Ru  | Tj
И. Усмонов: «Миллат будан онро ҳам ифода мекунад, ки ту дар фикри ҳамзабон будан не, балки ҳамтақдир ва ҳамзамин будани худ ҳастӣ»
И. Усмонов: «Миллат будан онро ҳам ифода мекунад, ки ту дар фикри ҳамзабон будан не, балки ҳамтақдир ва ҳамзамин будани худ ҳастӣ»
Акс: Halva.tj

И. Усмонов: «Миллат будан онро ҳам ифода мекунад, ки ту дар фикри ҳамзабон будан не, балки ҳамтақдир ва ҳамзамин будани худ ҳастӣ»

Нашр шуд

Идеология ва тафаккури милливу давлатӣ хусусиятҳои гуногун дорад. Дар ин замина олимони ҷаҳонӣ андешаҳои гуногуни худро баён карда, барои ба вуҷуд овардани он дар илм роҳҳои амиқро ҷустуҷӯ кардаанд. Бо истифода аз фурсат хостем, аз донишманди тоҷик Иброҳим Усмонов дар ин замина, яъне дар бораи тафаккури миллӣ ва ё тафаккури тоҷикистонӣ ду-се суолеро бипурсем. 

- Устод, дар назари Шумо фаҳмиши тафаккури “ҳамқавм”, “ҳаммиллат” ва имрӯз “тафаккури тоҷикистонӣ” бояд чӣ бошад?

- Фаҳмиши «тафаккури тоҷикистонӣ» барои аксарият ҳаммаънои калимаи «ҳаммиллат будан» аст. Аслан дар илм бисёриҳо калимаи «миллат» ва вожаи «халқ»-ро ҳаммаъно ҳисоб мекунанд. Ҳатто вожаҳое, ки гурӯҳҳои хурдтарро ҳам ифода мекунад, ба монанди қавм, қабила ва ғайраро низ ба ҳамин маъно меоранд. Барои фаҳмидани маънои хоси ҳар истилоҳ, замонро дар назар гирифтан зарур аст. Мафҳуми «халқ» мардуми давлати замони феодалро ифода менамояд. Баробари ба вуҷуд омадани давлат халқ ба вуҷуд омад.  Яъне дар ин давра яке аз қавмҳо бартарӣ пайдо кард. Масалан, давлати тоҷикҳо – давлати Сомониҳо буд ва халқи тоҷик дар замони Сомониҳо ташаккул ёфт. Чунин маъно бардоштан дуруст нест, ки ба забони тоҷикӣ сухан мегуфтанду то замони Сомониҳо мавҷуд набуданд, балки ин чунин маъно дорад, ки маҳз ҳамин халқи тоҷик, ки дар Осиёи Миёна мезист, муттаҳид шуда, давлати Сомониёнро бунёд гузоштанд. Албатта, дар он вақт ҳам «тоҷик» мегуфтанд, вале зиёдтар калимаҳои суғдиву бохтарӣ, хоразмиву форсу фарғонӣ зиёдтар истифода мешуданд. Яъне бохтариву хоразмиву фарғонӣ ёдоварӣ мешудагон ҳама  тоҷик буданд. Тавре дар асрҳои XIX - XX ҳар кӣ бо номи шаҳрҳо ёдоварӣ мешуд, масалан ҳисорӣ, бухороӣ, хуҷандӣ, ҳиротӣ, нишопурӣ, кобулӣ ва ғайра низ тоҷик буданд.  Агар ба китобҳои таърих руҷӯъ намоем, хоҳ онро арабҳо, хоҳ онро мардуми Осиёи Миёна, мардуми Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон навишта бошанд ва агар дар бораи ҷанг сухан равад, мегӯянд, ки мулки Самарқанд фалон қадар аскар дод ва ин қадараш тоҷик буду ин қадараш турк.  Яъне дар ҳамаи китобҳои таърихӣ ҳамин гуна зикр ёфтааст. Пас, халқ ба номи «тоҷик» дар Осиёи Миёна ҳамеша буду ҳаст ва он ки забонаш каме дигаргун ёдоварӣ шудааст ин масъалаи дигар ба ҳисоб меравад.  

- Пас мафҳуми “миллат” ҳамчун мафҳуми сиёсӣ ва ифодакунандаи ҳамтақдир будан кай ба вуҷуд омад?

- Миллат ин маҳсули замони буржуазӣ аст. Миллат дар замони тараққии саноат пайдо мешавад ва тафаккураш аз тафаккули як халқ васеътар аст. Вақте ки мо дар бораи мафҳуми тоҷикистонӣ будан сухан мегӯем, яъне миллати тоҷикро ва сарзамини Тоҷикистон ва миллати ин сарзаминро дар назар дорем. Дар ин миллат, албатта, қувваи пешбаранда халқи тоҷик аст. Чунки давлат ба номи ин халқ сохта шудааст, вале дар ин росто ҳар халқи дигаре, ки дар Тоҷикистон ҳасту зиндагӣ мекунад (масалан, русҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо, қабилаҳои дигари туркзабон- лақайҳо, қарлиқҳо, қунғуротҳо, ки аксари вақт мо онҳоро ба як ном, яъне “ӯзбек” ёдоварӣ менамоем) вақте ки аз Тоҷикистон берун мебароянд, худро тоҷикистонӣ муаррифӣ менамоянд.  Берун аз Тоҷикистон, агар онҳо номи миллати худро қирғиз ё ӯзбек гӯянд, номуайян мешавад, чунки қирғиз дар Қирғизистону ӯзбек дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Яъне миллати Тоҷикистон халқи Тоҷикистон аст. Ҳангоме, ки дар бораи тоҷикистонӣ будан сухан меронем, мефаҳмонем ки мо мардуми ҳамин сарзамин мебошем. Дар ҳамин ҷо, ифтихори тоҷикистонӣ будан ҳам пайдо мешавад. Фарз намудем намояндаи яке аз қавмҳои ғайри тоҷик ба сари қудрат ояд (Конститутсияи мо ба ин рухсат медиҳад) вай манфиати Тоҷикистонро ҳимоя менамоянд. Агар дар Ӯзбекистон ҳам фарз намудем тоҷик ба сари қудрат ояд, ӯ низ вазифадор аст, ки манфиати ҳамон давлатро ҳимоя кунаду сиёсати ҳамон кишварро пеш барад, на манфиати қирғиз, тоҷик ва каси дигареро. Масалан, Бабрак Кормал ё Абдулло Абдулло дар кишвари худ пеш аз ҳама манфиати давлати Афғонистонро ҳимоя мекарданд. Б. Обама сарвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд, на ақалияти ин кишвар.  Пас, миллат будан, онро ҳам ифода мекунад, ки ту дар фикри ҳамзабон не, балки ҳамтакдир ва ҳамзамини худ ҳастӣ. Ҳамзабон будан муҳим аст, вале ҳамтақдир будану ҳамфикр будан тамоман чизи дигар аст. Мавлоно мегӯяд, ки «ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст». Яъне забони ҳамдигарро фаҳмиву донӣ ва ба ҳамдигар задухӯрд дошта бошӣ мисли мамлакатҳои арабӣ чӣ хубӣ дорад? Забони якдигарро надониву дар якҷо дӯстона зиндагӣ намоиву ба якдигар наздик шавӣ, беҳтар аст. Аз ҳамин сабаб, миллат ин ягонагӣ ва якҷоягии халқиятҳо ва халқҳои гуногунро ба вуҷуд меоварад. Яке аз  хусусиятҳои тоҷикистонӣ будан дар он аст, ки (ё ягон ҷойи дигар)  ҳамаи халқ сарфи назар аз он, ки ба кадом қабила ё қавм таллуқ доранд, забони давлатиро бояд донанд. Чаро? (Ҳеҷ кас онҳоро дар донистани забони модарии худ маҳдуд наменамояд). Чунки дар ин мулк зиндагӣ ва кор мекунад, ҳаққи раис ва вазир шудан дорад ва бе забони давлатӣ ин корҳо ношуданиянд.

-  Ватанпараст ё тоҷикистонпараст бояд пеш аз ҳама чӣ хусусият дошта бошад? 

- Хусусияти тоҷикистонпарастӣ чунин ифода аст, ки ин Ватанро бояд ҳифз намоӣ.  Яке аз қарзҳои ватандорӣ он аст, ки дар вақти ҷавоният бояд дар Артиши миллӣ хизмат намоӣ. Чаро? Чунки ту ҷузъи ин Ватан, яъне қисми таркибии ин Ватан ба ҳисоб меравӣ. Агар Ватанатро ту ҳимоя нанамоӣ, чӣ касе Ватани туро ҳифзу ҳимоя мекунад? Дар минтақаи мо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ роҳҳои гуногунро барои ба роҳ мондани қарзи шаҳрвандӣ дар самти хизмат дар артиш пеш гирифтанд. Тоҷикистон бошад роҳи одии аскариро интихоб кард.

Дигар чиз дар ин соҳа ин эҳтиром кардани арзишҳои миллӣ ҳисобида мешавад. Яъне таърих, фарҳанг, адабиёт ва ҳар чизи дигаре, ки ба ҳамин халқ тааллуқ дорад, ҳам дар эчод, ҳам дар зинадагӣ ва ҳам дар рафтори худ ин арзишҳоро ҳимоя намудан зарур аст. 

- Арзишҳои миллии мо дар чиҳо  ифода меёбад?

- Арзишҳои миллии мо дар чанд чизи бисёр муҳим ифода меёбад. Аз ҷумла, мо мардуми тоҷик мебошем, яъне мо – мардуми тоҷик мардуми муқимии Осиёи Миёна ҳастем. Баробари он ки Осиёи Миёна пайдо шуд, мардуме пайдо шуданд, ки онҳо аҷдодони мо ҳастанд. Нигоҳ доштан ва қадр кардани ҳамин гуна арзиш яке аз фаҳмишҳои ифтихори миллии мост. Чизи дигаре, ки мо бояд қадр намоем ин забони мост. Баъзе бар он назаранд, ки гӯё ин забони мо набуда, балки забони аз берун омадаест, ки онро мо баъдтар қабул намудем. Ин фикри тамоман нодуруст аст, чунки онҳо таърихи гузуштаи моро намедонанд ё донистан ҳам намехоҳанд. Надонистан айб аст, вале нахостан гуноҳ аст ва бад аст. Барои ҳамин, ба гумони ман яке аз ифтихороти тоҷикистонӣ будан ин, пос доштани ифтихороти Ватан ва забони модарии мост. 


Манижа Баҳра: “Ба ҳар чиз мешавад одат кард, илло фақр”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед