Ru  | Tj
“Дар Русия ҳамроҳи донишҷӯёни рус ва дигар халқу миллатҳо дарс хондан сарҳади ҷаҳонбиниро фарох мекардааст”
“Дар Русия ҳамроҳи донишҷӯёни рус ва дигар халқу миллатҳо дарс хондан сарҳади ҷаҳонбиниро фарох мекардааст”

“Дар Русия ҳамроҳи донишҷӯёни рус ва дигар халқу миллатҳо дарс хондан сарҳади ҷаҳонбиниро фарох мекардааст”

Нашр шуд

Вақте гап дар хусуси муҳоҷират ва оилаи онҳо меравад, ҳамон замоно як эпизоди таъсирбахши қиссаи “Каме латра” – и Салими Аюбзод ба хотир меояд.

Мӯйсафед аз наберааш мепурсад, ки дар оянда кӣ мешавад? Писарак мегӯяд, ки калон шавад, мардикор мешавад. Ба “чаро?”- и бобояш ӯ чунин ҷавоб медиҳад: “Мехоҳам, мисли падарам мардикор шаваму ба Русия равам ва ӯро бинам” – баъди хондани ин сатрҳои қиссаи “Каме латра” (“Садои Шарқ” № 4, 2007) хонанда ба он бовар мекунад, ки сафи мардикорон дар Тоҷикистон рӯз аз рӯз зиёд мешавад. Лекин метавон пай бурд кард, ки имрӯзҳо як-як вазъияти комилан дигаре ҳам рух медиҳад. Ана, исботи онро дар мисоли қаҳрамонамон дида мебароем.

Қаҳрамони мо – Суннаттулло Муллоҷонов аз қабили он кӯдаконе, ки орзуи мардикор шудану ба Русия рафтан доштанд, набуд. Ӯ дар гимназияи №1 – и ба номи академик Аҳрор Мухторов – и шаҳри Истаравшан мехонд. Дар озмуни “Бозёфт” - и телевизиони "Баҳористон" ки ихтиоръкорону навоваронро ба ҳам меовард, бо лоиҳаҳои наву ҷолиб иштирок мекард. Ҳамзамон, дар нашрияҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ навиштаҳои шогирдонаашро чоп менамуд. Орзуи бузурги Суннаттулло муҳандиси сатҳи байналмилалӣ шудан буд.

Ӯ порсол Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони шаҳри Пензаи Русияро хатм кард. Дар суҳбати онлайнӣ, ки чанде пеш бо Суннатулло доштем, аз фаъолияти касбӣ ва пешравиҳояш пурсон шудем. Дар ҷавоб ба ҳолпурсии мо “дар даруни деги кор ҷӯшида истодаем” – бо лабханд   гуфт ӯ.

Ҷое, ки кор кор аст, хатоӣ аст!

- Алҳол дар шаҳри Маскав ба ҳайси муҳандиси шуъбаи истеҳсолию техникӣ (Инженер производственно-технического отдела) кор мекунам. Ин вазифа бисёр пурмасъулият аст. Чун тамоми рафти корҳои сохтмонию ҳуҷҷатгузориро бар дӯш дорам. Қариб як сол мешавад, ки дар ин соҳа фаъолият дорам. Дар аввал бароям мушкил буд. Ин кор ба ман имконият дод, ки дар ҷараёни фаъолият бо муҳандисону меъморони соҳа шинос шаваму таҷриба омӯзам, - мегӯяд Суннатулло.

Дар майдони кор, албатта, хатоӣ роҳ меёбад, - он иштибоҳе, ки барои муҳандиси ҷавон омӯзанда буд, ёдовар шуд. 

- Ҷое, ки кор аст, хатоӣ ҳам ҷой дорад. Ҳангоми нав ба кор оғоз намудан вазифаи ман хуҷҷатгузорӣ ва кашидани лоиҳаи корҳои иҷрошуда буд. Маро барои ҳисобу китоби корҳои иҷрошуда ва кашидани лоиҳаи он ба макони сохтмон сафарбар мекарданд. Ҳамаи корро то шом ба анҷом расонида, аз пагоҳи дигар ба кашидани нақша ва ҳуҷҷатгузории он шурӯъ мекардам. 

Баъди ин бояд кори худро химоя мекардам, лекин натонистам. Бояд ҳуҷҷату нақшаҳои омоданамудаи ман дар асоси созишномаи тарафайн, ки барои анҷом додани корҳои муайян баста мешавад, тарҳрезӣ мешуд. Аммо ман, ки саросемавор кор мекардам, чунин накардам. Маҷбур шудам, ки хамаи корро аз нав дар асоси созишнома ва бо риояи бандҳои он иҷро кунам. 

Аслан, созишнома байни “заказчик” ва “подрядчик” баста мешавад. Ман дар ширкати “подрядчик” кор мекунам. Вазифаам баъди анҷоми кор бояд хамаи ҳуҷҷатгузорӣ ва лоиҳаи корамонро супорам. Алҳол, 2 объекти кориро бо муваффақият ба сомон расонидаем, дар 2 объекти дигар корҳо ҷараён доранд.

Китобхонӣ аз мӯд намемонад!

- Аксари донишҷӯёни тоҷик гумон мекунанд, ки дар асри мову шумо дигар китобхонӣ мӯд нест. Фақат бо хондани китоб мурод ҳосил намешавад. Бояд дигар воситаҳои ҳозиразамонро кор фармуд, - ин ақидаи бархе ҳамсолони худро Суннатулло дастгирӣ намекунад. Ӯ дар баробари кор кардан китобҳои зиёде мехондааст.

- Аъзои китобхонаи назди донишгоҳ будам, аз китобҳои дарсӣ истифода мебурдам, ҳамчунин, барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва пур кардани захираи луғавӣ китобҳои илмию бадеӣ мехондам ва мехонам, - ҳамсуҳбати китобдӯсти мо ба ҳамкасбони ҳамсолаш хондани чунин китобҳоро тавсия дод. - Агар онҳо як қатор китобҳо, аз ҷумла, «Документальное обеспечение строительства. Справочное пособие» - муаллиф Вадим Кабанов, «Экологогическая безопасность в строительстве: информационное моделирование» - муаллиф Наталя Керро, «Основания и фундаменты» - муаллиф Михаил Берлинов ва ғайраро хонанд, бохт намекунанд.

“Дар мактаби ҳар давру замон тоҷикам...”

- Дар хориҷи кишвар таҳсил кардан ин имконияти бузурги роҳ ёфтан ба дастовардҳои бузург мебошад. Дар Русия ҳамроҳи донишҷӯёни рус ва дигар халқу миллатҳо дарс хондан сарҳади ҷаҳонбиниро фарох мекардааст. 

Мо бо урфу одатҳои ҳамдигар шинос мешудем. Маҷмӯи урфу одатҳои ҳамдигарро омӯхта, беҳтарину мувофиқтарини онҳоро гулчин карда мегирифтем, то дар зиндагии худ татбиқ кунем. Хурсандам, ки зимни таҳсил дар як қатор фестивалу конфронсҳо иштирок кардам, аз ҷумла, дар "Рӯзи байналмилалии донишҷӯён", "Лоиҳаи умумирусиягии омӯзишӣ" дар бахшҳои гуногун, конфронси "Илм ва техника", намоиши фарҳангии "Наврӯз", ки ҳамасола аз ҷониби донишҷӯёни хориҷии ҳавзаи Наврӯз ташкил карда мешуд, иштирок кардаам. 

Боре дар яке аз дарсҳои амалӣ, ки дар майдони сохтмон мегузаронидем, бо яке аз коргарони рус шинос шудам. Ӯ ватанамро пурсид. Бо ифтихор “Тоҷикистон” – гуфтам. Ӯ хурсандона гуфт, ки дар даврони Шӯравӣ дар нерӯгоҳи Норак кор кардааст. Ин марди ношиноси рус дар рафти суҳбат оид ба таърихи мо - тоҷикон мисолу далел ва рақамҳоро овард, нақлҳои ғалатие кард, ки ин барои ман бисёр таъсирбахш буд. Фахр мекардам, ки тоҷикам, - аз дафтари хотираҳо бо шавқ нақл кард Суннатулло.  

“Ангушти косиб калиди рӯзӣ аст...”

Қаҳрамони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол аст. Ӯ дар YouTube ва Instagram (mu11jdzonov_sb) саҳифаҳои худро дорад. Вай санъати карвинг (кандакорӣ ва ороиши сабзавоту меваҷот) – ро аз падараш омӯхтааст. 

“Падарам ошпаз мебошанд. Аз овони мактабхонӣ каму беш бо ин ҳунар низ машғул будам. То ҳол ин шуғлро идома дода истодаам. Маҳсули кори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ мегузорам. Аз сабаби тангии вақт кори блогро мунтазам пеш бурда наметавонам. Муҳим ин аст, ки меҳанати маро корбарон хуш қабул мекунанд. Вақте оши палави тоҷикӣ мепазам, дӯстону наздикон бароям таҳсинҳо мехонанд. Аслан, мардуми рус ба санъати карвинг бисёр завқ доранд, зеро онҳо низ мисли тоҷикон мардуми зебоипараст мебошанд", - мегӯяд Суннатуллои ҳунарманд.

Қаҳрамони мо - Суннатулло мегӯяд, ки ҳар ҷавон бояд барномаи амали худро аз рӯйи мақоли "бо даҳони дигарҳо нон нахӯр" тарҳрезӣ кунад. Дар ин сурат метавонем дарҳои зиёдеро ба рӯйи худ боз кунем. Барои Суннаттуло дар "худкуштану эҳёгарӣ" барору пешдастӣ хоҳонем.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед