Ru  | Tj
Баргузории ҳамоиши "Рӯзи шеър ва адаби порсӣ"
Баргузории ҳамоиши "Рӯзи шеър ва адаби порсӣ"
Аксҳо: Halva.tj

Баргузории ҳамоиши "Рӯзи шеър ва адаби порсӣ"

Нашр шуд

Дар сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати “Рӯзи бузургдошти шеър ва адаби порсӣ” дар Эрон (27-и шаҳривармоҳ мувофиқ ба 18-уми сентябр) ва бузургдошти шоири номдори эронӣ Муҳаммадҳусайн Шаҳриёр бо иштироки Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶИЭ дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, сармуҳаррири маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” Рустами Ваҳҳоб, дигар шоирону нависандагон ва аҳли ҳунари Тоҷикистон ва намояндагони дигари сафоратхонаи ҶИЭ дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.


Сафири муҳтарами ҶИЭ дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар оғози ҳамоиш меҳмонон ва дӯстдорони каломи форсӣ-тоҷикиро ба “Рӯзи бузургдошти шеър ва адаби порсӣ” табрик гуфта, гирди ҳам ҷамъ омадани аҳли дониш ва фарҳанги Тоҷикистонро фоли нек донист. Зимни суханронии оғозини худ Муҳаммадтақӣ Собирӣ, аз ҷумла чунин гуфт:

“Хушҳолам, ки дар ҷамъи асҳоби дониш ва фарҳанги кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон, яъне бо хешовандони таърихии худ бо забони ширини порсӣ, ки мероси ҳазорсола ва чандинсолаи ниёгони мост, сухан мегӯям. Дар солшумории Ҷумуҳурии Исломии Эрон рӯзи 27-и шаҳривармоҳ ба номи “Рӯзи шеъру адаби форсӣ” ва “бузургдошти устод Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр” - ғазалсарои номдори эронӣ номгузорӣ шудааст. 

Ин муносибати фарҳангиро гиромӣ медорем ва онро ба тамомии алоқамандони забони форсӣ, ба вижа ҳамватанони эронию мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик шодбош мегӯям.

Забон ва адаби форсӣ мероси гаронбаҳои таърих ва ниёгони мост. Мафохири забон ва адаби форсӣ паёмоварони фарҳанг ва адаби деринаи муштаракамон дар гӯша ва акнофи ҷаҳон ҳастанд, ки меҳрварзӣ, сулҳ, андеша ва каромати инсониро фарёд мезананд ва эҳтимоми ҳама устодон, бузургаворон ва чеҳраҳои барҷастаи фарҳанг ва адаб ва ҳунари эронӣ, тоҷикистонӣ ва афғонистонӣ, ки дил дар гарави забони ниёгон доранд, дар роҳи посдошт ва боландагии забон ва адаби муштаракамон саъй ва талоши фаровон ба харҷ дода ва коми ташнагони маърифатро бо андешаҳои воло ва қаламҳои сабзашон сероб кардаанд.

Имрӯз забони муштараки мо дарахти борвареро мемонад, ки решаҳои амиқ ва шохаҳои он дар мазҳари ягонагии фарҳанги Эронзамин аст. Вазифаи ҳамаи мост, ки ин дарахтро аз газанд ва офати замона ҳифз карда ва барои ояндагон ба мерос бигузорем, чи гунае ки, ниёгон барои мо талош карданд ва онро ба дасти мо супурданд”.

Сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон дар суханронии хеш, ҳамчунин, ба он ишора кард, ки дар осори шоирони муосири тоҷик мавзӯи забони ниёгон (тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ) ва аҳаммият он барои бақои миллат, фарҳанг ва тамаддун аз
ҷойгоҳи васеъ бархӯрдор аст:

 “Бузургони шеъри тоҷик монанди устодон Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ дар ин росто ашъори воло ва арзишманде сурудаанд”.

Ӯ дар поёни сухани худ аз он хабар дод, ки 3 тан аз зиёиёни тоҷик – шоирон Гулрухсори Сафӣ ва Рустами Ваҳҳоб ва адабиётшиноси номдор, профессор Абдунабӣ Сатторзода ба унвони аъзои пайваста ва ифтихории Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шудаанд.

Баъдан Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим бобати пазириши се тан аз шахсиятҳои номии илм ва адаби Тоҷикистон ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсиро қадронӣ карда ва онро дар ростои таҳким ва густариши равобит ва ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар ва миллати бародар иқдоми нек донист.


Шоира Гулрухсор Сафӣ низ “Рӯзи шеър ва адаби форсӣ” ва бузургдошти устод Шаҳриёрро иқдоми шоиста тавсиф карда ва дар суханронии худ аз шоири номвари эронӣ Шаҳриёр ёдовар шуд ва ҷойгоҳи ин ғазалсарои машҳури эрониро дар адабиёти пурифтихори форсу тоҷик барҷаста донист.


Адабиётшиноси номдор Абдунабӣ Сатторзода суханони худро бо рубоие аз устод Лоиқ Шералӣ шуруъ карда, меросбарони адабиёти форс-тоҷик - Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро миллати хушбахт донист: 

“Мо меросбари чунин мероси беназир дар дунё ҳастем. Меросбари адабиёти бузурги форсӣ – тоҷикӣ ҳастем, ки дар дунё назир надорад. Ман инро бо тамоми масъулият мегӯям”.


Профессор Абдунабӣ Сатторзода дар идомаи сухани худ дар бораи пайвастанаш ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эронро чунин гуфт: “Бароям боиси ифтихор, сарбаландӣ ва қаноатмандӣ аст, ки маро ба узвияти чунин як маркази бошукӯҳу арзишманди дунё муносиб донистанд.

Чунин мавқеиятҳо фурсатҳои ҷадидеро фароҳам мекунанд, то мо якдигар ва ҳамчунин, забон ва адабиётмонро дар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон беҳтар бишносем.

Дар идомаи ҳамоиш шоирон ва адибони дигари номии Тоҷикистон, аз ҷумла Рустами Ваҳҳоб, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Муҳтарам Ҳотам, Доро Наҷот, Бӯрӣ Карим, Латофат Кенҷаева ва дигарон суханронӣ карданд.


Дар охири чорабинӣ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ аҳкоми узвияти аз сӯи Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ содиршударо ба Гулрухсори Сафӣ, Рустами Ваҳҳоб, Абдунабӣ Сатторзода эҳдо намуд.


Рӯзи ҷаҳонии тарбуз. 5 дастурамали беҳтарин аз тармеваи хуштаъму сероб


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед