50 ҳазор доллар насиби ҷавони тоҷик шуд. Масрур чӣ гуна донишҷӯи Донишгоҳи Печс гашт?
Нашр шуд
Масрур Давлатзода яке аз донишомӯхтагони фаъоли дабиристони №17-и ноҳияи Восеъ мебошад. Ӯ аллакай донишҷӯи Донишгоҳи Печс (Pécsi Tudományegyetem), ки яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Маҷористон (Венгрия) маҳсуб мешавад, гардид. Вай аз имтиҳонҳо ва суҳбати инфиродӣ баҳои баланд гирифта, ғолиби стипендияи ҳукумати Маҷористон (Stipendium Hungaricum Scholarship), ки 50 000 долларро дар бар мегирад, дониста шуд. Зимнан, Масрур имкон пайдо кард, ки дар давоми 4 сол ба таври ройгон аз рӯйи ихтисоси муҳандис-меъмор дар донишгоҳи болозикр таҳсил кунад.
Муаллифи Halva.tj бо Масрур Давлатзода перомуни таҳсил, забономӯзӣ, ширкат дар озмунҳои фаннӣ ва таъсири муаллиму волидайн ба ояндаи ҳар наврасу ҷавон суҳбат кард.
"МАРҲАЛАЕ, КИ БЕСАМАР НАГУЗАШТ"
Масрур Давлатзода зодаи деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ аст. Волидонаш омӯзгор мебошанд. Ӯ соли 2012 ба синфи якум рафт ва дар муддати 11 соли донишомӯзияш ба чандин дастовард ноил шуд. Аз ҷумла дар ин вақт забонҳои русӣ ва инглисиро хеле хуб азхуд карда тавонист.
- Агар гӯям, ки давраи толибилмиям беҳуда нагузашт, хато намекунам. Дар синфи поёнӣ мехондаму дар озмунҳои фаннӣ иштирок мекардам. Дар мусобиқаҳои варзишӣ низ иштирок карда, ғолиб шуда будам. Ҳатто бо чанде аз ҳамсабақон ба давраи омӯзишӣ рафта, ҳунари кандакориро низ омӯхтем, - иброз дошт қаҳрамони мо.
“Вақте дар синфи 7-ум таҳсил мекардем, бо роҳнамоии муаллими фанни физика узви маҳфили кандакорӣ шудам. Дар муддати як сол дар машғулияти маҳфил ширкат карда, сохтани сандуқ, гаҳвора ва дигар асбобҳои чӯбиро ба қадре ёд гирифтам. Бояд гӯям, ки то имрӯз ба варзиш машғулам. Чун аксари ҷавонон футболро дӯст медорам. Дар тими мактаб ҳамлавар будам. Ба мусобиқаҳои гуногун, ки дар миёни донишомӯзон доир мешуд, ширкат мекардем. Ҳатто дар ноҳия чандин бор қаҳрамон шуда будем. То имрӯз дар намуди варзиши футбол тамринро идома медиҳам”, - афзуд ӯ.
Масрур омӯзиши забонҳои хориҷиро ба таври ҷиддӣ аз синфи 7-ум оғоз карда буд. Ҳамзамон бори нахуст аз фанни забони хориҷӣ дар донишозмоӣ (олимпиада)-и фаннӣ иштирок карда, сазовори мақоми аввал гардид. Ӯ ба омӯзиши фанҳои забонҳои хориҷӣ ва нақша ҳавасалаи зиёд дошт ва то имрӯз дорад.
ДОНИШОМӮЗИ МУВАФФАҚ ШОГИРДИ МУАЛЛИМИ БЕҲТАРИН АСТ
Дар самти омӯзиши забони инглисӣ устоди қаҳрамони мо Ёқубҷон Сафаров мебошад. Масрур аз муаллимаш хеле сипосгузор аст, чун ӯ тавонистааст, ки дар дили шогирдон завқи беохири забономӯзиро бедор кунад. Тавре ки Масрур афзуд, дар мактаб ду муаллиме доштанд, ки барои аксарият намуна буданд. Муаллими беҳтарин низ боис мешавад, то донишомӯз дар омӯзиши фан муваффақ шавад.
"Як тан муаллими дигаре, ки ман беҳтарин омӯзгор меҳисобам, муаллим Шарофиддин Иброҳимов мебошад. Чаро он касро беҳтарин меҳисобам? Дар симои он кас тамоми сифатҳои хуби инсонӣ таҷассум ёфтааст. Муаллими донишманду бомаърифат ба мо аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ дарс доданд. Ба фикри ман, муаллими ҳақиқӣ пеш аз ҳама бояд ахлоқи хуб дошта бошад, то барои хонандагон намунаи ибрат бошад. Ҳамчунин аз усулҳои нав ва самараноки таълим истифода кунад, - илова кард Масрур.
БАРОИ СОҲИБИ СТИПЕНДИЯ ШУДАН ЧӢ ЗАРУР АСТ?
Стипендияи ҳукумати Маҷористон ҳамасола баргузор мешавад. Он бо ҳадафи ҷалби довталабони хориҷӣ ба Донишгоҳҳои Маҷористон (Венгрия) роҳандозӣ мегардад. Барои довталаби ин озмун шудан ҳар хатмкунандаро зарур аст, то ба худ бовар ҳосил кунад, гувоҳиномаи донистани забонҳои хориҷиро доро бошад, барои худ барномаву ҳадафҳои бузург таҳия кунад.
- Бояд гӯем, ки Ҳукумати Маҷористон бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар барпо кардани имтиҳонот баҳри ҷалби довталабон барои дарёфти стипендия ҳамкорӣ мекунад. Мо дар назди Маркази миллии тестӣ имтиҳон супоридем. Имтиҳони аввал аз кластери 1-ум буд. Баъдан имтиҳони дуюм ба таври шифоҳӣ доир шуд, ки ба фанҳои ихтисосӣ иртибот дошт. Натиҷаи имтиҳонот ба Ҳукумати Маҷористон пешниҳод гардид. Ғайриинтизор маро аз донишгоҳ ба мусоҳибаи инфиродӣ даъват карданд, - афзуд вай.
Мусоҳиба бо як профессор аз Донишгоҳи Маҷористон хеле ҷиддӣ сурат гирифт. Он бо забони инглисӣ баргузор шуд ва аз 10 суоли ҷолибу андешазо иборат буд, - шарҳ дод Масрур. - Дар мусоҳиба пурсида шуд, ки чӣ маро барои меъмори хуб шудан ангеза медиҳад, оё то имрӯз тарҳи ягон лоиҳаро бо истифода аз барномаҳои роёнаӣ (компютерӣ) офаридаед, таҷрибаи корбурди кадом нармафзорҳои соҳаро доред, оё бо даст тез-тез нақша мекашед. Ба ин суолҳо ба осонӣ ҷавобҳои мушаххас додам. Аммо айни посух додан ба суолҳои зерин, аз ҷумла бузургтарин мушкилоти муҳандисону меъморон кадом аст, ҳангоми таҳсил бо чӣ душвориҳо рӯбарӯ хоҳед шуд, чӣ ҳадафҳои бузург доред, ба баҳри андеша фурӯ рафтам. Воқеан, ин суолҳо ҳар довталабро ба фикр кардан водор мекунад ва барои ҷавоби дуруст додан маърифатнокиву масъулиятшиносӣ мехоҳад.
Чанде пеш дар роёнишонӣ (почтаи электронӣ)-и Масрур хабаре омад, ки ғолиби стипендия шудааст. Ӯ аз ин мужда хеле хурсанд шуд ва ризояташро барои донишҷӯ шудан равон кард. Пас аз ба даст овардани раводид (виза) ҳаёти донишҷӯияш оғоз хоҳад шуд.
ВОЛИДОНИ САХТГИР КАФИЛИ МУВАФФАҚИЯТИ ҲАР ФАРД ҲАСТАНД
Вақте қаҳрамони мо аз фанни забони инглисӣ дар даври ҷумҳуриявии донишозмоӣ (олимпиада)-ҳои фаннӣ барои донишомӯзони синфи 11 соҳиби мақоми 3-юм шуд, волидонаш шод ва сарфароз гардиданд. Аслан, барои илмомӯзӣ ва забономӯзии писарашон Масрур тамоми имконотро фароҳам оварда буданд, барои фардои ӯ бетараф набуданд ва нахоҳанд буд. Зимнан, ҷавон аз волидони худ хеле сипосгузор аст, чунки маҳз тарбия ва роҳнамоии онҳо сабаб шуд, то дабиристонро бомуваффақият хатм кунад. Ӯ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки бархе аз ҳамсолонаш ба ғамхориҳои волидон носипосона посух медиҳанд.
- Бархе ҳамсолонам аз таҳсил дур шуда, ба корҳои беҳуда банд мешаванд. Масалан, пойбанди шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, онро бо роҳи нодуруст истифода мекунанд. Агар онро бо роҳи дуруст истифода кунем, беҳтарин васила барои илмомӯзӣ ё забономӯзӣ хоҳад буд. Ба ҳамсолон гуфтаниям, ки ҳоло марҳилаи тақдирсози ҳаёти мову шумо фаро расидааст. Вақти пурарзишро самаранок истифода карда, имконоти мавҷударо ба манфиати худ ба кор барем. Дар соҳаи интихобкардаамон мутахассиси хуб шуда, фахри волидону Ватан шавем, - изҳор дошт Масрур.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед