Ru  | Tj
Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ. Муаллифи китоби «Мо ҳама афғон нестем» даргузашт
Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ. Муаллифи китоби «Мо ҳама афғон нестем» даргузашт
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ. Муаллифи китоби «Мо ҳама афғон нестем» даргузашт

Нашр шуд

Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ, пажӯҳишгар ва таърихнигори тоҷиктабори Афғонистон ва муаллифи китоби «Мо ҳама афғон нестем» дар шаҳри Кобул бар асари бемории музмини саратон даргузашт. Ӯ аз ҷумлаи таърихнигорони ошкорбаёне буд, ки дар тӯли ҳаёти худ бар зидди ҳуввияти таҳмилшудаи «афғон» ба сокинони ғайрипаштуни Афғонистон садо баланд кард.

Муҳаммадӣ, пеш аз ҳама, бо китоби «Мо ҳама афғон нестем» дар байни ҷомеа ва муҳаққиқин шинохта мешавад. Вай дар китоби мазкур ривояти дурӯғини ҳувияти таҳмилии «афғон»-ро ба чолиш кашид ва бо аснод ва далелҳои зиёд собит намуд, ки мафҳуми «афғон» ва «пашту» мутародифи ҳам буда, наметавонад ҳувияти умумии сокинони кулли Афғонистон бошад.

ҚАЛАМФАРОИ МУЪТАРИЗЕ АЗ ПАНҶШЕР

Профессор Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ дар соли 1954 дар рустои Обдараи вилояти Панҷшер ба дунё омад. Омӯзиши ибтидоиро дар соли 1973 дар зодгоҳаш хатм намуд. Дар соли 1980 ба донишгоҳи Кобул қабул шуда, дар факултети таърих таҳсил менамояд. Вай пас аз хатми донишгоҳ ба таври иҷборӣ ба артиш ҷалб шуда, ба хидмати ҳарбӣ фиристода мешавад. Дар соли 1993 дар замони мушакборони Ҳикматёр бар асари исобати ракета захмӣ мешавад.

Муҳаммадӣ дар тамоми даврони ҳаёташ ба пешаи омӯзгорӣ шуғл варзида, дар канори он ба пажӯҳиш ва навиштани таърихи Афғонистон машғул мешавад.

Ӯ дар як давра корҳои сиёсӣ ҳам анҷом медиҳад. Ба қавли Латиф Пидром, раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон вай як замоне муовини раиси ин ҳизб ба сарварии Латиф Пидром будааст.

Вай, ки дар тӯли даҳ соли охир ба бемории музмини саратон гирифтор шуда буд, дар Кобул ба сар мебурд ва дар замони султаи Толибон* бар асари ин беморӣ аз ҷаҳон дида фурӯ баст.

Яке аз пайвандонаш Абдулатиф Асолат дар суҳбат бо хабаргузориҳои афғонистонӣ дар робита ба бемории ӯ гуфтааст: «Дар даҳаи ҳафтод бар асари ракете, ки исобат карда буд, устод захмӣ шуд. Чандин бор амали ҷарроҳӣ анҷом дод ва дар охирҳои умраш ба маризии музмини саратони сар дучор буду дасту панҷа нарм мекард, аммо боз ҳам муборизаи худро тавқиф нанамуда, қаламаш бар дасташ буду ҳамеша менавишт ва воковӣ бар таърихи Афғонистон менамуд».

Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ аз худ осори зиёде бар ҷой мондааст. Ба қавли наздиконаш, аз ӯ 30 асари таърихӣ ба ҷо монда, ки 15 асар ба чоп расида ва 15 асари дигараш чоп нашудааст. Осори мунташиршудаи маъруфи вай, ки ривояти нисбатан озод ва мустақил аз ҳаводиси таърихии Афғонистон аст, аз қарори зайл аст: «Мо ҳама афғон нестем», «Ду сӯйи хати Дюранд. Ботлоқи таърихи муосир», «Паштунистонхоҳӣ – омили табоҳии Афғонистон», «Таърих ва тамаддуни тоҷикон», «Шукӯҳ ва паҳнаи забони форсӣ», «Афғонистон ва тамаъи хом ба Балуҷистон», «Наврӯз чист, чаро онро ҷашн мегиранд?»

ТАЪРИХНИГОРИ МУЪТАРИЗ ВА ОШКОРБАЁНИ ПАНҶШЕРӢ

Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ дар ҷараёни пажӯҳиш ва таҳқиқотҳояш дурӯғҳо ва ҷаълкориҳои таърихнигорони паштунро бо лаҳҷаи сареҳ нақд менамуд. Ӯ дар яке аз китобҳояш «Мо ҳама афғон нестем» ба фаъолиятҳои миллатгаройии таърихнигорони паштун нақд навишта, кори онҳоро ба фаъолиятҳои фашистии саҳюнистони яҳуд ташбеҳ мекунад.

Ӯ дар ин китоб рози ҷаълӣ будани китоби «Пута хазона»-и паштунҳоро бо истинод ба манобеъи таърихӣ фош мекунад. Вай менависад, ки китоби «Пута хазона» асаре нест, ки таърихи ҳазорсола дошта бошад, он тавр, ки паштунҳо иддао мекунанд, балки ин китоб ҷаълист ва ҷаълкунадаи он Абдулҳай Ҳабибӣ, муаррихи паштун аст.

Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ дар китоби «Мо ҳама афғон нестем» масъалаи манифести қавмгаройии афғонҳоро, ки дар даврони Ҳомид Карзай махфиёна созмондеҳӣ шуда буд, ба миён гузошта, ин корро идомаи ҷаълкориҳои қавми паштун таъбир мекунад.

Ин таърихнигори ошкорбаён бо зикри аснод ва ривоятҳои гуногун нахуст китоби «Сақои дувум»-ро як асари фашистӣ барои саркӯб ва аз байн бурдани ҳувияти ақвоми дигари сокин дар Афғонистон қаламдод мекунад. Ба навиштаи ӯ, китоби «Сақовии дувум» маҳсули қалами Исмоилюн, раҳбари Ҳизби афғонмиллат аст, ки бо имлои шадидан нажодпарастона навишта шуда, тоҷиконро мавриди ҳадаф қарор медиҳад.

Ғулом Муҳаммад Муҳаммадӣ аз ҷумла менависад: «Барчаспи афғон будан барои ҳамаи мардуми кишвар ба ин маъност, ки ангурро дар дарахти себ пайванд кунеду худро ба нодонӣ ва ҷаҳолат бизанед».

Ӯ андешаеро матраҳ менамояд, ки таърихномаҳои навишташуда ҳама ҷаълӣ ва бар асоси хост ва нияти ҳокимони қабилапарвари афғон навишта шудаанд ва дар ин таърихномаҳо бо зикри ривоятҳои дурӯғин ба ҳаққи сокинони аслии сарзамин хиёнат сурат гирифтааст.

«Таърихҳои навишташуда ба дастури ҳокимони қабилапараст аксарашон ҷаълӣ, шуста ва филтршуда дар мошин ё дастгоҳҳои фашистии давлатҳои ҳокиманд, ки мавриди эътимод намебошанд», - навиштааст ӯ.

РӮШАНФИКРОН ДАР СӮГИ ТАЪРИХНИГОРИ ПАНҶШЕРӢ

Даргузашти Ғулом Муҳаммади Муҳаммадӣ, таърихнигор ва шахсияти барҷаста дар Афғонистон андешамандон ва дӯстдорони ӯро дар сӯг нишонд. Бисёре аз чеҳраҳои шинохташудаи афғонистонӣ марги ӯро талафи бузург номида, коркардҳояш дар бахши таърихнигориро талошҳои ҷасурона ва ҷофидоёна номиданд.

Доктори улуми таърих Соҳибназар Муродӣ дар мавриди ӯ чунин навиштааст:

«Устод Муҳаммадӣ дар замоне ки сухан гуфтан аз ҷаъли таърихӣ ҷурми сахте пиндошта мешуд, шуҷоъона по ба арсаи таърихнигории муосири Афғонистон гузошт ва бо истифодаи фазои нимабанди озодии баён дар ду даҳаи гузашта парда аз рӯйи сиккаи мансухи таърихи ҷаълии Афғонистон бардошт».


*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед