Ru  | Tj
Тоҷикони муваффақи берун аз кишвар. Озод Сидиқов дар бораи фарҳанги тиҷорат дар Тоҷикистон ва Русия
Тоҷикони муваффақи берун аз кишвар. Озод Сидиқов дар бораи фарҳанги тиҷорат дар Тоҷикистон ва Русия
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Тоҷикони муваффақи берун аз кишвар. Озод Сидиқов дар бораи фарҳанги тиҷорат дар Тоҷикистон ва Русия

Нашр шуд

Фирори мағзҳо тайи чанд даҳсола  барои рушди иқтисод ва фарҳанги кишвар як  таҳдиди бузургест. Насли ҷавон камтар ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд. Русия яке аз кишварҳои афзалиятнок  гардидааст, ки аксарият ба ин кишвар барои ба даст овардани маълумоти олии хуб ва ё зиндагии беҳтар мераванд.

Маркетолог, бизнес-тренер ва муассиси оҷонси “MishkaDigital” дар Русия Озод Сидиқов  дар сӯҳбат бо мо дар бораи ба ҷавонони боистеъдод  дар кишвари бегона чӣ тавр кӯмак расонидан, қисса кард.

Озод 5 сол қабл Тоҷикистонро тарк карда буд. Ӯ аслан чунин  пешаҳо балад аст:

Мухбир, муҳаррир, менеҷери лоиҳа, директори иҷроия, маркетолог.

Ҷои кори охиринаш дар Душанбе ширкати мобилии “Билайн”, (ҳоло “Zet-Mobile”) буд.

«Ман роҳбарии бахши таблиғотро ба ӯҳда доштам ва ҳамагӣ 30000 рубл мегирифтам, ки ин музди миёнаи меҳнат дар минтақаи дурдасттарини Русия аст». 

Ҳоло вақти он расидааст, ки бояд чизеро тағйир диҳем ва пеш равем. Озод ба Русия меравад ва дар он ҷо як ширкати маркетингии худро мекушояд, ки муштариёнаш “Роскосмос”, “Tcell”, “Роберто Браво”, Донишгоҳи давлатии идоракунӣ, Маъмурияти вилояти Липетск ва ғайра мебошанд. Албатта, ба гуфти Озод мушкилот вуҷуд дошт, вале ин мушкилиҳо аз мушкилотҳое, ки дар Тоҷикистон буданд, ба куллӣ фарқ дошт.

«Вақте дар Тоҷикистон ба соҳибкорӣ машғул мешавед, пас инҳоро интизор шавед:

1. Ҳисоботи моҳонаи номафҳум ва ғалатӣ;

2. Андозҳои нисбатан (нисбат ба Русия)  баландтар - ба андозаи 13% аз даромад;

3. Тафтишу санҷишҳои доимӣ ва рӯёндани пул аз тарафи давлат;

4. Мушкилот бо кормандон ва ғайра;

Ман дар Душанбе як нуқтаи фурӯши канселярӣ ва як дилерӣ доштам, ҳар моҳ кормандони андоз, намояндагони Марказҳои санитарию эпидимологӣ, хадамоти оташнишонӣ ва дигарон ба наздам ​​меомаданд ва ин ба рушди мӯътадили тиҷорат монеъ мешуд».

Дар Русия вазъ дигар аст:

1. Ҳисобот ба тариқи онлайн;

«Дар идораи андоз ҳамагӣ ду маротиба будам, ҳамон ҳам вақте худро ба  ҳайси соҳибкори инфиродӣ ба қайд даровардам»

2. Меъёри андоз 6%;

3. Оромию осӯдагӣ.

«Вақте андозҳоро саривақт месупоред, касе шуморо ташвиш намедиҳад».

Дар баробари меҳнат ва самар бахшидани заҳматҳои худ, Озод якчанд қоидаҳои муҳиммеро фикр карда баромад, ки ба соҳибкорони навкор дар фаъолияташон кӯмак мерасонад:

1. Бояд дар дилатон шӯълае (оташе) бошад ва эҳсоси камбудӣ - пул, ғоя ва ғайра дошта бошед, то ки ба ҳаракат дароед;

2. Бояд ба нақшаи кории озод кӯшиш кунед, то ки ба чизҳои бароятон муҳим вақт ҷудо кунед;

3. Бояд аз он дар изтироб бошед, ки шумо меҳнат мекунед, вале маблағро роҳбаратон мегирад.

Ба ғайр аз ин, ҳамчунин, маълумоти асосӣ, фаҳмиши асосҳои равандҳои иқтисодӣ, маркетинг, муҳосибот ва менеҷмент муҳим аст.

Озод Сидиқов бо ин қаноатманд шудан  намехост. Вай бо ҷидду ҷаҳд меҳнат карда, ҳама равандҳои кориро амиқ меомӯхт ва дере нагузашта сазовори эътироф гардид - Digital Business School ва Мактаби тиҷорати Синергия ӯро ба ҳайси тренер - омӯзгор ва спикер ба кор даъват кард. Сипас ӯ китоберо бо номи «Муштариён аз ВКонтакте» нашр мекунад, ки он низ аз дастоварди беҳтарни ӯ ба ҳисоб меравад. Китоби мазкур ба масъалаи дарёфти муштариён аз шабакаи маъруфи иҷтимоӣ бахшида шудааст.

«Айни замон ман ягона тоҷике ҳастам, ки ба ҳайси шарики расмии “Mail.ru Group” фаъолият мебарам. Дар ин самт қариб ки рақобат вуҷуд надорад, ман бошам дар пешбурди муштариён  дар “ВКонтакте” таҷрибаи бой дорам».

Бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳояш, Озод худро шахси муваффақ намеҳисобад.

 «Муваффақият - ин амаликунии орзуву ормонҳо аст ва ман ҳанӯз на ҳама нақшаҳоямро ба амал баровардаам».

  Вай ҳамчунин ба сирри муваффақият ё доруи сеҳрнок бовар надорад.

«Барои ба чизе ноил шудан, бояд пеши худ мақсад гузорем ва онро ба вазифаҳои хурд тақсим намуда, ба амалӣ шудани он  шурӯъ кунем. Одамоне, ки ба сеҳру ҷодугарӣ боварӣ доранд, танбаланд».

  Пас аз он ки дар бозори Русия мавқеи худро мустаҳкам кард ва таҷрибаи кофӣ пайдо намуд, Озод хоҳиши кӯмак кардан ба кишвари худ ва овардани мутахассисони бемузд аз “Facebook”, “Одноклассники” ва “ВКонтакте”-ро  пайдо  кард. Мутаассифона, ин ташаббус ба  воқеият табдил нагашт: «Ту гапзанон кун, мо худамон ҳама корро мекунем», "Мо омодаем, ки танҳо барои 70 ба 30 кор кунем", "Ман вақт надорам", - чунин ҷавобҳро соҳибкорони тоҷик ба забон меоварданд.

   Бо вуҷуди ин ҳама мушкилиҳо, Озод дар ин самт низ саҳми худро гузоштааст. Ҳоло ӯ дар саҳифаҳои худ маълумоти муфидро дар бораи маркетинги рақамӣ пешниҳод  мекунад ва илова бар ин, ҷавонони боистеъдодро ба кор ҷалб менамояд.

«Ман дар штати худ 7 коргар дорам, ки дар байни онҳо бачаҳо аз Тоҷикистон низ ҳастанд. Ҳамаи онҳо музди хеле хуб мегиранд».


Бонуи ҷуроббофи машҳури олам. “Ин ғолибият бароям ифтихори бузург буд”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед