгон бошем!”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "15500"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11046"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(73) "/tj/articles/talk/ranoi_zoirdukht_boyad_posdori_far_angi_niyegon_boshem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4979"
  ["CODE"]=>
  string(54) "ranoi_zoirdukht_boyad_posdori_far_angi_niyegon_boshem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4979"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Раънои Зоирдухт: “Бояд посдори фарҳанги ниёгон бошем!”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(67) "Аз таҳхона то саҳнаҳои бузурги ҷаҳон"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "15354"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "10576"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(61) "/tj/articles/our_people/az_ta_khona_to_sa_na_oi_buzurgi_a_on/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4937"
  ["CODE"]=>
  string(36) "az_ta_khona_to_sa_na_oi_buzurgi_a_on"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4937"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Аз таҳхона то саҳнаҳои бузурги ҷаҳон

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(205) "Каримҷон Ғафуров: «‎Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад»‎"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14015"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(124) "/tj/articles/analytics/karim_on_afurov_a_v_dar_barobari_bolidar_sokhtani_mardum_boyad_anbai_akhlo_iyu_tarbiyav_niz_doshta_b/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4522"
  ["CODE"]=>
  string(100) "karim_on_afurov_a_v_dar_barobari_bolidar_sokhtani_mardum_boyad_anbai_akhlo_iyu_tarbiyav_niz_doshta_b"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4522"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Каримҷон Ғафуров: «‎Ҳаҷв дар баробари болидарӯҳ сохтани мардум бояд ҷанбаи ахлоқию тарбиявӣ низ дошта бошад»‎

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(166) "Мирзоева Моҳира: “Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, зуд характери оммавӣ пайдо мекунад”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13132"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(105) "/tj/articles/talk/mirzoeva_mo_ira_yak_alate_ki_dar_vao_paydo_meshavad_zud_kharakteri_ommav_paydo_mekunad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4237"
  ["CODE"]=>
  string(86) "mirzoeva_mo_ira_yak_alate_ki_dar_vao_paydo_meshavad_zud_kharakteri_ommav_paydo_mekunad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4237"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Мирзоева Моҳира: “Як ғалате, ки дар ВАО пайдо мешавад, зуд характери оммавӣ пайдо мекунад”

Другие новости