Ru  | Tj
Латифи Пидром: “Тоҷикон қавме мебошанд, ки ҳамаи дунё алайҳи онҳост”
Латифи Пидром: “Тоҷикон қавме мебошанд, ки ҳамаи дунё алайҳи онҳост”
Акс: Интернет

Латифи Пидром: “Тоҷикон қавме мебошанд, ки ҳамаи дунё алайҳи онҳост”

Нашр шуд

Ҷанги Толиб бо ҳукумати Афғонистон чӣ пайомадҳо ва кадомин ҳақиқатҳоро дар пай дорад, дар паси ин ҷанг кадомин қудратҳо барои манофеи худ чӣ муборизаро роҳандозӣ кардаанд, оё Толибон Кобулро ҳам мегирифта бошанд, дар сурати гирифтани Кобул чӣ ҳолат Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро интизор аст, ин ҳама суолотест, ки дар гуфтумони имрӯз бо Латифи Пидром - шоир, нависанда, рӯзноманигор, сиёсатмадор ва раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон матраҳ кардем.

- Устоди азиз, чанде пеш сафорати Амрико ва Инглистон дар Кобул эълом карданд, ки кишвари Афғонистонро тарк мекунанд. Албатта ин маънои онро дорад, ки хатари ҷанг Кобулро ҳам таҳдид мекунад. Ҳоло ҷанг дар атрофи ин шаҳр идома дорад ва фосилаи бисёр кам мондааст, яъне тахминан 2-3 километр, ки ба ба ин шаҳр ворид бишаванд. Ин ҷанг чаро дар муддати бисёр кӯтоҳ ин гуна доман паҳн кард? Оё чунин доман паҳн кардани ҷанг қобили пешбинӣ буд ва ё ногаҳонӣ рух дод?

- Қобили пешбинӣ буд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО Афғонистон гирифтори бӯҳрони низомӣ мешавад. 4-уми июли ҳамин сол амрикоиҳо пойгоҳҳои муҳиммашонро дар Афғонистон тарк карданд, минҷумла пойгоҳи стратегии Багромро. Ин пойгоҳ бузургтарин пойгоҳи амрикоӣ аст, ки дар 35 километрии шимоли Кобул ҷой гирифта буд. Фаронсавиҳо солҳо қабл нерӯҳояшонро берун карда буданд ва ҳамчунин Австрлия низ. Амрико ба давлати Афғонистон нагуфт, ки пойгоҳи Багромро холӣ мекунем. Яъне бехабар ин пойгоҳро тарк карданд. Мақомоти давлатии Кобул ва мардуми Афғонистон мутмаин набуданд ва намедонистанд, ки амрикоиҳо ин пойгоҳро раҳо мекунанд. Нимаҳои шаб пойгоҳи Багром холӣ шуд. Субҳ, ки мардум аз хоб хестанд, диданд, ин пойгоҳ холист ва амрикоиҳо шабҳангом рафтаанд. Табиатан хурӯҷи ногаҳонии нерӯҳои Амрикоӣ аз ин пойгоҳи бисёр муҳим ва калону стратегӣ боиси ин шуд, ки нерӯҳои артиши Афғонистон рӯҳияашонро аз даст дода, заиф шуданд. Яъне тарсиданд, чун инҳо муттакӣ ба кӯмакҳои хадамотӣ ва низомии амрикоӣ буданд. Вақте инҳо ногаҳонӣ Афғонистонро тарк карданд, артиши Афғонистон омодагӣ надошт, ки ин ҷойи холиро пур бикунад. Ҳамчунин ба лиҳози равонӣ ҳам ба ин ҳолат омода набуданд.

Толибон вақте хабар шуданд, ки нерӯҳои амрикоӣ пойгоҳи муҳиммашонро раҳо кардаву рафтанд, ин рӯзро ҷашн гирифтанд. Гуфтанд, ки амрикоиҳо шикаст хӯрданд ва мо баъд аз Шӯравӣ Амрикоро ҳам шикаст додем. Табъан чунин рӯҳияе дар байни мардуми Афғонистон ва дар миёни Толибон ба суръат пахш шуд ва ин боиси он шуд, ки рӯҳияи ҷангҷӯёни Толибон тақвият шавад. Яъне онҳо худро дар остонаи пирӯзӣ медиданд. Ин пирӯзӣ, яъне шикасти амрикоиҳо ва хурӯҷашон аз Багром замоне сурат гирифт, ки Толибон аз назари сиёсӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ҳам ҷойгоҳи зиёде ва хубе пайдо карда буданд, дар ин асно, музокироти Теҳрон, Дуҳа, Москва ва ғайра. Инҳо аз ин гурӯҳи террористии тақрибан таҷдидшуда ва танҳомонда дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил шуданд ба як бозингари муҳимми сиёсӣ дар минтақа ва дар арсаи ҷаҳонӣ ба унвони як қудрат. Яъне ҳам қудрати низомӣ доштанд, ки ин қудрати низомӣ тавъам шуд бо обрӯи сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳон. Чун Амрико дар замони Трамп бо инҳо музокира кард ва тавофуқномаи Дуҳа ба имзо расид. Ва дар ин тавофуқнома ба хулоса расиданд, ки амрикоиҳо бояд аз Афғонистон хориҷ шаванд. Толибон тааҳҳуд карданд, ки мо амнияти кишварҳои минтақаро риоя мекунем ва дар сурате, ки режими Кобул ҳам истеъфо бидиҳад, мо оташбас мекунем, яъне ҷангро қатъ мекунем.

Бинобар ин, ин вазъ боиси ин шуд, ки дар вилоятҳо, вулусволиҳо ва деҳаҳо нерӯҳои Толибон ба суръат пешравӣ карданд. Ва дар як фосилаи камтар аз ду ҳафта беш аз 200 вулусволиро дар Афғонистон ба суръат таҳти контроли худ дароварданд. На танҳо таҳти контрол дароварданд, балки дар ҷараёни ин ҷанг аслиҳа, танк ва дигар силоҳҳои сангин дар ихтиёри Толибон қарор гирифт. Мутобиқи омори Амрико Толибон дар ду ҳафта аз нерӯҳои давлатӣ зиёда аз 1200 танк гирифтанд.

Бинобар ин, рӯҳияи артиши давлатӣ шикаста шуда ва Толибон дар атрофи пойтахти вилоят ҷамъ шуданд. Имрӯзҳо барои аввалин бор яке аз вилоятҳои муҳимро дар ғарби Афғонистон – Нимрӯзро ҳам ба даст гирифтанд. Яъне Заранҷ – маркази вилояти Нимрӯзро гирифтанд ва ин вилоят саросар ҳамакнун дар ихтиёрашон қарор дорад. Ҳоло имрӯз Ҳирот ҳам гирифтанд. Яъне баъд аз гирифтани навоҳӣ инҳо тавонистанд, ки як вилоятро ҳам комилан тасарруф кунанд. Феълан кӯшиш доранд, ки Файзобод - маркази Бадахшонро ҳам бигиранд. Ҳоло ҷанг дар Толиқон идома дорад. Ҷувзҷонро ҳам ба таври комил тасарруф карданд.

Ҳоло давлати Афғонистон дар ҳоли фурӯпошӣ аст ва 75 дарсади хоки Афғонистон ба василаи Толибон идора мешавад.

Бинобар ин, вазъият ниҳоят ташвишовар аст ва рӯзона ҳадди ақал 100 нафар дар ин ҷанг кушта мешавад. Ҳоло Афғонистон ба як майдони набарди бисёр хатарнок табдил гардидааст.


- Дар паси бехабар ё бидуни огоҳӣ хориҷ шудани нерӯҳои низомии Амрико аз Багром – минтақаи муҳимми стратегии Афғонистон чӣ бошад? Ё умуман шояд ин қаблан комилан барномарезӣ шуда буд?

- Дақиқан чунин аст. Як паймоне бо номи Паймони стратегӣ - амниятии Вашгтон – Кобул чанд сол пеш дар Кобул имзо шуда буд, ки албатта ман ба он дар парлумон раъй надода будам. Яъне мутобиқи он паймон бояд Амрико ду сол қабл аз ин ки Афғонистонро тарк бикунад ё ин паймонро нақз бикунад, ба мақомоти ҳукумати Кобул иттилоъ медод. Аммо амрикоиҳо ин паймонро шикастанд. Ин албатта барои мо қобили пешбинӣ буд ва ҳамон замон ҳам мегуфтам, ки амрикоиҳо ин паймонро мешикананд ва бо Амрико паймон бастан маъние надорад ва барои ҳамин ҳам оқои Зулмай Халилзод дар як мусоҳибае имсол гуфт, ки “Мо барои омадан ба Афғонистон ниёзманди иҷоза гирифтан аз касе нестем”. Яъне ин маънои ишғолро дошт, ки ҳоло Афғонистон дар ишғоли онҳост. Ва ба ҳамин шакл ҳам амал карданд ва вақте Багромро тарк карданд бо ҳеҷ касе машварат накарда буданд. Яъне худашон тасмим гирифтанд ва рафтанд, ҳамон тавре, ки оқои Халилзод гуфт. Дар натиҷа паймони стратегӣ ҳам нақз шуд.

Ин кор комилан банақшагирифташуда буд. Инҳо аз ҳамон шуруъи музокироти Дуҳа бо Толибон ба натиҷа расида буданд, ки охирҳои моҳи сентябр нерӯҳои худро аз Кобул мебароранд. Ва инҳо мутобиқи он барномаашон амал карданд. Яъне он гунае, ки ба Толибон ваъда дода буданд, амал кардаанд, на он гунае, ки ба давлати Афғонистон.

- Яъне инҳо ба Толибон содиқтар буданд?

- Бале. Яъне бахше аз бандҳои музокироти Дуҳа миёни Толибон ва амрикоиҳо пинҳон монда буд. Бинобар ин, он чӣ онҳо анҷом доданд, мутобиқи нақшаи байни онҳо буду халос.

- Вақте нерӯҳои Амрико пурра аз Афғонистон хориҷ шаванд, ин кишварро чӣ ҳолат фаро мегирад?

- Баъд аз комилан хориҷ шудани нерӯҳои Амрико хатари суқути Кобул дар пай аст. Яъне баъд аз 20-уми сентябр Толибон ба таври комил Афғонистонро фатҳ хоҳанд кард. Дар ин вақт агар ҳукумати муваққатии интиқолӣ эҷод нашавад, ин ки Кобул ҳам суқут кунад ба таври қатъӣ ё ин ки табдил бишавад ба як майдони ҷанг, комилан мавқеъ аст.

- Яъне Шумо боворӣ доред, ки Кобулро ҳам рӯзҳои наздик Толибон ишғол хоҳанд кард?

- Бале, Толибон метавонанд Кобулро ҳам ишғол кунанд ва агар ба таври қатъӣ ишғол накунанд, метавонанд дар канори ҳар раёсати ҷумҳурӣ ҷанг бикунанд. Яъне феълан Толибон ин тавонро доранд. Табъан ин кор пешакӣ тарҳрезишуда буд.

Феълан мутаассифона тамоми минтақа дар хатари калони ҷангӣ мувоҷеҳ аст. Чароки ба ҷанги ниёбатии бузург рӯ ба рӯ шудааст. Ҳоло баъд аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ гурӯҳҳои зиёде ҳам дохили Афғонистон шуданд. Бахусус ДОИШ аз панҷ-шаш сол ба ин тараф дар Бадахшон, Сарипул, Нуристон, Ҷалолобод ва ғайра ҳузур дошт ва ҳоло ин ҳузурашонро бештар мекунад. Яъне амалан нерӯҳои мусаллаҳи ҷангҷӯёни кишварҳои хориҷ ҳам дар Афғонистон феълан ҳузур доранд, ки бо Толибон робита доранд ва ба онҳо кӯмак мекунанд. Гарчанде Толибон мегӯянд, ки онҳо бо ДОИШ ё Ал-Қоида робита надоранд, вале далелҳо нишон медиҳанд, ки онҳо робитаи танготанг доранд. Ҳоло онҳо дар минтақаҳои таҳти контроли Толибон қарор доранд ва агар онҳо бо Толибон робита надоштанд, пас чӣ гуна дар ин минтақаҳо ҳузур пайдо карданд?

- Ба истилоҳе душмани душманам дӯсти ман аст?

- Бале, дақиқан ҳамин тавр аст.

- Баъзе коршиносон бар он назаранд, ки дар ишғол кардани вулусволиҳо аз ҷониби Толибон худи ҳукумати Афғонистон ҳам даст дорад, яъне Толибон гӯё қаблан бо ҳукумат ин нақшаро кашида буданд. Ин андеша то кадом андоза ҳақиқат дорад?

- Аслан ин ки нерӯҳои амниятӣ ҳам бар муқобили Толибон наҷангида ва фирор кардану ақибнишинӣ намуданд, нақшаи Амрико буд. Дар ин маврид Вазорати дифоъи Афғонистон низ дастур дода буд, ки нерӯҳояш ҷанг накунанд. Ин ҳолат се масъаларо дар худ дошт. Якум, бино ба нақшае, ки ҳукуматиҳо доштанд, гуфтанд, ҷанг накунанд. Дуюм, Толибон ҳам тавон доштанд, ки баъзе ҷойҳоро ҳалол бигиранд ва ҳатто мехостанд ҷанг бикунанд. Сеюм, рӯҳияи артишҳои баъзе минтақаҳо ба таслимшавии онҳо гувоҳӣ медод. Яъне дар баъзе минтақаҳо шумори артишиҳо ва ҳамчунин иқтидори низомии онҳо кам буд ва бинобар ин, зуд таслим шуданд, чароки дигар чора надоштанд. Яъне ҳар се омил вуҷуд дошт, ҳам омили амрикоиҳо аз тариқи давлат, ҳам тарси нерӯҳои мусаллаҳ аз Толибон ва ҳам тавоноии Толибон.

- Ба назари Шумо чаро Амрико ин корро кард? Яъне Амрико чӣ нақшае дар сар дошта буд, ки чунин кард?

- Дар ин бӯҳрони дар шимол шурӯъшуда нақшаи амрикоиҳо ин буд, ки дар ҷараёни ин ҷанг нерӯҳои ДОИШ –ро дар минтақаҳои контроли Толибон бо истифодаи ҷанг ҷобаҷо кунанд. Яъне ин манотиқи халъи салоҳ шуда аст ва бинобар ин, нерӯҳои ДОИШ дар ин ҷо ҳам дохил бишаванд. Ба хотири ҳамин, инҳо ақибнишинӣ карданд. Масъалаи ҷобаҷо шудани ДОИШ дар шимоли Афғонистон бахше аз барнома буд, ки дар ҷараёни як ҷанг метавонист дар шимол татбиқ шавад. Ин бӯҳроне, ки дар шимол шурӯъ шуд ва артиш пошид фурсате ба вуҷуд овард, ки нерӯҳои ДОИШ ҳам дар шимол худро ҷобаҷо кунанд.

- Яъне ба шимол омадани Толибон, аслан маънои ба шимол овардани ДОИШ-ро дорад?

- Бидуни шак. Барои он, ки он ҷанг дар зери худ инро ифода кард. Толибон албатта дар шимол буданд, аммо на ба ин ҳад. Яъне дар умум буҳронсозӣ карданд, ки баъзе нерӯҳои ҷангҷӯйӣ дигар ҳам вориди минтақа шуданд. Масалан, ҳоло дар Сарипул, Нуристон, Ҷалолобод ва дигар минтақаҳо ДОИШ ҳузур дорад.

- Аслан бо кадомин мақсад ДОИШ ба шимол кашонида шуд? Амрикоиҳо (агар ин корро онҳо карда бошанд) бо чӣ ният инро амалӣ намуданд?

- Инҳо нақша доранд, дар як вазъияти ноороми сиёсӣ дар шимол пуружаи чинии “Як камарбанд, як роҳ”-ро мухтал бикунанд. Ба хотири ин, масъалаи ҷанг дар шимол як ҷанги иқтисодии бисёр калон аст. Яъне дар ин ҷанг Ҳинд ва Амрико муштаракан мехоҳанд, вазъиятеро тавре эҷод бикунанд, ки дар масири Шоҳроҳи Абрешим Толибон ва ДОИШ-ро мустақар карда ва бо ин роҳ бо ҷангҷӯёни уйғур, ки феълан дар Бадахшон мустақар ҳастанд, пуружаи чиниро ихлол бикунанд. Яъне ин пуружа бояд татбиқ нашавад. Чун агар ин пуружа татбиқ бишавад, Чин ба ҳадафҳои бузури иқтисодиаш дастёб мегардад, ки он барои ин кишварҳо хушоянд нест.

Дар баробари ин, Эрон ҳам имсол як лоиҳаи 27- солаи тақрибан 300-400 миллиард доллараро бо Чин имзо кард ва феълан ҶИЭ ҳам бо Чин дар масъалаи иқтисодӣ муттаҳид аст. Бинобар ин, онҳо мехоҳанд ҳам Эрон ва ҳам Чинро ба ин тариқ ноком бикунанд. Агар Амрико битавонад, ки барномаи “Як камарбанд, як роҳ”-ро нобуд созад, пас дар ин ҳолат Чин ба он ҷаҳиши бузурги иқтисодиаш, ки интизор аст, дастёб намегардад. Ба ин ҷиҳат ҷанги шимоли Афғонистон дар Бадахшону дар Тахор тӯлонӣ хоҳад буд, чун ин ҷо танҳо масъала масъалаи Толиб нест. Агар аҳёнан Толибро дар ин ҷо ба шикаст мувоҷеҳ мекарданд, боз гурӯҳҳои дигар дар ин ҷо тавлид мешуд.

Бинобар ин, душмансозиҳое, ки амрикоиҳо тайи ин чанд сол карданд, ҳамаш ба он мақсад буд, ки дар Осиёи Марказӣ ба ин тариқ мавқеияти Русия, Чин ва Эронро ба шикаст мувоҷеҳ бикунанд ва ин албатта бо эҷоди бӯҳрон дар Осиёи Марказӣ имконпазир буд ва феълан то остони ин бӯҳрон расидаанд. Бояд гуфт, ки ин ҳолат табитан барои Осиёи Марказӣ як хатари калонро дар пай дорад.

- Пас бо кадомин мақсадҳо Толибон имрӯзҳо ба Чину Русия низ рӯ овардаанд? Ҳамкории Русияву Чин бо Толибон чӣ маъноро дорад?

- Феълан на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳон як тафоҳуми ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст. Ба нақшаи онҳо Афғонистон бояд як давлати интиқолӣ бишавад. Ин албатта хости хеле аз кишварҳост, аз ҷумла Русия низ. Бинобар ин, ин кишварҳо бо Толибон як равобити наздик доранд, чун фикр мекунанд, ки эҳтимол аст, Толибон қудратро комилан бигиранд. Яъне Толибон ба назари кишварҳо тарафи муҳим ба ҳисоб мераванд ва ба ояндаи онҳо ин кишварҳо хушбинанд. Русҳо феълан аз Толибон тарс надоранд, тарси онҳо аз нерӯҳои ДОИШ аст. Чун бо Толибон ҳам Эрон, ҳам Русия ва ҳам Чин робитаи хуб доранд. Чанд рӯз пеш як ҳайати баландпояи Толибон ба Чин сафар кард. Яъне ин кишварҳо мехоҳанд, ки аз тариқи Толибон ДОИШ-ро дар шимол контрол бикунанд, он ДОИШ-еро, ки амрикоиҳо ба шимол фиристониданд. Толибон ба Русия итиминон доданд, ки ба онҳо мушкилӣ эҷод намекунанд. Ҳамчунин, ба Чин ҳам гуфтанд, ки аз пуружаи “Як камарбанд, як роҳ” истиқбол мекунанд ва Чин ҳам гуфт, ки мо ҳар навъ кӯмаки молие, ки лозим бошад, барои таҳкими давлати Толибон мерасонем. Бинобар ин, кишварҳои минтақа, аз қабили Русия, Чин, Эрон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ алҳол мақсади ҷанг бо Толибонро надоранд. Пуружаи инҳо тафоҳум бо Толибон аст, барои он, ки ДОИШ-ро маҳор бикунанд. Аммо суол ин ҷост, ки оё инҳо ба ин аҳдофашон расида метавонанд ё не? Бояд гуфт, ки ин ҷангҳо метавонад амнияти ҳамаи кишварҳоро таҳдид бикунад.

- Чанде пеш ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон баргузор гардид, ки аз натиҷаи он бисёриҳо нороз буданд. Дар ҷаласа рӯҳияи шикаст аз Толиб дида мешуд. Ҳамаи ин ва ҳамчунин ҳамкориҳои байналмиллалӣ бо Толибон оё, мутаассифона онро ифода намекунад, ки ояндаи Афғонистон дар дасти Толиб аст?

- Бале. Оқои Ашраф Ғанӣ хаёл мекард, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ба қароре меоянд, ки бар зидди Толибон меҷанганд, аммо дар ин ҷаласа чунин чизе набуд. Ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ ин буд, ки Афғонистон бо хатари ҷиддӣ ва фурӯпошӣ мувоҷеҳ аст ва аз ин рӯ, бояд оташбас сурат бигирад. Яъне Толибонро маҳкум накарданд ва ин албатта боиси нороҳатии режими Кобул шуд. Режими Кобул имрӯз бисёр асабонӣ буд, ки чаро Шӯрои амнияти миллӣ алайҳи Толибон мавқеи рӯшан нагирифт. Имрӯз се қудрати бартари ҷаҳон дар Шӯрои амнияти миллӣ бо Толибон гуфтугӯ доранд. Инҳо кишварҳои Русия, Амрико ва Чин мебошанд. Пас кӣ метавонад, ки ҷилави инҳоро гирад? Яъне шӯрои амният ҳаминҳо ҳастанд. Ба ин ҷаҳат феълан баҳси мусолиҳа бо Толибон аст, ки як давлати муштарак аз нав сохта шавад ва режими Ғанӣ бояд истеъфо кунад ва давлати интиқолӣ бояд ба вуҷуд ояд ва Толибон ҳам дар ин давлат бояд мушорикат кунанд. Аммо бо ин пешрафтҳое, ки Толибон ҳоло доранд, мушаххас нест, ки оё онҳо каси дигарро ба унвони шарик дар қудрат қабул доранд ё не? Ин албатта суол аст.

Бояд гуфт, ки агар Амрико дар мубориза алайҳи Толиб содиқ мебуд, муваффақ мешуд.


- Яъне тӯли ин солҳо, ки нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон буданд, албатта бо мақсади мубориза бо Толиб, ба ҷойи он, ки бар алайҳи Толиб бошанд, баръакс бар тақвияти Толиб кор кардаанд?

- Комилан ҳамин тавр аст. Ман инро 10-12 сол пеш ҳам гуфта будам. Мутаассифона, пуружаи Амрико пуружаи нобуд кардани Толибон набуд. Агар Амрико мехост, ки Толибон ба қудрат барнагарданд, онҳо баргашта наметавонистанд, вале Амрико дар Қатар ба инҳо пойгоҳ дод. Ба назари Шумо магар дар Қатар бидуни иҷозаи Амрико пойгоҳ эҷод карда мешуд? Солона 700 миллион доллар Амрико дар Қатар ба Толибон кӯмаки молӣ мерасонад. Маълум аст, ки барномааш барномаи ҷанг бо Толибон набуд. Ҳамчунин зиндониҳои Толибонро озод сохтан чӣ маъно дошт?

- Шумо ояндаи Афғонистонро дар чӣ мебинед ва барои пеши роҳи ин ҳама мушкилиҳоро гирифтан, чӣ роҳҳал пешниҳод доред?

- Ман фикр мекунам, ки агар амрикоиҳо 20-уми сентябр аз Афғонистон берун шаванд, хатар аст, ки режими Кобул бипошад. Дар ин сурат Толибон қудратро комилан хоҳанд гирифт. Агар режими Кобул нашиканад, як ҷанги дохилии хунин сар хоҳад зад. Назари ман ин аст, ки то қабл аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон бояд як давлати интиқолӣ шакл гирад. Кӯшиши бархе кишварҳои минтақа ҳам дар ҳамин аст. Барои он ки як бахше аз нерӯҳое, ки дар режими Кобул ҳастанд, амалан кормандон ё тобеи амрикоиҳо мебошанд. Аз ин рӯ, бояд як давлати интиқолӣ пазируфта шавад. Яъне Ашраф Ғанӣ канор биравад ва бо ҳузури ақвоми мухталиф ва нерӯҳои сиёсӣ як ҳукумати муваққат дар Кобул ба вуҷуд биояд, ки ин ҷанг дар натиҷа маҳор бишавад ва оташбас сурат бигирад. Машрут бар он аст, ки масалан Амрико, Покистон ва дигар кишварҳо барои ин оташбас фишор эҷод накунанд. Вале ҳукумати муваққатии интиқолӣ ба вуҷуд оварда нашавад, мусалламан Толибон минтақаҳои зиёдеро хоҳанд гирифт ва Кобул суқут хоҳад кард. Дар ин сурат шояд Ашраф Ғанӣ натавонад, ки аз Кобул парвоз бикунад.

Ман фикр мекунам, ки иродаи ҷаҳонӣ ин аст, ки як давлати интиқолӣ дар Афғонистон бояд ба вуҷуд биояд, чун хости мардуми Афғонистон ҳам ҳамин аст.

- Шумо имрӯз оё заминаҳои ба вуҷуд омадани ин гуна як ҳукуматро дар чӣ мебинед. Ҳамчунин ба назари Шумо то кадом андоза сиёсати қудратҳои ҷаҳонӣ барои эҷоди чунин як ҳукумат мувофиқ аст?

- Баъзе кишварҳо дар минтақа моил ҳастанд, ки дар Афғонистон ҳарчӣ зудтар як ҳукумати интиқолӣ ба вуҷуд оварда шавад. Минҷумла худи Русия, Чин ва ҶИЭ. Агар ин давлати интиқолӣ ба вуҷуд наояд, ҷанг дар марзҳои Чин ва Осиёи Марказӣ кашонда мешавад. Шояд эъмоли фишори онҳо Толибонро маҷбур бикунад, ки ба як ҳукумати интиқолӣ тан бидиҳанд. Амрикоиҳо ҳам аз назари ахлоқӣ бояд ба ин гуна ҳукумат зид набошанд. Ман фикр мекунам, ки ҳарчи зудтар СММ ҳамчун як ниҳоди масъул дар робита ба зиндагии мардуми кишварҳо бояд сари таъсиси давлати интиқолӣ дар Афғонистон тасмим бигиранд, чун яке аз вазифаҳои ин ниҳод ҳамин аст.

- Ҳоло рӯҳияи мардуми оддӣ чӣ гуна аст ва умуман нерӯҳои миллӣ то чӣ ҳад қудрат доранд, ки алайҳи Толиб мубориза баранд ва Шумо ба кадоме аз ин нерӯҳои миллӣ такя мекунед?

- Албатта дар Афғонистон нерӯҳои миллӣ зиёд ҳастанд ва мутаассифона дар ин солҳо бисёр қудратҳои ҷаҳонӣ нахостанд, ки ин нерӯҳои миллӣ рушд бикунанд. Нерӯҳои миллӣ мутаассифона ҳеҷ вақт мавриди ҳимояи нерӯҳои байналмиллалӣ набуданд, на мавриди ҳимояи Русия ва Чин ва на мавриди ҳимояи Эрону Амрико.

- Чаро?

- Барои он ки нерӯҳои миллӣ барои қудратҳои истиморӣ муфид нестанд, чун нерӯҳои миллӣ мехоҳанд мустақил бошанду бо обрӯ зиндагӣ кунанд. Инҳо нерӯҳоеро ҳимоя карданд, ки онҳо барои идомаи ҷанг созгор буданд. Масалан нерӯҳои радикалӣ ё Толибон ва ҳамчунин нерӯҳои дигари ҷаҳолатхоҳ. Қудратҳои ҷаҳонӣ нерӯҳои миллиро дӯст намедоранд. Қудратҳои ҷаҳонӣ бояд ғулом дошта бошанд, чароки ба нафъи онҳо бояд биҷанганд. Нерӯҳои миллӣ ҳамеша зери зарбу фишор буданд ва ҳоло низ ҳастанд.

- Масоили қавмӣ дар Афғонистон то чӣ андоза барои шакл гирифтани ҷанги имрӯза дар ин кишвар мусоидат карда истодааст ва албатта дар ин ҷанг кадом қавми Афғонистон бештар зарар мебинад?

- Яке аз решаҳои ҷанг дар Афғонистон ин масоили қавмӣ ба ҳисоб меравад. Табиатан вақте баҳси қудрат матраҳ мешавад, ҷанги ақвом барои ин қудрат басиҷ мешавад. Феълан тоҷикон дар Афғонистон қавме ҳастанд, ки бештарин хатар мувоҷеҳи онҳост. Яъне ба лиҳози забонӣ, фарҳангӣ, иқтидор ва ғайра. Тоҷикон бузургтарин қавм дар Афғонистон ба ҳисоб мераванд, ки ҳуқуқашон поймол гардидааст. Масалан, дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ тоҷиконро ба 51 қавми сохта тақсим карданд. Тоҷикро марбути минтақа муаррифӣ карда, онро ҳамчун як қавм ба рӯйихат гирифтанд. Яъне тоҷиконро тақсим карда, аз онҳо қавми дигар сохтанд, ки ин кор бо ибтикори Ашраф Ғанӣ карда шудааст. Барои ин, ман бо режими имрӯзаи Кобул мухолиф ҳастам. Инҳо ҳоло айни ҳамон ҳолатеро, ки дар Осиёи Марказӣ нисбати тоҷикон рух дода буд, такрор карданӣ ҳастанд. Бинобар ин, мегӯям, ҳар тоҷике, ки аз Ғанӣ муҳофизат кунад хоин ба манофеи тоҷикҳост. Тоҷикон бояд ҳам бо Толиб биҷанганд ва ҳам бо Ғанӣ. Масъалаи қавмӣ бисёр як масъалаи муҳим аст. Ҳоло байни мову паштунҳо як ҷанги воқеӣ сари ҳувийят вуҷуд дорад. Агар мо натавонем, ки аз худамон дифоъ кунем, моро музмаин мекунанд.

Мутассифона мухолифат бо тоҷикон ин пуружаи байналмиллалӣ аст, ки онро бештар инглисҳо ҳимоят мекунанд ва бадбахтона кишварҳои ҷаҳонии дигар ҳам дар ин масъала хомӯширо ихтиёр кардаанд.

- Оё қавми тоҷикони Афғонистон тавони мубориза бо Толибонро доранд?

- Чаро не, агар ба тоҷикон ҳадди ақал кӯмакҳои инсонӣ бишавад, шимолро бисёр ба суръат аз Толибон пок месозанд. Тоҷикон ин тавонро доранд. Тоҷикон дар Афғонистон як қавми бузург ҳастанд. Тоҷикон як қавме мебошанд, ки ҳамаи дунё алайҳи онҳост.

Мутаассифона, имрӯз роҳбарони тоҷикони Афғонистон низ дунболи тиҷорат ва манофеи шахсии худ ҳастанд. Он роҳбарони гузашта, ки бисёр инсонҳои шариф буданд, имрӯз дар байн мо нестанд ва мо имрӯз кӯшиш мекунем, ки қавми тоҷикро басиҷ намоем.



Қурбон Мадалиев: Аз боғдориву журналистика то тарҷумониву китоби “100 инсони бузургтарин”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед