Ru  | Tj
Қиссаи намоҳанги нави Моргенштерн ва пайдо шудани Абдурозиқ дар он
    Қиссаи намоҳанги нави Моргенштерн  ва пайдо шудани Абдурозиқ дар он
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Қиссаи намоҳанги нави Моргенштерн ва пайдо шудани Абдурозиқ дар он

Нашр шуд

Овозхони маъруфи рус Моргенштерн чанд муддат аз шабакаҳои иҷтимоӣ нопадид шуда буд, яъне  ӯ чанд рӯзи охир дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паём ва сурудҳои тоза пахш намекард. Аммо имрӯзҳо намоҳанги суруди нави ӯ бо номи "Хона" (Домой) дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он сароянда гуфтааст, чаро Русияро тарк кардааст. Қобили зикр аст, ки дар навор блогери маъруфи тоҷик Абдурозиқ нақш бозидааст.

Дар ин тарона Алишер Моргенштерн таъйид мекунад, ки вай бо қатора марзи Русияро убур кардааст ва аз мушкилоташ бо тарабхонаи «Кайф» низ гуфтааст. Ёдовар мешавем, ки раиси Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бистрикин гуфтааст, ки Алишер "воқеан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фурӯши маводи мухаддир машғул аст". Раёсати Кумитаи тафтишотии Маскав санҷиши кори Моргенштернро аз соли 2013 то соли 2021 тибқи моддаи ҷалб намудан ба истеъмоли маводи мухаддир оғоз кард.

https://www.youtube.com/watch?v=E8y3z-I9VP4&feature=youtu.be

Ҳамчунин, дар ин тарона ӯ гуфтааст, ки бо ҳамсараш Дилора дар Дубай зиндагӣ мекунад ва аҳволашон низ хуб аст. Дар посух ба иттиҳомот, рэпсаро интиқод кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо "чеҳраи худро" мефурӯшад на чизи дигарро. Бо пайдо шудани ин суруд дар “YouTube” аллакай шумораи тамошобинон ба маротиб зиёд шуд:

https://www.youtube.com/watch?v=2aAM0Ux1pBA

Дар мавриди Абдурозиқ ҳаминро бояд гуфт, ки ӯ дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омада, ҳоло як блогери машҳур аст. Ӯ танҳо дар сомонаи иҷтимоии Instagram-и худ тақрибан 2 миллион обуначӣ дорад.

Зимнан, Абдурозиқ дар Тоҷикистон на танҳо бо намуди зоҳирии ғайриоддиаш, балки бо сурудҳои сароидааш низ машҳур аст.

 Ӯ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст ва аз ин сабаб падару модари Абдурозиқ дар синни хурдии ӯ натавонистаанд сари вақт бемории ӯро таботат кунанд. Дар натиҷа ин дард ба бемории шадиди музмин табдил ёфтааст. Бар асари бемории рахит тақрибан пас аз 100 сантиметр инкишоф ёфтан, қади Абдурозиқ аз инкишоф мондааст. Истеъдоди овозхонии Абдурозиқро рэпсаро, продюсер ва менеҷери тоҷик Барон (Беҳрӯз Набиев) мушоҳида карда, ӯро дар ин ҷода дастгирӣ намуд. 

 Дар се соли фаъолияташ дар ҷодаи мусиқӣ Абдурозиқ даҳҳо суруд сароидааст. Аммо маҳбубияти воқеиро ба ӯ муҳорибаи баргузорнашуда аз рӯйи қоидаҳои MMA бо Ҳасбик, овард.

Ибтидои соли 2021 блогере аз Доғистон бо номи Ҳасбик (Ҳасбулло), ки намуди зоҳириаш ба Абдурозиқ монанд аст, ба овозхони тоҷик пешниҳод кард, ки бо ҳам қувваозмоӣ намоянд ва ӯро ба қувваозмоӣ даъват кард. Абдурозиқ дарҳол ин даъватро қабул намуд. Навори нишасти хабарии пеш аз набардро даҳҳо миллион нафар тамошо карданд ва худи Абдурозиқ муддате дар Русия монд.

 Ҳоло ӯ дар Дубай зиндагӣ мекунад, ки раводиди "тиллоӣ"-и Амороти Муттаҳидаи Арабро гирифтааст. Ҳамчунин, ӯ дар рекламаи ошпази машҳури турк Бурак Оздемир бо лақаби CZN Burak, нақш офаридааст.

Аммо талошҳои охири ӯ овозаҳои зиёдро дар интернет ба вуҷуд овард. Бар асари баҳсҳои 15-16-уми ноябри соли 2021 Абдурозиқ ҳамкориро бо продюсери худ Барон қатъ кард.

Барон рӯзи 17-уми ноябр навореро нашр кард, ки дар он аз рафтори ноодилонаи Абдурозиқ ва падараш шикоят мекунад. Дар посух Абдурозиқ дар паёми видеоии худ қайд мекунад, ки Барон аксар вақт даромад аз фаъолияти муштаракашонро пинҳон карда, ба ӯ ҳудуди 25 ҳазор доллар маблағро пардохт накардааст.


«Духтарам, ғубор худашро пок намекунад!» Ҷавондухтари зодаи Бурятия чӣ гуна дар кӯтоҳтарин фурсат дар “TikTok” машҳур шуд?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед