Ru  | Tj
“Ҳавои баҳор – заҳри мор”. Тоҷикон дар баҳору Наврӯз кадом зарбулмасалҳоро мегӯянд?
“Ҳавои баҳор – заҳри мор”. Тоҷикон дар баҳору Наврӯз кадом зарбулмасалҳоро мегӯянд?
Аксҳо: Аз Интернет

“Ҳавои баҳор – заҳри мор”. Тоҷикон дар баҳору Наврӯз кадом зарбулмасалҳоро мегӯянд?

Нашр шуд

Одатан калонсолон дар аввалҳои баҳор ва пеш аз Наврӯз  мақолу зарбулмасалҳоеро мегӯянд, ки ҳар кадоме хусусияти хос дорад. 

Мо перомуни 5 мақоле, ки дар забони гуфтугӯӣ  роиҷ аст, таваққуф мекунем ва аз забони шахсиятҳои касбу кори гуногун онҳоро шарҳ медиҳем.  

1. “Ҳавои баҳор – заҳри мор”

Олим Раҳматови 60-сола дар яке аз хобгоҳҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон посбон аст. Ҳар вақте донишҷӯеро дар аввал ва миёнаҳои моҳи март бо либоси тунук бинад, мегӯяд: “Ҳавои баҳор – заҳри мор, гуфтаанд. Ана, барои ҳамин писарам, духтарам, либосат тунук аст, ҳоло каме сабр кун, пасон либосҳои сабуки зебоятро мепӯшӣ!”.  

“Ҳавои баҳор давраи гузариши сардӣ ба гармӣ аст, яъне сардиву гармии омехтае дорад. Барои ҳамин, ҳавои баҳор  хатарнок аст, ҷавонҳоро мебояд, ки дар ин вақт эҳтиёткор бошанд”, - дилсӯзона мегӯяд посбон Олим Раҳматов.  
2. “Гулро ҳамнишин бояд баҳоре” 
Мақоли мазкур ҳам дар забони мардум ва ҳам дар китоби “Фарҳанги зарбулмасал, мақол ва афаризмҳои тоҷикию форсӣ” (саҳифаи 291, ҷилди I, соли нашри 1975) ҷо дорад. Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Моҳира Мирзоева ин мақолро чунин шарҳ дод: 

“Гул маҳсули баҳор аст. Дар ин фасл месабзад, муғча мекушояд, ғунча мешавад ва мешукуфад. Маҷозан, ҳар як ашёи олам аз инсон то ҷисмҳои беҷон бояд бо ҳамнишини худ мутаносибан вуҷуд дошта бошанд”.   

"Хазинаи эҷодиёти халқ пур аз чунин дурдонаҳост. Мо аз рӯйи зарурат ба он муроҷиат мекунем, зеро анбори холинашаванда аст”, - меафзояд дар идома  Моҳира Мирзоева. 

3. “Баҳор куҷо будӣ? – таги тути бедона”

Нависандаи соҳибном Марямбонуи Фарғонӣ ин мақолро, ки ба одамони дар фасли баҳор танбалу коргурез гуфта мешавад,  чунин эзоҳ дод: 

“Таги тути бедона ишорат ба истироҳатгоҳи одамони холабеғаму коргурез мекунад. Яъне, танбалон дар айни ҷӯшу хурӯши корҳои кишоварзӣ ҷойи соя-салқин мегурезанду тирамоҳон берӯёна сари хирман пайдо мешаванд. Ин мақолро  борҳо шунидаам. Он хеле маъмул аст. Албатта, барои ҷавонони имрӯз, ки табиати забон ва фолклори тоҷикро намедонанд, ё кам медонанд, шояд чандон мафҳум набошад. Бибиҳои мо басе нозукбаён буданд. Аналогҳои ин мақол "аз кадом ҷилға омадӣ?", "дар таги кадом ҳулбӯ хоб рафта будӣ?"... аст”. 

Нависандаи номӣ Абдуқодир Рустам низ ҷойи истифодаи мақолро чунин гуфт: “Яъне, агар касе дар вақти муносиб кореро иҷро накунад ва баъд аз гузашти фурсат дар пайи иҷрои он шавад, ки дигар фоида надорад, ин зарбулмасалро мегӯянд. Ё агар худаш корро дар вақташ иҷро накунад ва иҷрои онро баъдан аз каси дигар хоҳад, ин зарбулмасал гуфта мешавад”.

4. "Як рӯзи баҳор пур кунад анбор" 

Шарҳи ин мақолро мо аз як тан ҷавон гирифтем. Иброҳим Азизӣ ҷавони 38 солаест, ки дар корхонаи пахтатозакунии ноҳияи Зафаробод сармуҳосиб шуда кор мекунад. 

“Бобоҳоямон мегуфтанд, ки кишту корро дар вақташ кунед, ҳосили нағз мегиред. Агар як рӯз барои донапошӣ  дер шавад,  анбор холӣ мемонад. Яъне, як рӯзи  баҳор ҳам ба деҳқон ва ҳам ба дигарон хеле муҳим аст.  Русҳо низ мегӯянд, ки   «весенний день, год кормит”, - мегӯяд Иброҳим Азизӣ. 

5. "Баъд аз Наврӯз чил кунда бисӯз" 

“Баъди Наврӯз ҳаво тез гарм намешавад,  ҳоло ҳамин хел сардиҳо зиёд мешавад,  ки боз ба сӯзондани чил кунда рост меояд”, - мегӯяд Зарифамоҳ Калоноваи 55 - сола, ки дар яке аз биноҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаррош шуда кор мекунад. Ба қавли хола, боронгариҳои моҳи марту апрел далели он аст, ки мақоли мазкур ҷон дорад. Хола бовар дорад, ки  то вақти гул кардани ниҳоли биҳӣ ҳаво хунук мешавад.   

Шумо боз кадом мақолу зарбулмасалҳоеро медонед, ки барои баҳор мегӯянд?


Духтари афғонистонӣ дар радифи 12 зани таъсиргузори ҷаҳонӣ




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед