Ru  | Tj
«Мактаббачагон бо қувваи фавқулода». Кӣ дар Тоҷикистон фарҳанги комиксҳоро ривоҷ медиҳад?
«Мактаббачагон бо қувваи фавқулода». Кӣ дар Тоҷикистон фарҳанги комиксҳоро ривоҷ медиҳад?
Акс: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

«Мактаббачагон бо қувваи фавқулода». Кӣ дар Тоҷикистон фарҳанги комиксҳоро ривоҷ медиҳад?

Нашр шуд

Китобҳои ҳаҷвӣ - падидаи фарҳанги муосир мебошанд. Нашри аввали онҳо 31-уми январи соли 1912 аз чоп баромада буд. Аз он замон то инҷониб, эҷодкорони ҳаҷвиётҳо роҳи тӯлонӣ ва пурталотумро тай кардаанд. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки фарҳанги ҳаҷвиётҳо на дар ҳама ҷо рушд ёфтааст. Масалан, дар Тоҷикистон ягон "ҳаёҳу" - и муайяне рух надодааст, гарчанде тоҷикон «Супермен» ё «Бэтмен»-ро кайҳо боз медонанду дӯст медоранд.

Бояд иқрор шуд, ки дар ҷумҳурӣ нафарони хеле кам ҳикояҳои ба намуди тасвирҳо овардашударо, мехонанд. Онҳое, ки ин расмҳоро мекашанд, хеле каманд. Воқеан, яке аз чунин рассомон Темур Шарипов, эҷодкунандаи ҳаҷвиёти миллии "Кӯдакони Митан" мебошад, ки нахустин қисми он соли 2020 аз чоп баромад. Ҳоло шумораи чунин «комиксҳо» аллакай дуто шудааст ва саввумӣ дар ҳоли коркард қарор дорад.

"Дар комикс ҳама мушкилоти мубрами ҷомеаро инъикос мекунем"

Воқеаҳои ҳаҷвиёт дар шаҳри тахайюлии Митан сурат мегирад. Умуман, шаҳрҳои хаёлӣ - як усули анъанавӣ дар ин самт буда, ҳамон Готэм ё Метрополисро ба ёд меорад. Қаҳрамонони асосӣ - мактаббачагони дорои қувваи фавқулода мебошанд. Онҳо сокинони шаҳрро аз ҷинояткорон ва қаллобон наҷот медиҳанд.

Митан ба Душанбе ва Хуҷанд хеле монанд аст ва ин ҷойи тааҷҷуб надорад, зеро мушкилоти манзил барои ин шаҳрҳо мавзӯи доғ аст. Шумораи зиёди биноҳо сохта мешаванд  ва ё вайрон карда мешаванд. Даллолҳои муомилоти мулкӣ (риэлторҳо) харидоронро фиреб медиҳанд, ё ин ки хешовандон наметавонанд манзили истиқоматиро байни худ тақсим кунанд.

“Мо дар асари худ масъалаҳои риояи ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди қолабҳоро низ ба миён мегузорем. Мо саъй мекунем, ки ҷаҳони ба ҳама ошноро нишон диҳем, аз ин рӯ, мо мекӯшем дар ҳаҷвиёт тамоми мушкилоти мубрами ҷомеаро инъикос кунем”, - мегӯяд Темур.

"Кӯдакони Митан" барои наврасони аз 14 то 18-сола таҳия шудааст. Эҷодкорон мақсад доранд, ки ба шунавандагон, аз ҷумла саводнокиро дар масъалаҳои манзилию коммуналӣ омӯзонанд.

«Мутаассифона, мо бо кӯдакон дар мавриди мушкилоти манзил кам ҳарф мезанем. Аммо агар онҳо ин муаммоҳоро набинанд ва дарк накунанд, пас дер ё зуд қурбонии қаллобон мешаванд. Дар ҳаҷвиёти мо хона на танҳо ҳамчун ҷойи зист муаррифӣ шудааст, балки он як макони муқаддас аст, яъне як ҷузъи рӯҳ, оила, шахс ва ғайра”, - шарҳ медиҳад муаллифи «Кӯдакони Митан».

Шакли ҳаҷвиёт тасодуфӣ интихоб нашудааст. Ба андешаи Темур, бо ин роҳ ба наврасон арзишҳои "дуруст" - ро расонидан мумкин аст ва қаҳрамонҳои ҳикояҳо метавонанд намунаи ибрат бошанд. Аммо, пеш аз эҷод кардани онҳо, гурӯҳ бояд шунавандагони худро бодиққат омӯзад.

 «Мо омӯхтем, ки ҳоло наврасон чӣ чизҳоро гӯш мекунанд, кадом рангҳоро меписанданд, ба кадом блогерҳо обуна шудаанд ва кадом калимаҳо имрӯз дар доираҳои онҳо мӯд ҳисобида мешаванд. Иттилооти гирифтаамонро ба ҳаҷвиёт (комикс) ворид кардем, то дар қаҳрамонҳо ҷавонон худро бишносанд», - нақл мекунад Темур.

«Хусусияти миллӣ – ин на танҳо тоқии сар аст»

Темур ва дастаи ӯ ният доранд, ки дар ҷумҳурӣ фарҳанги ҳаҷвиётро рушд диҳанд. Дар офаридани ду нашри аввал, онҳоро  дӯстон аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намуданд. Минбаъд бачаҳо бо ҷидду ҷаҳд кор хоҳанд кард. Онҳо вақти холии худро фориғ аз кор ва таҳсил ба эҷоди ҳаҷвиёт сарф мекунанд. Лоиҳа ҳанӯз даромад намеорад, аммо онҳо ба комёбии ояндаи он боварии комил доранд.

«Дар Тоҷикистон ҷавонон асосан ба олами Marvel, DC, Гарри Поттер таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Мо чизе надорем, ки хусусияти миллӣ дошта бошад ва ин на танҳо тоқии сар аст. Ҷавононе, ки ба ҳаҷвиёт таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд - ҷавонони муосиранд, бинобар ин, мо бояд маҳз онҳоро нишон диҳем», - андешаронӣ мекунад Темур.

Эҷодкорон ба нақша гирифтаанд, ки шумораи тозаи «Кӯдакони Митан»-ро дар Душанбе ва Хуҷанд муаррифӣ намоянд. Дар он ҷо нусхаҳои чопшудаи ҳаҷвиёт ва постерҳоро харидан мумкин аст. Сарфи назар аз он ки, танҳо ду нашри он аз чоп баромадааст, ин ҳикояҳо аллакай гурӯҳи муайяни мухлисонро пайдо кардаанд.

“Мо дар Душанбе ва Хуҷанд мухлисони зиёд дорем. Нафароне ҳастанд, ки ҳар рӯз онро интизор буда ва нашрҳои навро суроғ мекунанд. Ҳатто бачаҳое пайдо шудаанд, ки клуби воқеии мухлисонро таъсис доданд. Яъне комиксҳо бинандагони худро доранд. Маълум аст, ки онҳо ба назди тоҷикон низ меоянд", - қайд мекунад Темур.

То охири соли 2021 муаллифон тасмим гирифтаанд, ки шаш шумораи нави онро тасвир кунанд. Темур боварии комил дорад, ки кӯшишҳои онҳо бенатиҷа нахоҳанд монд ва ин ҳикоя ба як олами комил мубаддал мегардад, ки на танҳо диққати ҳамватанон, балки хориҷиёнро низ ба худ ҷалб мекунад.

“Мо орзу дорем, ки студияи калон ва як мағозаи худро таъсис диҳем, то дар он ҳаҷвиётро ба фурӯш гузорем. Инчунин, мо дар болои сохтани замима кор карда истодаем. Ин замима имкон медиҳад, ки мухлисон ба ҳазлномаҳо обуна шуда, онҳоро дар вақти дилхоҳ мутолиа намоянд”, - хулоса кард дар охири сӯҳбат Темур Шарипов.


Муаллифи маълули “Аз ҳар зовия” ва зиндагии ҷолиби ӯ: “Атса занам қабурғаам мешиканад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед