Ru  | Tj
Рӯзи ҷаҳонии мардон. Чаро ин рӯз бояд таҷлил карда шавад?
Рӯзи ҷаҳонии мардон. Чаро ин рӯз бояд таҷлил карда шавад?
Аксҳо аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Рӯзи ҷаҳонии мардон. Чаро ин рӯз бояд таҷлил карда шавад?

Нашр шуд

19 -уми ноябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мардон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба зодрӯзи падари доктор Ҷером Тилуксинг, табиби Тринидад ва Тобаго, ки соли 1999 Рӯзи байналмилалии мардонро таҷлил карда буд, рост меояд.

Ҳарчанд тайи ду даҳсолаи охир дар саросари ҷаҳон ин ҷашн таҷлил мешавад, аммо то ҳол бисёре аз мардум аз мавҷудияти он огоҳ нестанд ва бархе аз онҳо ҳамеша бо баҳонаи ноогоҳии худ аз Рӯзи байналмилалии занон, ки ҳамасола 8-уми март таҷлил мешавад, мухолифат мекунанд.


Ҳар сол дар Рӯзи байналмилалии занон, ҳаҷвнавис Ричард Ҳерринг барои баланд бардоштани огоҳӣ аз Рӯзи байналмилалии мардон дар барномаҳояш ба ин рӯз ишора мекунад.

Ҷорҷ ном шахсе дар “Твиттер” дар ин бора чунин навишта буд: “Имрӯз 8 -уми март, Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мешавад. Чаро рӯзи байналмилалии мардон дар ягон сана ҷашн гирифта намешавад? Ин исбот мекунад, ки феминизм дар саросари ҷаҳон ҳукмронӣ хоҳад кард."

Аммо ҷаноби Ҳерринг ба ин мард чунин посухе пешниҳод мекунад: "Салом, ман ҳам мисли Шумо ба ғазаб омадаам, аммо вақте дар “Google” ҷустуҷӯ кардам, то бубинам, ки оё ман метавонам рӯзеро барои Рӯзи мардон интихоб намоям, дидам, касе ин корро қаблан кардааст. 19 -уми ноябр Рӯзи байналмилалии мардон аст. Ин хабари хуб аст, ҳамин тавр не?"

Ҳадаф аз таҷлили рӯзи мардон чист?


Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии мардон қадрдонӣ кардан аз мардони намунавӣ ва баланд бардоштани огоҳӣ аз мушкилоти онон мебошад.

Ба ин масъалаҳо, аз қабили солимии равонӣ ва пешгирии худкушӣ дохил мешаванд.

Ба таҳлили созмони хайрияи “Самаританс”, дар ҷаҳон мардон се маротиба бештар аз занон худкушӣ мекунанд.

Дар аввалҳои соли ҷорӣ эълом шуда буд, ки худкушии мардон дар ҷаҳон дар тӯли беш аз 30 сол ба болотарин сатҳи худ расидааст.

Рӯзи байналмилалии мардон дар моҳи ноябр таҷлил мешавад, ки дар он рӯз мардон ришу мӯйлаби худро метарошанд.


Умуман, аз се, ду ҳиссаи мардони гирифтори мушкилоти равонӣ дар ҷаҳон ҳеҷ гоҳ ба табиб муроҷиат намекунанд. Зеро мардон аксар вақт ҳангоме аз касалии худ эътироф мекунанд, ки ба охири хат расидаанд. Дар ин вақт кӯмак хостани онҳо агар натиҷа надиҳад, пас ба худкушӣ ва дигар амалҳои номатлуб даст мезананд.

Яке аз нигаронкунандатарин омори ҷаҳонӣ ин мизони баланди худкушии мардон дар муқоиса бо занон аст. Дар саросари ҷаҳон эҳтимоли даст ба худкушӣ задани мардон нисбат ба занон се маротиба бештар буда ва тибқи омори ҷаҳонӣ, дар шаш соли охир худкушӣ миёни мардони аз 45 то 59-сола ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, ба ҳар 100 ҳазор нафар 22,2 нафар рост меояд. Ба ибораи дигар, мардон нисбат ба занон мушкилоти равонии бештар доранд.

Ба таҳлили коршиносон, мамнӯъиятҳои иҷтимоӣ, аз қабили “мард, бояд гиря накунад” ё назари суннатии ҷомеа, қолабҳои гендерӣ ва интизориҳо аз мард ба унвони “қавӣ, қудратманд, пуштибон ва сутуни хонавода” боис шудааст, онҳо дар умури рӯҳӣ аз дигарон кӯмак наҷӯянд, ки ин камбудиҳои рӯҳиро дар мардон бештар мекунад.


Пас, мардон!

Мо медонем, ки ҳаёт рӯзҳои душвори зиёде дорад. Бинобар ин, бахшида ба Рӯзи мардон ба ҳамаи шумо мегӯем, ки хаста нашавед, ба маслиҳатҳои мутахассисон гӯш бидиҳед, эҳсосоти худро бештар баён кунед, зиёдтар хандед, гиря кунед, дардро эҳсос намоед ва агар ба кӯмак ниёз дошта бошед, ҳатман аз равоншиносон кӯмак хоҳед.


Худро мешиносад ва барои худшиносии дигарон кӯмак мекунад. Равоншинос кист?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед