Ru  | Tj
Зебоӣ офаридану зебоӣ бахшидан: Дизайнерӣ чӣ гуна касб аст?
Зебоӣ офаридану зебоӣ бахшидан: Дизайнерӣ чӣ гуна касб аст?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Зебоӣ офаридану зебоӣ бахшидан: Дизайнерӣ чӣ гуна касб аст?

Нашр шуд

Мо ҳафтаи гузашта бо яке аз суратгирони моҳири кишвар доир ба касби суратгирӣ мусоҳиба карда, ба он шахсоне, ки дар арафаи интихоби касб ҳастанд, маълумот дода будем. Ин навбат бо яке аз дизайнерони (тарроҳони) машҳур ва муваффақ - Саъдӣ Норматов, ки имрӯзҳо маҳсули эҷодашро бисёриҳо истифода мебаранд, сӯҳбат намудем.

Чаро дизайнер (тарроҳ) пас аз суратгир? Сабаб он аст, ки ҳамсӯҳбати мо Digital-дизайнер мебошад ва ба коркарди суратҳо машғул аст. Пас, маниқист, ки одамони ҳушманд аввал суратгириро омӯзанд ва баъд дизайнериро.

ТАЪМИНКУНАНДАИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА


- Дар аввал хуб мебуд, агар ин касбро ба онҳое, ки довталаби касби мазкур ҳастанд кӯтоҳ мегуфтед, яъне тарроҳӣ чӣ гуна касб аст?

- Дизайнерӣ монанди дигар касбҳо шохаҳои зиёд дорад. Ман аз рӯи ихтисос ва кор Digital-дизайнер мебошам. Digital-дизайн дар навбати худ боз аз се қисм иборат аст: WEB-дизайн, дизайни барномаҳо ва тарроҳи барномаҳои нави компютериву телефонӣ. Машғулияти асосии ман бошад, ин коркарди тасвир аст.

- Ҳама касбҳо ҳадаф доранд, касби дизайнерӣ чӣ ҳадаф дорад ва дар ҷомеаи инсонӣ кадом вазифаҳоро иҷро менамояд?

- Бозори имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки дар он тамоми чизро ёфтан мумкин аст, бе дизайрнер рангу намуд надошта, ҷолибияташро аз даст медиҳад. Мисол, рекламаҳо, ки ададашон беҳисоб аст, маҳсули эҷоди дизайнерон ҳастанд. Маркетологон, ширкатҳои рекламадиҳанда, шахсони рекламақабулкунанда ва умуман тамоми нафароне, ки ба реклама сари кор мегиранд, корашонро бидуни дизайнер ва кори дизайнӣ ба ҷониби дигар пешниҳод карда наметавонанд. Яъне, ҳадафи дизайнерӣ зебоӣ бахшидану аз дизайнер зебоӣ офаридан аст.

- Мо медонем, кори Шумо вазнин аст, бигӯед, ки дар ин баробар қадршиносии мардум чӣ гуна аст?

- Фикр мекунам дар ҳама давру замон одамон ба ин ё он касб аз ду паҳлӯ бархурд мекунанд: хуб ва бад. Ҳастанд нафароне, ки кори моро қадр мекунанд, заҳматҳои шабонарӯзии моро, ки баъзан вақт барои коркарди як сурат ҳатто 2-3 рӯз кор мекунем, медонанд. Вале боз дар ин баробар одамонеро вохӯрдан мумкин аст, ки фикр мекунанд дизайнерон барномаи махсус доранд ва дилхоҳ аксро дар чанд сония ё дақиқа коркард мекунанд. Маҳз ин фикр аст, ки мо ва касби мо дар баъзе ҳолатҳо ба беқадрӣ дучор меоем.


- Ҳама касбҳо талабот доранд, касби дизайнерӣ чӣ талабот дорад?

- Сабр, таваҷҷуҳро ба як нукта ҷалб карда тавонистан, бехобӣ ва кордӯстӣ.

- Ҳозир бисёриҳо аз он метарсанд, ки касбашон мемирад ва ба ҷои онҳо роботҳо кор мекунанд, Шумо бигӯед, ки умри ин касбро то чанд соли дигар боқӣ медонед?

- Аллакай дар касби мо низ ба қавле роботҳо кор мекунанд. Барномаҳое баромадаанд, ки суратро дар онҳо мегузорӣ коркард мешавад. Вале ба фикри ман ҳоло касби мо зинда мемонад ва бекор намемонем, зеро агар барномаҳо суратро коркард карда тавонанд ҳам, дар сатҳи касбӣ то ҳол наметавонанд. Мумкин дар оянда хатари бекорӣ моро таҳдид кунад, вале умед мебандем, ки бе кор нахоҳем монд.

- Як паҳлӯи манфӣ ва як паҳлӯи мусбати ин касбро метавонед бигӯед?

- Паҳлӯи манфӣ: пеш аз омӯхтан, вақти омӯхтан ва ҳатто аввалҳои кор фикр мекунӣ ниҳоят омӯхтану кор кардан мушкил аст. Фикри иваз кардани касб чандин маротиба пайдо мешавад.

Паҳлӯи мусбат: вақте ки соҳибкасб шудӣ, барои худ ва оила таъминкунандаи зиндагии шоиста мешавӣ.

ДӮСТ ДОШТАН ВА КОР КАРДАН


- Кори якрӯзаи дизайнер чӣ хел мегузарад?

- Болои курсӣ, рӯ ба рӯ бо компютер, дар барномаи Photoshop ва қаҳваву супориши муштарӣ. Ман дигаронро намедонам, вале қариб, ки бетанаффус кор мекунам ва бар замми ин боз аз корам ҳаловат мебарам.

- Дар як моҳ аз ҳисоби ин касб то чанд сомонӣ даромад дошта метавонед?

- Ҳар касбе, ки намояндааш аз муҳосиб маош намегирад, даромадашро аниқ гуфтан ниҳоят душвор аст. Кори мо бо супориши муштариён сурат мегирад, агар муштариён зиёд дархост кунанд, даромад зиёд мешавад, агар не, баръакс. Барои довталабон, ки ин касбро интихоб карданиянд гуфтаниям, ки дизайнер пули хуб меёбад ва дар ин самт кор зиёд аст. Моҳона аз 3 то 9-10 ҳазор сомонӣ гуем ҳам хато намекунем.

- Шумо фармоишҳоро чӣ гуна қабул мекунед ва умуман принсипҳои кории Шумо чӣ гунаанд?

- Асосан, муштариён тавассути Instagram ва Telegram муроҷиат мекунанд. Ман ягон принсипи махсус надорам, муштарӣ хоҳишашро мегӯяд, агар аз дастам ояд қабул мекунам ва то андозаи тавоноиям корро анҷом медиҳам.

- Кай барои Шумо кор кардан душвор ё ногувор мешавад?

- Вақте ки яку якбора кори ду лоиҳаро пешниҳод мекунанд. Махсусияти кори мо ин аст, ки бояд ҳар корро алоҳида-алоҳида анҷом диҳем. Ҳолатҳои ногувор ҳам дар кори мо кам нестанд. Масалан, вақте ки болои лоиҳае соатҳои дароз кор мекунем, вале пеш аз сабт кардан

(нигоҳ доштан) барқ хомӯш мешавад ё ғайриинтизор компютер аз кор мемонад.

- Дар ин самт Шумо таҷрибаи чандсола доред?

- Тақрибан 10 - 11 сол. Бояд бигӯям, ки ҳанӯз аз синфи 8-9 бо барномаи Photoshop кор карда, аз он замон то ҳол кӯшиш мекунам, ки дар ин самт чизе омӯзам.


- Ҳаст махсусият ё паҳлӯи коре, ки дар ин касб ба Шумо писанд набошад?

- Дар ин касб ҳама чиз бароям маъқул аст, зеро ман бо ин касб калон шудаам, бо ин касб зиндагиямро ба пеш мебарам ва бо ин касб ном ёфтам. Фикр мекунам ягона сабабе, ки дар ин касб ному нон пайдо кардам дӯст доштани ин пеша ва аз таҳти дил кор карданам аст.

ҲАМА ДИЗАЙНЕР ШУДА МЕТАВОНАД


- Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ин касб чӣ гуна аст?

- Бисёр зуд мехоҳанд соҳиби ин касб шаванд, вале барои омӯхтану дар ин самт кор кардан сабр даркор. Бисёриҳо мехоҳанд, ки зуд номашон барояд, корашонро ҳамагон бубинанд, ному нон ёбанд, вале дар баробари ин орзуҳо кор кардан қариб, ки намехоҳанд.

- Метавон бидуни мактаби олӣ тавассути интернет дизайнер шуд?

- Бале, дар интернет курсҳои “онлайн”-ии зиёд ҳастанд, ки дилхоҳ нафар бо доштани интернет ва хоҳиш метавонад соҳиби ин касб шавад. Як чизро бояд қайд кунам, ки ҳоло YouTube ҷоест, ки метавон ба дилхоҳ савол ҷавоб ёфт. Дар он ҷо мутахассисони дилхоҳ соҳаи фаъолияти ҷамъиятӣ каналҳои худро дошта, ба маслиҳатдиҳӣ, корбарӣ ва омӯзонидан машғуланд.

- Киҳо метавонанд довлатаби ин касб бошанд?

- Чуноне, ки баъзе касбҳо назди довталабонашон талаботи махсус мегузоранд, ин касб нест. Балки дилхоҳ нафар, новобаста аз синну сол ва ҷинс метавонад ба омӯхтани ин касб машғул шавад аз ҳисоби ҳунари азхудкардааш рӯзгорашро пеш барад.

Барои омӯхтани ин касб чӣ ё чиҳо лозим аст?

- Барои ин касбро аз худ кардан ҳатман бояд компютер дошта бошӣ, фарқ надорад чӣ гуна, он бояд барномаи Photoshop-ро қабул кунад. Дигар муҳиммият ва махсусиятро дар ҷараёни омӯзиш довталаб меомӯзад.


- Тавсияҳои Шумо ба дизайнерони оянда...

- Аз нишастан дар назди компютер соатҳои дароз натарсед. Бо компютер “дӯст” шавед. Аз кор кардан наҳаросед. Кори кардаатонро аввал худатон дӯст доред ва қадр кунед. Арзиши коратонро донед ва то қадри имкон ба мардум фаҳмонед. Ҳаррӯз дар талоши омӯхтани чизи нав бошед. “Горячий клавиш”-ро аз худ кунед. Ва ҳеҷ вақт тамбал нашавед.

Қурбон Мадалиев: Аз боғдориву журналистика то тарҷумониву китоби “100 инсони бузургтарин”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед