Ru  | Tj
Ёде аз Нурулло Ҳувайдуллоев – ҳомии қонун ва адолат
Ёде аз Нурулло Ҳувайдуллоев – ҳомии қонун ва адолат
Аксҳо: Аз муаллифи мавод дастрас гардидааст

Ёде аз Нурулло Ҳувайдуллоев – ҳомии қонун ва адолат

Нашр шуд

Нурулло Ҳувайдуллоев аввалин Прокурори генералии Тоҷикистон буд, ки дар муқобили ноадолатиҳо ва яроқбадастони давр муборизаи ҷиддӣ бурд. Мардона дар муқобили ин гурӯҳҳои ифротӣ истод шуд ва ҷасуронаву далерона роҳи қонуният ва адолати ҳуқуқиро ҳифзу ҳимоя кард. Ӯро баъзе аз наслҳои ҷавон шояд нашиносанд, аммо қаҳрамонии ӯ дар дилу ёдҳои миллати тоҷик боқӣ хоҳад монд.

Замоне ӯро дар матбуот баъзе аз журналистон сиёҳ карданд, ҳар суханҳои ноҷову дурӯғро нисбаташ раво диданд, аммо ин бадномкуниҳо ба иззати ӯ лахмае ворид накард, чароки ӯ дар роҳи ҳақиқат ва адолат буду дар дили мардум ҳамчун марди росих ва некном ҷо дошт. Ӯ ба ҳақиқат боварӣ дошт ва онро дӯст медошту дар амалӣ кардани он қурбон шуд. Ҷоҳталабон ба матонати ӯ тоб наоварда, ӯро бераҳмона ва заифона куштанд. Ӯ 29 сол муқаддам дар ҳамин рӯз, яъне 24-уми августи соли 1992 аз ҷониби нерӯҳои ба ном “исломӣ” ва “демократӣ” ба таври ваҳшиёна кушта шуд.

Дар Изҳороти роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми август соли 1992 омадааст, ки “Қотилон қонуни ҷамъиятамонро, ки Нурулло Ҳувайдуллоев бо матонату қатъият муҳофизат мекард, ҳадафи тири хеш қарор доданд. Онҳо ба ояндаи давлати соҳибистиқлоламон, ки мо онро чун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебинем, тир паронданд”.

Нурулло Ҳувайдуллоев
Нурулло Ҳувайдуллоев

Нурулло Ҳувайдуллоев “қонун”, “адолат”, “ҷасорат” ва “номусу нанги” миллат ба ҳисоб мерафту меравад. Роҳи ӯ роҳи ростӣ ва мардонагист. Ӯ дар роҳе, ки буд, устувор монд ва ҳеҷ навъ дурӯягиву маккориро, ки хоси аксари сиёсатмадорон аст, интихоб накард. Ростӣ аз ин марди накӯном ҳамчун фарзанди ҷасури тоҷик ифтихор дорам ва ӯро дар садоқат ва мардонагӣ идеали худ меҳисобам. Аслан аз тоҷик буданам ба он ифтихор мекунам, ки тоҷик чун Нурулло Ҳувайдуллоев мардони ростқавл, адолатхоҳ, якрӯву якмаром, далеру шуҷоъ, хоксору донишманд, қавииродаву нотарс дорад. Масалан, тоҷикон дар Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро доштанд ва боварӣ дорам, ки боз ҳам дар миёни миллати мо, чӣ дар Афғонистон ва чӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин тоҷиконе ба миён хоҳанд омад.

Н. Ҳувайдуллоев дар ҳамаи мавридҳо боиродагиву пуртоқатии худро нишон дод. Дар вазъиятҳои душвортарин ҳамрозу ҳамқадам ва ҳаммаслаки халқаш буд. Аз ин ҷост, ки халқ дар симои ин марди асил такягоҳи боэътимоди адлу инсофро медид.

Таҳдидҳо ба ҳаёти Нурулло Ҳувайдуллоев моҳҳо пеш аз қатлаш оғоз шуда буд. Аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барқияҳое меомаданд ва мехостанд, ки бехатарии ӯ таъмин карда шавад. Вале ҳукуматдорони вақт талаби мардумро ба инобат гирифта натавонистанд. Аз ин ҳолат ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки он замон дар доираи ҳукуматдорон қувваҳое ҷо доштанд, ки ба ҷисман нест кардани Нурулло Ҳувайдуллоев манфиатдор буданд.

ЁДНОМА АЗ КИТОБИ “АВВАЛИН ПРОКУРОРИ ГЕНЕРАЛИИ ТОҶИКИСТОН”

Раҳмон Юсуф
Раҳмон Юсуф

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод - Прокурори генералии Тоҷикистон: “Нимаи аввали соли 1991 ман хатмкунандаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будам ва он вақт Нурулло Ҳувайдуллоев роҳбарии мақомоти прокуратураи ҷумҳуриро бар зимма дошта, ҳамчун аввалин Прокурори генералии кишвар вирди забонҳо буданд ва ҳамзамон мақоми вакилиро дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бар дӯш доштанд. Аз ин ҷост, ки пайваста дар телевизиону радио ва матбуот номи Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамчун шахсияти адолатхоҳу адолатпарвар, ҳуқуқдони варзида, қонуншиноси маъруф садо медоду мардуми кишвар ӯро аз наздик мешинохтанд.

Бешак, дар он вазъ, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар остонаи барҳамхӯрӣ қарор дошт ва ҷумҳуриҳои тобеи он, аз ҷумла Тоҷикистон кӯшиши ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ва истиқлолиятро доштанд, шахсиятҳое чун Нурулло Ҳувайдуллоев, ки аз авзои замон ва маҷрои ҳодисот огоҳии комил доштанд, дар ин ҷода садо баланд мекарданд ва ҷиҳати ташаккули унсурҳои давлату давлатдорӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам меоварданд.

Нурулло Ҳувайдуллоев воқеан ҳам ҳуқуқшиноси маъруфу маҳбуб буд, дар олами ҳуқуқдонҳо ӯ шахсияти бообрӯст, ки бо амалу фаъолияти қонунмеҳвар, бо андешаҳои хирадмандонаю адолатпарвари худ дар дилу дидаҳо ҷой гирифтааст. Дар боби хислатҳои ҳамидаи ӯ ҳар қадар гӯем, каму нокифоя аст, инсонҳои ба ӯ монанд дар дунё ангуштшуморанд”.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов - профессор, собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Н. Ҳувуйдуллоев вазъияти душвори баамаломадаро мефаҳмид, шубҳаҳоро низ дақиқ дарк мекард, аммо мисли онҳое, ки иғворо хезонда ҳоло найрангро ба кор меандохтанд, дурӯғ мегуфтанд, айбро ба дигарон мепартофтанд, лоба мезаданд, баҳонаковию воқеабофӣ намекард, ҳақиқатро мегуфт, зеро вай чизи аз ҳозирин пинҳонкарданӣ надошт.

Мухолифини қариб ба қудратрасида аз муборизаи тани танҳои Прокурори генералӣ ба танг омада, баъзе мансабдорони худношиносро ба даст гирифта ва ё тарсонида тасмим гирифтанд, ки худи Набиевро ба истеъфо фиристанд. Се нафарро ба гап дароварданд, ки дар иҷлосияи моҳи август ба сухан баромада, истеъфои ӯро талаб кунанд. Иҷлосия 12 –уми август шурӯъ шуд ва дар гомҳои аввалин расман Кенҷаевро аз вазифаи Раиси маҷлис озод кард ва Искандаровро раис интихоб намуд. Кенҷаев иҷлосияро тарк кард. Сонӣ навбат ба танг кардани президент расид. Ду нафар аз сегонаи маслиҳатшуда - Н. Дӯстов ва Д. Ашӯров ба сухан баромада, ба Набиев маслиҳат доданд, ки ба истеъфо равад. Прокурори генералӣ дарк кард, ки агар ӯ пеши роҳро нагирад, вазъият вайрон мешавад. Бо кӯшиш ва душвории зиёд ба Ҳувайдуллоев ва дӯстонаш муяссар шуд, ки дар иҷлосия танафуси кӯтоҳмуддат шавад. Баъди танафус сухангӯи сеюм ва Р. Набиев ба маҷлис боз нагаштанд. Масъала ва мақсади мухолифин ҳал нашуд. Баръакс тезисҳои маърӯзаи Президент, ки вайронкориҳои аъзои ҳукумати мусолиҳаи миллӣ ва нерӯҳои пуштибони онро ошкор мекард, резонанси ҷиддие пайдо кард. Натиҷаи Иҷлосияи мазкур душманони қонуниятро ба хашму ғазаб ва амал овард.

Пас аз даҳ рӯзи Иҷлосия Прокурори генералиро дар рӯзи равшан 24 августи соли 1992 бо 20 тир куштанд. Гӯё 20 қонунношинос ҳар кас ба сари худ ба вай тир зад.

Марги вай садои халқро шунаво кард. Аммо дар аввал ин садои гиря, садои азо буду бас. Мардум эҳтироми худро ба шаҳиди пок ва нафрати хешро ба қотилони вай изҳор менамуд. Марги Ҳувайдуллоевро баробари марги қонун дар Тоҷикистон медонист. Дар китоби Н. Азимов “Қаҳрамонии Прокурори генералӣ” бештар аз садто муроҷиатнома, телеграммаи ҳамдардӣ, изҳорот, нома, матлаб аз маҷлису гирдиҳамоиҳо, ки дар он шабу рӯз дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор мешуданд, гирд оварда шудааст. Ҳатто ҳамаи ин ҳадди дарди халқро пурра баён карда наметавонад.

Ҷасади Н. Ҳувайдуллоевро рӯзи 24-уми август барои видо дар фойэи бинои Шӯрои олии Тоҷикистон гузоштанд ва турбатро рӯзи 25-уми август дар дахмаи маҳаллаи Қалъаи деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ба хок супурданд. Ба расми митинг ва ҷаноза ҳазорҳо одам аз кишвар ҷамъ шуд. Сангак Сафаров ва Рустами Абдураҳим аз Кӯлоб як рӯз баъди ҷаноза ба ин ҷо расиданд”.

Амирқул Азимов
Амирқул Азимов

Амирқул Азимов - собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон: “Он рӯзи наҳси 24-уми августро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам ва то имрӯз ҷузъиёти он аз лавҳи хотиротам зудуда намешавад. Чунки он рӯз бароям басе душвор оғоз гардид. Аз нимаҳои шаб хобҳои парешон маро нагузоштанд, ки ором бихобам. Субҳи барвақт бо як нороҳатӣ аз ҷогаҳ бархоста, бо табъи нохуш, ҳатто наҳорӣ накарда, ҷониби коргоҳ роҳ пеш гирифтам. Дар идора ҳам хеле бо хотири мушавваш нишаста, хостам худро андармони коре кунам, аммо дасту дили гарме надоштам. Аз як тараф ҳаводиси ахири кишвар маро безобита карда бошад, аз ҷониби дигар қалбам аз паёмади нохӯше дарак медод. Ва ин хабари нохӯш куштори ҳомию нигаҳбони қонуният дар кишвар - Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки бо шунидани он чун шахси барқзадае дар ҷоям шах шуда мондам, на қудрати сухангӯӣ доштам ва на тавони раҳгардӣ. Пас аз гузашти чанд муддате худро ба даст гирифта, бошитоб сӯи макони ҳодисаи ваҳшатбор роҳ пеш гирифтам”.

Қурбоналӣ Ҳасанов
Қурбоналӣ Ҳасанов

Қурбоналӣ Ҳасанов - Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3: “Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев маҳз аз зумраи он шахсоне буданд, ки бо гуфтору кирдор ва самимияту садоқати беандозаи хеш ба риояи қонуну қонуният, дили поку нияти нек дар тӯли умри кӯтоҳ, вале пурбаракати хеш ба чунин шахсият табдил ёфта, чун ситораи дурахшоне дар самои шахсиятҳои номдори кишвар боқӣ монданд. Дар бораи он кас суханҳои пур аз меҳру муҳаббати зиёде ба забон оварда, мақолаҳои сершуморе иншо гардида, филми мустанаде ҳам ба навор гирифта шудааст. Аммо бо варақгардонии дафтари хотирот ва ёдоварӣ кардани он дидору мулоқотҳо аз рӯзҳои талху ширини бебозгашт сипаригаштаи ҳаёт гумон мекунам, ки ҳанӯз он ҳама гуфтаю навиштаҳо дар бораи он кас муште аз хирвор асту бас.

Барои он ки симояшон бештар рӯшан, ботинашон зиёдтар ифшо ва корномаашон вирди забонҳо бошад, бояд ҳар фарде, ки бо он кас ҳампешаю ҳамақида, ҳамдаму ҳамдил ва ҳамнишасту ҳамсӯҳбат буд, хомӯширо ва бадтар аз он бетарафиро нисбат ба гузаштаи на он қадар дур ва ин шахсияти машҳур ихтиёр накунад. Гуфтаниҳо зиёданд, аз ин рӯ бояд сухане гуфт, ҷумлаеро иншо намуд ва агар он нидоҳо аз самими қалбу бо тақозои виҷдон баромада бошанд, итминони комил дорам, ки ҳамагӣ ба як меҳрномаи пур аз ихлосу садоқат, пур аз меҳру муҳаббат табдил хоҳанд ёфт. Меҳрномае, ки оғоз дораду анҷом не. Зеро он аз як насл ба насли дигаре мерос мемонад ва ҳар фарди дилогоҳи дигаре аз он накҳат машом муаттар намуда, заррае аз меҳри дил бар он зам мекунад.  

Хайруллоев Муҳаммадҷон
Хайруллоев Муҳаммадҷон

Хайруллоев Муҳаммадҷон - генерал майори адлия: “Н. Ҳувайдуллоев ба мустаҳкам кардани фаъолияти кории прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо диққати ҷиддӣ медод ва бо ин мақсад зиёда аз 30 дарсади коркунони дастгоҳи марказиро ихтисор карда, онҳоро ба прокуратураҳои поёнӣ фиристод. Мубориза ба муқобили ҷиноят ва ҷинояткорӣ пурра ҳаматарафа дар муҳлатҳои нишондодашуда, баррасӣ кардани арзу шикоятҳои шаҳрвандон, омӯзиши парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ, баҳои ҳуқуқии дуруст додан ба ҳаракатҳои ҷинояткоронаи шахсони ҷиноятсодирнамуда новобаста аз шахсияташон аз талаботи доимии Прокурори генералӣ буд”.

Осимзода Мадиброҳим
Осимзода Мадиброҳим

Осимзода Мадиброҳим – мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2: “Мардони бузург ба монанди кӯҳи азиме ҳастанд, ки ҳар чӣ қадар аз он фосила гирем, ба ҳамон андоза шаҳомат ва наҷобати онҳо дар назар бештар ҷилва мекунад. Шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев аз зумраи чунин шахсиятҳо буд, ки бо гузашти вақт аз он айёми ваҳмангез ва аз он рӯзи фоҷиабори 24 –уми августи соли 1992 мавқеъгириаш дар усули корбарӣ, ҷасорат ва ҷавонмардиаш симои ӯро дар андеша ва афкори мо бештар ормонӣ ва фаромӯшнашуданӣ мекунад.

Табаддулоти аввали солҳои навадуми асри гузашта дар ҷомеаи собиқ шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон масъалаҳои зиёди иҷтимоиро ба миён овард, ки роҳбарони вақт натавонистанд роҳи ҳалли онҳоро ёбанд. Сабаби асосӣ он буд, ки усули корбарӣ ба таври дастурӣ буда, аз як марказ ҳамоҳанг мегардид. Чун ин марказ дучори буҳрони шадиди сиёсӣ гардид, риштаҳои робита пора шуда, ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ гирифтори мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва билохира сиёсӣ гардиданд. Ҷумҳурии мо низ аз ин раванд истисно набуд”.

Инак аз марги Нурулло Ҳувайдуллоев 29 сол пур мешавад, вале ҷомеаи Тоҷикистон ӯро фаромӯш накардаасту бо некӣ ёд мекунад. Номи ӯ дар дилу хотироти миллати тоҷик ҷовидонист.

Зебоӣ офаридану зебоӣ бахшидан: Дизайнерӣ чӣ гуна касб аст?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед