Ru  | Tj
Қурбон Мадалиев: Аз боғдориву журналистика то тарҷумониву китоби “100 инсони бузургтарин”
Қурбон Мадалиев: Аз боғдориву журналистика то тарҷумониву китоби “100 инсони бузургтарин”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Қурбон Мадалиев: Аз боғдориву журналистика то тарҷумониву китоби “100 инсони бузургтарин”

Нашр шуд

Қурбон Мадалиев, собиқадори матбуот ва яке аз журналистони муваффақе мебошанд, ки дар се рӯзномаи раддаи аввали кишвар – “Ҷавонони Тоҷикистон” (“Комсомоли Тоҷикистон”), “Садои мардум” ва “Ҷумҳурият” (“Тоҷикистони советӣ”, “Тоҷикистони шӯравӣ”) кор кардаанд. Инак ин журналисти хушном ба синни 70 қадам монда, давраи пирӣ меронанд.

Мо бо Қурбон Мадалиев дар китобхонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар бобати умри гузашта, пахтачинӣ, ҳисобчигӣ, таҳсил дар макотиби олӣ, фаъолияти журналистӣ, тарҷумаву таҳияи китобҳо ва даврони пириву боғдорияшон сӯҳбат кардем, ки дар зер манзури хонандагони Halva.tj мегардад.

АЗ ИНТИХОБИ НОДУРУСТ ТО ШУКР ВА ИРСОЛИ МАКТУБ БА ГУЗАШТА


- Дар рушду камол ёфтани Шумо волидон, таҳсилоти ибтидоӣ, мактаб, деҳа ва атрофиён чӣ саҳме доранд?

- Дар давраи бачагиям маро касе маҷбур накардааст, ки китоб хонам, балки муҳити мактаб худаш ба хондан водор месохт. Мо мекӯшидем, ки аз якдигар зиёдтар бихонем, баҳои хуб дошта бошем. Дар мактаб ба хонандагони пешқадам ҳатман китоб тӯҳфа мекарданд.

- Узр, ба фикри Шумо чаро ҳоло чунин нест?

- Муҳит иваз шуд. Бачаҳоро мо аз хурдияшон ба телефону интернет пойбанд кардаем. Ба онҳо мақсаду мароми китобхониро фаҳмонда наметавонем.

- Дар баъзе оилаҳо барои хуб хондани фарзанд ҳавасмандиҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд...

- Мақсадатонро фаҳмидам. Як ҳавасмандкунӣ аз ҷониби падарам ин буд. Гуфта буданд, ҳар нафаре, ки чор амал, яъне ҷамъу тарҳ ва зарбу тақсимро хуб омӯзад, метавонад дар бригада ҳисобчӣ таъйин гардад. Ана ҳамин орзуи ҳисобчӣ шудану аз пахтачинӣ халос хӯрдан, маро маҷбур кард, ки арифметикаро хуб хонам.

- Бо хуб хондани математика журналист шудан мумкин аст?

- Аслан, математика шоҳи фанҳост, бисёр журналистони варзидаву шӯҳратёр математик мебошанд. Вале метавонам бигӯям, ки дар баробари фанҳои дақиқ ман дар синфи 7 аллакай ҳамаи асарҳои Садриддин Айниро мутолиа карда будам. Ба китобҳои бадеӣ бисёр таваҷҷӯҳ доштаму дорам.

- Устод, то ҷое медонем, Шумо дар хоҷагие, ки падаратон кор мекарданд, колхозчӣ будед, вале давоми роҳ норӯшан аст.

- Ҳоло ба интихоби касб аксарият аҳамият намедиҳанд, муҳим дар ягон ҷо таҳсил дошта бошанд, шуд. Лекин дар замони мо ин тавр набуд. Мактаб, волидон, атрофиён ва худи бача барои ихтисоси ояндааш талош мекард. Дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” эълони “Дар куҷо бояд таҳсил кард?” мунтазам нашр мешуд. Касбу ҳунару ихтисосҳоро шарҳ медод.

Ҳамчунин, вақти хатми мактаб хоҷагидорон гуфтанд, ки дар колхози мо кадрҳои соҳибихтисос: агроном, зоотехник, духтури ҳайвонот, муҳандиси хоҷагии қишлоқ намерасанд. Раиси колхоз Маҳмадтоҳир Маҳмудов, ки он вақт вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон буданду 18 сол вазифаи роҳбарии колхози “Коммунизм” – ро ба зимма доштанд, ҳама бачаҳои аълохонро ҷамъ карданд ва ба эшон маслиҳат доданд, ки кадом ихтисосҳоро бояд интихоб намоянд. Вақте ки падарам маслиҳат мепурсанд, раис пас аз дидани шаҳодатномаи хатмам, ки баҳоҳоям аз физикаю химия, математика, хуллас ҳама аъло буданд, маслиҳат медиҳанд, ки бояд инженер - механик шавам. Бо вуҷуди он ки ихтисоси пешниҳодшударо намехостам, ба имрӯза Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шудам.

- Модоме ки он ихтисосро намехостед, чаро ба маслиҳати падару раис розӣ шудед, дар ҳоле ки, дар болотар гуфтед, таваҷҷӯҳ ба интихоби касб дар замони Шумо хубтар буд?

- Ман медонистам, ки ҳам падарам ва ҳам раис ояндаи хуби маро мехостанд, зеро онҳо дар баробари ҷойи кории холӣ, баҳоҳои маро дида, хулоса бароварданд.

- Дар асл Шумо дар кадом ихтисос таҳсил кардан мехостед?

- Бисёр мехостам муаллими математика шавам.

- Таҳсил дар донишгоҳ чӣ хел гузашт?

- Ман баъди як соли хондан, дар тобистон бо ҳамсинфам Муҳаммадрӯзӣ Ватанёр вохӯрдам. Вай дар рӯзномаи “Вахш” таҷриба меомӯхтааст. Вақте ки мақолаи ӯро дидам, шавқам ба рӯзнома ва навиштан зиёд шуд. Пасон, кам-кам ба навиштан даст задам. Дар рӯзнома собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 Усмоналӣ Умарови ҳамдеҳаамон кор мекарданд. Суратгари муваффақ ва эҷодгари шинохта буданд. Чунин ранг гирифтани масъаларо дида гуфтанд: “Ту ба журналистика шавқ дорӣ, ҳуҷҷатҳоятро аз донишгоҳи кишоварзӣ бигиру ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин супор. Худам тавсиянома менависам”. Муҳаррири газетаи “Вахш” Толиб Неъматов низ ин пешниҳоду маслиҳатро писандиданд. Ҳамин тавр, бо дуои ин пирони соҳаи матбуот ояндаи ман тамоман маҷрои нав гирифт.

- Агар Шумо таваллуд намешудед, дар дунё ягон тағйирот ба амал меомад?

- Не, дунё аз ман ягон хел вобастагӣ надорад.

— Шӯҳрат, нон, ном, обрӯ, мардум… то ин синну сол аз дунболи кадоме аз инҳо давидед?

- Аз пайи ягонтояш. Аз паси одаму одамгарӣ ва луқмаи ҳалол гаштам.

- Аз зиндагии гузашта розиед?

- Бале. Ман аз ин зиндагии кардаам шукр мекунам. Шукр, ҳамсари хубу бофаҳм дорам, якҷо кор карда фарзандонамонро ба воя расондем.

- Агар имкон мебуд, ба Қурбон Мадалиеви 18-сола мактуб менавиштед, мазмунан он чӣ гуна мешуд?

- Афсӯс, ки чунин намешавад, аммо... Менавиштам, ки аз ҳамон бисёр корҳое, ки вақтатро беҳуда гирифтанд, сарфи назар кун. Қимати вақтро дон, зеро гаронбаҳотарин чиз барои инсон вақт аст. Одамонро, зиндагиро ва вақти худро зиёдтар дӯст дор ва пос дор.

АЗ “КОМСОМОЛИ ТОҶИКИСТОН” ТО “ҶУМҲУРИЯТ”


- Шумо чӣ гуна ба “Комсомоли Тоҷикистон” омадед?

- Соли 1975, пас аз хатми донишгоҳ, барои маслиҳат назди Мутеулло Наҷмиддинов, ки бо падарам шинос ва дӯст буданд, рафтам. Чун фаҳмиданд, ки як муддат бо рӯзномаи “Вахш” ҳамкорӣ доштам, маро ба назди Бахтиёр Муртазоев, ки ба наздикӣ муҳаррири “Комсомоли Тоҷикистон” таъйин шуда буд, равон карданд. Матлабамро муҳаррир шунид ва гуфт, ки ман ягон мақолаатро нахондаам, рӯзномаи мо бошад даргоҳи эҷодкорон аст ва одаме, ки аз кӯча омадааст, ин ҷо кор карда наметавонад. Аввал дар мусаҳҳеҳхона туро месанҷем, худро чун эҷодкори оянда нишон дода тавонӣ, сипас, ба кори хабарнигорӣ мегирем. Ҳамин тавр, ман аз вазифаи хурдтарин - ёвари мусаҳҳеҳ бо моҳонаи 85 сӯм корро дар яке аз бунуфузтарин рӯзномаҳои замон – “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз кардам.

- Шумо дар “Комсомоли Тоҷикистон” чанд сол кор кардед ва чӣ сабаб шуд, ки ба “Тоҷикистони советӣ” гузаштед?

- Дар “Комсамоли Тоҷикистон” панҷ сол кор кардам. Ато Ҳамдам, муҳаррири вақт, қобилиятамро дида, мудири шуъбаи варзиш ва тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ таъйин карда буданд, ки ду сол дар ин вазифа кор кардам. Баъд Нур Табаров чунин пешниҳод карданд: “Биё ба рӯзномаи мо гузар, зеро газетаи рақами як ин аст ва ин ҷо имкониятҳо зиёданд”.

- Аз “Тоҷикистони советӣ” ба “Садои мардум” гузаштед. Чаро?

- Аҷоиб шуд. Дар солҳои 1986 – 1990 хабарнигори махсуси “Тоҷикистони советӣ” ва баъд “Тоҷикистони шӯравӣ” дар сохтмонҳои зарбдор, ки аз шаҳри Турсунзода то Лахш ва Нораку Данѓараву Ёвонро дар бар мегирифт, будам. Аз заминҳои нав корамшуда, корхонаҳои алюмину чинибарорӣ, сохтмони неругоҳҳои Сангтӯдаву Роѓун, муносибати роҳбарон бо халқи заҳматкаш мақолаҳои зиёди танқидиву таҳлилӣ менавиштам. Махсусан гузоришҳои танқидиам аз конфронсҳои ҳисоботию интихоботии ноҳияҳо, ба монанди “Демократияро бӯѓӣ мекунанд”, ки дар ҷумҳурӣ шӯре ба миён овард, ба роҳбарони ҳизби коммунист писанд наомад ва ҳар гоҳ муҳаррир Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, мегуфтанд, ки Қурбон, ҳамин кори хабарнигори махсус дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чӣ даркор, онро ихтисор бояд кард. Аммо намегуфт, ки аз идора бирав. Вақте ки соли 1990 рӯзномаи “Садои мардум” ташкил шуд, маро Дадоҷон Раҷабӣ, нависанда, муовини сармуҳаррири “Садои мардум” ба кор даъват намуданд. Ҳамон рӯзҳо дар рӯзномаи “Тоҷикистони шӯравӣ” зери рубрикаи “Аз пайи мактуб” бо номи “Моҷарои ду хоҷагӣ” матлабе нашр намудам ва он низ боиси баррасӣ дар идораҳои болоӣ гашт ва боз масъалаи будан ё ихтисор кардани вазифаи ман ба миён омад. Шодравон Нурмат Рӯзиматов, сардори шуъбаи тарѓиботу ташвиқоти рӯзнома гуфтанд: “Қурбон, шунидам, ки ба “Садои мардум” даъват шудаӣ. Хоҳишашонро бипазир”. Вақте ки бо ариза ба назди сармуҳаррир омадам, Муҳаббатшоев гуфтанд: “Мехостам аз хабарнигори музофотӣ туро ба идора биёрам, аммо чунин азм дошта бошӣ, аз роҳат намегардонам ва ба тарзи гузариш ба аризаат имзо мегузорам”.

- “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Садои мардум” ва ё “Ҷумҳурият”, кадоме аз инҳо ба Шумо зиёдтар имконият доданд ва дар кадомашон рушди касбии худатонро мебинед?

- Хӯшачини ҳар се хирмани пурбор аз гандум будам, яъне ҳар сеяш дар як поя аст. Рушд кардан, ин бештар аз худи одам вобастагӣ дорад. Ман дар ин се рӯзнома аз ягон кас бахилӣ надидам. Муҳити ҳар се рӯзнома ҳамин хел буд, ки ҳамкорон мақолаи ҳамдигарро мехонданд, баррасӣ мекарданд. Хатоиҳоро мегуфтанду пешравиҳоро талқин мекарданд.

- Аз он ки умратонро ба рӯзноманигорӣ сарф кардед, пушаймон нестед?

- Баръакс, хурсандам. Дар солҳои хабарнигорӣ ва бо тақозои ин касб ман шодию фараҳи одамони зиёдеро дидам, ки ба шарофати рӯзнома мушкилашон ҳал шудааст.

“100 ИНСОНИ БУЗУРГТАРИН”


- Устод, ман ба наздикӣ бори дуюм китоби “100 инсони бузургтарин”- ро, ки дар тарҷумаи Шумо таҳия шудааст, мутолиа кардам ва хуб мешавад, агар қисми охири сӯҳбатамонро ба ин мавзӯъ бахшем.

- Мешавад, марҳамат.

- Сабаби асосии тарҷумаи “100 инсони бузургтарин” дар чист?

- Як рӯз Камол Абдураҳим, сармуҳаррири вақти “Ҷумҳурият” наздам омада, як китоб дод, ки номаш “Сто великих людей” буд. Сипас, гуфт, медонам, ки Шумо ба тарҷума шавқ ва маҳорат доред. Ҳамин китобро бинед ва рӯзгори кадом шахсияте, ки маъқул шуд, ҳамонро ба тоҷикӣ бозгардон намоед, дар рӯзнома чоп мекунем. Пасон, кор то ҷое расид, ки дар баробари китоби С. Мусский китоби И. Семашко “100 великих женщин” - ро пайдо кардам. Дидам, ки С. Мусский аз ақидаи шахсии худаш сад нафарро интихоб карда, дар бораи онҳо навиштааст. Семашко бошад, аз диди хеш сад нафар занро интихоб намудааст ва ман аз ду як китоб сохтам.

- Дар муқаддимаи “100 инсони бузургтарин” омадааст: “Соли 1998 Харт китоби “100 шахсияти бузург”-ро таҳия ва қисми зиёди онро бо андешахои худ пур карда буд, асари Мусский нисбатан иттилои бештар дорад, холисона аст ва аз нисф зиёди қаҳрамонон иваз шудаанд”. Ба фикри Шумо чаро чунин аст?

- Нуқтаи назари ҳар инсон ба гузашта ҳар хел аст. Масалан, агар як воқеаи таърихӣ рӯй диҳад ба вай сад одам, сад хел баҳо медиҳад. Ва Харт низ ҳамин хел, сад инсони бузургро аз нуқтаи назари худаш навиштааст, Мусский низ ҳамин хел. Ба ин монанд китобҳо хеле зиёданд ва ҳар нависандаю ҳар мураттиб аз диди худаш мавод ҷамъ овардааст. Яъне дар ин ҷо диди шахсӣ нақши асосиро бозӣ дорад.

- Шумо дар муқаддима гуфтаед ки ин китоб холисона аст, пас чаро Абуалӣ ибни Сино нест?

- Мусский нисбат ба Харт холисона аст, вале ӯ ба адабиёти Шарқ холис нест. Агар холисона муносибат мекард, дар Шарқ мутафаккирони бузург зиёд буданд, аммо ҷой нашуданд. Чуноне ки ба мо маълум аст, баъд аз китоби “Инҷил” “Ал-қонун фит-тиб”-и Абуалӣ ибни Сино дуюмин китобест, ки дар дунё бисёр нашр шудааст.

- Дар китоби “100 инсони бузургтарин” барои чӣ аввалин нафар ҳам Паёмбар (Муҳаммад (С) аст, охирин нафар ҳам (Ҳазрати Марям)?

- Дар “100 инсони бузургтарин” ду қутби зиндагӣ дар назар аст: Ҳазрати Одам ва Момоҳавво.

- Дар китоби С. Мусский якум кӣ аст?

- Он аз Буддо сар шудааст.

- Чаро дар китоб 4 нафари аввал асосгузорони динҳо омадаанд: Муҳаммад (с), Исои Масеҳ, Сиддхартха Гаутама ва Лео-Сзӣ?

- Инҳо мутафаккирон, симоҳои таърихие мебошанд, ки ҷаҳонро, тарзи хаётро, мафкураро дигар сохтаанд, тамаддунро рушд додаанд, яъне аз ин рӯ.

- Дар китоби мазкур аз ҳама саргузашти шавқовар ба фикри Шумо аз кӣ аст?

- Аз Муҳаммад (С).

- Мо дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки ин қадар одамони бузург дорад, пас чаро дар бисёр маврид аз рӯзгори Эйнштейн мисолҳо меорему халос?

- Эйнштейн як симои таърихиест, ки дар олами илм ва ҳам байни мардум шинохта аст. Агар фарде фикри шахсии худро нисбат ба масъалае баён намояд ё ривояте гӯяд ва ё латифае бофад, касе ба вай таваҷҷӯҳ зоҳир намесозад, агар аз номи одамони бузург гӯяд, ҳатман диққат медиҳад. Бинобар он, номҳои Афандӣ, Хоҷа Насриддин, Мушфиқӣ машҳуранд. Дар бораи саргузашти Мавлоно Ҷомӣ ва муносибати ӯ бо шогирдону шоиртарошон хоҳарзодааш Абдуллоҳи Ҳотифӣ китобе навишта буд пур аз ҳазлу мутоибаҳо ва воқеаҳои аҷоибу ѓароиб. Шояд дар бораи Эйнштейн низ шогирдону дӯстон ва хешовандону ҳамкоронаш зиёд ривояту латифаҳо “эҷод” карда бошанд.

- Китобро дар чанд муддат ба чоп омода кардед?

- Тарҷумаву саҳифабандиаш дар ду сол анҷом ёфт, вале дар чопаш душвории молиявӣ ба миён омад ва он бо ёрии Сайфулло Фаттоев ба нашр расид.

. - Узр барои густохӣ, Чарли Чаплин бо Литва Грейи 15- сола, ки аз вай ҳомила буд, издивоҷ кардааст, вагарна ӯро 30 сол зиндонӣ мекарданд. Чаро ин нафар ба рӯйхати “100 инсони бузургтарин” шомил шудааст?

–Ман Чарли Чаплинро ҳамчун ҳунарманд дар китоб ҷой додам. Ӯ асосгузори киноест, ки ҳаҷв дорад, киное, ки диктаторҳоро бисёр мазаммат ва танқид мекунад, Чарли Чаплинро мардум мешиносанд ва қабул карданд.

- Агар сад нафар не, балки даҳ нафар аз мардҳоро ҷой додан лозим меомад, киҳоро мегузоштед?

- Муҳаммад (С), Конфутсий, Пифагор, Пётри Кабир, Ленин, Маҳатма Ганди, Толстой, Галилео Галилей, Леонардо да Винчи ва Эйнштейнро.

- Аз занҳо кадомҳоро мемондед?

- Бибӣ Марям, Модар Тереза, Ванга, Мария Кюри, Терешкова, Ковалевская, Индира Ганди, Войнич, Анна Аҳматова, Шулженкоро.

- Шумо боре ба фикр нарафтед, ки ба ҳамин китоб монанд асаре таҳия намоед?

- Ростӣ, сар карданӣ будам. Вале шодравон Кароматуллои Аҳмад ба ман гуфт, ки ба таҳияи ҳамин гуна китоб камар бастам ва хеле мавод ҳам ҷамъ овардам. Он замон аз фикрам гаштам, аммо ҳоло афсӯс мехӯрам, ки чаро 10 сол пеш ин корро накардам. Хушбахтона, китоби пурмуҳтавои “Чеҳраҳои мондагор”- и Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дасти ҳазорон хонандагон расид, ки дар ҳамин мавзӯъ мебошад. Ин китоб беҳтарин ва серхонандатарин китоб дар асри нави адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.

24 СОАТ, РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ВА БОҒ


- Як зиёӣ, ки умраш наздик ба 70 расидааст, дар ин замони вабо ва гаронии бозору маоши кам чӣ фикр мекунад, чӣ мегӯяд, чӣ мехӯрад? Яъне 24 соати як шабонарӯзашро чӣ гуна мегузаронад?

- Ман ин ҷо гуфтаи ҳазрати Сулаймонро меорам. Вай мегӯяд, ки ҳама чиз мегузарад. Ин ҳам мегузарад. Хоҳ чизи бад бошад хоҳ чизи нек, дунё гузарон аст. Ба ҳамин рӯз шукр кардан даркор.

Дар бораи тановули хӯрок бошад, бояд бигӯям, ки баъди ҷарроҳӣ шудан, хӯрокҳои ман парҳезианд.

Дар мавриди чӣ гуна сипарӣ шудани як шабонарӯз бошад, бояд гуфт, ки онро ман ду тақсим кардаам. Қисми аввал ба хоб мегузарад, ки тақрибан панҷ соатро мегирад ва қисми дуюм хондан ва таҳрир кардан аст.

- Дар вақти хастагӣ чӣ кор мекунед?

- Агар хаста шавам, китоби бадеӣ мехонам.

- Рӯзҳои истироҳатӣ чӣ кор мекунед?

- Соли 1990 ба як гурӯҳ журналистон аз рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” дар ноҳияи Рӯдакии имрӯза 6 садякӣ замин барои бунёди боғ доданд. Ман аксари рӯзҳои истироҳатро дар боғ мегузаронам.

- Ҳозир дар боғатон ниҳолҳое ҳастанд, ки аз ҳамон соли аввали бунёди боғ бошанд ва умуман кадом намуди дарахтон ҳаст?

- Мутаассифона, дарахтони себе, ки 20-25-сола буданд, хушк шуданд ва ба ҷояшон ниҳолҳои нав шинондам. Аз дарахтони мевадиҳанда ҳоло себ, шафтолу, бодом, хурмо, тут ва сунҷит дорем.

- Ҳосили дарахтонро мефурӯшед?

- Не, то ҳол ягон маротиба нафурӯхтаам. Ҳосили боғи ман барои хӯрдани аҳли оила ва ёру дӯстон аст.

- Дар боғ худатон танҳо кор мекунед ё ки аҳли оила ҳам саҳм мегиранд?

- Аҳли оила пештар бисёр мерафтанд, ҳоло ҳамагӣ аз пайи кору зиндагии худ ҳастанд. Вале, агар ягон кори вазнин пайдо шавад, ҳатман писаронам омада ёрӣ мерасонанд.

- Боғ ба ҷуз оне ки мева медиҳад, боз чӣ хубӣ дорад?

- Боғ ҷоест, ки дар байни дарахтон одам ба фикр фурӯ меравад. Ба фикри умри гузашта, умри боқимонда, умри фарзандону наберагон ва умуман ин зиндагиву ин дунё.

Хосияти хуби дигараш ин аст, ки то ҳамин омадани вабои аср бо 3 рафиқи дигарам, ки онҳо ҳам мисли ман ошиқи шоҳмот мебошанд, дар боғ ҷамъ мешудем ва сӯҳбатҳои орифонаву шоҳмотбозӣ мекардем.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.




Парвиз Бобошарипов: Маълулӣ нишонаи нотавонию заифӣ нест!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед