Ru  | Tj
“Афсонавӣ”, “Нотакрор”: Илҳом чӣ тавр дар “Голос” иштирок ва онро тасхир кард?
“Афсонавӣ”, “Нотакрор”: Илҳом чӣ тавр дар “Голос” иштирок ва онро тасхир кард?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

“Афсонавӣ”, “Нотакрор”: Илҳом чӣ тавр дар “Голос” иштирок ва онро тасхир кард?

Нашр шуд

“Ин нотакрор буд ва мо ҳайати ҳакамон чунин як иҷрои дақиқи афсонавиро нашунидаем”. Ин ҷумларо овозхон ва оҳангсоз Александр Градчкий дар озмуни “Голос” пас аз иҷрои як ҷавони тоҷик ба забон овард.

Илҳом Тагиров овозхони 27-солаи тоҷик аз даври интихобии озмуни “Голос” бо тасхир кардани ҳар чаҳор довар ба даври дигар гузашт. Илҳом дар даври интихобӣ суруди “Dream a Little Dream of Me” –ро бо забони англисӣ иҷро кард ва муваффақ шуд. Комёбии ӯ дар он буд, ки ҳар чаҳор довари озмун мехостанд, дар тимашон Илҳомро ворид кунанд, вале аз сабабе, ки мувофиқи қоида иштирокчӣ танҳо ҳуқуқи як ҳакамонро интихоб кардан дорад, овозхони тоҷик Дмитрий Биланро интихоб кард.


Мо бо Илҳом Тагиров доир ба ҳаёту кор, иштирок дар озмуни “Голос” ва омодагиҳову нақшаҳои ояндааш сӯҳбат намудем.

- Ба фикре ҳастем, ки Шуморо мардуми Тоҷикистон пас аз иштирокатон дар озмуни “Голос” зиёдтар шинохтанд, лутфан худатонро барои нафароне, ки намешиносанд, кӯтоҳ муаррифӣ мекардед.

- Як ҷавони оддие, ки дар шаҳри Турсунзода ба воя расидаасту ва 9 сол инҷониб дар пойтахти кишвар зиндагӣ мекунад.


- Шакли дурусти насаби Шумо “Тоҳиров” аст ё “Тагиров”?

- Моро бисёр Тагиров мегӯянд ва ин дар назари бархе нодуруст менамояд, вале насаби асосии ман, ки дар шиносномаам омодааст, “Тагиров” мебошад.

- Чӣ гунае хабар ёфтем, Шумо тарҷумон ҳастед? Ҳоло аз рӯи ихтисосатон кор мекунед?

- Бале, ман Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо ихтисоси тарҷумони забони чинӣ хатм намудаам, вале дар ҳоли ҳозир кори доимии тарҷумонӣ намекунам, зеро чандест ба озмун банд ҳастам.


- Дар вуҷуди як тарҷумони забони чиноӣ чӣ гуна шавқи мусиқӣ пайдо шуд?

- Ростӣ, ман аз аввал ва ҳамеша мусиқиро дӯст медоштам. Лекин сурудхониро баробари таҳсил дар мактаби олӣ оғоз кардам, ки ин ҳам бошад омӯхтани баъзе нозукиҳои санъати овозхонӣ аз ансамбли “Славяне”-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад.

- Дар овозхонӣ устоди Шумо кист?

- Аз сабабе, ки дар назди донишгоҳ овозхониро мо гурӯҳӣ меомӯхтем, ҳоло наметавонам номи нафареро бигирам, ки махсус устоди санъати ман бошад. Вале бояд бигӯям, ки баъзан вақт дар назди Фазлиев Фахриддин, ки ҳамон вақт солисти ансамбли “Славяне” ва директори маркази фарҳангии донишгоҳ буданд, овозхонӣ кардаем.


- Дар оянда дар кадом соҳа кор кардан мехоҳед: тарҷумонӣ ё овозхонӣ?

- Ҳоло фикр карда истодаам, бо эҳтимоли зиёд дар оянда ба мусиқӣ сари кор мегирам.

- Аҳли оила дар кадом роҳ будани Шуморо мехоҳанд?

- Ман дар кадом роҳе, ки бошам, хоҳ тарҷумон ва ё хоҳ овозхонӣ аҳли оила дастгирӣ мекунанд. Дар интихоби касбу машғулият дар муҳити оилавӣ ҳеҷ маҳдудияте надорам.


- Ҳоло бигӯед, ки чӣ гуна нақшаи дар озмуни “Голос” иштирок карданатон пайдо шуд?

- Таърихи иштирокам дар озмуни “Голос” оддӣ аст. Баҳори ҳамин сол дӯсти деринаам Даниел Рустамов, ки ӯ ҳам дар лоиҳаи мазкур иштирок карда буд, линкеро ба ман фиристод ва гуфт: “Чаро ту ҳам як маротиба худро намесанҷӣ? Ҳамин тавр, аз линки равонкардаи ӯ дархости иштирокро пур карда, иштирокчӣ шудам ва шукр аз даври интихобӣ гузаштам.

- Ҷараёни иштирок дар озмун чӣ гуна буд, яъне чӣ тавр дар рӯихати иштирокчиён афтидеду дар даври интихобӣ ширкат кардед?

- Пас аз пур кардани дархости иштирок аз рӯи он масъулини озмун аз миёни қариб 1000 нафар танҳо 120 нафарро интихоб карда ва барои иштирок ба Москва даъват мекунанд, то ки дар даври интихобии озмун иштирок намоянд. Дар ин даври озмун ҳайати ҳакамон аз миёни 120 нафар иштирокчӣ бояд 48 нафарро интихоб кунанд, яъне ҳар кадоме барои худ 12 шогирд бигирад.

Ҳоло иштирокчии лоиҳа ҳастам ва ба даври оянда омодагӣ дида истодаам. Дар даври дигар бояд бо дигар иштирокчиён суруди дуовозӣ иҷро кунам.


- Дар ин миён чи қадар маблағ сарф кардед?

- Ман наметавонам як рақими муайянро гӯям, вале бояд гуфт, ки барои озмун пул лозим нест, истеъдод дар ҷойи аввал меистад. Танҳо барои чипта ва пешбурди рӯзгор дар Москва маблағ сарф кардаму халос.

- Шумо дар озмуни “Голос” чаро маҳз суруди “Dream a Little Dream of Me” -ро иҷро кардед?

- Бо ду сабаб: якум, ин жанрро бисёр дӯст медорам ва дуюм, ба овозам низ мувофиқ аст.

- Оё чунин натиҷаро, ки ҳамаи доварон дар иҷрои Шумо тасхир мешаванд, интизор будед?

– Не, зеро дар ин озмун ҳеҷ чиз қобили пешгӯӣ нест. Бояд ҳар кас мувофиқи тавон метавонад истеъдодашро нишон диҳад.

- "Ин нотакрор буд!" - гуфт овозхон ва оҳангсоз Александр Градский дар ин ҳолат Шуморо кадом эҳсос фаро гирифт?

- Бароям шунидани чунин ҷумлаи зебо аз забони эшон ифтихори бузург буд. Чизе гуфта натавонистам, зеро бисёр эҳсосот доштам.


- Овозхонии Шуморо афсонавӣ ҳам гуфтанд, оё ба худатон писанд омад?

- Ҳеҷ гоҳ наметавонам, ки ҳунарнамоии худро бе камбудӣ номам, зеро буданд лаҳзаҳое, ки аз иҷрои хондан набаромада ё ҳамон тавре ки мехостам иҷро накардам. Як фикр дорам: бояд болои худ зиёд кор кунам.

- Шумо Дмитрий Биланро интихоб кардед, дар ҳоле ки ҳама доварон мехостанд ҳамроҳатон кор кунанд, пас аз ин интихоби Шумо онҳо наранҷиданд?

- Фикр мекунам касе наранҷидааст, зеро онҳо довар ҳастанд ва қоидаҳои лоиҳаро бисёр хуб медонанд. Яъне аз рӯи тартиби муайяншуда бояд ҳар иштирокчӣ барои худ як устодро интихоб кунад.

- Шумо аз даври аввали интихобӣ гузаштед, дар идома чӣ кор карданиед?

- Ҳоло омодагӣ мебинам. Кӯшиш мекунам, ки аз даври аввал дида, боз ҳам хубтару беҳтар баромад кунам.

– Комёбӣ таманно дорем.

– Раҳмат.


«Маликаи балети тоҷик». 20 далел аз ҳаёти Малика Собирова


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед