Ru  | Tj
Аз омӯзгорӣ то коргардонӣ. Пайроҳаи ҷавоне, ки бо мушкилиҳо ба орзуи хеш расид
Аз омӯзгорӣ то коргардонӣ. Пайроҳаи ҷавоне, ки бо мушкилиҳо ба орзуи хеш расид
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз омӯзгорӣ то коргардонӣ. Пайроҳаи ҷавоне, ки бо мушкилиҳо ба орзуи хеш расид

Нашр шуд

Одина Маҳмад ҷавони 29-солаи тоҷик, муаллиф ва коргардони чандин филми ҳунариву мустанад, аз ҷумла “Журналист”, “Модари ду соҳил” “Заволи пиряхҳо” ва “Фурӯғ” мебошад. Моҳи октябри соли равон филми кӯтоҳи ҳунарии “Фурӯғ” бо коргардонии Одина Маҳмад  дар як номинатсия ҳамчун беҳтарин филми “Дебют” дар Русия ва Тоҷикистон соҳиби ҷоиза  гардид. Ҳамзамон, ин филм дар 4-умин Фестивали ҷаҳонии филмҳои мустақили Гандҳара, ҷашнвораҳои Белгия ва Русия иштирок ва соҳиби ҷоиза гардидааст. Ҳоло, расман дар радиои “Тоҷикистон” фаъолият дорад. Ба ҷуз аз барномаҳои муаллифӣ инчунин аксари барномаҳои сиёсиву таҳлилии радиоро қироат мекунад. Муаллифи halva.tj бо Одина Маҳмад ҳамсуҳбат шуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни кору фаъолияти ӯ пурсон шуд.

Интихоби касб: Муаллим ё табиб мешавӣ!

Одина Маҳмад соли 2012 муассисаи таълимии №36-и ноҳияи Панҷро хатм намуда, як сол дар ҳамин мактаб хонандагонро аз фанни математика дарс мегӯяд. Бо сабаби нарасидани омӯзгор дар мактаб, роҳбарияти муассиса аз ӯ хоҳиш мекунад, ки бидуни таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ ба хонандагон дарс гӯяд. Гарчанде, ки Одина намехост омӯзгор шавад, вале хешу ақрабҳо ӯро маҷбур месозанд. Ҳатто, хешовандонаш барои дар шаҳр таҳсил кардани ӯ монеа мешаванд.

“Соли 2012 мактаби миёнаро хатм кардам. Мехостам, ки синамогар шавам. Ҳамон сол аксарияти ҳамсабақонам барои кору таҳсил аз деҳот баромада буданд. Дар мактаб низ кадрҳои омӯзгорӣ намерасид. Директори мактаб маро даъват карда, пешниҳоди омӯзгор шуданро кард. Дар аввал розӣ нашудам. Аммо, аз сабабе, ки ман дар оила фарзанди ягона будам ва хешу табор низ зидди баромадани ман аз деҳот буданд, маҷбур шудам, ки даъвати директори мактабро қабул кунам. Ҳамин тавр, ман дар мактаби №36-и ноҳия ба ҳайси ҷонишини директор ва муаллими фанни математика кор кардам”, -нақл кард қаҳрамони матлаби мо.

Хешовандонам натавонистанд, ки маро аз роҳи интихобкардаам гардонанд

Одина аз овони мактабхонӣ нисбат ба ҳунару ҳунармандӣ завқу шавқи зиёд дошт. Дар ҳамаи маҳфилу чорабиниҳои мактаб фаъолона ширкат меварзид. Аз хурдӣ орзуи синамогар шуданро мекард. 

“Ман аз хурдӣ завқ доштам, ки ҳунарманд шавам. Вақте, ки хонандаи мактаб будам, телефони писари тағоямро гирифта, бо ҳамсолонам ҳар гуна филм мебардоштем, ки ин ҳолат шавқи маро нисбат ба ҳунармандӣ боз ҳам зиёдтар мекард. Аммо, аз сабабе, ки ман дар тарбияи бародарони модарам будам онҳо розӣ набуданд, ки ман синамогар шавам. Яке мегуфт, ки табиб шав дигаре мегуфт, ки муаллим. Бибиям талош кард, то ман донишҷӯ шавам, ҳарчанд бисёриҳо зид буданд, зеро ман танҳо бо модарам зиндагӣ мекардам. Ҳамин тавр, пас аз як соли омӯзгорӣ дар мактаби деҳа ба шаҳри Душанбе рафтам ва тағоям маро дар як хонаи худ ҷой кард ва дар наздам китобҳои лозимаро дод ва гуфт, ки барои имтиҳон омодагӣ бинам. Мо бо тағоям ба донишгоҳ барои интихоби ихтисос рафтем. Гарчанде ки тағоям мехост ман риштаи омӯзгориро интихоб кунам ва ба факултаи филология дохил шавам, вале бо пофишории зиёд ихтисоси журналистикаро интихоб кардам. Ман медонистам, ки аз журналистика ба синамо рафтан ягона роҳи ман аст”, - зикр намуд Одина Маҳмад. 

Журналистика ва синамо ҳарду ҳам афкор месозанд

Одина Маҳмад дар давоми таҳсил дар факултети журналистикаи ДМТ иловатан маҳорати синамогариро таҷрибаандӯзӣ мекард. Ба ҷуз аз оне, ки дар радиои “Садои Душанбе” дониши амалиявии соҳавиашро сайқал медод, инчунин ҳамарӯза ба “Тоҷикфилм” рафта, тарзи филмноманависӣ ва санъати ҳунармандиро меомӯхт.   

“Вақте, ки дар курси дуюм таҳсил мекардам, ба “Тоҷикфилм” мерафтам. Он вақт Шераки Ориён курси филмноманависӣ дошт. Мо як гуруҳ ҳамсабақон ба курси филмноманависӣ рафтем онҷо ҳама донишҷӯёни факултети журналистика буданд ва муддати 6 моҳ ҳамин курсро хондем. Дар ин муддат ман бисёр чизҳоро омӯхтам пас аз он ман фаҳмидам синамо чист ва ин роҳро ман идома медиҳам ё не!  Пас аз он дар рафти наворбардории чандин филм иштирок намудам”,-мегӯяд Одина.

Одина Маҳмад аслан дар соҳаи журналистика кору фаъолият мекунад. Фаъолияти кориашро аз даврони донишҷуӣ дар радио оғоз карда, як муддат дар телевизиони Синамо низ барномаҳои хабариву таҳлилӣ омода мекард. Ҳоло расман дар радиои “Тоҷикистон” фаъолият дорад. Ба ҷуз аз барномаҳои муаллифӣ инчунин аксари барномаҳои сиёсиву таҳлилии радиоро қироат мекунад.

“Ҳар он чизе ки ман медонам аз мактаби журналистика омӯхтам. Яъне, ман мактаби журналистикаро гузаштам, аммо мактаби синаморо то ҳол ба пуррагӣ нагузаштаам. Журналистика ва синамо ҳарду ҳам афкор месозанд. Бинобар ин дар ҳарду самт кор кардан барои ман мушкил нест. Барои ҳамин тавассути журналистика ман ба синамо роҳ ёфтам. Замони донишҷӯӣ дар ҳамаи маҳфилҳо ва чорабиниҳо иштирок мекардам, ҳатто кори дипломиамро доир ба соҳаи синамо интихоб кардам. Зеро устодони кафедраи телевизон ва  радиои факултети Журналистикаи ДМТ медонистанд ва пешбинӣ карда буданд, ки ман роҳи синаморо пеш мегирам. Номи кори дипломиам: “Кино, сиёсат ё тиҷорат. Таҳлили вазъи синамои тоҷик дар замони истиқлол” буд. Рӯзи ҳимояи кори дипломӣ раиси комиссия кори илмии манро қабул накард ва гуфт, ки ин мавзуъро рафта дар Донишкадаи санъат ҳимоя кунед. Зеро, ба соҳаи журналистика алоқаманд нест. Вале бо дастгириҳои устодони факултети журналистика дар ниҳоят кори хатми ман қабул шуд.

Аз “Бунбаст” то “Фурӯғ”

Одина Маҳмад яке аз мураттибони китоби “Аввалин филмномаҳои тоҷикӣ” ҳаст. Ва дар он китоб аввалин филмномаи худро илова кардааст, ки он аз ҳаёти рӯзноманигоре қисса мекунад ва дар жанри детективӣ мебошад. Аввалин маротиба дар филми “Бунбаст” нақши лаҳзавӣ бозидааст. Ин филм маҳсули эҷоди гуруҳӣ аст, ки дар якҷоягӣ бо ҳамсабақон филмнома омода шуда, сипас аз ҷониби “Тоҷикфилм” бо коргардонии Диловар Султонӣ таҳия гардид. Баъдан, дар филми “Хонаи меҳр”, ки бо коргардонии  Бобоҷон Муҳтоҷиён таҳия гардидааст, ҳамчун директори филм саҳм дошт.

“Пас аз хатми мактаби синамои назди кинофестивали “Дидор” як филми таҷрибавӣ бо номи “Дунё” ба навор гирифтам, ки 6 дақиқаро ташкил мекард. Ва ин филм соли 2018 дар ҷашнвораи “Дидор” иштирок кард. Маҳз тавассути ҳамин филм ман сатҳи дониши синамоии худро дарк кардам”,-нақл кард Одина.
Дар маҷмуъ, Одина Маҳмад муаллифи филми “Журналист” ва “Модари ду соҳил” ва коргардони филми кутоҳи ҳунарии “Фуруғ” ва филми мустанади “Заволи пиряхҳо” мебошад. Филми мустанад фарогири вазъи иқлим ва обшавии пиряхҳои Тоҷикистон дар 60 соли охир мебошад. Ғайр аз ин Одина дар таҳияи чандин филм нақш дорад. Ӯ, дар филми “Журналист” саргузашти воқеиашро бо коргардони тоҷик Абдулҳай Зокиров рӯйи навор овардааст. Филми мустанади “Модари ду соҳил” дар бораи зане, ки сӣ сол пеш аз дасти Толибон* фирор карда, дар Тоҷикистон бидуни ҳуҷҷат зиндагӣ мекунад, таҳия гардидааст. Инчунин ӯ ҳамчун коргардон дар ҳамкорӣ бо синамогарони Ҷумҳурии мардумии Чин дар бораи роҳи Абрешим дар Тоҷикистон ва Узбекистон филми мустандеро омода кард.

Иштироки филми “Фурӯғ” дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ

Филми кӯтоҳи бадеии “Фурӯғ” дар бораи зиндагии духтараки имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) қисса мекунад. Нақши асосиро Зулайхои 7-сола иҷро мекунад.  Филми мазкур бозгӯи зиндагии духтараке мебошад, ки марги ногаҳонии модар ба ҳолатии руҳии ӯ таъсир расонидааст.

“Мо кӯшиш кардем, тавассути дунёи ботинии қаҳрамони асосии филм, ки навраси имконияташ маҳдуд (кар ва гунг) мебошад, паёми худро ба бинанда расонем. То кадом андоза дар ин самт муваффақ шудаем, тамошобин баҳогузорӣ мекунад”, – мегӯяд коргарон.

Филми кӯтоҳи бадеии “Фурӯғ” дар муддати 8 моҳ наворбардорӣ  ва танзим шудааст. Ин филм дар 4-умин Фестивали ҷаҳонии филмҳои мустақили Гандҳара, ҷашнвораҳои Белгия ва Русия иштирок ва соҳиби ҷоиза гардидааст. Ҳамзамон, моҳи октябри соли равон филми “Фурӯғ” дар Синамоҷоизаи дуюми миллии “Тоҷи Сомон” барандаи ҷоизаи беҳтарин филми “Дебют” шуд.

Қаҳрамони матлаби мо Одина Маҳмад нақша дорад, ки дар ояндаи наздик ду филми ҳунариро ба навор гирад. Яке аз он доир ба тақсими мерос байни фарзанду падар буда, дар жанри драмаи иҷтимоӣ омода мегардад. Филми дигар доир ба рӯзгори ғайриодии сокинони як маҳалла, ки бар асоси пояҳои эътиқоду боварӣ ба сар мебаранд. Ин филм дар жанри мазҳака (комедия) ва дар ҳамкорӣ бо синамогарони Русия омода хоҳад шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед