Ru  | Tj
Ҳабибуллоҳ Калаконӣ. Тоҷикшоҳе, ки ҳукумати 100-солаи паштунҳоро ба чолиш кашид
Ҳабибуллоҳ Калаконӣ. Тоҷикшоҳе, ки ҳукумати 100-солаи паштунҳоро ба чолиш кашид
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Ҳабибуллоҳ Калаконӣ. Тоҷикшоҳе, ки ҳукумати 100-солаи паштунҳоро ба чолиш кашид

Нашр шуд

Дар кишвари Хуросон (дар ибтидо Афғонистон набуд, баъдан бо тавсияи инглисҳо ин кишвар номи Афғонистонро гирифт) беш аз 100 сол қавми паштунҳо ҳокимияти сиёсиро дар даст доштанд. Ҳокимияти ин қавм бо пуштибонии сафавиҳои Эрону Инглистон беш аз 100 сол идома ёфт, аммо дар ибтидои садаи 20 деҳқонбачае аз қавми тоҷик ин ҳокимияти 100-соларо ба чолиш кашиду шоҳи қавми паштун Амонуллоҳхонро аз тахт вожгун кард. Ин деҳқонбача “айёре аз Хуросон” Ҳабибуллоҳ Калаконӣ буд, ки дар ҷавонӣ бо ҷавонмардиву силаҳшӯрӣ шуҳравар буду дар атрофаш ақвоми зиёде, ба вижа рӯҳониёни суннатӣ ва рӯшанфикрон гирд омада буданд ва дар ӯ таҷассуми ормонҳои худро медиданд.

Ӯ бо қиёми мусаллаҳона тавонист дар як муддати кӯтоҳ манотиқи шимоли Афғонистонро фатҳ кунад ва ба сӯйи Кобул ҳаракат кунад. Ҳукумати подшоҳии Афғонистон, ки он вақт шоҳ Амонуллоҳхон дар раъси қудрат қарор дошт, дар баробари қиёми ӯ оҷиз монд ва ниҳоят шикаст хӯрд. Ҳабибуллоҳ Калаконӣ бо шиори адолатхоҳӣ ва динӣ ба майдон омад ва бо гурӯҳаш, ки ҷанговарони номӣ буданд, маҳди қудрати сиёсӣ – шаҳри Кобулро фатҳ намуд ва зимоми умурро то 9 моҳ дар даст дошт.

Ривоятҳо дар бораи қиёми мусаллаҳона ва давраи ҳукмронии Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ гуногун ва аксаран муғризона аст. Таърихнависони он замон дар Афғонистон, ки аксаран аз қавми паштунанд, бо диди қавмӣ қиёми мусаллаҳонаи Амир Ҳабибуллоҳ Какалониро ёддошт кардаанд ва аз ин рӯ лақабҳову ҳарфҳои тавҳиномезе дар мавриди Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ матраҳ аст. Ӯро тавҳиномез бачаи сақо, дузд, роҳзан ва ғайра номидаанд, ки бо воқеиятҳои таърих ҳамхонӣ надорад. Нигоҳи нав дар мавриди қиёми адолатхоҳонаи Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ, ки пайравонаш ӯро ифтихоромез “Ходими дини расулуллоҳ” меноманд, барои нигоштани таърихи беғараз бисёр муҳим аст. Дар ин навишта бо такя ба манобеи гуногун ва санҷиши воқеияти онҳо дар хусуси қиёми мусаллаҳонаи Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ва давраи зимомдории нуҳмоҳаи ӯ муҳимтарин далелҳоро ривоят хоҳем кард.


ХОДИМИ ДИНИ РАСУЛУЛЛОҲ Ё БАЧАИ САҚО?

Амир Ҳабиббулоҳ Калаконӣ дар таърихи 19 январи соли 1890 дар деҳаи Пушти деҳи ноҳияи Калакон, ки воқеъ дар шимоли Афғонистон аст, ба дунё омадааст. Падараш Аминуллоҳ деҳқон буд ва дар хонаи падари шоири машҳури Афғонистон Халилуллоҳ Халилӣ ба боғбонӣ иштиғол дошт.

Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар ҳафтсолагӣ вориди мадраса дар Калакон шуд. Дар ҷараёни омӯзиш дар мадраса рӯзе ҳамсинфи Ҳабибуллоҳ Калаконӣ аз тарафи муаллими мадараса бе ҳеч асосе латукӯб мешавад ва ин ҳодиса боис мешавад, ки ӯ ва ҳамсинфаш тарки мактаб кунанд. Ӯ ташвиқҳои зиёди падараш барои рафтан ба мадрасаро қабул намекунад ва танҳо қабул мекунад, ки дар назди имоми деҳ улуми диниро фаро мегирад. Ҳамин тавр ӯ танҳо бо фаро гирифтани улуми динӣ иктифо менамояд.

Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ба паҳлавонӣ шавқу рағбат дод ва аз ҷавонӣ ҳамчун паҳлавони обутобдида бузург шуд. Наҷиб Кӯҳистонӣ як тан аз муҳаққиқони даврони зимомдории ӯ менависад: “Ин марди далер ва айёрманиш дар мадраса илова аз дарсҳои маъмулии вақт, дарси мардонагиву айёриро низ ба таври худангехта меомӯхт ва рӯҳи саркашу адолатхоҳонаи ӯ ҳеч зулму истибдодро намепазируфт ва латукӯби рафиқи наздикаш тавассути муаллим рӯҳи рақиқ ва ҳассоси ӯро ҷареҳадор гаронид ва бар вай бисёр таъсири манфӣ гузошт, ки ду рафиқ бо ҳам тасмим гирифтанд, ки мадрасаро тарк кунанд... Амир Ҳабибуллоҳ дар миёни сойири навҷавонҳои ҳамсинну солаш рӯз то рӯз аз лиҳози физикӣ бузургтару танумандтар мегардид ва мувозӣ бо рушди физикӣ ба сойири дӯстони ҳамбозияш тезҳуштар ва фарзонатар бор меомад”.

Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар ҷавонӣ бо паҳлавониву қавиҳайкал будан ва бо кумак ба мазлумону бенавоён дар зодгоҳаш шуҳрат ёфт. Ӯ дар оилаи марди диндор, суфимашраб ва хокӣ бузург шуда буд ва албатта хислату хӯйи ҷавонмардиву зилмситезӣ дар вуҷуди он бо ҳидояти падараш ба вуҷуд омада буд.


Падари Ҳабибуллоҳ Калаконӣ – Аминуллоҳ боғбон ва деҳкон буд. Дар деҳа яке аз афроди бонуфуз ба шумор мерафт. Падари ӯ ба ҷанги Инглистон ва Афғонистон пайваст. Дар роҳ ӯ вазифаи обрасонӣ ба сарбозонро иҷро мекард ва бо ин кораш сарбозони ташналаб дар ҷангро сероб мекард. Кори ӯ боис шуд, ки ба ӯ лақаби “Сақои шуҳадо”-ро бидиҳанд. Афғонистон дар ҷанги Инглистон пирӯз шуд ва истиқлол ба даст овард, ки дар ҷанги истиқлолталабӣ падари Ҳабибуллоҳ Калаконӣ низ саҳим буд. Баъдан лақаби “Сақои шуҳадо” мавриди таъну тамасхури таърихнигорони муғриз қарор гирифт, ки то ба имрӯз гоҳе Амир Ҳабибуллоҳ Калакониро “бачаи сақо” меноманд ва дар кутуби таърихии он давра замони ҳукуматдории ӯ бо таъбири “давраи ҳокимияти бачаи сақо” ёд мешавад. Суистифода аз лақаби “Сақои шуҳадо” ба ҷуз аз камарзиш нишон додани қиёми мусаллаҳона ва адолатхоҳонаи Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ва таҳқиромез ёд намудани давраи зимомдории ӯ маънии дигаре надорад.

Дар давраи ҷавонӣ Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ба сафи артиши ҳукумати подшоҳӣ мепайвандад. Ӯ дар соли 1919 ба сафи артиш пайваста, дар беҳтарин қитъаи артиши подшоҳӣ хидмат ва ҷанги истиқлолхоҳии мардуми Афғонистон алайҳи ҳуҷуми инглисҳо ширкат мекунад. Ӯ аз тарафи Ҷамолпошо дар мактаби ҳарбӣ таълим дидааст. Дар соли 1924 мардуми Пактиё бар зидди ислоҳоти шоҳ Амонуллоҳхон, ки ҳадафаш муқобила бо суннатҳои қадимии мардумӣ буд, қиёми мусаллаҳона роҳандозӣ намуданд. Барои саркӯби ин қиём шоҳ Амонуллоҳ қитъаи намунаро фиристод ва Амир Ҳабибуллоҳ яке аз сарбозони ин қатъа буд. Дар ҷанг ҳузур дошт ва то шикаст додани шӯриш размид. Баъди шикасти қиёми зидди подшоҳӣ қитъаи намунаи артиш мунҳал мешавад ва Амир Ҳабибуллоҳ ба шимоли Афғонистон – зодгоҳаш бармегардад. Вай пас аз тарки сафи артиш бо дӯсташ Саййид Ҳасан Чорякорӣ гурӯҳи низомиёнро созмондеҳӣ кард, ки ҳадафаш муқобила бо сарватмандони золим ва масъулони низоми подшоҳӣ буд. Пас аз созмондеҳии гурӯҳи муборизин ва фаъолиятҳои адолатхоҳона ӯ дар Кописову Кӯҳдоман ва қисматҳои шимол маҳбуб шуд. Ин гурӯҳ аз соли 1925 то 1928 корвонҳои савдогаронеро, ки ба тарафи Шӯравӣ мерафтанд, мусодира намуда, байни мардуми фақир тақсим мекарданд. Ин амали онҳоро бархе таърихнигорон интиқом гирифтан аз Шӯравӣ барои ишғоли хоки Бухоро қаламдод кардаанд.

Дар ин давра ӯ хеле маҳбуб шуда буд ва аз нуфузи гурӯҳи ӯ Амонуллоҳ ба бим афтод. Ӯ пас аз сафари Аврупо як гурӯҳ, ба шумули Муҳаммадвалихони Дарвозӣ ва Сардор Муҳаммад Усмонхонро ба назди ӯ фиристод. Ба гувоҳии ин ду нафар Амир Ҳабибуллоҳ дар суҳбатҳо ҳеч нияте аз мухолифат бо Амонуллоҳхонро зоҳир намекард. Вале баъд Амонуллоҳхон гурӯҳеро барои саркӯби Амир Ҳабибуллоҳ фиристод ва ӯ ба Покистон фирор кард. Дар китоби “Афғонистон дар масири таърих” дар мавриди фирори ӯ бо нақл аз худаш чунин чизе таъкид мешавад: “Ман аз тарси таъқиби Амонуллоҳ бо писарони доӣ (тағо)-и худ Сикандар ва Самандар ба Пешовар рафтам ва чанде машғули чойфурӯшӣ будам ва онгоҳ дар “Тутагӣ” (минтақае дар Пешовари Покистон) рафта дукони самоворӣ (чойхона) гушудам. Ҳамон ҷо мондам, то мавқеи муроҷеат ба Афғонистон расид”.

Ин давраи муҳоҷират ба Покистон оғози ҳаркат ва қиёми мусаллаҳонаи ӯ бар алайҳи ҳукумати подшоҳӣ гардид. Вай дар соли 1928 ба Афғонистон баргашт ва бо нишон додани ҳусни ният бо артиши подшоҳӣ ҳамкориро шурӯъ кард.


ДЕҲҚОНЗОДАЕ, КИ ТАХТИ АМОНУЛЛОҲРО ВОЖГУН КАРД

Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар соли 1928 ба ҳамкории шоҳ Амонуллоҳхон шитофт ва дар фурӯ нишондани шӯриши Нангаҳор ба шоҳ кумак кард. Шоҳ муҳимот ва лавозимоти ҷангӣ дар ихтёри Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ гузошт. Ҳамории ӯ бо шоҳ Амонуллоҳхон то дер давом накард ва ӯ дар моҳи декабри ҳамон сол қиёми мусаллаҳонаи 9 рӯза алайҳи ҳукумати шоҳии Амонуллоҳро раҳбарӣ кард. Ин шӯриш муваффақ нашуд ва ӯ ба вилояти Пағмон ақибнишинӣ кард.

Амир Ҳабибуллоҳ баъди чанде дубора дар моҳи январ шӯриши мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Амонуллоҳхонро созмондеҳӣ кард. Ин бор шимоли Афғонистон пурра ба тасарруфи нерӯҳои ӯ даромад. Дар 14 январи соли 1929 нерӯҳои Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ба Кобул ҳамла карданд. Шоҳ Амонуллоҳхон салтанатро ба бародараш Иноятуллоҳ супурду худ ба Қандаҳор рафт. Баъди фирори ӯ Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар таърихи 18 январи соли 1929 аркро тасарруф кард ва бар тахти шоҳӣ нишаст. Тибқи ривояти шоҳидон, Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ вақте ба тахти шоҳӣ нишаст, қонуни асосиро лағв кард ва маҳдудиятҳои зиёдеро, ки шоҳ Амонуллоҳхон ҳамчун барномаи гузор ба давраи демукросӣ ва мудернсозӣ эҷод кард буд, бекор кард. Ӯ худро “ходими дини расулуллоҳ” меномид ва рӯҳониёни мактаби нақшбандия рӯйи афкор ва тасмимгириҳои ӯ таъсири беандоза доштанд.

Зимомдории Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ 9 моҳ идома кард. Дар аввалин суханронияш ӯ аз талошҳои шоҳи аз тахт вожгуншуда – Амонуллоҳхон барои ба даст овардани истиқлол ситоиш кард ва гуфт: “Истиқлол на аз ман аст ва на аз Амонуллоҳ, балки аз шумо – мардум аст”.

Дар ибтидои зимомдорӣ Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ бо мухолифонаш бархурди инсондӯстона дошт. Ҳамаро бахшид. Ҳатто аъзои оилаи шоҳ Амонуллоҳхон, ки дар асорати ӯ буданд, бо миёнҷигарии бузургони қавмӣ ба назди хонаводаҳои худ баргаштанд. Масъулин ва вазирону дарбориёни ҳукумати Амонуллоҳ низ дар амон буданд. Вале баъди мухолифатҳо бар алайҳи амири ҷавон теъдоде аз “ёғиҳо” бо машварат ва дастури ёварони амири ҷавон саркӯб шуданд.

Дар ибтидо паштунҳо, ки аз ислоҳоти зиддидинии Амонуллоҳхон ба танг омада буданд, дар сафи Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ҷангиданд ва баъди ба қудрат расидани ӯ мутаваҷҷеҳи масоили қавмӣ шуданд. Вақте паштунҳои дуронӣ мутаваҷҷеҳ шуданд, ки як тоҷики форсизабон дар раъси қудрат қарор гирифтааст, ошуфта шуданд ва мухолифаташон алайҳи ҳукумати подшоҳии навпо оғоз гардид. Муҳаммад Сиддиқ Фарҳанг, таърихнависи машҳури афғон менависад: “Пас аз хориҷ шудани шоҳи собиқ (Амонуллоҳхон) аз кишвар масъалаи қавмӣ дар сафи аввали мавзӯъҳои мавриди ихтилоф қарор гирифт ва паштунон бо эҳсоси ин ки подшоҳӣ аз дасташон хориҷ шуда ва ба қавми дараҷаи пойинтар – тоҷик тааллуқ гирифта, баробари давлати ҷадид мавзеъ гирифтанд”.

Дар таърихи ҳокимияти садсолаи паштунҳо ба қудрат расидани як тоҷик хуш пазируфта нашуд ва онон дар садади барандохтани давлати Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ шуданд.


СУҚУТИ ҲУКУМАТИ НАВПОИ АМИР ҲАБИБУЛЛОҲ КАЛАКОНӢ

Нодирхон яке аз зимомдорони ҳукумати Амонуллохҳон бо ваъдаи пас гирфитани тоҷу тахт аз Амир Ҳибуллоҳ Калаконӣ паштунҳои зиёдеро дар атрофи худ муттаҳид кард.

Ҳукумати Амир Ҳибуллоҳ Калаконӣ, ки пардохти молиётро бекор карда буд ва дарҳои кишварҳои ҳамсоя барои тиҷорат баста буд ва равобити дипломатии хуб надошт, авзоъи хуби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ надошт. Ин омилҳо яке аз сабабҳои он шуд, ки дар баробари ҳуҷуми нерӯҳои Нодирхон ба шикаст мувоҷеҳ шавад. Муҳаммад Нодирхон бо ҳимояти инглисҳо ба зидди ҳукумати Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ қиём кард ва дар ниҳоят ҳокимияти 9-моҳаи амири ҷавон аз ҳам пошид. Ҳабибуллоҳ Калаконӣ дар Арги Ҷабалсироҷ паноҳ бурд. Нодирхон бо миёнҷигарии Шамсулҳақ Муҷаддадӣ бо найрангу тазвир Амир Ҳабибуллоҳ Калакониро ба музокирот во дошт. Ӯ бо муҳр кардан дар рӯйи Қуръон ваъдаи авфи Амир Ҳабибуллоҳ Калакониро дод ва ӯро ба Кобул фаро хонд. Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ ва 17 нафар ёраш бо ваъдаи авф ва муҳр дар Қуръони Нодирхон бовар намуда, таслим шуданд. Бо дастури Нодирхон бо аҳдшиканӣ Амир Ҳабибулоҳ Калаконӣ ва ёронаш дар ибтидо зиндониву шиканҷа ва баъд тирборон шуданд. Халиллоҳ Халилӣ дар китоби “Айёре аз Хуросон” менависад, ки вақте Амир Ҳабибуллоҳ Калакониро ба қатлгоҳ мебурданд, хитоб ба ёронаш мегуфт вақти тирборон ба зону наафтед, ки боз нагӯянд дар назди мо зону заданд. Ӯ ва ёронаш 13 октябри соли 1929 тирборон шуданд.


Аҳдшикании Нодирхон ва қатли Амир Ҳабибуллоҳ Калаконӣ кори шоиста набуд ва аксари таърихнигорон ин кори Нодирхонро як иштибоҳи бузург медонанд. Муҳаммад Сиддиқ Фарҳанг, ки худ паштун буд, дар ин маврид мегӯяд: “Қатли Ҳабибуллоҳ ва ҳамроҳони ӯ ба ин шакл иштибоҳи бузурги Нодиршоҳ буд. Зеро на танҳо ӯро дар азҳони омма ба сифати як шахси паймоншикан ва ҳатто савгандшикан муаррифӣ кард, балки бо додани ҳаққи муҷозоти афроди як қавм ба қавми дигар ҳайсияти давлатро дар интизори умум таназзул дод ва тахми нифоқу бадбиниро дар байни ақвом базр кард”.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед