Ru  | Tj
Се забон: Кӯдак, ҳамсар ва модар аз мо чӣ мехоҳанд?
Се забон: Кӯдак, ҳамсар ва модар аз мо чӣ мехоҳанд?
Аксҳо: Аз Интернет

Се забон: Кӯдак, ҳамсар ва модар аз мо чӣ мехоҳанд?

Нашр шуд

Аслан, зиндагии он нафароне душвор мегузарад, ки онҳо мехоҳанд ҳама атрофиён монанди худашон фикр кунанд, сухан гӯянд ва амал кунанд. Бо ҳамин сабаб, дар матлаби зер кӯшиш мекунем, ки аз чӣ хостану чӣ гуфтан ва чӣ шунидани кӯдак, ҷавон ва пиронсол ба хонандагон ҳарфи баҷойе гуфта бошем.  

Забони якум: Шерзод намуна аст 

Шерзод ҳар вақте ки ба назди ҳамсолони худ бо мақсади бозӣ кардан меомад, агар он бозии футбол мебуд, голи охирин зада мешуд, агар рустшавакон мебуд, интиҳои даводаву рустшавӣ мешуд ва агар барфбозӣ мебуд, дарҳол бачаҳо баҳонаи хунукхӯрӣ карда, ба ҳар тараф пароканда мешуданд. Ошкоро, аз миёни бачаҳои маҳал касе бо Шерзод бозӣ кардан намехост. Аввалан, сари ӯ зарб хӯрда буд, зарби шаппотии модари «ғамгусор»-ро. Дуввум, меҳрубонӣ надида буд, меҳрубонии падари «мушфиқаш»-ро. Саввум, вай аз атрофиёнаш сухани хушро нашунида буд ва дар баробари ин, ҳар он чизе, ки мешунид, дашному бадгӯӣ буд. 

Сухане ҳаст, ки волидон бояд то 7-солагии фарзанд ғуломи ӯ бошанд, аз 7 то 14-солагиаш фарзандро ғуломи худ кунанд ва пас аз он бо ӯ рафиқ шаванд. Вале мутаассифона, Шерзод  ҳанӯз  дар  яксолагиаш  барои гиристани кӯдаконааш рӯйи турши падарро медид. Дар дусолагиаш, ки барои ҳоҷатхона рафтан забони гӯё надошт, аз модараш шаллоқ мехӯрд. Дар сесолагӣ падараш ба ӯ таваҷҷуҳ намекард, дар ҳоле, ки нав ба забон медаромад. Дар чорсолагиаш ҳамин ки як қадамаш аз хоҳишоти модар берун мебаромад, таҳдид мешунид. Таҳдид бо он, ки қаҳрамони фалон филми даҳшатнок дар пушти дар аст. Дар панҷсолагиаш дар боғча барои он ки ба ҷойи хоб кардан бозӣ мекард, аз мураббия “таҳсинномаҳо” мегирифт.  Дар  шашсолагӣ  барои  он  ки  соли оянда мактаб мераваду алифбои забони тоҷикиро бо чанд шеър намедонад, зери мазоқу масхараи ҳамсолонаш монда буд. Дар ҳафтсолагиаш барои баҳои ду гирифтанаш ҳамсояҳо ба ӯ механдиданд. Ӯро таҳқир мекарданд ва хулоса ба иззати нафсаш мерасиданд. 

Дар натиҷа, дар миёни мардум худро зиёдатӣ мешуморидагӣ шуд. Бо ҳамин, ҳафт соли подшоҳии кӯдак ба охир расид. Гарчи дар 20 соли оянда вайро подшоҳ таъин кунанд ҳам, фоидае надорад, зеро аллакай вақти беғамиаш гузаштааст. Пас аз ҳафтсолагӣ, яъне солҳое, ки бояд гапгӯшкунак ва корбудкунаки волидон бошад, касе ба ӯ аҳаммият намедод. Ҳатто падараш дар рӯзномааш имзо намегузошту модараш ба маҷлисҳои мактабӣ намерафт. 

Ҳамин тавр, рӯзҳо гузаштанд ва ба имрӯз расидем. Гузаштани рӯзҳо амали табиист, аммо дар рӯзҳои сипаригардида пешравие, муваффақияте, дар ҳаёт дигаргуние кардан, кори тақдиру интихоб ва ақл аст. Аммо Шерзод ақлашро истифода намекард.  Интихоб,  ки  вазифаи  ақл  буд,  карда намешуд.  Тақдир  бо  «шрифти»  сиёҳи  серранг рӯзҳои ҳаёташро менавишт... 

Ин умри як нафар аст, ки метавонад ҳаёту  зиндагии  ҳама  кӯдакон шавад. Қиссаи Шерзод ба мо ҳушдор медиҳад, ки пеш аз фарзанддор шудан тайёр будан ҳамчун волидро тасдиқ кунем ва пас аз фарзанд додани Худованд бо забони ӯ гап заданро омӯзем. 

Кӯдак пеш аз ҳама аз волидон забони гарм ва ширин мехоҳад. Ҳар забоне, ки ба ӯ фаҳмо бошад, ҳамон ширин ва нарм аст. Дарк кардан ё накардани кӯдак ба забони гуфтори волидон аз ҳама ҷиҳат ба падару модар дахл дорад. Боварии комил дорем, ки ҳеҷ кадоме аз мо тақдири фарзандонамонро мисли тақдири Шерзод дидан намехоҳем. Вале боз бархеамон намехоҳем, ки бо забони кӯдак сухан кунем.  

Мо фаромӯш мекунем, чуноне ки калонсолон мехоҳанд кӯдакон бо онҳо ҳамзабону ҳамфикр бошанд, кӯдакон низ чунин хоҳишро доранд. Бовар кунед, ҳамон тавре ки мехоҳем бо як маротиба гуфтан фарзандамон матлаби моро фаҳмаду амал кунад, кӯдакони мо ҳам чунин мехоҳанд, вале мо дар аксар маврид танҳо хоҳишоти худамонро фикр мекунем ва бо забони ба кӯдакон нофаҳмо сухан меронем.

Забони дуюм: Иштибоҳи Баҳрому Фотимаро такрор намекунем

Баҳром ва Фотима ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ мисли дигар наврасон ба гӯши ҳамдигар ояти ишқ хонда, бо ҳадисҳои зебои ошиқӣ муаллифи табассумҳои якдигар мешуданд. Ин ду дилдода бо боварӣ ва ваъдаҳои зиёд ба ҳам нигариста, ҳар лаҳзаву замон барои якдигар офарида шуданашонро таъкид менамуданд. Ба ҷузъ ин, атрофиён ҳам аз он чизе, ки миёни онҳо буд, ҷонибдорӣ карда, умед доштанд, ки ояндаашон дурахшон мешавад. Қисса кӯтоҳ, ин ду ҷавон пас аз чор соли якҷо будан аз ҳам ҷудо шуданд. Чаро? Барои ин ба ҷузъе аз рӯзгори онҳо назар меафканем: пас аз он, ки онҳо бо ҳам унс гирифтанду аҳду паймон бастанд, рӯйи аслиашон намоён шуд. Хоҳишот ва талаботи ҳарду дигар беибо аз якдигар ба сару рӯйи ҳам мерехтанд. 

Баҳром, ки худ тӯҳфагириро дӯст медошт, дар муддатҳои муайян ба Фотима гулдастаҳои тару тоза равон мекард ва аз ин худро бисёр хушҳол ҳис менамуд. Дар ин баробар, Фотима аз рафтори Баҳром тамоман хушҳол набуд. Ӯ бисёр мехост, ки пайваста Баҳромро бинад. Вале Баҳром вақтгузарониро  чандон  муҳим  намешуморид ва илова бар ин, вақт надошт. Мехост, ки гуноҳи бевақтиашро бо тӯҳфа ҷуброн кунад. Фикр мекард, ки бо тӯҳфа ниҳоли муҳаббаташро об дода истодааст, бехабар аз он, ки бо ин амалаш барои хушкидани ниҳоли муҳаббат пул сарф дорад. Ин аст сабаби пошхӯрдани муносибати Баҳрому Фотима. 

Бо забони муҳаббати якдигар гап зада натавонистан маънои онро дорад, ки бо як тоҷик бо забони фаронсавӣ ё итолёвӣ сухан мекунӣ ва ӯ дар пешорӯят механдад, аммо аз суханҳои ту чизе фаҳмида наметавонад.

Маълум аст, ки пас аз аксар пошхӯрии муносибат миёни ду нафар ҳар кадоми онҳо дар назди атрофиёни худ ба худсафедкунӣ ва сиёҳкунии «половинаашон” шурӯъ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир гунаҳкор кардани якдигар дарди ба хайр аст, зеро ин аллакай одати дерина ҳисобида мешавад. Ҳоло дард он аст, ки мо якдигарро надониста, наомӯхта, таҷриба накарда, даррав аҳд мебандем. Пас аз дарҳамбарҳам шудани муносибатҳо пасон гапу калочаи зиёд мекунем. 

Аксари мо ба монанди Баҳром фикр мекунем. Яъне ҳар он амале, ки ба худамон писанд аст, хаёл мекунем, ба дигарон ҳам писанд мешавад. Вале набояд фаромӯш кард, ки ҳар нафар забони муҳаббати худро дорад ва бо ҳар нафар бо забони муҳаббати ба ӯ хос муносибат кардан лозим меояд.

Дар ин бобат равоншинос ва олими маъруф Гери Чепмен мегӯяд: “Муҳаббат ҳам забон дорад, ки он панҷ аст: сухани шавқмандкунанда, тӯҳфа, вақт, ламс ва кӯмак”.

Як нафар сухани хушро дӯст медорад ва забони муҳаббати ӯ ҳамин аст. Пас моро мебояд бо забони муҳаббати вай сӯҳбат кунем, на ин ки бо чор забони дигар. 

Дар ин ҳолат, агар мантиқан андешем Баҳром бо Фотима забонҳои муҳаббати гуногун доштанд. Забони муҳаббати Фотима бахшидани вақт буд. Ӯ тӯҳфаҳои зиёду қимматбаҳову суханҳои хуш намехост, балки ягона хоҳишаш барояш вақт ҷудо кардану сӯҳбат кардан буд. Вале баръакси хостаи Фотима забони муҳаббати Баҳром тӯҳфа кардан буд. Дар натиҷа, Фотима ба Баҳром ягон чиз тӯҳфа намекард ва Баҳром ба Фотима вақт ҷудо намекард, ки боиси нофаҳмию носозии онҳо гашт. 

Агар бодиққат назар кунем, маълумамон мешавад, ки дар ин дунё ҳама махлуқоти офаридаи Худованд забон доранд, вале на ҳамаи мо бо онҳо бо забони худашон ҳарф мезанем. Муҳаббат, ки Офаридгор онро на ба ҳар кас лоиқ медонад, забони гуфтугӯи худро дорад. 

Бисёр хуб мешавад пеш аз бо нафаре аҳд бастан, фарқ надорад, ки он чӣ гуна аҳд аст: аҳди муҳаббат, бародарӣ, дугонагӣ, дӯстӣ, аввал забони муҳаббати ҳамон нафарро омӯзем. Бисёр кам аст ҳолате, ки ду нафар зуд ва бе мушкилӣ забони муҳаббати ҳамдигарро омӯзанд. 

Забони сеюм: Дафтари хубиҳоро пур мекунем 

Занги сеюм шунида шуд. Шаҳло бо дафтари махсусаш ба тахтаи синф баромад. Инак, дар синфхонаи рақами 18, ки одатан онҷо дарсҳои хонандагони синфи 10-ум мегузаштанд, лаҳзаи деринтизор барои ҳар як хонанда фаро расид. Чандест, ки Шаҳло  як дафтар  дошт.  Он дафтар ба мисли дафтари хотираи ҳаррӯза буд, аммо дар он танҳо ва танҳо шикоятномаҳояшро менавишт. Шикоят танҳо аз як нафар буд: модар! 

Садои Шаҳло баромад:

- Бачаҳо, имрӯз суханҳои ман бисёртар аст ва ба ин хотир мехоҳам зуд-зуд гап занам. 

Ин ҷумларо гуфтан замон ҳамсинфаш Раъно аз  дари  синфхона  баромад.  Одатан  дар  чунин баромадҳои Шаҳло Раъно иштирок намекард. Дар синфхона намондани Раъно ба ҳама маълум буд, яъне ӯ намехост суханҳоеро шунавад, ки аслан бояд онҳо гуфта нашаванд. Ба ин нигоҳ накарда, Зулола ба назди тахтаи синф курсиеро оварда, гуфт:

-  Шаҳло,  шин,  тез-тез  гап  зан-ку,  мурдем  аз интизорӣ... 

Шаҳло дафтарро болои зонувонаш гузошта, оғоз кард:

- Дӯстон, дирӯз “мамаша” ба ман гуфт, ки сухани муҳимат дорам. Ман ҳам фаҳмидам, ки аз сухани муҳимаш боз метавонам чанд варақ гап нависам барои шумо, аз ин хотир хурсанд шудам. Дар охир медонед чӣ шуд? Ба ҷойи он ки аз навигариҳои замонамон, аз пешравиҳои пай дар пайамон ба ман лексия  хонад,  аз  хонадорию  хонадоршавӣ, аз хӯрокпазию ҷомашӯйӣ, аз камтар хоб кардану саранҷом кардани кору бори хона гап зад. Оё модарони шумо ҳам ҳамин тавр ҳастанд? Наход дар асри XXI бо духтарат аз ҷомашӯйӣ сӯҳбат кунӣ? 

Наход дар ин замон, ки ҳамагон барои хабарҳои шавқовар ва аксу наворҳои ҷолибро аз даст надодан то дергоҳи шаб бедор ҳастанд, аз саҳархезӣ бигӯйӣ!? Наход дар ин вақте ки ҳар қадам ошхонаву тарабхона аст, аз хӯрокпазиро натавонистани духтар модар ғам хӯрда, насиҳат кунад, ки ҳоло ҳам дер нашудааст, хӯрокпазиро ёд гир?

Шаҳло ҳамарӯза дар назди ҳамсабақонаш баромад мекард. Аз «хатоҳои» ҳаррӯзаи модараш матнҳои калон менавишт, ки боис мегашт шунавандаҳо то баромади навбатиаш биханданд. 

Шаҳло худро замонавӣ мепиндошт ва ба ҳар сухану амали модараш эрод мегирифт. Бехабар аз он, ки замонавӣ будан - ин  худаш бо модар ҳамфикру ҳамзабон будан аст. 

Ин хаторо на танҳо Шаҳло ва дигар ҳамдарсонаш, балки ҳазорҳо-ҳазор нафарони дигар содир мекунанд. Забонро фаҳмидан маънои онро надорад, ки ду нафар бо забони тоҷикӣ сӯҳбат мекунанд ва ба имову ишораи якдигар “бале” ё “не” мегӯянд. Забони нафареро фаҳмидану дарк кардан маънои бо ҳамсӯҳбат соатҳо нишастану сӯҳбат карданро надорад. Забонро дарк кардан оне нест, ки дар охири ҳар сӯҳбат мо мегӯем: “Шуд, туро фаҳмидам!”. 

Забони нафареро, хусусан модарро фаҳмидан он аст, ки ба рӯяш як табассум мекунем. Як табассуми самимӣ барои дили модар ва замони модарро фаҳмидану дарк кардан басанда аст. Модаронро  фаҳмидан  даркор  аст,  зеро  онҳо барои ҳар яки мо оинаро мемонанд. Оинае, ки дар ҳоли ҳозир 20, 30, 40 соли баъдии моро нишон медиҳад. 

Биёед, кӯдаконамонро боре гӯш кунем, ҳамроҳи ҳамсарамон бо забони муҳаббаташ сӯҳбат кунем, модарамонро дарк кунем. 

Мо бошем, танҳо боварӣ дорем, ки ҳамаамон забони муҳаббати атрофиёнамонро меомӯзем ва риштае, ки моро бо онҳо мепайвандад, ҳеҷ гоҳ кандашавӣ намемонед.


Аз шавқ то шӯҳрат: Нодир чӣ гуна муваффақ гардид?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(139) "“Инҳо мактуб не, дарднома ҳастанд”. Абдурашид Самадов дар бораи 77 соли ҳаёт"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16788"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11605"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(91) "/tj/articles/talk/in_o_maktub_ne_dardnoma_astand_abdurashid_samadov_dar_borai_77_soli_ayet/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5396"
  ["CODE"]=>
  string(72) "in_o_maktub_ne_dardnoma_astand_abdurashid_samadov_dar_borai_77_soli_ayet"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5396"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

“Инҳо мактуб не, дарднома ҳастанд”. Абдурашид Самадов дар бораи 77 соли ҳаёт

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(116) "Балерина, педагог, ровӣ ва менеҷери оянда. Нозанин Юлчиева кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16533"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(16) "Разговор"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11423"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(81) "/tj/articles/talk/balerina_pedagog_rov_va_mene_eri_oyanda_nozanin_yulchieva_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5315"
  ["CODE"]=>
  string(62) "balerina_pedagog_rov_va_mene_eri_oyanda_nozanin_yulchieva_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5315"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Балерина, педагог, ровӣ ва менеҷери оянда. Нозанин Юлчиева кист?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(59) "Таътилро бояд чӣ гуна гузаронид?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "16308"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "11258"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(55) "/tj/articles/education/tatilro_boyad_ch_guna_guzaronid/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5241"
  ["CODE"]=>
  string(31) "tatilro_boyad_ch_guna_guzaronid"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5241"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Таътилро бояд чӣ гуна гузаронид?

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(144) "Биёед, китоб мехонем! Аз сабабу мақсади китобхонӣ то одаткуниву интихоби китоб"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "15841"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(18) "Интересно"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "10920"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "13"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(103) "/tj/articles/education/biyeed_kitob_mekhonem_az_sababu_ma_sadi_kitobkhon_to_odatkunivu_intikhobi_kitob/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "5089"
  ["CODE"]=>
  string(79) "biyeed_kitob_mekhonem_az_sababu_ma_sadi_kitobkhon_to_odatkunivu_intikhobi_kitob"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "5089"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "education"
}
                        

Ҷолиб

Биёед, китоб мехонем! Аз сабабу мақсади китобхонӣ то одаткуниву интихоби китоб

Другие новости