Ru  | Tj
Бобури гандумшинос. Чӣ гуна ҷавони тоҷик дар соҳаи генетика ва селексия пажӯҳиш мекунаад?
Бобури гандумшинос. Чӣ гуна ҷавони тоҷик дар соҳаи генетика ва селексия пажӯҳиш мекунаад?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Бобури гандумшинос. Чӣ гуна ҷавони тоҷик дар соҳаи генетика ва селексия пажӯҳиш мекунаад?

Нашр шуд

Бобур Наҷодов аспиранти соли аввали Донишгоҳи давлатии аграрии Фарҳангистони кишоварзии Климент Тимирязеви Русия мебошад. Ӯ дар пешбурди илми генетика ва селексия пажӯҳиши илмӣ мекунад ва мавзӯъе, ки бештар сари кор дорад, омӯзиш ва коркарди анвоъи баҳорию тирамоҳии гандум аст.

Муаллифи Halva.tj бо Бобур Наҷодов дар хусуси таҳсил дар Тоҷикистону Русия, аҳамияти омӯзиши илми генетика ва селексия ҳамсуҳбат шуд.      

“ИНТИХОБИ ОХИРОНАМ ДУРУСТ БУД”

Бобур Наҷодов ҷавони 24-солаи тоҷик аст. Ӯ зодаи ноҳияи Ашт мебошад. Вай мактаби рақами 25-и Турсунбой Бегматови деҳаи Аштро бомуваффақият хатм кардааст. Хонандаи фаъол буд. Дар озмунҳои гуногун ширкат варзида, мақомҳои ифтихориро соҳиб мешуд.

“Ростӣ, дар аввал ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ шавқи зиёд надоштам. Амакам муаллими фанҳои таърих ва ҳуқуқ дар мактаб буд. Дар синфи 6-ум мехондаму мавзӯъҳои синфи 11-ро ҳам пурра хонда будам. Амакам иҷозат медоданд, ки китобҳояшонро хонам. Аз ин фанҳо дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ иштирок кардам. Орзу доштам, ки ҳуқуқшинос шавам. Бо гузашти вақт хоҳиш ва зақам дигар шуд”, - гуфт Бобур.

Қаҳрамони мо ҳам мисли дигар бачагони деҳа аз наврасӣ дар парваришу ғунучини ҳосили пахта, гандум, шолӣ ва дигар анвои зироат ба хонавода дастёрӣ мекард. Бавижа, бобояш дар маҳал бо пешаи пуршарафи деҳқонӣ соҳибном аст. Амакбобояш шодравон Муҳаммадҷон Наҷодов муаллими фанни ботаника буд. Маҳз равоншод ва муаллимон Амон Нарзинов, муаллими фанни зоология ва биологияи умумӣ, Ботуралӣ Шомирзоев муаллими фанни кимиё  дар дили Бобур завқи омӯзиши илмҳои табиатшиношисиро бедор карданд.

- Яке аз донишомӯзони фаъол дар дарсҳояшон будам. Муаллим аз дарс берун дар хусуси мавзӯъҳои хондаамон маълумоти ҷолиб медоданд. Ягон саволамро бе посух намемонданд. Бисёр мехостам, ки сирру асрори инкишофи рустаниҳо, нозукиҳои ҳосил кардани зотҳои нави набототро фаҳмам. Барои маърифат кардани қонуну қоидаҳои нонавиштаи олами пурасрори наботот омӯзиши фанҳои ботаника, биология, зоология ва экология муҳим будааст. Ҳамин тариқ, аз синф ба синф мегузаштам. Орзуи ҳуқуқшинос шудан кайҳо аз дилам гум шуда буд. Хушбахтона, дар интихоби ниҳоии пешаам хато накардам. Имрӯз дар самти бекарони илми генетика ва селексия қадамҳои аввалинро гузошта истодаам,- қонеъмандона илова кард ин унвонҷӯ.


РӮЗҲОИ ДОНИШҶӮӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бобурҷон Наҷодов яке аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи аграрии Шириншоҳ Шоҳтемур буд. Ӯ аз камшумортарин навҷавонони деҳа буд, ки дар пойтахти кишвар унвони донишҷӯиро соҳиб гардид. Донишгоҳи мазкур барои фаррох шудани доираи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнок шуданаш мусоидат кардааст.

“Шаҳри Душанбе барои ман дари имкониятҳои зиёдеро боз кард. Дарсҳои донишгоҳӣ, ҳамнишинӣ бо устодони фарҳехта, дастрасӣ ба махзани бузурги илму маърифат боис шуд, то рушд кунам. Дар риштаи селексия ва генетикаи зироатҳои кишоварзии зинаи бакалавриат таҳсил кардам. Донишҷӯи фаъол будам. Дар ин муддат бо олимони барҷастаи соҳаамон шинос шудам. Хоса, бо роҳбарии илмиам доктори илми биология, профессор Махсатулло Исмоилов зиёд ҳамнишин шудам. Эшон сабаб шуданд, ки дар ҷодаи илм роҳи дурустро интихоб кунам. Нахустин пажӯҳиши ҷиддие, ки анҷом додам, дар мавзӯи "Тағйирёбии аломату хусусиятҳои полимерии анвоъи гандуми тирамоҳӣ дар шароити ноҳияи Ашт" буд. Ин мавзӯъро бомуваффақият дар зинаи бакалаврият ҳимоя кардам”, - ба хотир овард вай.

ИМКОНОТИ ГУСТУРДА ДАР МАСКАВ

Аз соли аввали таҳсил омӯзиши илми генетика барои Бобурҷон писанд омад. Ӯ мехост, ки дар ин соҳа мутахассис шавад, пажӯҳиши илмӣ кунад ва анвоъи гуногуни рустаниҳоро омӯзад. Мутассифона, дар Тоҷикистон имконият пайдо накард, то таҳсилро дар зинаи магистратураро идома диҳад. Аз ин рӯ ба Донишгоҳи давлатии аграрии Фарҳангистони кишоварзии Русия дохил шуд.

“Чаро ба идомаи таҳсил ба Маскав омадам? Сабаб ин аст, ки дар Тоҷикистон мутахасисиони соҳаи генетика хеле каманд. Дар зодгоҳ имконияти хубе барои омӯхтани илми муосири генетика ва пажӯҳиши илмӣ кардан надорем. Бароям маълум буд, ки кадрҳои баландихтисос дар соҳаи селексия, генетика ва биотехнологияи кишоварзӣ дастпарвари ҳамин донишгоҳанд.  Дар сафи дигарон донишҷӯи ин даргоҳ шудан яке аз орзуҳои деринам буд. Ҳамин тариқ, дар ду соли зинаи магистратура 6 мақолаи илмиям нашр шуд. Устодон кӯшиш ва натиҷаи пажӯҳиши шогирдонаи маро ба назар гирифта, ба зинаи аспирантура пешниҳод карданд”, - гуфт Бобур.


Ӯ дар Донишгоҳи Маскав низ маҳбуби ҳамсабақону устодон гашт. Дар гурӯҳ ягона донишҷӯи хориҷӣ маҳсуб мешуд. Сарфи назар аз ин фаъолмандиву масъулиятшиносияшро ба инобат гирифта, сардори гурӯҳ интихоб карда буданд. Бо ҳамсабақон дар муддати кӯтоҳ риштаи дӯстӣ пайдо кард. Онҳо то ба охир расидани зинаи магистратура хеле бо ҳам унс гирифтанд. Дар дарс ва гузарондани корҳои пажӯҳишӣ ба ҳамдигар кумак мерасониданд. Феълан аз ин гурӯҳ 10 нафар таҳсилро дар зинаи аспирантура идома дода истодаанд.

“Бори аввал буд, ки дар толори бинои Фарҳангистони улуми Русия дар мавзӯъи "Экспедитсияи Николай Вавилов дар Помир" маърӯза омода карда, дар ҳузури чандин устод сухан мерондам. Ғайриинтизор аксари олимон маърӯзаамро хуш пазируфта, перомуни мавзӯъ иттилои ҷолибе дода буданд. Ҳамин тариқ, завқам ба ҷустуҷӯ ва азбар кардани адабиёти илмӣ афзуд. Дар вақтҳои холӣ ба махзани китобхонаҳо муроҷиат мекунам. Чанде пеш дар яке аз бонуфузтарини маҷаллаҳои илмии Русия – "Природа" се мақолаи академики тоҷик Юсуф Носировро, ки дар бораи генетикаи хлоропластҳо мебошад, пайдо кардам. Ин маҷаллаи Фарҳангистони улуми Русия дар аҳди Шӯравӣ ва имрӯз ҳам хеле нуфуз дорад. Академик Носиров аввалин олиме аз Тоҷикистон аст, ки соли 1973 натиҷаи заҳматҳои илмияш, ки перомуни физиология ва генетикаи рустаниҳост, дар ин маҷалла нашр гардида буд. Ман эшонро барои худ намуна медонам. Мекӯшам, ки мисли он кас корҳои мондагоре ба сомон расонам”, - азм дорад ҷавон.

Бояд гуфт, ки Бобурҷон ду бор аз дасти ректор барои таҳсили аъло соҳиби ҷоиза гардида, бо маблағи 4500 сомонӣ мукофотонида шуд. Ҳамзамон дар соли 2022 беҳтарин хатмкунандаи сол интихоб шуда, 4 ҳазор сомонӣ мукофот гирифта буд. Дар зинаи магистратура қариб 1000 сомонӣ шогирдона (стипендия) мегирфт, дар зинаи аспирантура бошад 2 ҳазор сомонӣ мегирад.


ОМӮЗИШИ БЕҲТАРИН АНВОЪИ ГАНДУМИ БАҲОРӢ

Бобур Наҷодов дар зинаи магистратура дар мавзӯъи “Арзёбии аломатҳои маводи аввалияи анвои гандуми баҳорӣ ва истифодаи онҳо дар соҳаи биотехнология” пажӯҳиш анҷом додааст. Пасон хост, ки ин мавзӯъро дар зинаи аспирантура низ давом диҳад. Ба назари вай, омӯзиши илме, ки ба ирсият, пайдоиш, тағйир ва беҳтар гардонидани анвоъи рустаниҳо сари кор дорад, ҳамеша ногузир аст. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониёи Кабир бо таъсири комбинатсияи генҳои нав ва асосҳои селексиясозӣ тавонистаанд, ки ҳосилнокии гандуми тирамоҳиро ба 45%,   ҷуворимакка ба 93% ва лӯбиёро ба 94 % дарсад расонанд.

“Дар зинаи аспирантура бештарини вақтамро дар кафедра ва ташхисгоҳ мегузаронам. Ҳатто дар рӯзҳои истироҳатӣ ба утоқи ташхисгоҳ меоям, то амалеро ба охир расонам. Аслан, пажӯҳиши мо барои баланд бардоштани ҳосилнокии анвоъи гандум ба ҳадде мусоидат мекунад. Зимни пажӯҳиш анвоъи нави гандумро маълум кардем, ки иқтидори баланди генетикӣ дошта, ҳамзамон дорои қобилияти баланди маҳсулнокӣ мебошад. Дар доираи пажӯҳише, ки анҷом медиҳем, анвоъи бумӣ ва хориҷии гандумро месанҷем. Дар натиҷа муайян мекунем, ки кадом анвоъи гандум аз рӯйи миқдори баланднокии сафеда, тобовар будан ба касалиҳо ва созгорӣ ба тағйирёбии иқлим (биотикӣ ва абиотикӣ) афзалтаранд. Феълан анвоъи ҷудокардашударо ҳамчун сармавод барои корҳои селексионӣ истифода бурда истодаем”, - иттилоъ дод олими ҷавон.

Беш аз 45 анвоъи гандуми баҳорӣ, ки дар минтақаҳои дуру наздик парвариш мешаванд, ҳамчун генафонди захиравӣ мавриди омӯзиши мо қарор дорад. Аз анвоъии омӯхтаистода чанд навъи F1 дурагаро ба даст овардем. Бештари онҳо дар шароити Тоҷикистон мутобиқанд ва ҳосили хуб медиҳанд, - мефаҳмонад мутахассиси ҷавон. - Масалан, аз кишвари Мексика қариб 20 намуд, аз Утриш (Австрия), Гермон, Фаронса ва Чехия як намуд, се намуд аз Белорусу Лаҳистон се намуд, аз минтақаҳои гуногуни Русия 15 намуди гандум дар майдонҳои васеъ барои санҷиш кишт кардаем. 


РОҲИ ХАЛОСӢ АЗ ГУРУСНАГӢ

Бобурҷон Наҷодов таассуф мехӯрад, ки дар Тоҷикистон рушди соҳаи генетика ва селексия назаррас нест. Ӯ сабабро дар набудани мутахассисони ҳирфаӣ ва вуҷуд надоштани маҷмӯъи таҷҳизоти техникӣ барои пажӯҳиш медонад. Дар замони донишҷӯӣ устодон ба онҳо бештар аз рӯйи назарияи илми генетика лексия мехонданд. Ба корҳои таҳқиқотӣ кам ҷалб мешуданд, чун шароит мусоид набуд. Аз нигоҳи вай, омӯзиши назария бе амалия ва таҷриба кардани андӯхтаҳо самаровар нест.

“Фикр мекунам, ки ба масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокии тухмии зироатҳо ва мутобиқ кардани зотҳои беҳтарин ба тағйирёбиии иқлим, ки таҳти таъсири омилҳои инсонӣ ва ғайриинсонист, бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад. Коршиносон тахмин мезананд, ки бо афзудани аҳолии сайёра масъалаи ҷиддии норасоии маводи хӯрокворӣ ба миён меояд. Тавре омор нишон медиҳад, дар як рȳз 400-450 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад. Интизорӣ меравад, ки то соли 2050  аҳолии Замин тақрибан ба 10 миллиард нафар мерасад. Агар мутахассисони соҳаи кишоварзии кишварҳои ҷаҳон ҳаҷми истеҳсоли зироат ва навъҳои онро то соли 2050 ду баробар афзоиш надиҳанд, ба 2,5 миллиард нафар гурснагӣ таҳдид мекунад”, - бо нигаронӣ гуфт мутахассиси ҷавон.


Ӯ пас аз 4 соли зинаи аспирантура азм дорад, ки дар пайроҳаи илм қадам занад. Ҳамакнун дар марҳилае қарор дорад, ки бояд дар соҳаи генетикаи рустанӣ корҳои зиёди илмиро ба сомон расонад, то барои фардои рӯшан замина гузорад.   

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед