Ru  | Tj
Ҷамила Аламулҳудо дар нақши “бонуи аввал”. Ҳузури маънодори ҳамсари Иброҳим Раисӣ дар саҳнаи сиёсат
Ҷамила Аламулҳудо дар нақши “бонуи аввал”. Ҳузури маънодори ҳамсари Иброҳим Раисӣ дар саҳнаи сиёсат
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Ҷамила Аламулҳудо дар нақши “бонуи аввал”. Ҳузури маънодори ҳамсари Иброҳим Раисӣ дар саҳнаи сиёсат

Нашр шуд

Ҳамсари Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури исломии ЭронҶамила Аламулҳудо ҳузури фаъолтар дар саҳнаи сиёсии ин кишвар дорад ва бархе расонаҳо аз ӯ ба унвони бонуи аввал ном мебаранд. Ҷамила Содот Аламулҳудо, ки дуктур асту дар донишгоҳ тадрис мекунад, раиси ҷумҳури Эронро дар сафарҳои дохиливу хориҷӣ ҳамроҳӣ мекунад. Дар нишастҳои ҷамъӣ ширкат ва суханронӣ мекунад. Дар тозатарин иқдом ба ҳамсарони 40 кишвари ғарбӣ нома навишт ва аз онҳо хост, ки ҳамсаронашонро водор кунанд, то аз ҷанги Исроил алайҳи мардуми Фаластин пуштибонӣ накунанд. Ӯ ба Тоҷикистон ҳам омад.

Бонуи аввал аз рӯйи сохтори сиёсии Эрон бояд мансуб ба раҳбари инқилоби исломӣ Оятуллоҳ Хоманаӣ бошад, чун фарди аввал ва тасмимгирандаи асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Эрон ӯст. Вале ҳамсари раҳбари инқилоби Эрон дар саҳнаи сиёсат ҳеч вақт ҳузури фаъол надоштааст.

Эрон як кишвари исломист ва фаъолияти занон дар он дар чаҳорчӯби қонунҳои Ислом сурат мегирад. Бо ин далел, ҳузури ҳамсарони оятуллоҳҳо ва рӯҳониён дар саҳнаи сиёсат ҳамеша хабарсоз будаву ҳаст. Ҷамила Содот Аламҳудо, ки нисбат ба дигар ҳамсарони раиси ҷумҳурони собиқи Эрон ҳузури фаъолтар дар саҳнаи сиёсат дорад, таваҷҷуҳи аксари расонаҳоро ба худ ҷалб кардааст.

Ҷамила Содот Аламулҳудо 58 сол дорад. Ӯ нависанда, пажӯҳишгар ва устоди донишгоҳ аст. Ӯ унвони дуктурии худро дар риштаи фалсафаи таълим ва тарбияти Донишгоҳи тарбияти мударриси Эрон ба даст овард. Ҳоло узви ҳайати илмии донишкадаи улуми тарбиятӣ ва равоншиносии Донишгоҳи шаҳид Биҳиштӣ мебошад. Ҷамила духтари бузурги рӯҳонии маъруфи Эрон Сайид Аламулҳудо, намояндаи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар Хуросони Разавӣ ва имоми ҷумъаи Машҳад аст. Ду духтар дорад.


Бонуи аввал таъбирест, ки дар кишварҳои демократӣ бештар матраҳ аст. Дар кишварҳои демократӣ бештар кишварҳои ғарбӣ бонуи аввал аз нигоҳи қонунӣ мақом ва ҷойгоҳи вижа дорад. Дар ҷомеаҳои шарқӣ занони раисиҷумҳурон ҳамеша дар пушти парда ва дур аз сиёсат будаанд. Танҳо кишвари исломие, ки дар он нақши бонуи аввал барҷастатар ба назар мерасад, Туркия аст. Ҳамсари Раҷаб Тайиб Эрдуғон бар хилофи дигар раисиҷумҳурон ҳузури фаъол ва гоҳо намодин дар саҳнаи сиёсӣ дорад. Ӯ ҳамеша дар канори ҳамсараш ба сафарҳои дохиливу хориҷӣ меравад. Дар канори ҳамсари худ дар рақобатҳои интихоботӣ меистад ва аз сиёсатҳои ӯ дифоъ мекунад. Барномаҳои хайриявӣ иҷро мекунад ва гоҳо дар расонаҳо дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ изҳори назар мекунад. Эрдуғон, ки раиси ҳизби исломгарои “Адолат ва тавсеа” аст, ҳамсараш бо ҳиҷоб дар маҷомеъи умумӣ зоҳир мешавад. Ӯ низ борҳо ба Тоҷикистон сафар кардаву бо мардум аз наздик дидор доштааст.

Дар гузашта ҳамсарони раисиҷумҳурони Эрон гоҳ-гоҳе дар саҳна зоҳир мешуданд ва фаъолияти таъсиргузор ва фарогир надоштанд. Дар замони раёсатҷумҳурии Муҳаммад Хотамӣ, Маҳмуд Аҳмаднинажод ва Сайид Ҳасан Рӯҳонӣ  ҳеч вақт масъалаи бонуи аввал дар расонаҳо матраҳ нашудааст, зеро ҳамсарони онҳо дар пушти пуштаи пардаи сиёсат буданд.

Ҷамила Содот Адамулҳудо, ки ӯро нависандаи маъруф ҳам мехонанд, баъди ба раёсат расидани шавҳараш фаъолияти пуршӯре дорад. Расонаҳо аз ӯ ба унвони бонуи аввал ёд мекунанд.


Ҷамила Аламулҳудо Иброҳим Раисиро дар тамоми сафарҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҳамроҳӣ мекунад. Дар сафири ахири Иброҳим Раисӣ низ Ҷамила Аламулуҳдо дар канораш буд ва ба Тоҷикистон ташриф овард. Ӯ дар ин сафар ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи пизишкии Сино ва мактаб-парваришгоҳи рақами 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, суханронӣ кард. Хабаргузории расмии Тоҷикистон “Ховар” дар тавсифи суханронии ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ӯро “нависандаи маъруф”-и Эрон номидааст. Китоби тозанашри Ҷамила Содот Аламулҳудо бо номи “Санъати зиндагии занон” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Ин китоб фарогири ҳаққу ҳуқуқи занон ва нақши онон дар ҷомеа мебошад.

Бо ин ки расонаҳо дар ин шабу рӯз аз Ҷамила Аламулҳудо ба унвони бонуи аввал ном мебаранд, вале худи ӯ чанде қабл ин унвонро рад карда гуфт:

“Ман тоза мутаваҷҷеҳ шудам, ки бандаро ба унвони бонуи аввал муаррифӣ кардаанд. Лозим аст тавзеҳ диҳам, дар сохтори Ҷумҳурии Исломӣ бонуи аввал ҳамсари раҳбари муаззами инқилоб ҳастанд”.


Ҷамила Аламулҳудо ҳамеша дар мавзуъҳои ҳассос изҳори назар мекунад. Ӯ дар тозатарин иқдом ба ҳамсарони 40 кишвари ғарбӣ нома навишта, аз онҳо хостааст, ки пеши роҳи ҳамсаронашон биистанд, то аз қатлу куштор ва фоҷеаи инсонӣ дар Фаластин ҷилавгирӣ шавад. Вай борҳо дар ҳимоят аз низоми Ҷумҳурии Исломӣ сухан гуфта ва мавриди интиқоди мухолифинаш қарор гирифтааст. Ӯ боре дар мавриди озодии занон гуфт: “Занон дар Эрон барои ҳуқуқи худ мубориза накардаанд, зеро ба далели ҳифзи ҳурмати онон тавассути мардон аз ҳуқуқи худ бархурдоранд. Мардон дар Эрон тарҷеҳ медиҳанд аз ҳамсари худ нахоҳанд, ки кор кунад ё пуле ба хона биёварад”.

Вақте Иброҳим Раисӣ номзадии худро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон эълон кард, Ҷамила Аламулҳудо мухолифати худро бо ин тасмим ошкор баён кард, вале гуфт дар канори ҳамсараш барои пирӯзиаш кор хоҳад кард: “Ба унвони ҳамсари оқои Раисӣ мувофиқи ҳузури эшон дар интихобот набудам, аммо ба унвони як ҳаводор дар байни номзадҳои интихоботӣ танҳо касе, ки вижагиҳои марди назари раҳбарро дорад, оқои Раисӣ аст”.

Ба назар мерасад, худи Иброҳим Раисӣ низ аз фаъолияҳои ҳамсараш дар арсаи сиёсат ва ҷомеа розӣ аст. Ӯ боре гуфта буд: “Агар ман рафтам дидам эшон хона нест, нороҳат намешавам. Агар дидам ғизо нест, нороҳат намешавам. Мо бо як ғизои сода қазияро ҳамвор мекунем. Аввалҳои зиндагӣ мумкин буд гоҳе сахт бошад. Дар солҳои баъд на киноя мезадам ва на адами таҳаммул ва безарфиятӣ доштам”.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед