Ru  | Tj
Интихоботи «ҳассос»-и Туркия. Оё давраи 20-солаи ҳукумати Эрдуғон поён меёбад?
Интихоботи «ҳассос»-и Туркия. Оё давраи 20-солаи ҳукумати Эрдуғон поён меёбад?
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Интихоботи «ҳассос»-и Туркия. Оё давраи 20-солаи ҳукумати Эрдуғон поён меёбад?

Нашр шуд

Дар Туркия 14-уми майи соли равон интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад. Ин интихоботи Туркия нисбат ба дигар интихоботҳо «ҳассостар» мегузарад, зеро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури бонуфуз ва таъсиргузор дар сиёсати бистсолаи Туркия бо рақиби ҷиддӣ Камол Қиличдороғулу ва ҳампаймонаш рақобат мекунад.

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо сиёсатҳои пархошгаронаи хориҷӣ ва сиёсатгузориҳои нокоми дохилияш аз чашми мардуми Туркия афтодааст ва ҳар лаҳза шумори тарафдоронаш камтар мешавад. Ду омил – танишҳо дар сиёсати хориҷӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва Амрико ва сиёсатгузориҳои нокоми дохилӣ, ки боиси таваррум ва коҳиши рушди иқтисодии Туркия шудааст, маҳбубияти Эрдуғонро коҳиш додааст.

Тибқи назарсанҷиҳо, Камол Қиличдоруғлу нисбат ба рақиби худ Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешсаф аст. Бар асоси таҳлилҳо, интихоботи Туркия шояд ба даври дувум кашида шавад ва эҳтимоли шикасти Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар даври дувум бештар мешавад.

ЭРДУҒОНИ ҲАМЕША ПИРӮЗ, ИН БОР ДАР ОСТОНАИ ШИКАСТ

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, муассиси Ҳизби адолат ва тавсеа аст ва 20 сол боз дар арсаи сипеҳри сиёсии Туркия ҳукумат мекунад. Ӯ дар навҷавонӣ бо идеологияи исломгароӣ ва мубориза ба зидди тарафдорони Камол Отатурк ба майдон омад. Дар 22-солагӣ ба Иттиҳоди миллии донишҷӯёни Туркия пайваст. Ба ҳизби исломгарои Наҷмиддин Арбакон – ҳизби саломати миллӣ пайваста, дар ин ҳизб шохаи ҷавононро раҳбарӣ мекард. Дар солҳои 70-ум зиддияти исломгароҳову коммунистҳо ба задухӯрдҳои мусаллаҳона анҷомид ва артиши Туркия фаъолияти ҳизбҳоро манъ кард. Эрдуғон пас аз мамнуъияти фаъолияти аҳзоби мухолифи ҳукумат бо бахши хусусӣ ҳамкорӣ намуда, ҳеч вақт сиёсатро раҳо накард. Пас аз муддате фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дубора иҷоза дода шуд. Наҷмиддин Арбакон, раҳбари исломгароҳои турк Ҳизби рифоҳро таъсис кард ва Раҷаб Тайиб Эрдуғони навҷавон ва дар арсаи сиёсат навқадам ҳамчун як аъзои фаъоли ин ҳизб фаъолияти сиёсиашро оғоз намуд. Ӯ бо ширкат дар интихоботҳо ва суханрониҳои оташин аввал узви парлумони Туркия, баъдан раиси шаҳри Истанбул шуд. Шаҳрдори Истанбул шудани ӯ роҳро барои расидан ба вазифаи сарвазирӣ боз кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо таъсиси Ҳизби адолат ва тавсеа аз Ҳизби рифоҳи Наҷмиддин Арбакон ҷудо шуд. Ҳизби адолат ва тавсеа ҳамчун як ҳизби навпо бо барномаҳои ҷадидаш дар байни мардуми Туркия тарафдорони зиёде ба вуҷуд овард. Дар ниҳоят Ҳизби адолат ва тавсеа бо ба даст гирифтани аксарияти курсиҳои парлумон зимоми умури Туркияро ба даст гирифт ва Эрдуғон то соли 2018 ба ҳайси сарвазири Туркия фаъолият намуд. Эрдуғон дар соли 2018 бо шиори «Салоҳияти бештар мехоҳам, то барномаҳоямро амалӣ кунам», қонуни асосии Туркияро тағйир ва низомии идораи парлумониро дар Туркия барҳам дод. Агарчи ӯ ин корро бо райъпурсӣ анҷом дод, вале мухолифинаш ин тағйирро хотимаи демократияи парлумонӣ ва рафтани Туркия ба сӯйи диктатура арзёбӣ намуданд.

Таҳлилгарон даҳсолаи аввали раҳбарии Эрдуғонро тавсиф мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ бо мудирият ва амалӣ намудани барномаҳои иқтисодӣ Туркияро ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил дод. Ӯ воқеан дар ибтидои ҳукуматдорияш бо иҷро намудани ислоҳоти фарогири иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ рушди иқтисодии Туркияро рақам зад. Сохтани корхонаҳои хурду бузург, иҷрои тарҳҳои калони иқтисодӣ мотори иқтисоди Туркияро ба чархиш даровард. Дар ин давра Эрдуғон бисёр ба Иттиҳоди Аврупо ва Амрико наздик шуд ва Туркияи мудерн бо иқтисоди пешрафтаро ба вуҷуд овард. Дар даҳсолаи баъдӣ, яъне шурӯъ аз соли 2011 Эрдуғон бо зоҳир кардани андешаҳои исломӣ ва мухолифат бо бархе кишварҳои аврупоиву Исроил ва Амрико дар сиёсати хориҷӣ чеҳраи дигари Туркияро ба намоиш гузошт. Ҳам аврупоиён ва ҳам Амрикову Исроил аз Туркия дили хуше надоштанд, вале будани ин кишвар дар канорашон тақозои манофеъи ҳассоси геполитикиашон буд. Гузашта аз он Туркия узви НАТО аст ва дар ҳавзаи низомӣ манофеъи Амрико ва НАТО-ро таъмин мекунад.

Эрдуғон яке аз чеҳраҳои исломӣ дар сиёсат аст ва раҳбари кишварест, ки Камол Отатурки коммунист солҳо роҳбари он буду бо арзишҳои исломӣ мубориза мекард. Бисёре аз коршиносон яке аз далоили тӯли бист сол дар қудрат боқӣ мондани Эрдуғонро ба ваҷҳаи исломӣ ва харизмаи раҳбарии ӯ нисбат медиҳанд.

Ҳоло вазъияти Туркия мисли солҳои қабл нест. Эрдуғон дар шароите ба рақобатҳои интихоботӣ мепардозад, ки Туркия ба буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ аст. Афзоиши сатҳи таваррум ва беқурбшавии пули миллии Туркия вазъияти иқтисодии мардумро бадтар кардааст. Боло рафтани нархи хона, афзоиши нархи маҳсулоти аввалия, ки ба сатҳи зиндагии қишри миёнаи Туркия таъсир мерасонад, як буҳрони ҷиддӣ аст. Заминларзае, ки ахиран шаҳрҳои калон ва пурҷамъияти Туркияро хароб кард, боиси беэтимодии мардум нисбат ба шеваи раҳбарии Эрдуғон шудааст. Шеваи расидагии ниҳодҳои давлатӣ ба осебдидагони зилзила мавзӯъи асосии гуфтугӯ ва интиқоди рақиби ӯ Қиличдорғулу аст. Қиличдоруғлу дар шоирҳои худ мегӯяд, ки давлат дар ҳаққи зилзилазадагон ҷафо кард ва ёрии таъҷилӣ нарасонид.

Эрдуғон дар арсаи байналмилалӣ низ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст. Дахолати вай дар умури Сурия ва ҳимоят аз ифротиҳо дар ҷангҳои дохилӣ, таниш бо Иттиҳоди Аврупову Амрико, равобити бешарту қайдаш бо Русия хашми бисёре аз туркҳоро барангехтааст.

Бо вуҷуди ин бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки Эрдуғон бо чархишҳои популистона метавонад тарафдоронашро қаноат бидиҳад, то ба ӯ райъ диҳанд. Агар ӯ дар интихоботҳои гузашта аз эҳсоси динии мардум истифода мекард, ба назар мерасад, ин омил дигар мардумро ба овоз додан таҳрик намекунад. Вай ҳоло ба ҳизбҳои миллигарои Туркия рӯ овардааст. Ҳамчунин шиорҳои бозгашт ба давраи империяи Усмонӣ ва зинда кардани баъзе унсурҳои он давра василаи ҷалби бештари онҳоест, ки тамоюлоти миллигароёна доранд.

«ГАНДИИ ТУРК» ДАР РАҚОБАТ АЗ ЭРДУҒОН ПЕШСАФ АСТ

Камол Қиличдоруғлу, раиси Ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ, ки аз ҷониби Камол Отатурк, бунёнгузори Туркия навин 100 сол пеш таъсис шуда буд, бо эътилофи шаш ҳизб вориди корзори интихоботӣ гардид. Ӯ 74 сол дорад. Риштаи тахассусаш иқтисод аст. Мардест, ки солҳо бо фасоди идорӣ мубориза бурда ва як давра дар ҳукумати Эрдуғон ҳам кор кардааст. Вай дар интихоботҳои гузаштаи Туркия ҳамеша аз Ҳизби адолат ва тавсеа шикаст хӯрдааст. Ин бор вазъият тафовут дорад. Ӯ бо шаш ҳизб иттиҳод баста ва яке аз далелҳои пешсафияш аз Эрдуғон шакл додани эътилофи бузурги мухолифон аст.

Камол Қиличдоруғулу бо шиори бозгашт ба демократияи парлумонӣ ва тағйири иқтисодӣ ба майдон омад. Ӯ дар охирин суҳбаташ гуфт: «Мо ба қудрат мерасем, то аз ҳуқуқи фақирон, саркӯбшудагон ва коргарон ҳимоят кунем». Қиличдоруғлу сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии Эрдуғонро боиси буҳрони кунунии Туркия тавсиф мекунад. Ӯ ваъда додааст, ки агар ба қудрат расад, робитаҳои беҳтаре бо кишварҳои аврупоӣ ва Амрико ба роҳ монда, Туркияро аз сиёсати ботаниши хориҷӣ озод хоҳад кард. Ӯ бо зикри ду мафҳуми калидӣ худро дар муқобили Эрдуғон қарор додааст: яке демократия ва дувумӣ рифоҳи иқтисодӣ. Ӯ мегӯяд: «Ончи аз мардум рабудашударо ба мардум пас хоҳем дод. Номзад ман нестам, номзад ҳамаи мо ҳастем. Мо кишварро бо машварати гурӯҳӣ ва бо тафоҳуми якдигар идора хоҳем кард». Ӯ бо мухолифат кардан аз сиёсатҳои иқтисодии Туркия гуфт, ки агар ба қудрат расад, фурӯши хонаҳоро ба хориҷиҳо манъ хоҳад кард, то ҳар як турк соҳиби хона шавад.

Камол Қиличдоруғулу дар тозатарин изҳораташ фош кард, ки алавимазҳаб аст. Ӯ бо баёни ин нукта гуфт, ба саркӯби ақаллиятҳои мазҳабӣ хотима дода, озодии бештари фардӣ ва иҷтимоӣ ба мардум хоҳад дод. Бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, ки ин нукта метавонад миллатгароҳои Туркияро ба сӯйи Эрдуғон савқ диҳад, зеро дар Туркия нисбат ба ин ҷараёни мазҳабӣ нигоҳи мусбате надоранд. Ӯро бархе рӯзноманигорони Туркия «Гандии турк» лақаб додаанд. Ба бовари онон Қиличдоруғлу ягона фардест, ки метавонад решаҳои фасоди идориро дар Туркия бихушконад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед