Ru  | Tj
«Маликаи балети тоҷик». 20 далел аз ҳаёти Малика Собирова
«Маликаи балети тоҷик». 20 далел аз ҳаёти Малика Собирова
Аксҳо: Аз Интернет

«Маликаи балети тоҷик». 20 далел аз ҳаёти Малика Собирова

Нашр шуд

Тоҷикзани машҳури ҷаҳон - хатмкардаи Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград, Ҳунарманди халқии СССР, сарраққосаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Малика Собироваро - «маликаи балети тоҷандик» мебур.

Малика Собирова қисми зиёди ҳаёти худро ба театр бахшида, онро на танҳо дар ватани хеш, балки дар берун аз он низ муаррифӣ кард. Агар умр вафо мекард, имсол балеринаи машҳури тоҷик 79-умин солгарди худро ҷашн мегирифт. Ба хотири ёдбуди ситораи балет мо ин ҷо 20 далел дар бораи ӯ, ки бояд аз он огоҳ бошем, ҷамъ овардем.


1. Малика 22-уми майи соли 1942 дар Душанбе таваллуд ёфтааст. 

Модари Малика осетинӣ ва падараш ӯзбек буданд. Мадина Григоревна (модари Малика) дар беморхона ба айси мутахассис (қайдкунанда) кор мекард ва Абдураҳим Ҷалилович (падари Малика) устоди асбобҳои мусиқӣ буд. Ӯ найнавоз буда ва дар оркестри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекард.


 2. Малика аз кӯдакӣ намоишҳои балетиро дӯст медошт ва ба рақс муҳаббати беандоза дошт. 

Инро дониста, директори театр ба ӯ пойафзоли атласи балетӣ тӯҳфа кард. Дере нагузашта Малика дар студияи балетӣ ба рақсидан шурӯъ кард ва дар хона низани куртаашро боло карда, пойафзоли балетӣ пӯшида, шоҳзодаи свонҳоро тасвир мекард. Дар саҳнаи театри тоҷик Малика Собирова бори аввал дар намоишномаи бачагонаи "Айболит" нақши чӯҷачаро иҷро карда буд.

  3. «Ин духтарчаи зебо ба синфи аввал меравад!»

Моҳи июни соли 1952 муаллимони Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград (ҳоло Академия балети русии ба номи А. Я. Ваганова) Н.П. Базарова ва В.П. Мей дар ҷустуҷӯи кӯдакони болаёқате, ки дар маҳфилҳои хореографӣ таҳсил мекарданд, саросари Иттифоқро, аз умла Душанберо низ давр мезананд. Дар доираи сафар онҳо кастинг ташкил карданд, ки дар он Маликаи зебо низ иштирок карду баҳои баланд гирифт. Дар оилаи ӯ ҳеҷ касе намедонист, ки аъзоёни комиссия, ки аз Ленинград омада буданд, дар мавриди Малика хулосаи якдилона қабул карданд.


4. «Нахустин нақш»

Падару модари Малика дар нахуст ҷуръат намекарданд, ки фарзандашонро ба Ленинградский равон кунанд, вале ниҳоят падари ӯ барои таҳсили ӯ розӣ шуд. Дар 12-солагӣ Малика дар саҳнаи театри Кирови шаҳри Ленинград нақши духтарак - Машаро дар балети "Щелкунчик" иҷро кард. 

  6. Ба ваҷд овардани роҳбари сахтгир

Аввалин ҳунарнамоии ӯ роҳбари сахтгири балет Константин Сергеевро ба ваҷд овард. Пас аз ҳунарнамоии навбатӣ Константин Сергеев духтаракро ба оғӯш кашида, ба ӯ як лӯхтаки калоне тақдим кард.


7. «Ту мӯмиё ҳастӣ»

Рақси Малика бо "покӣ" ва фасеҳӣ фарқ мекард ва ӯро дар байни дигар омӯзандагон намуна мегардонд. Бо вуҷуди ин, вай зуд-зуд аз омӯзгорон танбеҳ мегирифт. Онҳо Маликаро аз ад зиёд ором ва шармгин ҳисобида, ба ғазаб меомаданд. Малика ба гунаи балетӣ табассум карда наметавонист, ӯ бо хоксорӣ ва шармгиниаш фарқ мекард.

8. «Агар дар балет намебудам, он гоҳ навозанда мешудам. Ман арияҳои Бах ва сонатаҳои Мотсарт ва Бетховенро дӯст медорам ».

Дарсҳои мусиқӣ ба Малика шодии зиёд мебахшид. Дар мактаб аз синфи фортепиано ба ӯ хоҳари бастакор Дмитрий Шостакович, пианинонавоз Мария Дмитриевна Шостакович таълим медоданд.

9. Соли 1961 Малика Собирова омӯзишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд.

Баъди хатм ӯро ба театри Киров даъват карданд. Вале ӯ ба Тоҷикистон бозгашта барои тарбияи кадрҳои миллӣ камар баст. Рақсҳои ӯ ҳамеша бенуқсон ва хеле эҳсосӣ буданд. Дере нагузашта Малика ситораи ҳақиқӣ ва маҳбуби тамошобинон гардид. Ӯ репертуари классикӣ ва миллиро иҷро мекард.


10. "Дар як саҳна бо ситораҳои театри калон".

Соли 1964 ӯро ҳамроҳи ҳамсинфаш Музаффар Бурҳонов, ки баъдтар бо ӯ издивоҷ кард, ба Москва даъват карданд. Дар шаҳри Варна бояд интихоби иштирокчиёни нахустин мусобиқаи базмӣ баргузор мегардид. Дар саҳнаи театри калон Малика худро мисли «Золушка» эҳсос мекард, зеро раққосони тоҷик бояд бо ситораҳои Театри Калон - Екатерина Максимова ва Владимир Василев рақобат мекарданд.

11. Духтараки шармгин бо либосҳои хоксорона ва рақси зебо диққати собиқ прима-балеринаи (балеринаи асосии) Театри опера ва балети Ленинград ба номи В.И. Киров ва Театри Калони СССР - Галина Сергеевна Улановаро ба худ ҷалб намуд. Вай бо ин балеринаи ҷавони тоҷик ба тамрин шурӯъ кард.

«Малика ниҳоят боистеъдод ва меҳнатдӯст аст, ман ба ӯ бо камоли хурсандӣ кӯмак мерасонам, зеро ӯро яке аз беҳтарин иҷрокунандагони (раққосаҳои) ҷавон мешуморам»,- гуфта буд Уланова.

12. Малика истироҳат чист намедонист.

Ӯ хастагии худро рафъ карда, хурсандона таҳти роҳбарии Уланова ва дар қатори ситорагон дар синфи раққоси балет Асаф Мессерер тамрин мекард. "Аҷаб духтаракест, чӣ қадар хуб таълим дидааст!" - ба ваҷд омада, мегуфт прима-балерина Майя Плисетская.

13.  Дар Варна Малика Собирова ва Музаффар Бурҳонов медали нуқра ба даст оварданд. Дере нагузашта, Малика Собироваро барои иштирок дар сафари ҳунарии Театри Калон даъват карданд. Дар Англия ва Ҷопон вай мураккабтарин па-де-де-ро (аз фаронсавӣ pas de deux «адами ҳарду») дар якҷоягӣ бо Владимир Василев ва Владимир Тихонов иҷро кард. Дар бораи рақси моҳиронаи Собирова ҳатто матбуоти хориҷӣ бо шавқ менавишт. Дар баробари сафарҳояш, Малика Собирова дар Театри опера ва балети Тоҷикистона номи Садриддин Айнӣ низ ҳунарнамоӣ мекард.

14.  Малика худро масъули тамоми балети тоҷик меҳисобид ва пас аз вакил интихоб шуданаш ба таълимдиҳӣ шурӯъ кард. Вақте ба ӯ пешниҳод карданд, ки барои ҳамеша дар хориҷа бимонад, вай рад карда гуфт:

-«Ман наметавонам. Маро тамошобинон ва интихобкунандагонам интизоранд», -  қатъӣ ҷавоб дод ӯ.

15. Соли 1969 Малика Собирова дар аввалин озмуни байналмилалии ҳунармандони балет дар Москва ширкат варзид. Вай боз бо ҳамроҳи Галина Уланова барномаи худро омода  кард.  Аммо Малика дар арафаи ин озмун  бемор шуд.

 Азбаски Малика дар қуръапартоӣ иштирок карда натавонист, ба ӯ рақами охирини 91 насиб гардид. Ӯ бо ҳарорати баланд рақс кард, бо душворӣ ба саҳна баромад, вале вақте ки дар ҳайати ҳакамон чеҳраи Галина Улановаро дид, худро ба даст гирифта, бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ кард.

Пас аз гузаштан аз интихоб Малика вариатсия "Китри" -ро бо суръати фавқулода иҷро кард, ки боиси ба ваҷд омадан ва кафкӯбиҳои пурмавҷи тамошобинон гардид. Бо арори ҳакамон Малика Собирова бо медали тилло мукофотонида шуд.

16. Малика фаъолияташро дар Душанбе идома дода, зуд-зуд барои тамрин бо Уланова ба Москва мерафт.
 Муддати дароз вай барои рақсидан дар Жизел розӣ намешуд. Уланова ба ӯ барои рафъи ҳама шубҳаҳояш кӯмак кард. Малика Собироваи камгап ва дар назари аввал дастнорасу беилтифот устодаш Галина Улановаро мемонд.

17.  Евгений Кочаров низ, ки замоне шарики Екатерина Гелзери бузург буд, бо Малика Собирова кор карданро дӯст медошт. Собиқ соҳиби саҳнаи балети Москав чунин талқин мекард:

-«Репертуари маро ба истеъдоди дараҷаи аввал супоред - дигарон ноком мешаванд  (аз ӯҳдааш намебароянд), вайрон мекунанд».

18. Дар иҷрои Малика Собирова ва Музаффар Бурҳонов, саҳнаи "Вакханалии" аз операи "Самсон ва Далила" - и Сен-Санс, ки онро Александр Горский ба саҳна гузоштааст, ранги дигар гирифт. 

19. Малика ба камолоти эҷодӣ расида, фаъолияти худро идома дод. «Ҳаёти касбӣ кӯтоҳ аст - 20 сол ва бояд корҳои зиёдеро анҷом дод», - такрор мекард Малика. Соли 1980 Малику Собирова дар филм-балети "Рубоиёти Хайём" нақш офаридааст.

20. Малика Собирова 27-уми февраля соли 1982 аз бемории саратони шуш, 3 моҳ қабл аз 40-солагиаш вафот кард. Ӯро бо либоси сафеди Жизел дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супориданд. «Малика барои ман мисли духтарам буд», - бо андӯҳ мегуфт Улановаи ором, ки барои хайрухӯш бо шогирдаш омада буд.




Афзалшоҳ Сафарзода. Тоҷикписаре, ки ғолиби якчанд озмунҳои мусиқии ҷаҳонӣ гардидааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(65) "Духтарони зебои Осиёи Марказӣ: ТОП 8"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "14093"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "9709"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(59) "/tj/articles/networks/dukhtaroni_zeboi_osiyei_markaz_top_8/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4546"
  ["CODE"]=>
  string(36) "dukhtaroni_zeboi_osiyei_markaz_top_8"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4546"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Духтарони зебои Осиёи Марказӣ: ТОП 8

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(103) "“TikTok -хӯрока”: 4  дастурамале, ки ба омода кардан меарзад"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12130"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8249"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(78) "/tj/articles/networks/tiktok_kh_roka_4_dasturamale_ki_ba_omoda_kardan_mearzad/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3911"
  ["CODE"]=>
  string(55) "tiktok_kh_roka_4_dasturamale_ki_ba_omoda_kardan_mearzad"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3911"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

“TikTok -хӯрока”: 4 дастурамале, ки ба омода кардан меарзад

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(198) "«Олимпиадаи бофандагӣ». Варзишгари бритониёӣ дар саҳифаи Instagram-и худ дар бораи шуғли дӯстдоштааш қисса кард"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "11526"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "7792"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(124) "/tj/articles/networks/olimpiadai_bofandag_varzishgari_britoniye_dar_sa_ifai_instagram_i_khud_dar_borai_shu_li_d_stdoshtaash/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3710"
  ["CODE"]=>
  string(101) "olimpiadai_bofandag_varzishgari_britoniye_dar_sa_ifai_instagram_i_khud_dar_borai_shu_li_d_stdoshtaash"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3710"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

«Олимпиадаи бофандагӣ». Варзишгари бритониёӣ дар саҳифаи Instagram-и худ дар бораи шуғли дӯстдоштааш қисса кард

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(163) "Наққошӣ дар шиша бо усули муосир дар TikTok: равандҳои ҷадид дар    эҷодиёти рассомони муосир"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "10740"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "7193"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(113) "/tj/articles/networks/na_osh_dar_shisha_bo_usuli_muosir_dar_tiktok_ravand_oi_adid_dar_e_odiyeti_rassomoni_muosir/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3452"
  ["CODE"]=>
  string(90) "na_osh_dar_shisha_bo_usuli_muosir_dar_tiktok_ravand_oi_adid_dar_e_odiyeti_rassomoni_muosir"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3452"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Наққошӣ дар шиша бо усули муосир дар TikTok: равандҳои ҷадид дар эҷодиёти рассомони муосир

Другие новости