Ru  | Tj
Чӣ тавр навраси 14 сола “трактори ҳамакора” ихтироъ кард?
Чӣ тавр навраси 14 сола “трактори ҳамакора” ихтироъ кард?
Аксҳо: Halva.tj

Чӣ тавр навраси 14 сола “трактори ҳамакора” ихтироъ кард?

Нашр шуд

Сол ба сол таваҷҷӯҳи ҷавонону наврасони тоҷик ба ихтироъкорӣ зиёд мегардад. Қисми бештари онҳо аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон мебошанд. Ба хотири аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда, онҳо дар фикри сохтани таҷҳизотҳое мешаванд, ки кори мардумро осонтар мегардонад. Қаҳрамони мо низ бевосита бо корҳои хоҷагидории деҳот аз наздик ошно буд ва худро бетараф наҳисобида, кӯшишу талош намуд, то кори мардуми заҳматкашро бо сохтани трактори хурди универсал осонтар намояд. Дилшод Ойматов навраси 14 сола мебошад, ки техникаи сохтаи худро “трактори ҳамакора” ном ниҳодааст. Ӯ аллакай маҳсули дасти худро ба озмуни “Техникони ҷавон” дар вилояти Суғд, ки 22‑юми апрели соли равон шуда гузашт, пешниҳод намуд ва сазовори ҷойи аввал гардид.


Ин ихтироъкори наврас кист?

Дилшод Ойматов ҳамагӣ 14 сол дорад. Ӯ хонандаи синфи 7-и мактаби №‑14- и деҳаи Кабудсанги шаҳри Панҷакент мебошад. Падараш шавқу ҳаваси ӯро нисбати техника мушоҳида намуда, соли 2018 ӯро ҳамзамон ба мактаби иловагии рақами №‑1-и Панҷакент месупорад. Падари ӯ барномасози компютерӣ, модараш бошад, дӯзанда аст. Ҳамчунин онҳо ба кишоварзӣ низ машғуланду зиндагии худро аз ҳамин ҳисоб пеш мебаранд. Дилшод фарзанди дуввуми оила мебошад. Ӯ аз хурдӣ ба техникаву ихтироот шавқ дошт.

Дилшод аз кӯдакӣ ба таъмири дучархаҳои ҳамсолонаш машғул буд ва асбобҳои вайроншударо ҷамъ оварда, киштиҳои обӣ месохт.

“Падарам, ки техник буд, ҳар гуна асбобҳоро таъмиру азнавсозӣ мекард ва ман бошам корашонро дида меомӯхтам. Ва рӯзе аз муҳаррикчаи асбоби вайроншуда “киштии обӣ” сохтам, баъди дидани натиҷаи корам хурсанд шудам, аз ҳамон замон аллакай ба техникаву ихтироъкорӣ шавқу ҳавас пайдо кардам. Доим бозичаҳои худамро таъмир мекардам, гоҳ‑гоҳе дӯстонам меомаданду мегуфтанд, ки “Дилшодҷон ҳамин дучархаи маро соз бикун” бо хурсандӣ асбобҳои онҳоро низ таъмир мекардам” ‑ кӯдакиашро ба ёд оварда мегӯяд, Дилшод.


“Касби падарам маро ба ин роҳ бурд”

Қаҳрамони мо ба фанҳои дақиқ ва бештар ба физикаву геометрия таваҷҷӯҳ дорад.

“Рӯзе ба ҷойи кори падарам рафтам, дар интернет ҳар гуна видео тамошо мекардам, ки нохост як ролики тракторчаи хурд пайдо шуд, онро низ бо диққат тамошо кардам. Баъди ин аллакай дар фикри сохтани ҳамон гуна трактори хурд шудам. Кори падарам боиси он гашт, ки ба ихтироот рӯй овардам” ‑ мегӯяд Дилшод.

Хоҷагии деҳқонии падари Дилшод ҳамагӣ 5 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 3,5 гектари он боғ бунёд намудаанд. Аз сабаби боғ будан, кори кишти он тавассути даст сурат мегирифт. Барои ин кор қувваи кории зиёд ҷалб мегардид ва хароҷоти хонаводаи Дилшод зиёд шуда буд. Ба ҳамин хотир, қаҳрамони мо хост, то трактори хурди ҳамакораро бисозад ва аз ин тариқ харҷи оиларо камтар намояд.


“Вақте ягон мушкил ба вуҷуд меомад, ноумед мешудам”

Деҳаи Кабудсанги шаҳри Панҷакент, яъне зодгоҳи Дилшод яке аз минтақаҳое мебошад, ки дар ин ҷо хавфи омадани сел зиёд аст. Аз омадани сел заминҳои кишти онҳо низ зарар медид ва барои бартараф кардани он аз буҷаи оила маблағи калон харҷ мешуд.

“Ҳар сол барои омода кардани замини кишт, коридан ва ҷамъоварӣ намудани ҳосил аз буҷаи оилаамон хароҷоти зиёд сарф мешуд, ки ба даромади хонавода зарар мерасонд. Бинобар ин, тасмим гирифтам, ки барои кам кардани хароҷот ва осонтар намудани кори кишоварзон трактореро ихтироъ намоям, то ҳамаи корҳои заминро анҷом дода тавонад” ‑ нақл мекунад Дилшод.

Фикри худро ба падараш гуфт ва бо ёриву дастгирии падар трактори хурди ҳамакораро сохт. Дилшод мегӯяд, аз ҷиҳати молиявӣ ва дастрас намудани асбобу таҷҳизотҳои лозима кӯмаки падараш хеле зиёд буд. Гоҳе вақтҳо таҷҳизоти лозимаро пайдо карда наметавонистаанд ва ҳамчунин дар рафти кор монеаҳои зиёди дигаре низ ба вуҷуд меомадааст.

“Чархҳои тракторро дар мағозаҳои техникии Панҷакент пайдо накардем, падарам ба Хуҷанд рафтанд, дар онҷо ҳам набуд. Ноумед шуда будем, ки кори мо нотамом мемонад. Хушбахтона, тариқи интернет асбоби лозимаро пайдо карда, фармоиш додем. Онро бояд аз шаҳри Уфаи Русия меоварданд. Баъди чанд муддат асбобҳои фармоишиамон омада расид. Дубора корро давом додем. Ду моҳ ҳамаи асбобу таҷҳизотҳоро ҷобаҷо кардем, аммо вақте санҷида дидем, техника ба кор надаромад”‑ Дилшод ба ёд меорад.

Вақте трактор кор накард, қаҳрамони мо қариб буд, ки шикастро пазирад. Аммо хушбахтона, падару устодаш ба ӯ руҳия мебахшиданду дубора ӯро умедвор мекарданд. Ӯ тариқи интернет дар куҷо хато кардани худро фаҳмид ва дубора асбобро насб намуд. Баъди ин трактори хурди ҳамакора ба кор даромад ва низ ҳаракат кард.


“Трактори ҳамакора” кадом корҳоро анҷом медиҳад”

Мини‑трактори сохтаи Дилшод 9 намуди корҳоро анҷом дода метавонад.

“Техникаи сохтаи ман заминро ҷуфт мекунад, ҷӯяк мегирад, сихмола мекунад, ҷӯяки калон мекашад, заминро ҳамвор мекунад ва ғайра. Ҳамчунин аробаи (притсепи) 1 тоннааро низ кашонида метавонад. Борҳои вазнашон то 300 кг‑ро бардошта метавонад. Барои пешгирӣ аз ҳашаротҳои зараррасон, ба полезу дарахтҳо ва барои пешгирии касалиҳои сироятӣ дорупошак низ дорад”‑мегӯяд ин ихтироъкори наврас.

Дилшод тасмим дорад дар муддати як моҳи оянда таҷҳизотҳои картошкаканак, шолиҷудокунакро низ ба техникаи ҳамакораи худ илова намояд.

Қаҳрамони мо ният дорад, ки дар оянда ихтироъкор шуда, корхонаи мошинбарории худро бунёд намояд. Мехоҳад, ки барои мардум ҳамеша фоидаовар бошад ва бо ихтироъ кардани таҷҳизотҳои гуногун мушкилоти мардумро камтар бикунад.


Меҳронаи 6-сола варзишгари ҷаҳонӣ шудан мехоҳад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед