Бо самимият ва лабханд. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ гуфтугӯ кард
Нашр шуд
Имрӯз, 14-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон бо раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, ки барои иштирок дар Панҷумин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Миёна ба Душанбе омадаанд, дидору гуфтугӯ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон нахуст бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот карда, масоили мубрами равобити дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имконоти афзоиши ҳаҷми гардиши молро баррасӣ кард.
Гуфта мешавад, ки раҳбарони ду кишвар аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкории ду кишвар ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дидор карда, зимни он ба масъалаи рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
“Ҷонибҳо аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ҷонибдорӣ карданд”, - навиштааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Зикр мешавад, ки раисони ду ҷумҳурӣ дар мавриди мавзӯъҳои алоҳидаи минтақаӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов гуфтугӯ кард. Раҳбарони ду кишвар масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ карданд.
“Барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷоннок карда шавад”, - навиштааст дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Аз сӯйи дигар Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон барои пуштибонии талошҳои Тоҷикистон дар раёсати Панҷумин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байнулмилалии наҷоти Арал, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, изҳори сипос кард.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо ҳамтои озарбойҷонияш Илҳом Алиев, ки ба унвони меҳмонӣ фахрӣ дар Душанбе ҳузур дорад, изҳори итминон кард, ки иштироки раҳбари Озарбойҷон дар кори ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни ду кишварҳо хоҳад шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи татбиқи тавофуқоти зимни сафари давлатии раисҷумҳури Озарбойҷон ба Тоҷикистон моҳи майи имсол бадастомада, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар бахшҳои барои ҷонибҳо судмандро баррасӣ карданд.
Гуфтанист, Илҳом Алиев нахустин раисҷумҳуре аз хориҷи минтақа хоҳад буд, ки дар ин нишаст иштирок хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳурҳои Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ва Озарбойҷон субҳи имрӯз, 14-уми сентябр вориди Тоҷикистон шуданд.
Қарор аст, ки онҳо дар Панҷумин нишасти машваратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байнулмилалии наҷоти Арал, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, иштирок кунанд.
Ин нишаст нахустин бор моҳи марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуда буд. Мизбони нишасти дувум дар соли 2019 Тошканди Узбекистон буд. Дидори севум соли 2021 дар Туркманистон нишасти чорум дар соли 2022 Қирғизистон сурат гирифт.
Интизор аст, ки Панҷумин дидори машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ марҳилаи навро дар ҳамкориҳои минтақаӣ оғоз мекунад ва шароити мувофиқро барои ҳамёрӣ ва ҳамгироии минтақа фароҳам меорад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед