Ru  | Tj
Худро мешиносад ва барои худшиносии дигарон кӯмак мекунад. Равоншинос кист?
Худро мешиносад ва барои худшиносии дигарон кӯмак мекунад. Равоншинос кист?
Аксҳо аз қаҳрамони мавод дастрас гардидааст

Худро мешиносад ва барои худшиносии дигарон кӯмак мекунад. Равоншинос кист?

Нашр шуд

Гуфтумон бо равоншиноси маъруфи кишвар Маҳмудшоҳ Кабиров.

Аз тарс то дурӯғ

- Баъзеҳо сухани гуфтанӣ надоранд, вале боҷуръат ҳарф мезананд, бархеи дигар бошад гап доранд, вале дар миёни мардум аз сухан кардан метарсанд. Чаро?

- Тарс меъёри муайян дорад. Нотарсии зиёд нуқси равонӣ ва тарси зиёд беморист.

- Бисёриҳо бо шунидани саволи “Шуғли дӯстдоштаатон чист?” “футбол, пӯхтупаз ё китобхонӣ” мегӯянд. Вале дар асл аксарият шуғли доимӣ надоранд. Чӣ бояд кард, то чӣ хостани худро ҳар нафар дуруст донаду худро фиреб надиҳад?

- Курсҳои табобатии махсуси равонии назди равоншиносонро гузаштан лозим, то сарҳади эҳсосии худро муайян намоем. Ҳамчунин, чӣ хостани худро бо тестҳои махсуси равонӣ ё бо гузаштани курси махсуси равонтаҳлилӣ дар назди мутахассис бояд муайян кард.


- Ҳастанд нафароне, ки бисёр дурӯғ мегӯянд, ҳатто дурӯғҳои нодаркор. Аз нигоҳи психологӣ барои чӣ одамон дурӯғ мегӯянд ва чӣ бояд кард, то ин ҳолат бартараф шавад?

- Дурӯғгӯӣ омезиши хаёл бо воқеот аст, ки аз нутқи одам баромада, барои фазои иттилоотиро иваз кардан, изҳор мешавад. Дурӯғгӯи буд, ҳаст ва мемонанд, фақат шакли изҳори он иваз мешавад. Танҳо сатҳи маърифати одам онро бартараф карда метавонад ва ин сатҳро бо дарсҳои равонии мутахассис аз худ кардан мумкин аст.

- Баъзеҳо гириста наметавонанд, ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагияшон. Ин мушкилро чӣ гуна метавон рафъ кард?

- Гиря дар сар маркази худро дорад ва дар баъзе одамон он афзоишёфта, дар баъзеи дигар кам инкишоф ёфтааст. Одамони эҳсосӣ бисёртар гиря мекунанд, одамони мантиқӣ бошад камтар. Лаҳзаи ҳассоси зиндагӣ дар ҳар одам аксуламали худро дорад. Масалан, яке бо гиря, дигаре бо руҳафтодагӣ, сеюмӣ бо беиштиҳоӣ... Вале касе, ки гиря намекунад, эҳсосоти баланди ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ дар ӯ камтар эҳсос шуда, фишори ҳаёт ба ӯ осеб расонидааст.

- Ҷароҳати равонӣ чист ва он чӣ гуна пайдову нобуд мегардад?

- Ҷароҳати равонӣ омилест, ки равони одам онро бардошт ва ҳал кардан наметавонад, сиришти одам аксуламалҳои зиддӣ стрессиро кам ё умуман ба кор намеандозад. Дар натиҷа, равишҳои одатии равонӣ вайрон шуда, ба ин ё он ҳолати боздошт ё ангезаи нейронҳои майна меорад ва идораи он номураттаб мегардад. Баъзан ҷароҳати равонӣ худ ба худ мегузарад, баъзан ёрии анрофиён ё дахолати мутахассисони равонӣ лозим аст.

- Ба кадом намуди одамон равоншинос лозим аст ва умуман зарурияти ба назди равоншинос рафтан дар чист?

- Равоншинос ба ҳама лозим аст. Касе худро шинохтан мехоҳад, касе дар мушкилии равонӣ гирифтор аст, касе бемории равонӣ дорад.

Аз аввалин равоншиносон то мавсими кории мутахассис

- Равоншиносӣ чӣ гуна пайдо шудаву аввалин саромадонаш киҳоянд?

- Равоншиносӣ илми қадим аст. Чун илми худошиносӣ (теология)-ро пайғамбарон оварданд, дар он олами ботинии одамро низ шарҳ медоданд, аз ҷумла хоббинӣ, фикркунӣ, хаёл, эҳсосот, ҳис, боварӣ, умед ва ғайра. Бинбар ин, илми равоншиносӣ ҳамсинну соли дин аст ва аввалин равоншиносон паёмбарон буданд.

Дар таърихи равоншиносии тоҷик равоншиноси аввал паёмбари ориёи - Зардушт буд, ки дар китоби худ “Авесто” элементҳои зиёди равониро овардааст. Дуввум, равоншиноси классикии тоҷик Абубакри Розӣ мебошад. Ӯ дар китоби худ "Тибби рӯҳонӣ" масъалаҳои зиёди равонии одамро навиштааст. Равоншиноси дигари классики тоҷик Унсурмаолии Кайковус психологияи одамро бо китоби худ “Қобуснома” хуб дарҷ кардааст. Беҳтарин китоби психологияи классики форсу тоҷик китоби "Чаҳоркитоб"- и Фаридаддуни Аттор ба ҳисоб меравад, ки бо усули динӣ навишта шудааст.

- Вазифаи илми равоншиносӣ ва худи равоншинос чист?

- Илми равоншиносӣ сохтори омӯзишӣ, пажӯҳишӣ, тадқикотӣ, қоидаҳо ва самти муайяни худро дорад ва бо онҳо кори худро нисбати вазифаҳо ва мақсадҳояш иҷро мекунад. Дар замони мо равоншиносӣ одамонро худшинос мекунад. Вазифаи равоншинос бошад, олами ботинии одамро бо зуҳуроти он нисбати атроф меомӯзад.


- Тавозуни арҷгузорӣ ба мутахассиси ин соҳа чӣ гуна аст?

- Мардум аз мутахассисе, ки аз ӯ нафъ бинанд, ҳатман ӯро қадр мекунанд ва ин формулаи одии ҷомеаи мост.

- Мардум ба равоншиносон муаммоҳои зиндагии худро бепарда мегӯянд, равоншинос чӣ гуна онҳоро махфӣ нигоҳ медорад?

- Ҳар илм этикаи касбии худро дорад, аз ҷумла илми равоншиносӣ низ. Одамоне, ки ба назди равоншинос меоянд барои маслиҳати равонӣ гирифтанашон тамоми мушкилоти шахсии худро мегӯянд ва ба боваре ҳастанд, ки гуфтаҳояшон танҳо миёни худашон мемонад, зеро аксарият медонанд, ки аз рӯи меъёрҳои этикии касби равоншиносӣ гуфтани мушкилот нафаре ба нафари дигар хиёнат ба касб аст.

- Киро метавон равоншиноси воқеӣ гуфт?

- Равоншиноси воқеӣ касест, ки ҳуҷҷати лозимӣ, ҳуҷраи корӣ дорад ва ниёзмандон пеши ӯ омада дар зиндагиву саломатияшон дигаргуние пайдо мекунанд.

- Ин касб дар кишвари мо қобилияти таъмини зиндагии мутахассисро дорад?

- Албатта, агар соҳибкасб ё дорандаи чунин касб ҷавобгӯи талаботи равонии мардум бошад, яъне воқеан одамшинос, ботиншинос, воқеашинос, пешбин ва натиҷадон бошад. Бе шӯбҳа метавон гуфт, ки ҳар нафаре, ки дар ин соҳа касбияти баланд дошта бошад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Боз метавон гуфт, ки барои сохтани зиндагии намунавӣ касби равоншиносиро аз худ карда, мувофиқи талаботи мавҷуда сидқан ба мардум хизмат бояд кард. Яъне шоиста зистан ҳамин маъноро дорад.


- Дар бисёр мамолики хориҷӣ мардум равоншиноси оилавии худро доранд ва инро метавон як роҳи даромади иловагии равоншинос гуфт. Оё Шумо ба мардум чунин хизмат мерасонед ва ё роҳи даромади иловагии дигаре доред?

- Дар мо ҳам чунин ҳолатҳо хеле зиёд аст. Мо ба бисёр оилаҳо новобаста ба маблағгузорӣ ва роҳи даромадро фикр кардан, хизмати равонӣ мерасонем. Вале ин ҷо агар мақсад ба даст овардани пул бошад, метавон гуфт, ки дар замони кунунӣ дилхоҳ касбу ихтисос соҳиби худро гурусна намемонад ва албатта агар молики касб ба он меҳр ва боварӣ дошта бошад.

- Шумо равоншинос доред ё худатон ба худатон тавсия медиҳед?

- Беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар нафар пеш аз ҳама худаш аст. Ман бисёр вақт равоншиноси худам ҳастам, вале истисно нестанд ҳолате, ки аз ҳамкасбон маслиҳат пурсам. Ногуфта намонад, ки дар ҳолати зарурияти сахт муроҷиат ба Худо мекунам.

- Он мушкилоте, ки корафтодагон доранду ба Шумо нақл мекунанд то чанд вақт дар фикратон меистад?

- Мушкилоти одамон гуногунанд. Вобаста ба наздикии одамон, дараҷаи зиёдиву камии мушкилоти онҳо фикрҳоям банд мешаванд.


- Дар ҷумҳурии мо мутахассисони ояндаи ин касб дар куҷоҳо таҳсил мекунанд?

- Дар кафедраи равонпизишкии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи психологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

- Охирсухани Шумо.

- Аз ин илм ду фоида аст: якум, кӯмак ба худ, яъне худатро мешиносӣ. Дуюм, ба дигарон кӯмак мекунӣ. Пас меарзад, ки ин касбро қисме аз ҷавонони мо интихоб кунанд ва ба худу ба башарият фоидаовар расонанд.

- Раҳмат барои суҳбат.

Шарҳи ҳоли мухтасар:

Маҳмудшоҳ Кабиров 22-юми июни соли 1970 ба дунё омодааст.

Соли 1987 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудааст. Баъдтар ординатураи клиникии муттахассиси тибби Шарқ ва равоншиносии тиббӣ ва равоншифоиро гузаштааст. Курсҳои зиёдро оид ба илми равошиносӣ ва илмҳои дигар дар Федератсияи Русия хатм кардааст.


Аз соли 1994 фаъолияти корӣ дорад. Садҳо мақолаҳои илмӣ-омавияш дар нашрияҳои даврӣ чоп шудаанд. Гуфторҳои радиоӣ ва телевизионии зиёде ҳам оид ба масъалаҳои равоншиносӣ доштааст. Оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

Регистонӣ: Аз ҳамсангарӣ бо Масъуд то дар сангари Аҳмад Масъуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(108) "Чӣ тавр як ятиму бесарпаноҳ халабон шуду 37 сол дар фазо буд?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14317"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9867"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(82) "/tj/articles/talk/ch_tavr_yak_yatimu_besarpano_khalabon_shudu_37_sol_dar_fazo_bud/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4619"
  ["CODE"]=>
  string(63) "ch_tavr_yak_yatimu_besarpano_khalabon_shudu_37_sol_dar_fazo_bud"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4619"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Чӣ тавр як ятиму бесарпаноҳ халабон шуду 37 сол дар фазо буд?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(142) "Солим ва зебо, аммо бо умри кӯтоҳ. Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14147"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(99) "/tj/articles/analytics/solim_va_zebo_ammo_bo_umri_k_to_nuriddin_davronov_doir_ba_futbolu_futbolboz/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4564"
  ["CODE"]=>
  string(75) "solim_va_zebo_ammo_bo_umri_k_to_nuriddin_davronov_doir_ba_futbolu_futbolboz"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4564"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Солим ва зебо, аммо бо умри кӯтоҳ. Нуриддин Давронов доир ба футболу футболбоз

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(145) "10 сол назария, 20 сол амалия. Далер Миҳтоҷев доир ба дирӯзу имрӯзу фардои рассомӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13928"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(106) "/tj/articles/our_people/10_sol_nazariya_20_sol_amaliya_daler_mi_to_ev_doir_ba_dir_zu_imr_zu_fardoi_rassom/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4495"
  ["CODE"]=>
  string(81) "10_sol_nazariya_20_sol_amaliya_daler_mi_to_ev_doir_ba_dir_zu_imr_zu_fardoi_rassom"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4495"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

10 сол назария, 20 сол амалия. Далер Миҳтоҷев доир ба дирӯзу имрӯзу фардои рассомӣ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(165) "Агар як рӯз ронандагӣ накунам, гурусна мемонам: “Чорчашмае”, ки мусиқии ҷаз гӯш намекунад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "13657"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9399"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(106) "/tj/articles/talk/agar_yak_r_z_ronandag_nakunam_gurusna_memonam_chorchashmae_ki_musi_ii_az_g_sh_namekunad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4408"
  ["CODE"]=>
  string(87) "agar_yak_r_z_ronandag_nakunam_gurusna_memonam_chorchashmae_ki_musi_ii_az_g_sh_namekunad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4408"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Агар як рӯз ронандагӣ накунам, гурусна мемонам: “Чорчашмае”, ки мусиқии ҷаз гӯш намекунад

Другие новости