Ru  | Tj
Бузург, бонуфуз ва ғанӣ: Забони русӣ чӣ калимоте ба ҷаҳон дод?
Бузург, бонуфуз ва ғанӣ: Забони русӣ чӣ калимоте ба ҷаҳон дод?
Акс: Halva.tj

Бузург, бонуфуз ва ғанӣ: Забони русӣ чӣ калимоте ба ҷаҳон дод?

Нашр шуд

Дар забони русӣ, ба монанди дигар забонҳо бисёре аз калимаҳо аз забонҳои дигар иқтибос карда шудаанд, ки дар ин ягон ҷои тааҷҷуб нест. Аз замонҳои қадим халқҳои мамлакатҳои гуногун бо ҳамдигар  муносибатҳои тиҷоратӣ доранд ва бо ҳам робитаҳои фарҳангию таърихӣ барқарор мекунанд. Вале дар баробари ин, халқи рус дар гузашта забонҳои хориҷиро, на танҳо бо калимаҳои забонзада, ба монанди «матрешка», «самовар» ва ё «балалайка», балки бо даҳҳо калимаҳои дигар комил кард. Halva.tj дар бораи як қатор “русизмҳои” ғайричашмдошт, ки хориҷиён истифода мебаранд, мегӯяд.

Ягон чиз фарҳанги миллатро равшантар аз таомҳои суннатӣ инъикос намекунад ва маҳз ҳамин гурӯҳи русизмҳо бештар паҳн гаштаанд. Барои мисол, ҳанӯз дар асри XVI, баъд аз он ки бритониёиҳо мазаи моҳии русиро чашиданд, вожаҳои «beluga» ва «sterlet» дар луғати онҳо ҷой гирифта, баъдан  ба дигар забонҳои аврупоӣ низ интиқол ёфт. 

Калимаи русии "моҳӣ" ҳатто дар забони ҷопонӣ вуҷуд дорад: «ikura». Вале он маҳз тухми сурхи моҳиро (ба маънои хӯрок) ифода мекунад, яъне ҷопониҳо, ки аз маҳсулоти баҳрӣ бой ҳастанд, барои ифодаи вожаи «икра» (дар маънои дигар) калимаҳои худро доранд. Дар забони ҷопонӣ ҳатто калимаи «борщ» вуҷуд дорад, ки ҳамчун «borishichi» талаффуз карда мешавад. Аз забони ҷопонӣ вожаи «pirosiki»-ро низ шунидан мумкин аст, ки маънояш самбӯса аст. Чунин вожа дар забони юнонӣ низ ҳаст, вале он танҳо барои самбӯсаҳои дар равған бирёншуда ба кор бурда мешавад. Боз як далели ҷолиб дар бораи забони юнонӣ: номи хӯриши "Оливье" дар ин забон ҳамчун «rosiki salata» талаффуз карда мешавад, яъне хӯриши русӣ.


Хоҳу нохоҳ, “водка” - шароб низ як ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги рус аст. Ин вожа дар бисёр забонҳои хориҷӣ истифода бурда мешавад ва ҷолибаш он аст, ки дар забони фаронсавӣ дар ин маврид ду калимаи монанд вуҷуд дорад: «wodka» - нӯшокии спиртии полякӣ ва «vodka» - русӣ. Дар забони олмонӣ калимаи «wodka» дар ҷинси мардона истифода мешавад. Инчунин, номи нӯшокии анъанавии русии квас (kvas) ва окрошка (okroshka), ки аз он тайёр карда мешавад, барои хориҷиён қобили тарҷума нест.

Дар фарҳанги Ғарб нонҳои чалпакмонандро «pancakes» (панкейк) меноманд, вале чалпакҳои тунуки русиро хориҷиён «blini» (блины) меноманд. Ҳамчунин, барои сметана низ дар забони англисӣ калимаи «sour cream» истифода мешавад, вале барои ифодаи маҳсулоти ширии серравған аз Аврупои Марказӣ ё Шарқӣ метавон калимаи «smetana» (сметана)-ро истифода бурд. Аз ин рӯ, ба ҳар як хориҷие, ки каму беш бо фарҳанги рус шинос аст, метавонед озодона «blini with smetana» (чалпак бо қаймоқ) пешниҳод кунед.

На ҳама медонад, ки калимаи англисии «milk» низ решаҳои славянӣ дорад. Дар забони англисии қадим калимаи «молоко» (шир)  нахуст ҳамчун «meolk» омада ва баъдтар тағйир кардааст.

Дар забони фаронсавӣ барои ифодаи он чизе, ки «пас аз нӯшокиҳои баланд истеъмол мекунанд» истилоҳи «zakouski» истифода мешавад. Илова бар ин, рӯзноманигорони фаронсавӣ низ ин вожаро ҳангоми нишон додани сарлавҳаи маводҳо дар саҳифаҳои аввали рӯзномаҳо, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳи хонанда пешбинӣ шудаанд, ба кор мебаранд.

Гурӯҳи дигари калимаҳои машҳур, ки хориҷиён истифода мебаранд, ин калимаҳои расмии хоси сохти давлатӣ мебошанд: ztarosta (сардор), boyar (ашрофзода), kolhoz, perestroika ва ғайраҳо. Бо вожаи «tsar» (подшоҳ) дар забони англисии муосир, на танҳо подшоҳро ҳамчун Сарвари давлати Русия ифода мекунад, балки аксар вақт онро ба маънои шахси масъули ягон соҳаи муҳимми кор истифода мебаранд.

Инчунин, набояд ҳайрон шуд, агар як хориҷии англисзабон дар бораи ҷангали анбӯҳи касногузар «taiga», дашти сералаф – «steppe» ва хоки сиёҳи ҳосилхез– «chernozem» сухан гӯяд.

Хориҷиён пули русиро ба ҷуз аз «rouble» ва «kopeck» боз чӣ гуфта метавонанд? Қаблан, дар Русия ба ҳайси ченаки пулӣ пӯсти самурро истифода мебурданд. Ҳамин тавр, дар забони англисӣ калимаи «sable» (самур) пайдо шуд. Дар забони шведӣ барои ифодаи майдон калимаи «torg» истифода мешавад, ки аз истилоҳи русии "ҷои савдо" пайдо шудааст.

Вожаи «troika» хеле тағйир ёфтааст, он дар аввал қӯши се аспро ифода мекард ва ҳоло бошад ба маънои гурӯҳи иборат аз се нафар истифода мешавад. Масалан, мафҳуми “OSCE Troika” (сегонаи САҲА) ҳамчун роҳбарияти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо вуҷуд дорад.

Дар забони фаронсавӣ вожаи «berezina» бо этимологияи ҷолибе вуҷуд дорад, ки маънои нокомии комил ё мағлубиятро ифода мекунад. Ин вожа соли 1812 пас аз шикасти армияи Наполеон дар соҳили дарёи Березина пайдо шудааст.

 Баъзе англисзабонони дунё калимаи «babushka»-ро истифода мебаранд ва бо ин танҳо як ҷузъиёти мушаххаси симои одатшудаи пиразани русро - яъне рӯймолеро, ки дар зери манаҳаш баста шудааст, дар назар доранд. Гузашта аз ин, онҳо ба ҳиҷои дуюми ин калима аломати зада мемонанд. Калимаи ба он шабеҳи рӯймол дар забони ҷопонӣ низ мавҷуд аст, ки чунин талаффуз карда мешавад: «babusika» バブシカ.

Дар мавриди пайдоиши калимаи ҷопонии カチューシャ «katusia», ки бандаки сарро ифода мекунад, қиссаи ҷолибе вуҷуд дорад. Гӯё ҷопониҳо кӯшиш мекарданд, аз духтарони рус бифаҳманд, ки сарпӯши онҳо чӣ ном дорад, онҳо аксар вақт аз духтарон номи «Катюша»-ро  мешуниданд, зеро он замон ин ном дар Русия хеле маъмул буд.

Калимаҳои русӣ ҳам дар забони кореягӣ (빨치산 «палчхисан» партизан, 뜨락또르 «тыракторы» трактор)  ва ҳам дар забони туркӣ («kukla», «şapka» шапка) мавҷуданд. Дар забони финландӣ чунин калимаҳои русиро шунидан мумкин аст: sontikka (чатр), lusikka (қошуқ), staijaa (истодан), znaijaa (донистан, фаҳмидан). Дар забони қазоқӣ бошад яксилсила мафҳумҳои рӯзмарра, ба монанди «кереует» (кат), «бэшке» (бочка), «бэтелке» (шиша) ва ғайра реша бастаанд.

 Ба калимаҳо гӯш диҳед ва маълумотҳои ҷолибро бифаҳмед!


Мехоҳам ба худ гираму ва ба дигарон низ бидиҳам: Китобу дастурҳои таълимии омӯзиши забони русӣ




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед