Аз рӯъё то ҳақиқати як ҷавони кӯҳистонӣ. Муналӣ чӣ тавр модел шуд?
Нашр шуд
Муналӣ 29 сол дорад ва чун дигар ҷавонони кишвар баъди хатми коллеҷ барои пешбурди рӯзгор тарки Ватан намуд. Соли 2015 бори аввал чун муҳоҷири меҳнатӣ озими Русия мешавад, вале онҷо тақдир барояш чизи дигареро рақам мезанад.
Ӯ зодаи водии дурдасти Вахон аст. Таҳсили ибтидоиро дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим гирифта, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ороишгарии театри бадеии Коллеҷи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад.
“Чун бори аввал дар мулки бегона кору зиндагиро шурӯъ намудам, бароям хеле душвор намуд. Ба ҳар мушкиле, ки дар давлати ғайр рӯ ба рӯ мегаштам, бештару бештар ба ёди ёру диёр меуфтодам. Модари раҳдури худро, ки пайваста чашм дар роҳи мост, ёд мекардаму барои таскини дил чорае надоштам”, - нақл мекунад ӯ.
Барои чархондани рӯзгор, дарёфти пули муайян ва зисту зиндагӣ дар як шаҳри бузург ӯро мебоист, ки ҳар коре пеш ояд, анҷом диҳад. Сараввал Муналӣ фаъолияти худро дар шаҳри Уфаи Русия аз корҳои гуногун оғоз менамояд. Баъдан бо гузашти замон ва аз худ намудани нозукиҳои зисту зиндагонӣ дар Русия ӯ барои хеш корҳои беҳтаре ёфта, пули хубтар кор мекунад. “Дар оғоз наметавонистам ба волидони худ, ки ба кӯмаки молиям эҳтиёҷ доштанд, ёрие расонам. Баъдан бо хуб гаштани шароити кору ҷойи зист аз кӯмаки хеш онҳоро бархӯрдор мекардам ва худ низ қаноат ҳосил менамудам”, -мегӯяд қаҳрамони матлаби мо.
Сарнавишт ногаҳон варо самти дигаре бурд, ки интизорашро ҳам надошт.
ВУРУД БА ҶАҲОНЕ ДИГАР
Рӯзе бо таклифи як дӯсти наздик Муналӣ ба аккосӣ (фотосессия) даъват мешавад. Зоҳиру андоми як ҷавони кӯҳистонӣ ба мудирони гурӯҳи аккосӣ писанд меояду минбаъд ӯро ба ҳамкории доимӣ даъват менамоянд. Муналӣ дарк мекунад, ки модоме ӯро ба инҷо даъват кардаанд, пас чизе дар худ дорад, ки мавриди таваҷҷӯҳи ин гурӯҳ қарор гирифтааст.
“Аз хурдӣ орзуи ҳунарманд шуданро доштам ва ҳамеша барои худ имиҷи гуногун месохтам, ки аз ҳамсолонам фарқкунанда бошам. Дар либоспӯшӣ ва ороиши мӯйи сарам навгоние ворид мекардам ва дӯст медоштам, ки аз дигарон бо гунае фарқ намоям. Аз ӯҳдаи баро худ вақт ҷудо кардан ва аз бақия мутафовит будан низ хуб мебаромадам, зеро метавонистам он гунае бошам, ки мехостам ва гоҳе барои дигарон тарзи либоспӯшиям идеалӣ буд”, - қисса мекунад Муналӣ.
Даъват гаштан ба аккосӣ ва олами муд дари ҷаҳони дигареро ба рӯйи қаҳрамони мо кушод. Аз ин ба баъд зиндагиро бо назари наву тоза нигарист ва ба хулосае омад, ки шахс сараввал бояд худро дӯст дораду созад ва эҳтиром кунад. Ӯ мегӯяд, ҳама чиз дар дасти худи мост, ҳамоне мешавем, ки худ мехоҳем, агар худро шоҳ дидан хоҳӣ шоҳ мешавӣ, гадо дидан хоҳӣ, ҳатман гадо мешавӣ. “Аз корҳои одие, ки ҳамагӣ анҷом медиҳанд, ба ҷуз ба даст овардани сармояи муайян ва аз даст додани вақти пурқимат ҳосили дигаре нест ва ба хулосае омадам, ки бояд коре кунам, ки дар рушди маънавӣ ва равониву зиндагии маъмулиям кӯмак кунаду тағйироте ворид намояд. Барои сохтани ояндаи зебову хостанӣ шуғлеро интихоб кардам, ки дилам хост”, қайд мекунад ин модели ҷавон.
ТАЛОШ БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Имрӯз Муналӣ дар маъракаҳои гуногуни аккосӣ даъват гашта, аз ҳисоби он каму беш фоида ҳам ба даст меорад. Дар барномаҳои таблиғотии гуногуни либос, махсусан, домодӣ, лавозимот, лав-сторизҳо ва масолеҳи сохтмон таклиф мегардад ва рӯз то рӯз пешаи интихобнамудаашро рушд медиҳад. Вай мегӯяд, ҳар як шахс барои коре офарида шудааст ва ман эҳсос мекунам, ки беҳуда ба моделӣ машғул нашудам, чунки аз кори худ ҳамеша эҳсоси роҳатӣ мекунам ва онро бо тамоми хоҳиш анҷом медиҳам. Барои модели сатҳи баландтар гаштан лозим аст, дар рекламаи брендҳои муваффақ ширкат кунаму аз озмунҳои калонтар гузарам, то тавонам дар сатҳи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ кунам. Инчунин ӯ барои пеш рафтан ба сармои бузургтаре ниёз дорад ва ба ояндаи нек умедвор аст.
“Андешаи мардум нисбати соҳибони чунин шуғл гуногун аст, зиёд нафароне ҳастанд, ки назари манфӣ доранду кори моро ба қавле намеписанданд. Вале ин барои ман аҳамият надорад, зеро медонам, ки дар ҳар сурат хислати одамӣ чунин аст, хоҳу нохоҳ бояд чизе гӯянд ё эрод гиранд”, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Муналӣ зиёд мехоҳад ба ҷавононе, ки дар интихоби либос ва тарзи либоспӯшӣ мушкилӣ мекашанд, кӯмак кунад. Мехоҳад бе дастмузд ё чизи дигар ба ҷавонон ёрмандӣ намояд. “Аз чӣ сабаб бошад, ки ҷавонони мо намехоҳанд ба ман муроҷиат намоянд, ё бар худ ор медонанду шарм мекунанд ё чизи дигаре. Хуллас, ман ҳамеша омодаам, то барои нафаре аз таҷрибаи андӯхтаам тавсия диҳам”, - баён дошт ӯ.
“ДЕР ОҒОЗ КАРДАН БЕҲТАР АЗ ҲЕЧ ГОҲ ОҒОЗ НАКАРДАН АСТ”
Баъди оне, ки таваҷҷӯҳ ба модели мо зиёд гашт, тасмим мегирад, ки ҷойе бояд нозукиҳои аккосӣ ва моделиро омӯзад. Ин буд, ки ба давраи омӯзишии чормоҳа дар шаҳри Уфа шомил шуда, паҳлӯҳои гуногун ва нозуки машғулияти ояндаи худро аз худ мекунад. Аз соли 2019 ба ин сӯ ба моделӣ машғул аст ва дар баробари он барои пешбурди рӯзгор корҳои дигарро низ анҷом медиҳад. Дар вақтҳои холигӣ ба варзиш машғул мешавад, махсусан волейболбозиро дӯст медорад. Дар тими махсуси бозии волейбол низ ширкат менамояд. Фотомодел мегӯяд, то роҳи худро пайдо кардан ба чандин мушкилиҳо рӯбарӯ гашт, ҳатто чанд маротиба фиреб ҳам хӯрд, вале ноумед нагашт ва ҳамоно ба самти орзуи худ гомҳои қавитар гузошт. Имрӯз талош бар он дорад, ки дар саҳнаҳои бузургтар ва шинохтатар ба ҳайси як модели хуб ширкат намояду ҷиддитар ба самти ҳадафҳояш ҳаракат кунад. Мехоҳад маҳз бо ҳамин роҳ худ, диёру ватанашро миёни оламиён муаррифӣ карда бошад:
“Барои одамони мо баъзан ҷасорат намерасад. Аз анҷом додани корҳои бузург метарсанд ва ё намехоҳанд коре анҷом диҳанд. Ман шахсан зиёд нафаронеро мешиносам, ки истеъдоду ҳунар доранд, дониши хуб доранд, вале аз он истифода карда наметавонанд. Мехоҳам ба ҳамсолонам гӯям, ки ҳеч вақт ба ҳеч коре дер нашудааст, дер оғоз кардан беҳтар аз ҳеч гоҳ оғоз накардан аст ва ё “чизе беҳтар аз ҳеч”. Мо метавонем ҳама кореро, ки мехоҳем, анҷом диҳем. Танҳо каме талош кардан лозим аст ва ҷасорату боварро бар тавони худ афзудан. Боқӣ ҳамааш хуб мешавад”.
Муналӣ ҷавони орзупарпар аст ва ба рӯъёҳои хеш бовар дораду умедвор аст, ки рӯзе бо хости Худо ва талоши шабонарӯзияш онҳо ба ҳақиқат табдил меёбанд. Ӯ ҳаёт ва ҳамаи буду набудро бо назари мусбат менигарад ва одамони хушбинро дӯст медорад, зеро худ бекина асту дилсоф. Танҳо мехоҳад, ки аз ҷониби дигарон, махсусан ҷавонон дастгирӣ ёбад, зеро ин барояш нерӯи наву тоза мебахшад.
Барояш парвозҳои баланди касбиро хоҳонем.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед