Ru  | Tj
Аҳмад Масъуд ва ёронаш дар Маскав: Афғонистон ба “як сиёҳчолаи хафақоновар ва бунбасти торик фурӯ рафтааст”
Аҳмад Масъуд ва ёронаш дар Маскав: Афғонистон ба “як сиёҳчолаи хафақоновар ва бунбасти торик фурӯ рафтааст”
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Аҳмад Масъуд ва ёронаш дар Маскав: Афғонистон ба “як сиёҳчолаи хафақоновар ва бунбасти торик фурӯ рафтааст”

Нашр шуд

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷамъе аз раҳбарони сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи мадании ин кишвар дар нишасте, ки рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Маскави Русия бо ибтикори раиси ҳизби “Русияи боадолат” баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ карданд.

Дар ин нишаст Аҳмад Масъуд ва дигар ширкаткунандагон доир ба вазъияти “хафақоновар”-и имрӯзи Афғонистон суҳбат карда даъват карданд, ки бояд дунё дар таомул бо Толибон* ба хостаҳои мардуми ин кишвар гӯш фаро диҳад.

  Аҳмад Масъуд, ки дар ин нишаст дар раъси ҳама гуфтугӯҳо қарор дошт, гузориши намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон Фаридун Синирли оғлуро “заиф” ва “нокомил” тафсиф карда, гуфт:

“Авлавиятбандии масоили Афғонистон бидуни дар назар гирифтани пайвандҳои лозим, дар назар нагирифтани созукорҳои тазминкунанда, набуди пешшарт дар пешниҳоди таомули ҷаҳон бо Толибон ва дар ниҳоят таъкид бар роҳҳалли суннатӣ бидуни таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти кунунӣ аз бахшҳои ниёзманди диққат ва бознигарӣ дар ин гузоришанд”.
Ишораи Аҳмад Масъуд ба гузоришест, ки чанде қабл намояндаи вижаи СММ дар умури Афғонистон Синирлиоғлу бо имзои дабири кулли ин ниҳоди байналмилалӣ ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда буд. Барҷастатарин нукта дар ин гузориш он аст, ки гузоришгар кишварҳоро барои ба “расмиятшиносии гурӯҳи Толибон” водор мекунад. Чунин рӯйкард ба мухолифати ҷомеаи мадании Афғонистон низ рӯбарӯ шуд ва онҳо ба нашри баёния аз ниҳодҳои байнулмилалӣ хостанд, ки созкукорашон дар баробари “Толибон”-ро тағйир диҳанд. Дар ин баёния таъкид шуда буд, ки “мо интизор доштем, ки ин гузориш фоҷеаи ҳуқуқи башар дар Афғонистонро барҷаста кунад ва ҷомеаи байнулмилалиро мутақоид кунад, то талошҳоро барои як масири сиёсӣ бо меҳварияти занон ва қурбониён барои берун омадани Афғонистон аз ин буҳронҳо муттаҳид кунад, баръакс ин гузориш таҳти таъсир қарор гирифтааст”.


Дар ин нишаст, ки таҳти унвони “Афғонистон – миёни гузашта ва оянда” дар шаҳри Маскав баргузор шуд, Аҳмад Масъуд бо зикри ин ки Афғонистон ба як минтақаи “Толибистон” табдил шудааст, таъкид кард, ин кишвар ба “як сиёҳчолаи хафақоновар ва бунбасти торик фурӯ рафтааст”.

Ба таъкиди раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ин кишвар “имрӯз қонуни асосӣ надорад, машруъият надорад ва парчами миллӣ надорад ва ними нуфуси он зери унвони дин ва бардошти ғалат аз дин ба зиндагии шабеҳи бардагӣ савқ” дода шудааст.

Ин раҳбари сиёсии ҷавони Афғонистон таъкид кард, ки Афғонистон мутааллиқ ба як қавм нест ва моли ҳамаи мардуми Афғонистон мебошад ва ҳукумате, ки ба мардум эҳтиром намегузорад, наметавонад бо дунё дар сулҳ зиндагӣ кунад.

Аҳмад Масъуд бо ишора ба ин ки тарафдори қарор гирифтани Афғонистон дар ҷиҳатгирӣ ва тарафдорӣ аз ҳеч як қудрати сиёсӣ ва низомии ҷаҳон нест, афзуд:

“Мо мехоҳем Афғонистон бо иҷмоъи дохилӣ, суботи миллӣ дар ҳамсӯйӣ бо минтақаву ҷаҳон сиёсати дӯстӣ бо ҳама ва душманӣ бо ҳеч касро пеша кунад, то худро дар чархаи шуми хушунат ва ситезаҷӯӣ берун кунад”.
Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Русияи боадолат” ва муовини Думаи давлатии Русия низ дар ин нишаст таъкид кард: “Бовармандем, ки мардуми Афғонистон худашон бояд ояндаашонро таъйин кунанд”.


Қобили зикр аст, ки дар ин нишаст чеҳраҳои сиёсӣ аз азҳоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ иштирок доранд ва қарор аст суханронӣ кунанд. Муҳаммад Муҳаққиқ, раиси ҳизби “Ваҳдати Афғонистон” ва узви Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон, Маҳмуд Сайқал, намояндаи собиқи Афғонистон дар СММ, Фавзия Куфӣ, фаъоли ҷомеаи мадании Афғонистон, Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини раиси ҷумҳури Афғонистон, Фазл Аҳмад Маънавӣ, вазири адлияи ҳукумати собиқи Афғонистон, Зоҳири Ағбар, сафири феълии Афғонистон дар Тоҷикистон ва дигар чеҳраҳои шинохта иштирок доранд.

Фавзия Куфӣ, собиқ вакили парлумони Афғонистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи мадании ин ки кишвар дар нишасти мазкур бо зикри ин ки Толибон ҳаққу ҳуқуқи занонро риоят намекунанд ва ҳеч роҳкоре дар заминаи таомул бо ҳуқуқи занон надоранд, гуфт:

“Занон чунон Толибонро ба чолиш кашидаанд, ки маҷбур шуданд на танҳо занони эътирозгар, балки ҳатто аъзои хонаводаи онҳоро ба зиндон бияндозанд, то садои онҳоро хомӯш кунанд. Хости мо аз дунё, ки то кунун сиёсати зиддунақиз дар Афғонистон доштанд, ин аст, ки дар як саҳна бо мардуми Афғонистон қарор бигиранд”.
Узви Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон Муҳаммад Муҳаққиқ дар ин нишаст аз зулму ситами Толибон нисбат ба минтақаҳои ҳазоранишин ишора карда, бо қотеъият гуфт, ки “Шӯрои муқовимати миллӣ омодагии вуруди муқтадирона ба марҳилаи ҷадидро дорад. Яъне ҳаққи муқовимати майдониро низ барои худ ҳифз карда, дар мавқеъи муносиб аз он истифода хоҳад кард”.


Даъвати мухолифони Толибон аз сӯйи Руся, ки дар маҷмуъ гурӯҳи васеъе аз чеҳраҳои зиддитолибонанд, пасманзаре аз сиёсати ҷадиди ин кишвар нисбат ба вазъияти Афғонистонро нишон медиҳад. Қабл аз ин Русия сиёсати таомул ва созиш бо гурӯҳи Толибонро пеш гирифта буд, ҳоло ба назар мерасад рӯйкарди сиёсати хориҷии ин кишвар нисбат ба ҳаводиси Афғонистон дар ҳоли тағйир аст.

Дар иртибот ба сиёсати ҷадиди Русия Файёз Бараҳмон Наҷимӣ, коршиноси масоили сиёсии Афғонистон муътақид аст, ки “ба эҳтимоли зиёд Русия равиши ҷадидро ҳадди аққал дар ҳоли ҳозир дар ҷуғрофиёе ба номи Афғонистон таҷриба мекунад. Сиёсати расмии он таомул бо Толибон аст ва сиёсати ғайрирасмии он аз ҷониби ҳизби “Русияи боадолат” бо мухолифати Толибон. Аҳзоби оппозитсионии “дохили система” дар Русия мудолил бо оппозитсияҳои ғарбӣ нестанд ва дар масоили бузург, ба мисли ду ҳизби Амрико ҳамсӯ бо сиёсати давлати марказианд”.

Ин таҳлилгар меафзояд, ки тағйири сиёсати Русия дар шароити кунунӣ ба он рабт мегирад, ки мақомоти истихборотии ин кишвар дарк мекунанд, ки Толибон тарҳи амрикоӣ ва таҳдиде барои минтақаи зери нуфузи Русия – Осиёи Миёна мебошад.


Бо ин далел, мафзояд коршинос Файёз Бараҳмон Наҷимӣ, “Шӯрои амнияти Русия ва бахши низомиёну коршиносон бо гароиши форсӣ нигоҳи дигар ва беҳтар ба ғайриафғонҳо доранд. Ҷабҳаи муқовимат ва Шӯрои муқовиматро бахше аз сутуни амниятии ояндаи Русия дар Осиёи Миёна меангоранд, ки ба меҳвари тоҷикҳо ва ҳазораҳо (ду бузургқавми форсизабонҳо) ба изофаи муттаҳиди табиъии онҳо, яъне узбекҳо ва туркманҳо (туркзабонон) қарор дорад”.

*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед