Ru  | Tj
«Ҳангоми ба Тоҷикистон ба саёҳат омадан, бояд фасли солро ба назар гирифт». Владимир Нуштаев доир ба имкониятҳои гардишгарии дохилӣ
«Ҳангоми ба Тоҷикистон ба саёҳат омадан, бояд фасли солро ба назар гирифт». Владимир Нуштаев доир ба имкониятҳои гардишгарии дохилӣ
Аксҳо: Аз саҳифаи Фейсбукии қаҳрамони макола

«Ҳангоми ба Тоҷикистон ба саёҳат омадан, бояд фасли солро ба назар гирифт». Владимир Нуштаев доир ба имкониятҳои гардишгарии дохилӣ

Нашр шуд

Новобаста ба он, ки гардишгарии дохилӣ дар Тоҷикистон ҳамакунун дар ҳоли ташаккулёбист, сайёҳони дохилие, ки тамоми кишвари моро аллакай саёҳат намудаву бо зебогиҳои ҳама минтақаҳои он аз наздик шинос шуданд ва ин сарзаминро самимона дӯст доштанд, кам нестанд. Онҳо бо як самимияти хоса дар сомонаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои худ таассуроти худро аз саёҳати гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон баён мекунанд.


Мо тасмим гирифтем, бо яке аз чунин сайёҳоне, ки ҳамеша дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сайру саёҳат мекунад ва ин табиати биҳиштосоро дӯст медорад, Владимир Нуштаев суҳбате дошта бошем. Ӯ зимни суҳбати худ иброз намуд, ки чаро Тоҷикистонро дӯст доштааст ва ҳамчунин чӣ чизҳои аҷоибро ҳангоми саёҳат дар гӯшаҳои гуногуни ин кишвар вохӯрдан мумкин аст.

- Владимир Нуштаев, аз рӯйи расмҳоятон дар сомонаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки Шумо табиати Тоҷикистонро хеле дӯст доштаед…

- Бале, дар ҳақиқат табиати кишвари мо беназир ва шигифтангез аст. Вақте ки табиати Тоҷикистонро тамошо мекунӣ, наметавонӣ аз он дил биканӣ. Шумо дуруст қайд кардед, ки ҳама расмҳои ман инъикоскунандаи табиати дилфиреби Тоҷикистон мебошанд. Мо бояд табиатро эҳтиёт кунем, партовҳоро ба он напартоем, растаниҳоро бо реша наканем ва дарахтонро набурем. Мутаассифона, сари ҳар қадам мо ба ин мушкилот рӯ ба рӯ мешавем, ки дар натиҷа табиати зебои мо хароб мешавад.

- Новобста ба серкориатон шумо вақт пайдо намуда, тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро саёҳат намудаед. Бештар ба шумо кадом маконҳо писанд омаданд?

- Шумо дуруст гуфтед, ман дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон будам, аммо боз ҷойҳое ҳастанд, ки ту аз он дилканда наметавонӣ. Ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон зебоянд, аммо Бадахшон як дунёи дигар аст. Ба ман бештар саёҳат дар ин макон писанд омад. Ин ҷо сарзамини афсонавиро мемонад, ки барои омӯхтанаш як сол кофӣ нест. Одамони аҷиб, табиати беназир, умуман ту дар ин ҷо худро дар дунёи дигар эҳсос мекунӣ.



- Саёҳататонро чӣ гуна ба нақша мегиред?

- Саёҳатамонро мо ба таври оддӣ ба нақша мегирем, яъне чанд рӯз пеш аз истироҳат. Мо ягон хел нақшаи махсус ё харитаи сафар надорем. Барои мо танҳо будан дар табиати дилфиреб ва тамошои ҷойҳои диданӣ аҷиб аст. Дар ин ҷодда ба ман ҳамсарам, ки қариб дар ҳар сафар маро ҳамроҳӣ мекунад, кӯмак мерасонад. Ҳамчунин, дӯстонам маро дар саёҳат ва интихоби хати сайр ҳамроҳӣ мекунанд. Баъзеҳо маблағашонро ба харидани сигор сарф мекунанд, баъзеҳои дигар ба нӯшидани шароб ва ба ин монанд, аммо ман бошам, маблағамро ба сайру саёҳат сарф мекунам.

- Аз аксҳоятон як дилбастагии махсуси Шумо ба табиат эҳсос мешавад, чӣ гуна ба шумо муяссар мешавад, ки чунин аксҳои зеборо гиред?

- Чандон муддати зиёд намешавад, ки ба аккосӣ машғулам. Чӣ хеле, ки мегӯянд «Ман акнун аксбардориро омӯхта истодаам». Дар маҷмӯъ дӯстони зиёд дорам, ки онҳо аккосанд ва ман аз онҳо чизҳои зиёдеро омӯхтаам, аммо санъати аксбардориро ба ман касе наомӯхтааст.

- Оё дар ёд доред, ки муҳаббат ба саёҳат дар Шумо кай пайдо шуд?

- Хоҳиши рафтан ба ҷойе, тамошо намудан ва дидани ҷойҳои нав дар ман соли 2018 пайдо шуд. Он вақт дар рухсатӣ будам, тамоми моҳ дар хона нишаста ва намедонистам ба чӣ машғул шавам. Вазнам рӯз то рӯз зиёд мешуд ва мехостам ҳарчӣ зудтар аз вазни зиёдатӣ халос шавам. Пас аз ин, аз интернет хатсайри сайёҳиро ҷустуҷӯ намудам, ки аз вазни зиёдатӣ ба ин тариқ халос шавам. Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ба чашмам саёҳати велосипедронии Ӯзбекистон афтод, ки онро Клуби сайёҳии «Направление» ташкил намуда буд. Ба он ҷо дархост дода ва ба зудӣ роҳхатро гирифтам.

Велотур дар Ӯзбекистон ба ман хеле писанд омад ва дар муддати як ҳафта вазни худро 5 кг кам кардам. Баъдан ба Тоҷикистон баргашта, ҳамроҳи ҳамсарам тасмим гирифтем, ки ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сафар мекунем. Аз он вақт то имрӯз мо тамоми вақти холигии худро дар саёҳат мегузаронем. Дар оғоз ин осон набуд, аммо бо гузашти вақт чун дар ин самт таҷриба пайдо намудем, ҳама чиз рӯ ба роҳ шуд.


- Ба фикри Шумо чун як сайёҳи таҷрибадор имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то кадом андоза муаррифӣ шудааст?

- Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон хеле зиёд аст, аммо дар мо хатсайрҳо хеле каманд. Мо метавонем бо роҳҳои гуногун таваҷҷӯҳи гардишгаронро ба кишварамон ҷалб намоем. Масалан, мо метавонем ба маконҳои зебо роҳи велосипедронӣ созем ва велотуризмро дар Тоҷикистон рушд диҳем, варзиши шиновариро низ дар дарёҳо ва обанборҳо ба роҳ монем, сайругашт дар кӯҳҳоро ба тақвият диҳем ва ғайра. Мо барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёди сайёҳӣ дорем. Метавонем на танҳо табиати зебои кишварамонро тавассути сомонаҳои махсус муаррифӣ кунем, инчунин метавонем он ёдгориҳои таърихие, ки то ба имрӯз боқӣ мондаанд, бо нишон додани аксҳои онҳо ҷалби гардишгаронро бештар кунем.

- Аз саёҳатҳоятон чӣ хотираҳои аҷибу фаромушнашавандае доред?

- Боре бо яке аз ширкатҳои сайёҳӣ ба сайри трекинг ба кӯли Фирӯзӣ рафтем. Дар қитъаи бади роҳ, пеш аз дӯстонам роҳро пеш гирифтам. Ман роҳро дуруст намедонистам, пас аз каме рафтан, дидам, ки дигар дӯстонам намоён нестанд. Ман бо нишонаҳои гуногуне, ки сайёҳон дар сангҳо мондаанд, мерафтам. Пас аз муддате, роҳ ба ду пайроҳа тақсим шуд, ман ба тарафи рост рафтам. Фикр мекардам, ки дигар дӯстонамро каме интизор мешавам ва бо онҳо якҷо ба кӯл меравем ва истироҳат мекунем. Кӯл дар баландии 3800 метр ҷойгир буд ва ман пай бурдам, ки ин пайроҳа маро ба сӯйи кӯл намебарад, зеро ман аллакай дар баландии 3900 метр будам. Ҳамин гуна, ба баландии 4200 метр баромада, аз роҳи мехостагиям хеле дур рафта будам. Хушбахтона, аз баландӣ кӯли кӯчакеро дидам, ки он хеле дур буд, пас маҷбур шудам масофаи зиёдро тай намуда, ба поён фароям. Ин лаҳзаҳо як умр дар ёдам хоҳанд монд.



- Оё шумо ҳангоми саёҳат ягон бор бо хатар рӯ ба рӯ шудаед?

- Саёҳат бе хатар намешавад. Ман ҳам дар ин саёҳатҳо бо хатар рӯ ба рӯ шудаам. Махсусан ҳангоме, ки бо морҳои заҳрдор рӯ ба рӯ мешавед ва ё аз нишебиҳои хатарноки кӯҳҳо мефароед, дар ин ҳол шуморо хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

- Шумо ба сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон ба саёҳат омаданиянд, чӣ маслиҳат медиҳед?

- Ман маслиҳат медиҳам, ки барои саёҳат дар Тоҷикистон бояд мавсими солро ба назар гиранд. Масалан, шумо метавонед аз моҳи июн то сентябр ба Помири Шарқӣ, моҳи март ба кӯҳи намаки Хоҷа Мӯъмин ва дар зимистон ба Такоб сафар кунед. Ҳар як сайёҳи хориҷӣ бояд мардуми маҳалиро эҳтиром кунад, ба расму оин ва урфу одатҳои тоҷикон арҷ гузорад ва табиатро ифлос накунаду онро тоза нигоҳ дорад.

Дар ҷустуҷӯи байналмилалии таърихӣ ширкат варзед ва соҳиби саёҳат гардед


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед