Ru  | Tj
Донишҷӯёни тоҷик дар Русия яке аз иттиҳодҳои муваффақтаринро эҷод кардаанд
Донишҷӯёни тоҷик дар Русия яке аз иттиҳодҳои муваффақтаринро эҷод кардаанд
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Донишҷӯёни тоҷик дар Русия яке аз иттиҳодҳои муваффақтаринро эҷод кардаанд

Нашр шуд

Ба роҳ мондан ва нигоҳ доштани муносибатҳои дуҷониба бо шарикони стратегӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсат буда, барои татбиқи чунин лоиҳаҳо саъю кӯшиш ва захираҳои зиёд лозим аст.

ИҶДТ - Иттиҳоди ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон

Ин созмон дар Русия 5 –уми октябри соли 2020 таъсис ёфт. Ҳоло, намояндагиҳои ин созмон танҳо дар се шаҳр амал мекунад: Москва, Воронеж ва Тюмен. Мо бо раиси иттиҳоди мазкур Мухлисбек Ашӯров ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи ҳадафҳои асосии ИҶДТ ва инчунин равобити байналмиллалии он пурсон шудем. 

- Фаъолияти асосии ИҶДТ аз чӣ иборат аст?

- Фаъолияти созмони мо ба фароҳам овардани шароит барои пурра нишон додани нерӯи эҷодӣ ва баланд бардоштани шӯҳрати шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯён нигаронида шудааст. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, «Иттиҳоди ҷавонони донишҷӯёни Тоҷикистон» корҳои зеринро анҷом медиҳад: баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, шинос намудани ҷавонони миллатҳои гуногуни Федератсияи Русия бо ҳаёт, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои Тоҷикистон; таҳкими дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бо намояндагони ҷавонони кишварҳои дигар, ки дар Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, тавассути гузаронидани чорабиниҳои муштарак, вохӯриҳо ва ғайра. Мо инчунин ба донишҷӯёни Тоҷикистон барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояшон кӯмак мерасонем ва робитаро бо хатмкардагони донишгоҳҳои Русия, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, мустаҳкамтар мекунем.

- Нақши ИҶДТ дар эҷод ва ҳамоҳангсозии муносибатҳо бо Русия чӣ гуна аст?

- ИҶДТ – ин имкони барпо кардан ва нигоҳ доштани муносибатҳои  дӯстона ва шарикона, густариши иштироки созандаи ҷавонон, ба вуҷуд овардани иқтидори ҷавонон барои рушд ва амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун: илм, фарҳанг ва варзиш мебошад.

- Киҳо ва чӣ гуна ба иттифоқи ҷавонон шомил шуда метавонанд?

- Ба ин иттиҳод донишҷӯён ва ҷавонони Тоҷикистон, ки дар Русия таҳсил ва кор мекунанд, метавонанд бипайванданд. Барои ин, варақаи махсусро пур карда, аз сӯҳбат гузаштан лозим. Ҳамзамон, ҷавонони фаъоли кишварҳои дигар низ, ки ҳадафҳои моро дастгирӣ мекунанд, ба иттиҳод қабул карда мешаванд.

Шумо метавонед аз саҳифаи расмии мо дар Инстаграм ва дар гурӯҳи ВК бо фаъолияти мо шинос гардида, оиди чорабиниҳои оянда маълумот пайдо кунед.

- ИҶДТ дар соли ҷорӣ дар назди худ чӣ ҳадафҳо гузоштааст?

- Аввалан, мо мехоҳем аксари донишҷӯён ва ҷавонони  Тоҷикистонро, ки дар Русия таҳсил ва кор мекунанд, муттаҳид кунем. Сониян, мо нақша дорем, ки филиалҳои ИҶДТ-ро дар дигар минтақаҳои Русия боз кунем. Воқеан, ба наздикӣ – 7-уми апрел, мо дар шаҳри Воронеж намояндагии худро таъсис додем, ки роҳбари он Ҳалимҷон Ҳасанов мебошад. Ин барои мо боз як қадами муҳим ва ҷиддӣ аст. Саввум, мо умедворем, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи иттиҳоди мазкур ва ҷалби шахсони манфиатдор ба он, чорабиниҳои калони илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор намоем.

Инчунин, мехоҳам ҳадафҳои доимии ташкилотро ёдовар шавам: тарбияи ватандӯстии ҷавонон; рушди фаъолияти ихтиёриён; мусоидат ба ҳамгироии ҷавонон, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд; рушди нерӯи роҳбарӣ ва худидоракунии ҷавонон; фароҳам овардани шароит барои пурратар нишон додани нерӯи эҷодӣ, истеъдод ва қобилияти донишҷӯён.

Имрӯз мо аз он ифтихормандем, ки моҳи ноябри соли гузашта ҷавонони мо дар фестивали варзишӣ байни дастаҳои ҷавонони ИДМ -«Бозиҳои кушодаи ИДМ», ки аз ҷониби Федератсияи умумирусиягии варзиши мактабӣ ташкил карда шуда буд, ширкат варзиданд. Ва моҳи феврали соли ҷорӣ роҳбари бахши маорифи мо - Элдар Ҷонназаров ба рӯихати иштирокчиёни беҳтарини Олимпиадаи байналмилалии «Дарҳои кушод: Лоиҳаи стипендияи Русия (Open Doors: Russian Scholarship Project)» дар самти «Тибби клиникӣ ва саломатии ҷомеа» ворид карда шуд, ки аз 100 хол сазовори 98 хол гардид. Дар ин олимпиада 35700 иштирокчиён аз 187 кишвар ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки ин муваффақияти аввалину охирини мо нест.

Дар оянда - таъсиси чунин иттиҳодҳо дар Украина, Қазоқистон, Олмон, Британияи Кабир, Фаронса ва Малайзия дар нақша аст.


«Маликаи балети тоҷик». 20 далел аз ҳаёти Малика Собирова




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед