Ru  | Tj
Saliheen - як хатбар ва инсонҳои зиёди хайрхоҳ
Saliheen - як хатбар ва инсонҳои зиёди хайрхоҳ
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Saliheen - як хатбар ва инсонҳои зиёди хайрхоҳ

Нашр шуд

Як ҷавон бо “кепка”, ниқоб, болопӯши зарду сиёҳ, шими сиёҳ, дар як даст ҷузвдону дар дасти дигар мактуб, назди дарвозаи хонаи мардум рафта, онҳоро ҳамагӣ дар чанд дақиқа хушҳол мекунад. Ҳама пас аз дидани навори чанддақиқагӣ аз афсурдагӣ раҳо шуда, дар зеҳнаш ҷумлаи “Дар дунё одамони хуб зиёданд”-ро тавлид мекунад.

Бале, имрӯз дар ҷомеаи мо инсонҳои хуб хеле зиёданд ва бо ҳар восита ба мардуми дастнигару мӯҳтоҷ кӯмак мерасонанд. Яке аз воситаҳое, ки саховатпешагон тариқи он хайрашонро ба бандагони дастнигари Худо мерасонанд, барномаи хайриявии Saliheen мебошад.

Мо ҳамон ҷавони “кепка”-пӯшу ниқобдорро пайдо намудем ва доир ба шахсияташ, кору зиндагияш, махсусиятҳои барномаи Saliheen, одаму одамгарӣ ва зистану мурдан сӯҳбат намудем, ки дар зер манзури хонандагони сомонаи Halva.tj мегардад.

ВАҚТЕ КИ МЕНЕҶЕР ХАТБАР МЕШАВАД…

- Мо номи Шуморо намедонем, дар вақти сӯҳбат кӣ гуфта муроҷиат кунем?

- Шумо барои хатбар будани ман сӯҳбат мекунед ва хуб мешуд хатбар гӯед.

- Чаро?

- Ман дар ҳоли ҳозир хатбар ҳастам. Ба хонаҳо хат мебарам ва шукр, ки бо ин кор бисёриҳоро хушҳол мекунам.

- Чаро бо мо нахостед рӯ ба рӯ сӯҳбат кунед?

- Барои он ки сӯҳбатамон пурмӯҳтавортар шавад. Бинед, Шумо барои ин сӯҳбат тайёрӣ мебинед, пас мантиқист, ки ман ҳам ба саволҳо хуб фикр карда, ҷавоб гардонам, то ки хонандагон ҳам аз ин сӯҳбат чизе ба худ бигиранд.

- Шумо дар наворҳоятон худатонро нишон намедиҳед, чаро?

- Мақсади ин лоиҳа ба ниёзмандон кӯмак кардану онро паҳн намудан аст. Яъне дар кори мо муҳим чеҳраи ман нест, балки кори хуб кардан аст. Кӣ хайр мекунад ва кӣ онро мерасонад муҳиммият надорад, зеро хубиву одамгарӣ чеҳраву шахсият надоранд.

- Фикр доред, ки то охири коратон ҳамин гуна пинҳон мемонед ва касе Шуморо намешиносад?

- Чунин фикр ё мақсад надорам, маро аллакай бисёриҳо мешиносанд. Аз ҷониби дигар баъзеҳо орзуи машҳур шуданро доранд, ман бошам, аз машҳуршавӣ дурӣ меҷӯям, зеро озодиямро аз даст додан намехоҳам.

- Фикр накардед, ки дар навор аз рӯятонро пинҳон кардан дида, тамоман намудор нашавед беҳтар аст?

- Дар чандин барномаҳои аввал, ки ҳоло дар саҳифаамон нестанд, ман дар кадр наменамудам, балки волонтёронамон корро пеш мебурданд. Дар оянда ҳам нақша дорем, ки дигарон низ дар нақши хатбар иштирок кунанд.

- Аз рӯи ихтисос чӣ касб доред?

- Ихтисоси ман менеҷер аст. Таҳсилоти олиро дар ИМА гирифтаам. Ҳоло дар як ширкати сохтмонӣ менеҷери молиявӣ мебошам.

ВАҚТЕ КИ КОРИ ХАЙР ХОТИМА НАМЕЁБАД…

- Saliheen ин чӣ аст: ширкат, марказ ва ё сомонаи оддӣ?

- Saliheen номи саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва барномаамон мебошад, ки як хатбар дораду дар пушти он нафар инсонҳои зиёди хайрхоҳ меистанд.

- Чаро маҳз Saliheen номгузорӣ кардед?

- Устоде, ки дар ҳаётам бисёр таъсири калон расонидааст, номаш Солеҳ буд. Рафтору адабу ахлоқи намунавияш маро ҳамеша дар ҳайрат мегузошт. Номаш ба худаш мувофиқ буд. Аз даврони мактабӣ нисбати ин ном муҳаббат пайдо кардам. Дар луғат маънои “солеҳ” накӯкор аст. Аз ҳамин лиҳоз, номи барномаро ”Солеҳон,” яъне “Накӯкорон” мондем.

- Saliheen чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ ташкил шудааст?

- Ман ҳам мисли бисёриҳо ба фикре ҳастам, ки албатта некӣ беҳтар аст. Аз муҳаббат ба некӣ, накӯкорӣ, дилмондагонро хушҳол кардан ва дастгири касе будану барои беҳтар зистани нафаре кӯшиш кардан, аз омилҳое ҳастанд, ки ин барномаву саҳифа ташкил шудаанд. Дар аввал мо ҳамчун як саҳифаи оддӣ корро оғоз кардем, вале пас аз ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкорӣ «Пешрафт» ва наворбардору коргардони хуб - Сӯҳроб Мирзоев сифати кор ба якборагӣ хуб шуд.

- Чанд сол мешавад, ки Saliheen фаъолият дорад?

- Аслан Saliheen соли 2017 таъсис ёфта буд, вале дар миён танаффуси калон дошт. Мо дубора аз охири соли 2019 оғоз кардем ва шукр назики ду сол мешавад, ки кор карда истодаем.

- Шумо ба мардум кӯмак мекунед ва ин хуб аст, вале аз кадом ҳисоб?

- Saliheen аъзои Ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкорӣ «Пешрафт» буда, ҳамаи кӯмакҳо ба воситаи ташкилот амалӣ мегарданд.

- Нафаронеро, ки Шумо ба онҳо кӯмак мерасонед, чӣ гуна интихоб мекунед?

- Тақсимоти кӯмак ҳам ба воситаи ташкилот сурат мегирад. Зиёда аз 30 нафар волонтёр оилаҳои ниёзмандро аз назар мегузаронанд. Оилаҳое, ки ҳолаташон дар ҳақиқат вазнин аст, интихоб карда, кӯмак мекунем.

- Нафароне, ки Шумо ба онҳо кӯмак мерасонед, аз наворбардорӣ кардани Шумо бохабар ҳастанд?

- Ягон навори барнома бе иҷозату розигии онҳо намешавад. Дар ҳолати омӯзушу муайян кардан, волонтёрон пешакӣ иҷозати онҳоро мегиранд, аммо намегӯянд, кӣ ва кай меояд. Рӯзи наворгирӣ, барои сохтаву бе мазмун нашудани барнома, сабти навор пинҳонӣ мешавад. Баъди анҷоми наворбардорӣ, ҳамаро фаҳмонда, такроран розигии онҳо дар варақ гирифта мешавад. Яъне, барои ҳар як барнома, мо ду бор иҷозат мегирем.

- Тақрибан дар як моҳ ба чанд нафар кӯмак мерасонед?

- Ҳар хел, аммо тахминан гӯем аз 3 то 5 оила кӯмак мегиранд.

- Мардуми мо ба ду назар ҳастанд: қисме фикр мекунанд, ки ба дастнигарон кӯмак кардан лозим, қисми дигар андеша доранд, ки вақте кӯмак мекунем, мардум тамбал мешаванд ва рӯз аз рӯз дастнигартар мешаванд, барои ҳамин бояд ба мардум кӯмаки молӣ накард, балки ба онҳо ҷойи кор ёфт, ё касб омӯзонд. Шумо ба кадом фикр ҳастед?

- Ба моҳӣ додан мардум аз фақирӣ намебарояд, балки шасти моҳидорӣ бояд дод. Маҳз ба ҳамин хотир, дар барномаҳои охир мо танҳо 10-20% кӯмаки молиро ба дасташон медиҳему халос. Боқимондаи маблағро бо ҳар восита дар беҳтар намудани зиндагияшон сарф мекунем.

- Агар 10 миллион доллар дошта бошед, чӣ кор мекунед?

- Ба ин савол ҷавобҳо гуногунанд, аммо ҷавоби аслӣ танҳо баъди ба даст овардани ин маблағ аён мегардад. Агар, ба хости Парвардигор ман соҳиби 10 миллион доллар шавам, кӯшиш мекунам, ки 10 манбаи сердаромад бунёд кунам ва аз даромадҳои минбаъда орзуҳои хайре, ки дорам амалӣ кунам.

- Чӣ ҳодиса рух диҳад, Шумо аз коре, ки карда истодаед, даст мекашед?

- Барои шахси мусалмон корҳои хайр ҳатто пас аз ҷон додан ҳам хотима намеёбанд.

ВАҚТЕ КИ ИНСОНҲОИ ХУБ ЗИЁДАНД…

- Кадом қувва Шуморо водор мекунад, ки кори хуб кунед?

- Бале, як қувва ҳаст ва се калима онро бавуҷуд овардаанд: имон, виҷдон, ватандӯстӣ. Имон ҳамеша хотиррасон мекунад, ки дунё абадӣ нест ва аз ин дунё ба ғайр аз амали солеҳ чизе бурда наметавонем. Виҷдон намегузорад, ки паҳн шудани бемаънигиро дида, як тараф истам. Ба қатори он бемаънигиҳо хубиро бояд паҳн кард. Ватандӯстӣ маро водор мекунад, ки барои ватану ҳамватанони худ, каме ҳам бошад, хизмат кунам.

- Батллерону рэперон мегӯянд, мо бо ҳамдигар танҳо дар рэп душманем ва дар ҳаёт дӯстем. Шумо бигӯед, ки ҳамон тавре ки дар наворҳоятон ҳастед, дар ҳаётатон ҳам чунинед ё иваз мешавад?

- Албатта, иваз мешавам. Дар наворҳо касе рафтори бади маро ё гуноҳҳоямро дида наметавонад. Мардум танҳо корҳои хубамро дида таъриф карда, дар ҳақам дуои хайр мекунанд. Яъне гуфтаниям, ки ин одамӣ аст ва одамӣ якрангӣ нест, рӯзе ғамгину рӯзи дигар хушҳол ҳастӣ.

- Дар кӯчаҳо мегардед, бо одамони зиёд рӯ ба рӯ мешавад, сӯҳбат мекунед, бигӯед, ки хулосаи Шумо чист: одамони бад зиёданд ё одамони нек?

- Ба фикри ман аксарияти инсонҳо хубанд, аммо худро бо феълу рафторҳои бад олуда мекунанд.

- Шумо шукр мекунед? Кай шукр мекунед ва барои чӣ?

- Ҳар рӯз Худоро шукр мегӯям. Аз Худованд талаби омӯрзиш мекунам, ки ба андозаи кофӣ шукргузорӣ намекунам.

- Дар ин дунё зиндагӣ кардан душвор аст?

- Зистан не, нек зистан душвор аст. Ғофилона умро гузарондан захмате талаб намекунад. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки лағжишҳои гуногун зиёданд.

- Ба фикри Шумо чаро баъзе нони хӯрдан надоранду доштаҳои баъзеи дигар аз талаботашон зиёд аст?

- Мо метавонем, оилаҳоро омӯхта, бо далелҳои гуногун сабабшро аён кунем, аммо сабаби аслӣ - санҷишу тақдири илоҳист. Бой шудани ҳама ё фақир шудани ҳама ғайриимкон аст. Баъзеҳоро Парвардигор бо фақирӣ месанҷад, баъзеҳоро бо дорандагӣ, аммо дар ҳарду ҳикматҳое ҳаст, ки бисёриҳо дарк намекунанд. Хуш ба ҳоли касоне, ки дар ҳолати дороӣ, фақиронро фаромӯш намекунанд. Хуш ба ҳоли фақироне, ки ба пастиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, шукргузоранд.

- Камбағалӣ айб аст?

- Камбағалӣ айб нест. Камбағалиро айб ҳисобидан ва худро аз камбағалон боло донистан айб аст.

- Инсон бояд чӣ гуна зиндагӣ кунад, ки фардо пушаймон нашавад?

- Ду сухани Паёмбарамонро меорам ва фикр мекунам ҷавоби саволатонро мегиред.

1. “Беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки ба мардум мафиат меоранд”.

2. “Беҳтарини шумо касоне ҳастанд, касе аз дасту забонаш озор набинад”.




Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон: Ҳамсояи номуносиб метавонад таърихро аз байн бибарад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед