Ru  | Tj
Маъруфтарин дикломасарои “Instagram”. Ровии ғазали “Дӯст надошт” кист?
Маъруфтарин дикломасарои “Instagram”. Ровии ғазали “Дӯст надошт” кист?
Аксҳо: Аз саҳифаи фейсбукии Борон Некроҳ

Маъруфтарин дикломасарои “Instagram”. Ровии ғазали “Дӯст надошт” кист?

Нашр шуд

Борон Некроҳ ровӣ, физикдон, шоир, дӯстдори асари “Шопенгауэр мисли дору”-и нависандаи маъруфи амрикоӣ Ирвин Ялом буда, яке аз маъруфтарин чеҳраҳои садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ба шумор меравад. Ӯ бо қироати шеър, таронаю матнҳои таъсиргузор ва табассуми зебои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуҳрат ёфтааст. 

Ин ровии эронӣ аз соли 2016 ба гузоштани наворҳои дикломаи худ дар шабакаи иҷтимоии “Instagram” шуруъ кард. Борон аввалин наворҳои дикломаи худро бо сабабҳои ноаён аз саҳифааш ҳазф кардааст. Айни замон аввалин навори ӯ дикломаи санаи 3-уми апрели соли 2017 ба ҳисоб рафта, мақбули 107,826 нафар пайгиронаш гардидааст. Имрӯзҳо саҳифаи Боронро зиёда аз 2,2 миллион нафар пайгирӣ мекунанд, ки дар он истифодабарандагони тоҷикистонии “Instagram”-ро низ пайдо кардан имконпазир аст.

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон Боронро махсусан бо дикломаи ғазали “Дӯст надошт”-и шоири форс Маҳдии Ҷувайнӣ мешиносанд. Саҳифаҳои Борон Некроҳро дар бештари сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии маъруфи дунё дарёфт намудан мумкин аст.

40 СОЛИ ДОНИШОМӮЗӢ

Борон Некроҳ 11-уми сентябри соли 1988 дар шаҳри Гелони Ҷумҳурии исломии Эрон ба дунё омадааст. Номи аслии ӯ Муҳаддиса буда, унвони “Борон”-ро ҳамчун тахаллус ба худ гирифтааст.  

Ин зебодухтари эронӣ соли 2008, яъне вақте 20 сол дошт, ба ихтисоси физикаи ҳастаии (атомӣ-молекулавӣ) Донишгоҳи давлатии Гелон дар Эрон дохил шуд. Ӯ аз дигар ҳамсабақони хеш бо зеҳни тез ва ҳозирҷавобии худ фарқ мекард. Аз ин ҷост, ки дар семестри 7 -ум соҳиби унвони бакалавр шуд ва як моҳ пас аз хатми донишгоҳ ба зинаи магистратура қабул гардид. 

Ӯ соли 2015 муваффақ шуд, ки бе имтиҳони давлатӣ тариқи квота ба зинаи докторантураи риштаи физикаи атомӣ ва молекулавӣ, лазерӣ ва плазма дохил гардида, онро бо дипломи аъло хатм намояд.

Борон аз муваффақтарин духтарони Эрон аст, ки новобаста аз монеаҳои нонавиштаи Шарқӣ тавонист орзуҳои худро амалӣ намояд. Ӯ оид ба донишомӯзии занону духтарон чунин мегӯяд:

“Илмҳои дақиқ воқеан ҷолибанд. Ман физикаро дар баробари шеърхонӣ дӯст медорам. Тавре зиндагӣ бе шеъру ишқ зебоии худро гум мекунад, бидуни физика низ наметавон ба пешравиҳои технологӣ ноил гашт. Илм мисли уқёнус аст. Ман низ то ҳадди комил донишманд нестам, аммо ба худ ваъда кардаам, ки то 40-солагӣ ба қаъри ин уқёнус бирасам. Ҳар як инсон бояд то 40-солагӣ кӯшиш кунад, ки ин уқёнусро ҳарчи тавонад васеътар намояд. Кош духтарони мо аз кашфи уқёнусҳои нав наметарсиданд.”

АЗ ДОНИШГОҲИ ГЕЛОН ТО БА КӮЧАҲОИ ТЕҲРОН

Борон Некроҳ аз овони донишҷӯӣ дар конфронсҳои Гелон ба ҳайси муҷрӣ фаъолияташро шуруъ намуд. Ба далели он ки забони англисиро хуб медонист, ба конфронсҳои байналмиллалӣ низ ба унвони баранда даъват мешуд. 

Борон рӯзҳоеро ба ёд меорад, ки аҳли оилааш ба фаъолияти ӯ дар телевизиону конфронсҳо зид буданд. Волидони ӯ ҳарос доштанд, ки муҳити атроф ноамн буда ва Муҳаддиси онҳо ҷавон аст. Ва табиист, ки вайро иҷозат намедоданд, ки дар конфронсу семинарҳо ҳунарнамоӣ кунад. Аммо Борон наметавонист ором нишинад. Қаҳрамони мо дар суҳбате бо яке аз сомонаҳои Эрон чунин қисса мекунад:

“Либосҳои зебоямро дохили ҷузвдони дафтару китобҳоям меандохтам, аммо то ба бинои конфронс расиданам чину ноҳамвор мешуданд. Либосҳои чиншуда барои баромад дар конфронсҳое, ки ҳар як шахс худро ба таври беҳтарин омода мекунад, номувофиқ буд. Ин рӯзҳо низ паси сар монд ва бо мурури замон эътимоди онҳо нисбати ман зиёд гардид.”

Борон соли 2016 аввалин бор дар телевизиони “Насим” таҷриба андӯхт. Ӯ дар ин телевизион барандаи барномаи “Насими дониш” буд. Охирҳои соли 2017 фаъолияти худро дар барномаи “Субҳгоҳ”-и телевизиони вилоятии “Гелон” идома дод. Борон худи ҳамон сол дар барномаи "Шабгард" бо ҳунарпешаи маъруфи эронӣ Маҳдии Селукӣ мусоҳиба орост, ки дар натиҷа ба маъруфияти ӯ афзуд.  

Борон пайваста аксҳо, наворҳо, видеозангҳои сабтшудаи худро бо аҳли оилааш дар саҳифаҳои иҷтимоии хеш мегузорад. Сарфи назар аз муносибати наздик бо оилааш, ӯ ҳаёти мустақилонаи худро дорад. Яъне Борон муҷаррад аст ва дар Теҳрон танҳо умр ба сар мебарад, аммо волидони ӯ Беҳном Некроҳ ва Марзия Яздонӣ дар Гелон зиндагӣ мекунанд. Бонуи дикломасаро қайд мекунад, ки:

“Ба хотирам меояд, он рӯзҳое ки бо ҷомадони пур аз либосу маблағи на он қадар зиёд ба Теҳрон омадам. Дар кӯчаҳои ин шаҳр раҳгум мезадам. Агар дар вуҷуди инсон шӯру шавқ нисбат ба ҷодаи интихобкардааш бошад, тамомии душвориҳо ба назараш ҳеч аст.”

ПАРВОЗ ТО ОРЗУ

Садои гӯшнавози ин муҷрӣ дӯстдорони каломи форсиро ба ҳайрат овардааст. Бародари қаҳрамони қиссаи мо сарояндаи шинохтаи Эрон Беҳтош Некроҳ аст ва Борон ба ин далел ишоракунон мегӯяд, ки: “Бешубҳа генетика бесамар нест. Гумонам садои ман низ аз бародарам Беҳтош гузаштааст, чун ӯ сарояндаи хушовоз аст. Ёд дорам, ҳангоме 20 сол доштам, бародарам шеърхониамро диду ба ман гуфт, ки овозам зебост. Хеле хушам омад ва ба худ боварӣ ҳосил кардам, ки ман метавонам. Аз он рӯз то ба ҳоло шеър мехонам, ки ин фалсафаи аслии зиндагии ман аст”.

Борон Некроҳ дар яке аз мусоҳибаҳои худ дар шабакаи “Нидои Гелон” бо ишора ба ҷасорати мардонаи худ изҳори ақида мекунад, ки: 

“Занони Гелон ба таври аҷиб ғаюранд. Бонувони мо мунтазир нестанд, ки касе онҳоро сер кунад, интизор намешаванд, ки нафаре ба онҳо шодӣ бахшад. Гумон мекунам, ин қадар матонате, ки занони Гелон доранд, дар мамлакате, ки зиндагӣ мекунем, воқеан ҷасорати бузург аст”.

Фаъолияти дигари Борон Некроҳ ҳавонавардӣ аст. Вай аз камшумор занҳои ҳавонавард дар Эрон мебошад, ки танҳо барои дилхушии худ ба ҳаракат даровардани ҳавопайморо азхуд кардааст. Дар яке аз дикломаҳои видеоии ӯ, ки шеъри “Парвоз кун то орзу” -и Маҳдӣ Ҷувайниро қироат менамояд, дида мешавад, ки ҳавопаймои рақами EP-1345 -ро ба танҳоӣ идора менамояд.

ҚАЛБИ МЕҲРБОРИ МОДАРӢ

Борон дар яке аз сторизҳои худ дар саҳифаи “Instagram” пайгирону мухлисонашро воқеан ҳайрону мабҳут кард. Ӯ иттилоъ дод, ки яке аз сарбозони қисми ҳарбиро бо номи Киё Довудӣ ба фарзандихонии хеш пазируфт. Дар идома ӯ аз пайгирони худ даъват ба амал меорад, ки онҳо низ ҷавонону кӯдакони ташнаи муҳаббатро ба фарзандхонӣ бигиранд.

Сарбоз Киё аз мухлисони аввалини Борон аст, ки то ба имрӯз ҳар як дикломаи “ситораи санъат”-и худро бесаброна мунтазир мешавад. Ӯ танҳо ба хотири тамошои дикломаҳои Борон ва бо умеди суҳбати ин ровии Эрон, телефони мобилиашро дар казарма пинҳонона истифода мебурд. 

Киё Довудӣ дар аввалин вохӯрӣ бо Борон ҳамроҳи ӯ акс гирифт ва дар аксгузори асосии саҳифаи инстаграмиаш маҳз ҳамин расмро гузошта, зери он “модар” навишта буд. Аз ин пас Борон вайро ба худ маҷозан фарзанд гирифт.

Ин муҷрии маъруф аз давраи донишҷӯӣ низ нисбати одамони ташнаи меҳр таваҷҷӯҳи хос дошт ва дар чорабиниҳои маркази расмии кӯдакони дорои синдроми Дауна иштирок мекард. Аксу наворҳои вайро бо кӯдакони мубталои ин синдром дар саҳифаҳои иҷтимоии Борон дидан мумкин аст.

Ӯ соли 2017 бо фармони директори Маркази бемориҳои синдроми Дауна “Сафири кӯдакони дорои синдроми Дауна” дар вилояти Гелон таъйин шуд. Инчунин, Борон худи ҳамон сол “Чеҳраи соли Гелон” интихоб шуд.

“ДИЛ БА ДАРЁ БИЗАН, ДЕВОНА!”

“Ҳамин ки аз зиндагӣ хаста шудам, паноҳ мебарам ба шеър. Шояд маънии баъзе ашъорро дуруст дарк карда натавонам, вале ҳар он чизе, ки ҳангоми қироат эҳсос мекунам, кӯшиш менамоям, ки ба шунавандагонам низ расонам ва ба онҳо таъсиргузор бошад. Вақте мебинам, ки ашъори дикломаҳоямро ашхоси гуногун, бахусус кӯдакон аз ёд мекунанд, сарам ба осмон мерасад.”

Дар қатори бахши бойгониҳои сторизи саҳифаи Борон наворҳоеро низ дидан мумкин аст, ки қариб сад шумора кӯдакону ҷавонон тақлидан ба ӯ дикломахонӣ мекунанд. Яъне Боронро на танҳо бузургсолон, балки кӯдакон низ дӯст медоранд.

Ин зани дикломасаро одатан шеърҳоеро қироат мекунад, ки ба қалами шоирони форсу тоҷики классик ва шоирони муосири Эрон тааллуқ дорад. Гаҳу гоҳе аз намунаҳои эҷоди худ низ, ки бештар таронаҳоро дар бар мегирад, мехонад. Ба мисол яке аз онҳоро бо унвони “Панҷара” метавон гуфт, ки Борон рӯзҳои мубориза бурдани худро барои расидан ба орзуҳояш ба хотир оварда, эҷод кардааст.

Ба андешаи Борон Некроҳ, маъруф будан маънои ба муваффақият расиданро надорад. - Шону шӯҳрат дунёи дигар аст. Муваффақият формулаи махсус надорад. 99 фисади одамон ба ҳамдигар монанданд, ки тафовути 1 фисади онҳо ба истеъдод ва кӯшишу ғайрати шахс иртибот дорад. Ман низ як инсони муқаррариам. Ҳар кас шуҳрату маъруфиятро бо диди хоси худ дарк мекунад. Вале бояд донист, ки шуҳрат мухотаби худро чун ҳубоби тунук иҳота мекунад. Ҳубобе, ки аз хурдтарин хато кафиданашро мушоҳида кардан мумкин аст, - қайд мекунад Борон.


Ҳаҷвнигори футболпараст. "Дар ин кор сарпараст дорем...”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед