Ru  | Tj
Бачаам 2 калима англисию як тоҷикӣ гап мезанад: Суду зиёни филмҳои тасвирӣ ва маслиҳати олимон
Бачаам 2 калима англисию як тоҷикӣ гап мезанад: Суду зиёни филмҳои тасвирӣ ва маслиҳати олимон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Бачаам 2 калима англисию як тоҷикӣ гап мезанад: Суду зиёни филмҳои тасвирӣ ва маслиҳати олимон

Нашр шуд

Филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон аз нахустин даричаҳо ба ҷаҳони атроф шудаанд, ки дар шароити Тоҷикистон асосан бо забонҳои хориҷӣ пешниҳод мегарданд.

Дар ҳоле ки бархе волидон “кӯдакам калимаҳои англисӣ гап мезанад”, гуфта хурсандӣ доранд, мутахассисони тоҷик ба эҳтиёту риояи эътидол даъват намуда, фаҳмонданд, ки чӣ бояд кард, то кӯдак аз филмҳои тасвирӣ суд бинаду зарар не.

Дар сомонаҳои интернетӣ пайдо кардани филмҳои хуби тасвирӣ бо забони тоҷикӣ, ки тамошояш ба кӯдакони синни томактабӣ мусоид бошад, хеле душвор аст. Зимнан, дастрасӣ ба чунин муҳтаво, ки бо забонҳои русиву англисӣ, чиниву ӯзбекӣ таҳия шудааст, осонтар мебошад. Аз ин рӯ, волидон маҳз аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ филмҳои тасвирӣ ёфта, ба тамошои бемалоли фарзандон замина фароҳам меоранд.

Муаллифи Halva.tj бо суоли «Ба кӯдаконе, ки сухан карданро нав ёд гирифта истодаанд, тамошои барзиёди филмҳои тасвирӣ бо забонҳои русиву англисӣ чӣ гуна таъсир расонда метавонад?” назари чанд волидон, забоншинос, равоншинос ва логопедро пурсид.

“Тамошои филми тасвирӣ – роҳи хуби забономӯзӣ”

Корбари шабакаи иҷтимоӣ, Абдураҳим Худойбердиев бар ин назар аст, тамошои филми тасвирӣ, ки бо забони модарии кӯдак нест, таъсири баде надорад.

“Мисол, кӯдак филми тасвириеро, ки забонаш русӣ аст, тамошо карда, калимаҳои нофаҳмидаашро аз падару модараш пурсад, хуб аст. Бо тамошои чунин филмҳо забонро тезтар ёд мегирад”, - мегӯяд Худойбердиев.

Дилафрӯз Баҳромзода, модари тоҷик аз таҷрибааш нақл кард, ки фарзандонаш аз хурдсолӣ филмҳои тасвирии истеҳсоли Русияро тамошо карда, забони русиро омӯхтанд.

“Вақте онҳо ба гуруҳи русии боғча рафтанд, дар муошират азоб накашиданд. Забони модариро дар муҳити хона ҳам ёд гирифтан мумкин аст”, - бовар дорад Дилафрӯз.
Умед Мансуров, падари миёнсол, иқрор шуд, ки забони русиро маҳз аз тамошои телевизион ва синамо ёд гирифтааст. Аз ин рӯ, ба фарзандонаш ҳам таъкид мекунад, ки ба ҷойи вақтро бо телефонбозӣ гузаронидан филмҳои тасвирӣ бинанд. Ба назари вай, бачагон аз тамошои он забон ёд мегиранд ва ҳам дар бораи рангҳо, рақамҳо, олами ҳайвонот ва чӣ тавр будани сохти муҳити зист маълумот мегиранд.

“Филмҳои тасвирие, ки хусусияти омӯзишӣ доранд, кам нестанд. Дар кишвари мо муаллимони хуби забонҳои русӣ ва хориҷӣ каманд. Аз ҳамин сабаб, забони русӣ ва англисиро аз филмҳо ёд гирифтан роҳи хубест”, - баён дошт Умед.

Тамошои зиёди филмҳои тавсирӣ хуб нест

Миҷгона Наслохонова, истифодабарандаи дигари шабакаи иҷтимоӣ фикри дигар дорад. Ӯ гуфт, ки хурдсолон танҳо бо роҳи тамошои фимлҳои тасвирӣ забонҳои хориҷиро омӯхта метавонанд.

“Одами пуртаҷриба нестам, аммо бо боварии комил мегӯям, ки тамошои зиёди филмҳои тасвирӣ, ки дар хориҷ истеҳсол шудаанд, на ҳамеша таъсири мусбат дорад. Зеро мазмуну мундариҷаи онҳо ба фарҳанги мардуми тоҷик наздик нест. Кӯдакон хештаншинос намешаванд. Ба ҷо овардани ҳурмати волидонро фаромӯш карда, мустақилписанд мешаванд. Барои ҳамин аввал кӯдакон забони модариро хуб ёд гирад, баъдан забони хориҷиро ҳам ёд мегиранд”, - афзуд Миҷгона.


Алишер Исмоилов ном корбар ҷонибдор аст, ки волидон тамошои филмҳои тасвирӣ барои кӯдакон ба одат табдил надиҳанд, баръакс бо ҳамроҳии хурдсолон хондану нақли афсонаҳои халқи тоҷикро ба ҳукми анъана дароранд.

“Зеро тамошои ҳама гуна филмҳои кӯдакона бачаро танбал мекунад. Аз фикрронӣ боз медорад”, - илова кард вай.

Муҳаммадюсуф Самадзода падари духтараки 4-солае аст, ки филмҳои тасвирии ба забони англисӣ сохташударо бисёр медидааст. Падари ҷавон аз тарзи суханронии духтаракаш ба ваҷд омадааст. 

“Духтарам фикрашро бо калимаҳои забони англисӣ ва тоҷикӣ ифода мекунад. Филмҳои тасвирии “Танк Джуниор” ва “Я чемпион”-ро қариб ҳар рӯз тамошо мекунад”, - гуфт Муҳаммадюсуф.

Зимнан, мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, равоншиносӣ ва логопедия (илм оид ба иллати нутқ ва ислоҳи он) шарҳ доданд, ки кӯдакони хурдсол чӣ гуна бояд филмҳои тасвирӣ тамошо кунанд ва дар ин раванд волидон чӣ нақш бояд дошта бошанд.

Чаро кӯдак бояд бо модар филмҳои тасвириро тамошо кунад?

Мушаррафа Ҷӯраева, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналисткаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар самти медиалингвистика пажуҳиши арзишманд анҷом медиҳад.


Ба андешаи ӯ, барои кӯдакони хурдсол дар марҳилаи аввали инкишоф, ки гап заданро ёд гирифтани онҳо ба ҳамин давра рост меояд, муоширати волидон, махсусан, модар аз ҳама муҳимтар аст. Тифл аз рӯзҳои аввал ба муоширати модар ниёз дорад. Дар сурати хоҳиши аз рӯзҳои аввал, ғайр аз забони модарӣ ба фарзанд ёд додани забони дигар ҳам аввал падару модар бояд саҳмгузор бошанд.

“Ба назари ман, ҳатто ба тамошои филмҳои тасвирӣ модар бояд ҳамроҳ бошад ва дар заминаи тамошои онҳо низ бо тифли худ гуфтугӯ кунад ва ҳаргиз дар сари ин машғулият ӯро танҳо нагузорад. Албатта, кӯдак дар заминаи тамошои пайвастаи филмҳои тасвирие, ки муколамаҳо доранд, бешак, забони ҳамон персонажҳоро ёд мегирад ва ҳатто бо атрофиён бо ҳамон забон (аз ҷумла, русӣ) суҳбат мекардагӣ мешавад. Дар натиҷа то як андоза аз забони модарии худ дур мегардад”, - илова кард забоншинос.

Мушаррафа Ҷӯраева аз рӯи таҷриба ва мушоҳидаҳо изҳор кард, ки ба кӯдак аввал забони модариро ёд додан зарур аст. Омӯхтани забонҳои дигарро фақат ба зиммаи тамошои филмҳои тасвирӣ вогузор кардан чандон матлуб нест.

“Як мисолро аз ҳаёти яке аз оилаҳои тоҷик меорам. Вақте ки фарзанд ба дунё меояд, аҳли оила – модар, падар, бибӣ ва хоҳар бо мақсади якбора забондон кардани кӯдаки хурдсол бо чор забон гап мезананд ва аз ҷумла филмҳои тасвирии гуногунро ба ихтиёри ӯ мегузоранд. Дар натиҷа кӯдак якбора аз гап мемонад. Аҳли оила фикр мекунанд, ки кӯдак ба бемории аутизм гирифтор аст ва ӯро аз ҳамин беморӣ табобат карданӣ мешаванд. Хушбахтона, як равоншинос аз модари тифл мепурсад, ки бо кӯдакатон бо кадом забон гап мезанед? Модари кӯдак мегӯяд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ. Сабаби аз гап мондани кӯдак раҳгум задани ӯ дар миёни ин забонҳо ва аксар вақт бо филмҳои тасвирӣ танҳо ба танҳо мондани ӯ будааст”, - нақл кард ӯ.

Аҳамияти бозиҳои серҳаракат дар рушди нутқ

Маъруфҷон Бобоҷонов, яке аз сурдопедагогҳо ва логопедҳои сертаҷриба дар вилояти Суғд аст. Ӯ бо кӯдаконе, ки нутқашон бо иллатҳои гуногун рушд наёфта, ё гум шудааст, кор мекунад. 


Вақте ки кӯдакон ба тамошои зиёди филмҳои тасвирӣ дода мешаванд, ба бемории логонервоз (тарзи нодуруст суханронӣ кардан) гирифтор мешаванд. Ба мо бештар волидоне, ки кӯдакашон зеҳни солиму нутқи қафомондаву нодуруст дорад, муроҷиат мекунанд. Албатта, сарчашмаи чунин иллат гуногун буда метавонад. Масалан, кӯдак аз тамошои филмҳо тарсида, дар нутқ лакнат пайдо мекунад”, - гуфт логопед.

Логопеди тоҷик ба волидон тавсия медиҳад, ки ба дасти кӯдакон камтар телефон диҳанд. Онҳоро бо бозиҳои серҳаракат ҷалб кунанд.  Барои гузаронидани чунин бозӣ ашёҳои хурди рангдор ва ё бозичаҳои кӯдак лозим асту халос, - фаҳмонид логопед. - Бозӣ метавонад аз чунин қисмҳо иборат бошад; бозичаҳоро дар ягон ҷои амн пинҳон кардан, бо кӯдак чизҳои пинҳонкардаро ёфтан, аз рӯй рангу ҳаҷм ҷудо кардани бозичаҳо ва ғайра. Бо ин роҳ кӯдак ҳангоми ҷустан ҳаракат мекунад, рангро мешиносад ва ҳам гап мезанад. 

Ӯ ҳамчун сурдопедагог ба таълимгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст дар вилояти Суғд дарс медиҳад. Дар рафти дарс аз бозиҳои серҳаракат истифода мебарад, ки барои рушди нутқ ва талаффузи дурусти овозҳо мусоидат мекунад.

Кӯдак дар 1 шабонарӯз то чанд соат филми тасвирӣ бояд бинад?

Камолиддин Ғоибов, дотсент, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ гуфт, ки агар кӯдакон филмҳои тасвириро зиёд тамошо кунанд, ба аломатҳои тағйирёбии ҳолатҳои эмотсионалӣ дучор мешаванд. Кӯдак зери таъсири мундариҷаи филм ба изтироб омада, характери персонажҳоро қабул мекунад. Баъдан чунин кӯдакон дар муносибат ба ҳолатҳои агресивӣ роҳ медиҳанд, ки боиси мутобиқ нашудани онҳо бо ҷамъият мегардад.


“Кӯдак дар 1 шабонарӯз ҳамагӣ 2 соат филм тамошо кунад, кифоя аст. Ин вақтро бояд дуруст тақсим кард. Масалан, 10 – 15 дақиқа ҳангоми субҳона ва дар боғча ҳам то 15-20 дақиқа тамошои филмҳои тасвирии тарбиявӣ бояд ба роҳ монда шавад. Пас аз боғча дар хона филмҳои дилхоҳ, ки барои ором кардани ҳолатҳои эмотсионалӣ муосид аст, дида метавонанд. Агар тамошо аз меъёр гузарад, кӯдак осеби равонӣ пайдо мекунад. Махсусан, дар натиҷаи тамошои бештари филмҳои истеҳсоли Ғарб дар вуҷуди кӯдак ҳиссиёти тарс пайдо мешавад. Онҳо ба муҳити филмҳои зоҳиран шавқовар вобастагӣ пайдо мекунанд, ки оқибати хуб надорад. Кӯдакро аз колективи ҷамъиятии кӯдакон дур мекунад”, - шарҳ дод Камолиддин Ғоибов.

Пӯшида нест, ки имрӯз бархе волидон назорати кӯдаконро дар вақти тамошои филм гум кардаанд.


 - Ин ба парокандагии забонӣ оварда мерасонад. Кӯдак дар вақти баён як калима тоҷикӣ, се калима русӣ ва як-ду калимаи англисӣ ба забон меорад. Гурӯҳи кӯдаконе, ки филмҳои тасвирии зиёд мебинанд, иллатҳои нутқӣ пайдо мекунанд. Масалан, “р” гуфта наметавонад, ҳарфҳои “с” ва “ш”,  “з” ва “с” ва ғайраро иваз мекунад, - изҳор дошт Камолиддин Ғоибов. - Бархе волидайн бар ин боваранд, ки кӯдак филмҳои тасвирӣ тамошо карда, гӯё худ аз худ забон ёд мегирад. Баръакс, диққати ӯро бештар тарзи гуфтугӯ, амал ва муносибати образҳои филм ба худ мекашад. Забономӯзӣ аз филмҳои тасвирӣ имкон дорад, агар рафти тамошоро зери назорат гиранд ва нутқи нодурусти ӯро ислоҳ кунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед