Ru  | Tj
Худсозӣ. Моҳи Рамазонро чӣ гуна бояд истифода кард?
Худсозӣ. Моҳи Рамазонро чӣ гуна бояд истифода кард?
Аксҳо: Аз Интернет

Худсозӣ. Моҳи Рамазонро чӣ гуна бояд истифода кард?

Нашр шуд

Моҳи Рамазон назди Худованд беҳтарин моҳ аст. Соатҳояш аз ҳама соатҳо, рӯзҳояш аз ҳама рӯзҳо, шабҳояш аз ҳама шабҳо бартаранд, чунки нафасҳо тасбеҳ, хобҳо ибодат, амалҳо мақбул ва дуоҳо мустаҷоб мешаванд. Маънои луғавии Рамазон шиддати гармо ва тобиши офтоб ба регистон аст. Маънои шаръияш бошад, худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва дурӣ аз ҳамбистарӣ бо ҳамсар аз тулӯъ то ғуруби офтоб бо ният мебошад. 

Рамазонро ба се даҳа тақсим мекунанд: даҳаи аввал – даҳаи раҳмат, даҳаи дуюм – даҳаи мағфират ва даҳаи сеюм – даҳаи озодӣ аз оташи ҷаҳаннам. Вале боз дар ин баробар ҳар нафар метавонад барои худ ин се даҳрӯзаро номгузорӣ кунад ва барои худ имконот фароҳам оварда, ба таври бояду шояд истифода барад. Барои мисол,  даҳаи аввал – даҳаи холигиҳоро ба вуҷуд овардан, даҳаи дуюм – даҳаи холигиҳоро пур кардан ва даҳаи сеюм – даҳаи мутобиқшавӣ аст.

Дар ин росто дар матлаби зер бобати имконот, пайдо кардани вақти иловагӣ, истифодаи вақти пайдо шуда ва мутобиқшавию худсозӣ дар моҳи мазкур хоҳем гуфт.

Даҳаи аввал – даҳаи холигиҳоро ба вуҷуд овардан

Ба қавле рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон дарозу шабҳо кӯтоҳанд. Рӯзҳо ниҳоят  суст  ҳаракат  мекунанд,  вале  гузаштани  дақиқаву соатҳои шабро нафаҳмида мемонӣ. Сонияҳоро баробари дақиқаҳо  шумурдан  мумкин  аст, вале  бояд  шарҳ  дод, ки  суст  ҳаракат  кардани  дақиқаҳои  рӯз  ва  ҳаракати  онҳо баръакс дар шабона ҳеҷ чизи ғайриоддие нест, балки инҳо ҳамааш дар назарҳо менамоянд ва ягона сабаби дароз вонамуд шудани вақти рӯзонаи моҳи Рамазон ин надонистани чӣ гуна вақтро истифода кардан аст.

Бале, мо дар бораи вақт мегӯем. Аслан моро зарур аст, ки чӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва чӣ дар дигар моҳҳо вақти дар ихтиёр доштаамонро хуб, оқилона, сарфакорона ва ҳадафнок истифода барем ва дар талоши чӣ тавр гузаронидани вақт не, балки дар фикри чӣ тавр истифода кардани он бошем. Бояд дар хотир дошт, ки вақтро агар гузаронидан хоҳем, он намегузарад, аммо вақте ки барои коре, махсусан кори неке истифода кардан мехоҳем, бисёр зуд ва ногаҳонӣ сипарӣ мешавад.

Чун баробари оғози моҳи Рамазон аксарият аз иҷрои корҳои ҷисмонӣ худдорӣ мекунанд, баъзеҳои дигар рухсатии меҳнатӣ мегиранд ва бархеи дигар корҳои нохубашонро муваққатан анҷом намедиҳанд, дар ҳаёташон холигиҳо пайдо мешавад. Масалан, нафаре ба ҷойи 8 соат кори ҷисмонӣ 2-3 соат кор мекунад. Нафари дигар дар рухсатии меҳнатияш ба ҷойи кори муқаррарии 8 соатааш рӯзона 1-2 соат кор мекунад, нафари сеюм бошад, баъзе корҳое мекард, ки ҳоло дар моҳи Рамазон агар анҷом диҳад ба рӯзааш шак ворид мешавад ва вақти холигияш бисёр шудааст.

Даҳаи дуюм – даҳаи холигиҳоро пур кардан

Ин моҳи бузург дар рӯзгори якмоҳаи мо бисёр чизҳоро илова мекунаду бисёри дигарро мегирад. Дар ин росто моро мебояд ба иловаҳои ҳаётамон одат карда, ҷойи холигиҳоро пур кунем. 

Дар рӯзгори имрӯз амалеро аз амалҳоямон иҷро накардан зуд пайхас  мегардад  ва дар ҳаёти  ҳаррӯзаамон  ноҷурӣ  ва  костагиеро  эҳсос  мекунем. Аз рафтору гуфтор ва кирдори муқаррарӣ наметавон ба якборагӣ  даст  кашид,  зеро  баробари  даст  кашидан эҳсоси навмедӣ ва хастагиро эҳсос мекунем. Дар ин гуна лаҳзаҳо бояд амалҳоеро пайдо кард, ки ҷой ва мавқеи корҳои пешинро иваз кунанд.

Пуркунандаи  аввал  табассум  кардан  ба  рӯйи мардум аст. Медонем, ҳатто бисёр хуб дарк мекунем, ки имрӯз ба рӯйи касе табассуму меҳрубонӣ нишон додан, фикри аз ӯ чизе интизор буданамонро мекунад, вале бояд мо ҳадди ақал дар ин моҳи шариф табассуму меҳрубониро нисбати якдигар омӯзем ва новобаста аз он, ки кӣ чӣ аксуламале нишон медиҳад, онро дар худ дошта бошем. Табассум ба чеҳраи як нафар пеш аз ҳама кинаву бухлу ҳасадро аз миён дур карда, ниҳоли дӯстиро мешинонад. Дар ин моҳи бузург, ки моҳи дӯстиву бародарӣ ва дур будан аз бадиҳост табассумкардан ба рӯйи башарият қудрати ҷойиваз кардани бисёр холигиҳои моро дорад.

Пуркунандаи сонӣ мондани чанд қадаме барои расидан ба ҳадафҳои гузоштаамон буда, моро водор мекунанд, ки аз ҳаётамон бисёр холигиҳоро дур кунему доир ба ин масъалаи муҳими ҳаётамон андешем. Моҳи шарифи Рамазон ҳам барои мақсад тавлид кардан ва ҳам барои ба ҳадафҳои гузошташуда кӯшиш кардан айёми бисёр хуб аст. Мақсад ин ки, ҳар кору амале бо дасту дили пок хеле зуд амалӣ мешавад. Ва бояд гуфт, ки дар моҳи Рамазон нисбат ба дигар моҳҳо имконот зиёд аст.

Агар пуркунандаҳои боло бо иҷро кардани кору амале  бошанд,  ивазкунандаи  саввум  бо  вуҷуди пуркунанда буданаш аз амале даст кашидан аст. 

Аниқтараш озори лафзӣ ё ҷисмонӣ нарасонидан ба башарият аст. Бадбахтона, баъзан мешавад, ки мо ба неш задан одат мекунем. Ва хушбахтона аксарият кӯшиши ислоҳ кардани ин камбудиашонро мекунанд, аммо барои решакан карданаш моҳи шарифи Рамазон вақти мусоид аст. Озор нарасонидан ба мардум баробари як кори нек кардан аст.

Пуркунандаи навбатӣ аз худ розӣ шудан аст. Бо бисёр одамон вохӯрдан мумкин аст, ки дар баробари муваффақиятҳои зиёдашон аз худ розӣ нестанд ва ё ба таври дигар гӯем, фурсати бо худ нишастану иҷрои корҳои анҷомдодаашонро хулоса кардан надоранд ва дар интиҳо аз худ норозиянд. Моҳи мубораки Рамазон барои фикри корҳои анҷомдодаро карда, хулосабардорӣ намудан вақти бисёр хуб аст. Аз худ розӣ шудан вақте муяссар мегардад, ки соатҳои зиёдро дар фикру зикри худ истифода карданро омӯзем. 

Дар умум ҳар нафар метавонад барои холигиҳои доштааш рӯйхати корҳои навро бо мазмуни зер тартиб диҳад: 

- рӯзе ҳадди ақал ба чеҳраи даҳ нафар табассум кардан;

- рӯзе ҳадди ақал чанд қадаме барои расидан ба мақсадҳои монда гузоштан;

- рӯзе ҳадди ақал 1-1,5 соат китоб хондан;

- рӯзе ҳадди ақал бо боварӣ гуфта тавонистан, ки ман имрӯз кори хубе анҷом додам;

- рӯзе ҳадди ақал озори лафзию ҷисмонӣ ба атрофиён нарасонидан;

- рӯзе ҳадди ақал дақиқаҳоро нашуморидан;

- рӯзе ҳадди ақал бар нафъи худу башарият коре кардан;

- рӯзе ҳадди ақал як маротиба аз худ пурсидан, ки имрӯзи қиммат ва ноёбамро чӣ гуна сарф кардам?

- рӯзе ҳадди ақал 10% аз худ розӣ шудан.

Даҳаи сеюм – даҳаи мутобиқшавӣ

Дар ду даҳаи аввал бо навгониҳову дигаргуниҳо ҳам ҷисману ҳам руҳан дучор меоем ва дар ин даҳа то қадре ба онҳо мутобиқ мешавем. Агарчи гуфтаи “Одамӣ на тоби гармӣ дораду на сардӣ” вуҷуд дораду ба он хеле зиёд бовар дорем, боз моро мебояд бовар кунем, ки одамизод бар ҳар навъ зиндагию рӯзгордорӣ қобилияти одат кардан дорад. 

Мумкин аст, ки аз амалу тарзи зиндагии нав димоғамон чоқ нашавад. Мумкин аст, ки бо амалу зиндагии нав худамонро ҷур карда натавонем. Мумкин аст, ки ба амалу зиндагии нав омода набошем. Мумкин аст, ки ба амалу зиндагии нав ворид шудан нахоҳем. Вале бо ин ҳама мумкин буданҳо одат кардан мумкин аст. Мутобиқшавӣ ба дилхоҳ вазъи зиндагӣ ва рӯзгордориву рӯзгузаронӣ дар ҳама ҳолат мумкин аст. Солҳои зиёд дар муҳоҷират, солҳои зиёд дур аз аҳли оила, солҳои зиёд дар зиндон, солҳои зиёд дар талош, солҳои зиёд дар кори намехостагӣ... Ин ҳама барои одамизод бегона нест ва бо каме кӯшиш мутобиқ шудан мумкин аст. 

Бале,  одат  кардан.  Дигар  “дароз”  будани  рӯзҳо ва  “кӯтоҳ”  будани  шабҳо  одат  мешавад.  Дигар мо ба ҳама чиз одат мекунем. Лекин бисёр хуб мешавад, агар мутобиқшавиамон нек ва ба фоидаи мо бошад.

Шояд дар назарҳо намояд, ки аз кори хуб кардан дида кори бадро анҷом додан осон аст. Лекин ба ин андеша онҳое метавонанд розӣ шаванд, ки қобилият ва дарки кори хуб ва амали некро намедонанд. Аммо агар ба ин ҷо аз равзанаи дигар назар кунем, тамоман чизи  дигар  ҳосил  мешавад.  Кори  бад  накардан,  ба касе  зиён  нарасонидан,  вақти  хешро  беҳуда  сарф накардан кори нек маҳсуб меёбанд. Яъне бо ин далел метавон хулоса кард, ки кори хуб кардан осон ва сода аст. Ба мардум зиён нарасонидан ҳам як рисолати инсон аст. 

Ба ҷойи хулоса

Шумо метавонед дар даҳаи аввал – даҳаи холигиҳоро ба вуҷуд овардан аз ҳисоби корҳое, ки дар моҳи Рамазон анҷом намедиҳед, соат ё соатҳоеро ҳамчун вақти холигӣ шиносед. Дар даҳаи дуюм – даҳаи холигиҳоро пур кардан ё ҳатто пеш аз ин даҳа машғулиятеро пайдо кунед, ки он холигиро пур карда тавонад. Масалан, омӯзишӣ забони русӣ, дар дарсҳои онлайнии барномасозӣ иштирок ё хондани китобҳои илмӣ ва бадеӣ. Дар даҳаи сеюм – даҳаи мутобиқшавӣ бошад, илоҷе карда, ба дигаргуниҳои воридкардаатон мутобиқ шавед ва рӯз аз рӯз имкони худсозиатонро фарох кунед.

Моҳи мубораки Рамазон муборак бошад!


Атиқ Раҳимӣ. Ҷоизадори “Гонкур”-и Фаронса. Муҳоҷире аз Кобул дар авҷи қуллаи нависандагӣ ва коргардонӣ




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед