Ru  | Tj
Смайлик – забони нави муошират: хубӣ ва бадиҳои он
Смайлик – забони нави муошират: хубӣ ва бадиҳои он
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Смайлик – забони нави муошират: хубӣ ва бадиҳои он

Нашр шуд

Бо ҳамин тартибе, ки технология тараққӣ карда истодаасту корбарони фазои маҷозӣ ба он ҳамқадаманд, бешак метавон гуфт, дар ояндаи наздик дигар безабонону ношунавоён ҳам баробари дигарон дар муошират фаъол хоҳанд шуд. Яке аз чунин имкониятҳо, ки тайи чанд соли охир ба корбарони Интернет дастрас шудааст, ин смайликҳо мебошанд, ки дар матлаби зер доир ба онҳо мегӯем.


Як доираи зард метавонад моро хушҳол кунад

Дар айни ҳол Интернет, на танҳо як пойгоҳи бузурги иттилоотӣ, балки воситаи муҳимми алоқа низ ба ҳисоб меравад. Мо ба Интернет, на танҳо барои огоҳӣ аз ҳаводиси ҷаҳон, балки бештар ба мақсади сӯҳбат бо наздикон, хешон, пайдо кардани дӯстони нав, ҳамфикрон, шарикон ва ҳамсӯҳбатони ҷолиб ворид мешавем. Ҷолиб ин аст, ки дар Интернет муошират чун ҳаёти воқеӣ, гоҳо бештар аз он, ҷаззобу шавқовар аст. Ҳамин ҷаззобият ва мутобиқкунонидани сӯҳбатҳои маҷозӣ ба воқеӣ боис гардидааст, ки смайликҳо пайдо гарданд.

Дар ҳаёти воқеӣ, ҳангоми муошират бо одамони дигар, мо нутқи худро бо чеҳраи гирифта, кушода, имову ишораҳо баён мекунем. Ин ҳаракатҳо бошанд, маънои гуфтаҳои моро ба мухотаб возеҳтар месозанд ва ҳоли моро ифшо менамоянд. Баъзан, имову ишора ё чеҳраи кушода, қавоқӣ, аламнок, сурх, сафед, шармгин... метавонад, як ибора ва ҳатто як ҷумлаи пурраро ҳангоми суханронӣ баён созад. Ё дар посух ба гуфтаҳои муқобил. Барои он ки эҳсосотро дар муоширати хаттӣ, дар Интернет расонем, смайликҳо ба мо кӯмак мекунанд.

Мо аз таърихи пайдоши смайликҳо низ медонем, ки аввалин маротиба он ба хотири байёни эҳсос пайдо шудааст. Охирҳои солҳои 60 - ум вақте ки дар Амрико равиши якҷоягии ширкатҳои бузурги суғурта оғоз шуд, рӯҳияи кормандон бад мешуд ва нобоварӣ ба рӯзи дигар, аз худ хабар додан мегирифт. Соли 1963 мудирияти ширкати State Mutual Life Assurance Cos. of America ба рассом - Харви Боллу муроҷиат карданд, ки ягон рамзро тартиб диҳад, то ин рамз мардумро ба хушҳол будан маҷбур кунад. Барои иҷрои ин кор барои Харви якчанд дақиқа лозим буд. Ҳамин тариқ, чеҳраи хандони гирд дар фони зард эҷод шуд. Доираи зард зуд дар куртаҳои онҳо пайдо шуд. Ҳамин тавр, рассоми амрикоӣ Харви Болл соли 1963 бори аввал эҳсоси шодиро бо ду нуқта ва хатчаи нимдоира дар қоғази зард тасвир намуд, ки он то ба имрӯз чун рамзи шодӣ ва табассум истифода мегардад.

Гузашта аз ин, имрӯзҳо барои нишон додани эҳсосот ва ҳолат ҳама гуна смайликҳо сохта шудаанд, ки бовар дорем аксарияти онҳо барои ифшои ҳолати инсон истифода мешаванд.

Агарчӣ смайлик гоҳе ба унвони як истилоҳи умумӣ барои ҳамагон кор бурда мешавад, боз намедонем бо кадом сабаб, онро табассумак тарҷума кардаанд. Ва ин дар ҳолест, ки смайликҳо танҳо табассум ва табъи болидаро дар худ инъикос намекунанд.

Гунаи анъанавии он дар соли 1963 ба сурати як доираи зард бо нуқтаҳои сиёҳу сафед ба намояндагӣ аз чашму як камонак ва даҳон (☺) тарроҳӣ шуд. Дар интернет ва дигар шабакаҳои иртиботӣ ин шаклак (баъзан низ ба номи шаклаки сурати хандон) ба таври анъанавӣ аз маҳбубтарин шаклакҳо аст, ки бо истифода аз як дунуқта ва як камонак ба шакли :^), :) ё (: ки як лабханд бо чархиши 90 дараҷа аст, намоиш дода мешавад.

Маҳз ба ин хотир мо тасмим гирифтем, ки имрӯз дар бараи замони нави муошират ё ёрорасони забон ба шумо чанд чизе гуфта бошем.

6 факт дар бораи смайлик


Ҳоло аксари нафароне, ки смартфон доранд барои осонии кори худ ва нишон додани ҳолати доштаашон аз смайликҳо истифода мебаранд, вале то ҳол касе пайдо нашудааст, ки санаи аниқи пайдоиши онҳоро гуфта тавонад. Албатта, фарзияҳо ҳастанд, аммо гуногун ва бо ҳам зид. Дар чунин ҳолат мо нуктаеро меорем, ки аз идея, пайдоиш ва истифодаи смайликҳо мебошад.

* 19 –уми сентябри соли 1982 Скотт Фалмен проффесори донишгоҳи Каранеги-Меллона соати 11:44 паёми электроние ба истифодабарандагони ARPANET мефиристонад. Ҷумла кӯтоҳ ва дар аввал бемаънӣ ҳам ба назар мерасид: “Ман ба ёд овардам, соли 1960 дар пуфак ва футболкаҳо чеҳраи хандон тасвир ёфта буд, ки бо он, онҳо машҳур буданд. Мо метавонем ин чеҳраро ҳамчун рамз дар клавиатура таҷдид кунем. Ман пешниҳод мекунам, ки ду нуқта, минус ва қавси пӯшидаро истифода барем :-). Ва инчунин қавси кушодро барои нашон додани ғамгинӣ :-(.” Тамоми ҳамкорони ӯ ба хулоса омаданд, ки дар ин чизе ҳаст. Ба ҳамин минвол, смайликҳо аввал дар тахтаи эълонҳои донишгоҳ ва баъд дар тамоми дунё паҳн шуданд;

* 18-уми июли соли 2018 қадимтарин смайликро гурӯҳи архиологони Туркия ва Италия ҳангоми кофтукоб аз шаҳри Каркамиши вилояти Газиапнтеп ёфтаанд. Смайлик дар болои кӯзаи гилине, ки барои шарбат аст, тасвир шудааст ва тақрибан онро соли 1700 тайёр кардаанд;

* Барои нишон додани эҳсосоти мусбат, дар асри XVII дар Словакия смайлики табассум истифода шудааст. Дар он адвокати маҳаллӣ бо смайлик аз ҳуҷҷатҳои хондааш қаноатмандӣ нишон додааст;

* Дар аввалҳои асри XX чор смайликро (ғамгин ва шодмон) композитори чехӣ Эрвин Шулхоф дар нотаҳои намоишномааш «In Futurum» истифода кардааст;

* Барои ифодаи эҳсосот режиссёр Ингмар Бергман дар филмаш “Портовый город” тасвири услубии чеҳраи инсонро истифода кардааст;

* Соли 1972 Франклин Лауфрани чеҳраи хандонро ба аудиторияи аврупоӣ пешкаш кард, ки номашро “смайлик” ниҳод. Аз 1 –уми январ рӯзномаи фаронсавӣ “France Soir” промоаксияи “Барои таббасум вақтро ҷудо кунед”-ро оғоз кард. Дар он логотипи смайлик, барои пешкаш кардани хабарҳои хуб истифода мешуд, ки мардум метавонистанд хонданиҳоро интихоб намоянд;

Дӯстони мо чӣ назар доранд?


Чун рӯз аз рӯз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи мо рӯ ба афзоиш дорад, дар сӯҳбатҳои гуногуни маҷозӣ тарзҳои гуногуни муоширатро вохӯрдан мумкин аст. Мебинем, ки як нафар 100-150 калима менависад, вале аз ҷониби мухотаб танҳо 1 ё 2 смайлик қабул мекунад ва ҷавобашро ба ин минвол мегирад. Боз шоҳиди тасвирҳое шудан мумкин аст, ки як нафар ба нафари дигар смайлик равон мекунад, вале қабулкунанда забони сӯҳбатро нафаҳмида мемонад ё ба ҷойи смайлики инъикоскунандаи як ҳолат, иштибоҳ карда, ҳолаташро дигар нишон медиҳад.

Мо дар фазои маҷозӣ дӯстони зиёд дорем, ки пас аз андеашҳояшонро шунидан онҳоро ба ду қисм тақсим кардем: қисми аввал смайликҳоро дар муошираи вертуалӣ истифода мебаранд, гурӯҳи дуюм баръакс. Чун дар бобати аҳамият, забон ва истифодабарии смайликҳо фикрҳои дӯстонамонро шунидем, зарур медонем, ки ин ҷо онҳоро манзури шумо гардонем.

Мо ба ин пурсишҳо аз дӯстонамон ҷавоб гирифтем:

- Шумо дар вақти истифодаи телефон ё планшету компютер аз смайликҳо истифода мебаред?

- Бештар дар кадом ҳолат ва бо кадом намуди одамон бо Смайлик муошират мекунед?

- Забони смайликҳо ба шумо фаҳмо аст?

- Смайликҳо муоширати Шуморо осон мекунанд ё не?


Мирзоҳусайн Бадалипур, устоди ДМТ

- Бале, аз вақти ба шабакаи Facebook пайваст шуданам аз смайликҳои телефон истифода мебарам. Бештар бо смайликҳо ба дӯстонам дар бобати матолиб ё аксҳояшон ҳиссиётамро нишон медиҳам ва забони онҳо ба ман пурра набошад ҳам, то андозае фаҳмо аст. Истифода аз смайликҳо шахсан барои ман раванди муоширатро осон мекунад.


Рустам Гулов, медиатренер

- Бале, аз смайликҳо истифода мебарам. асосан аз қавс - )), ки ба фикри ман ишораи табассум аст. Аз кай истифода бурданамро дар ёд надорам, чунки ҳатто аз давраҳое, ки бо телефони одии тугмачадор мегаштаму смартфону планшет ҳоло набуд. Одатан, дар муошират бо одамони шинос ва дар ҳолатҳое, ки мехоҳам дараҷаи ҷиддияти сӯҳбатро каме поёнтар фарорам ва мақсад мегузорам, дар матн на фақат фикру ақида, балки ҳолати ороми равонии худро қайд намоям, то ки ҳамсӯҳбати ман низ ҳангоми хондани паём оромона онро мутолиа кунад ва фикр накунад, ки ман онро бо ягон оҳанги ҷиддӣ ё асабонӣ навиштаам. Ҳамин аст, ки номи расмии смайликҳо эмотикон аст - emotion icon - яъне инъикоскунандаи эҳсосоти инсон. Яъне агар матн фикру ақидаро инъикос кунад, смайликҳо ҳолати муаллифи паёмро ва муносибати ӯро ба мухотаб нишон медиҳанд. Забони смайликҳо ба ман фаҳмо аст ва кори маро осон мекунанд.


Ҳалима Шобекова, донишҷӯи ДМТ

- Ман дар вақти паём навиштан ба дӯстон бештар аз смайликҳо истифода мебарам. Смайликҳо кори моро осон мекунанд, махсусан ба дӯстонам бештар мефиристам, онҳо ҳолати доштаи моро бозгӯ мекунанд. Ман аксаран ҳолатҳоеро, ки барои ибрози он оҷизам, ба смайлик ифода мекунам. Ҳамчунин, фикр мекунам, ки смайликҳо матни моро ҷаззоб ва диққатҷалбукунанда мекунанд.


Хуршед Мавлонов, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

- Смайликҳо барои иртиботи маҷозӣ чанд хубӣ доранд. Аз ҷумла, барои сарфа кардани вақт бисёр суханҳо ба воситаи смайликҳо метавон гуфт ва ҳолатро баён сохт. Хусусан ман, аз смайликҳо ба ҳамин хотир истифода мекунам. Зимнан, вақте мо аз телефонҳои ҳушманд истифода мекунем, истифода накардани смайликҳо ғайримумкин аст. Бовар дорам, на танҳо ман, балки аксарият аз смайликҳо фаровон истифода мекунанд. Дуруст аст, ки мо наметавонем, смайликҳоро дар ҳама ҷо, дар иртибот бо ҳама истифода кунем. Албатта онҳоро низ вобаста ба вазъу ҳолат ва мухотабон истифода мекунем. Махсусан ман, кӯшиш мекунам, ки смайликҳоро ҳамгони сӯҳбат бо нафарони наздикам истифода кунам.


Раҳматбой Раҳматов, ҳуқуқшинос

- Не, банда ҳангоми истифодаи телефон, яъне ҳангоми муошират аз смайликҳо истифода намебарам. Вақте даст дорам ва узви биноӣ ва шунавоиям хуб ҳастанд, пас чаро аз смайлик истифода барам? Инсон вақте чизере фаҳмониданӣ мешавад на бо смайлик, балки бо ибораву ҷумлаҳои пурмазмун фаҳмонад беҳтар аст. Иловатан, бояд гуфт, ки забони смайликҳо на ба ҳама фаҳмосту онро дарк мекунанд.

Хулоса

Мо хоҳем нахоҳем бояд қабул кунем, ки дигар ҳаётамон бе истифодаи телефони мобилӣ, планшет, ноутбук ва шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввурнопазир аст. Дар ин росто аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ бо мақсадҳои гуногун ба мо хизматрасониҳои нав ба нав пешниҳод мешаванд ва ҳар корбар то андозаи дарку фаҳмиши худ аз онҳо истифода мекунад.

Чун ҳоло гап сари смайликҳо рафт, бешак бояд гуфт, ки барои осонии раванди муошират ё ҳатто баъзе вақт навиштани матлаб сохта шудани смайликҳо ба мақсад мувофиқ аст.



Аккосони итолиёвӣ: Тарҳи биноҳои шуравӣ беназиранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед